Таърихи ишқӣ ва хиёнати дӯстдоштаам - Стихи о любви - Мақолаҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Ҷумъа, 09-12-2016, 16:34:46

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Шоирону нависандагони Классик [20]
Шоирону нависандагони Муосир [3]
Стихи о любви [15]
Модар [1]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12151
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 9
Меҳмон: 9
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Мақолаҳо » Стихи о любви [ Илова намудани мақола ]

Таърихи ишқӣ ва хиёнати дӯстдоштаам
Имрӯз 05.11.2015 сол соат 23:50 (шаб торик аст, ҳатто барқ нест) Саргзашти кӯтоҳи дилнишину пурасрору ғамгини ман чунин аст: 8 моҳ аст, ки мо – Максим ва Сара ошноӣ дорем ( аниқтараш доштем) ва албатта чун маҷнун бо боварӣ гуфта метавонам, ки рӯзҳои аввали шиносоиро хуб дар хотир дорам. Чунки вай ғайриоддӣ буд ва фикр мекунам шояд ҳеҷгоҳ фаромӯш ҳам нашавад. Инак мо шинос шудем, ман аз хурсандӣ болу пар доштам ва ҳамеша парвоз мекардам. Шабе набуд, ки дар хоб Сара надарояд. Ва ҳамеша дар канорам буданашро орзӯю умеди худ дар қалб пинҳон доштам, чунки замоне ки ӯ дар канорам бошад шод будам, хурсанд будам, суханоеро нақл мекард, ки нахандидан намешуд, яъне маҷбурӣ механдонид ва ба ман ин хулқаш бисёр писанд буд. Аз кору фаъолияти ҳаррӯзаам дар давоми рӯз мондаву хаста мешудам, вақте ӯ ба наздам меомаду аз ин сӯю аз он сӯ сухан мегуфт ман бо лабони нимханда нигоҳаш мекардаму ба хаёлотҳои афсонавӣ фурӯ мерафтам, ӯ бошад сухан кардан мегирифт. Вале... вале инсоният гуфтаанд бехато нест, шояд ин хатогиям набошаду вале ман бояд қайд карда гузарам. Духтаре буд мисли парӣ ва фаришта, дилнишин, чеҳраи гарму самимӣ дошт, касе набинад ба ӯ ошиқ мешуд. Сара бошад баҳои худро медонист ва ҳамеша ифтихор мекард, ки зебост. Бар замми ин ӯ бисёр “ҷӯраҳо” дошт, аз кӯчаю хиёбонҳо мегузашт касе набуд ки ба ӯ гап “партояд” , ин амали бачаҳо ба ӯ қобили писанд буд ва ин комплиментҳоро аз тарафи дигарон дӯст медошт. Акнун дар бораи ман: Бачаи деҳотӣ, соҳиби касб ва вазифа ҳастам. Бисёр рашкин ҳастам, хеле рашкин, вале рашки ман рашки дарунӣ буд, яъне касе аз берун фарқ намекард, ки ман рашк дорам, вале даруни қалби ман бирёну нолон буд, ҳамеша мисли оташ месӯхтам, дар танҳои ҳатто гиристан низ гаҳ-гаҳе касби ношиноси ман шуд. Инчунин мехостам чизе дошта бошам, ки дигарон надошта бошан, ҳатто мошини сабукравамро ба касе намедиҳам, ки ҳай кунад, зеро бӯйи бегонаро қабул карда наметавонам, пас аз бегона чизамро ё касамро ифлос мешуморам. Инак , чӣ сабаб шуд, ки меҳру муҳаббати самимии мо пароканда шуд? Ба ин савол бигузор ҳар шахси ин қасаро хонанда ҷавоб гардонад, чунки мақсади ман айбро ба касе бор кардан нест, мақсади ман ибрат гирифтан аз ин саргузашти вақеӣ аст. Ман низ ҳамчун як рӯҳшинос гуфтаниҳо доштам, ки шояд дар ҳаёти шунаванда лозим шавад. Ман ҳамчун рӯҳшинос ба Сара кӯмак кардам ва аз проблемаҳои ҷиддии шахсиаш шояд наҷоташ додам, вале ба худ ёрӣ карда натавонистам. Ошиқони азизи ман, пеш аз он ки сахт дӯст доред, боварӣ ҳосил кунед, ки маъшуқатон бо шумо ҳамдард аст, ҳамрадиф аст, ҳамфикр аст, дар сахтиҳо пуштубонатон аст, дар хурсандӣ ҳамеша дарканоратон ҳаст, шуморо хуб ҳис мекунад, ба дарди шумо ҳамеша ҳамдард аст. Гар шумо ҳамингуна маъшақа дарёфтед, ӯро иззату эҳтиромаш кунед, аз нигоҳи бегонагон эминаш нигаҳ доред ва ҳамеша дар канори худ ҷой бидиҳед. Дар охир ман ба Сара хушбахтӣ, сарсабзӣ, шодию хурсандии беканор хоҳонам, боварӣ дорам, ки касеро ӯ интихоб накунад, вай мард бештар аз ман Сараро дӯст хоҳад дошт, чунки Сара лоиқи ишқу муҳаббати беҳамто аст. Сара ман хеле шодам, ки бо ту вохӯрдам, афсӯс ки ману ту ҳамфикру ҳамақида набудем, фақат фикри шахсии худро кардем. Ба ҳама ташаккури зиёд ва сипоси беҳамто. Шаби хуш. Хайр. 06.11.2015 сол 00:51(ҳанӯз барқ нест
Дараҷа: Стихи о любви | Илова намуд: (06-11-2015) | Муаллиф: Максим E-mail
Диданд: 391 нафар | Баҳо: 4.5/2
Ба ман маъқул аст
Ҳамагӣ: 0-то эзоҳот
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерози Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пӯлод Икроми Пулод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал