Ошиқони Тоҷикистон Душанбе, 01-05-2017, 03:37:46
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Аҳмади Дониш [1]
Лоиқ Шералӣ [1]
Мӯъмин Қаноат [0]
Садриддин Айнӣ [1]
Ҳабибулло Файзулло [0]
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 72
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0
Главная » Статьи » Шоирону нависандагони Муосир [ Добавить статью ]

В разделе материалов: 3
Показано материалов: 1-3
Страницы:

Садриддин АйниСадриддин Айни (1878-1954)

Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айни 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
 Падари устод Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи ҳаётиашро ба писаронаш омӯзонад.  Муфассалтар»
Садриддин Айнӣ | Просмотров: 20930 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 01-05-2012 | Комментарии (1)

Ахмади ДонишАхмад Дониш (1826-1897)

Ахмади Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар чавони барои тахсили илм ба Бухоро омада, дар хамин чо мадрасаро хатм мекунад ва аз хамин чо хонадор мешавад. Дониш тахаллуси адабии Ахмад буд. Гайр аз ин, уро ба сабаби калон будани сараш Ахмади Калла хам мегуфтанд. Дар оилаи Мир Носир Ахмад фарзанди ягона буд ва бачахои дигари онхо пеш аз Ахмад ва баъд аз вай хама талаф шуда буданд.  Муфассалтар»

Аҳмади Дониш | Просмотров: 18508 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 01-05-2012 | Комментарии (0)

Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст.

Ӯ соли 1954 пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат дохил шуда, соли 1958 онро хатм кард. Таҳсил дар ҳамин донишсаро роҳи ояндаи ӯро таъйин намуд. Ӯ бо маслиҳат ва пуштибонии бародари фозилаш Қоришариф соли 1959 ба Душанбе меояд ва ба факултаи забону адаб ва торихи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мегардад ва соли 1963 онро ба поён мерасонад.

 Пас аз ин, нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи "Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии "Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бидуни ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кард.           Давомашро хондан »

Лоиқ Шералӣ | Просмотров: 3702 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 06-04-2012 | Комментарии (1)

Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/