Ошиқони Тоҷикистон Шанбе, 27-05-2017, 14:56:26
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ [1]
Абдулқосими Фирдавсӣ [1]
Амир Хусрави Деҳлавӣ [1]
Абӯалӣ ибни Сино [1]
Абдулқодири Бедил [1]
Абдураҳмони Ҷомӣ [1]
Дақиқӣ [1]
Камоли Хуҷанди [1]
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ [2]
Низомии Ганҷавӣ [1]
Саъдии Шерозӣ [1]
Собири Тирмизӣ [1]
Умари Хаём [1]
Унсурмаолии Кайковус [1]
Фариддудин Аттор [1]
Ҷалалиддини Румӣ [2]
Ҳофизи Шерозӣ [2]
Наш опрос
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6430
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 12
Меҳмон: 12
Истифодабаранда: 0
Главная » Статьи » Шоирону нависандагони Классик » Ҳофизи Шерозӣ [ Добавить статью ]

газали Хофиз

ШАМСИДДИН ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун, афсонаест афсун.
Некӣ ба ҷойи ёрон фурсат шумор, ёро.
Дар ҳалқаи гулу мул, хуш хонд дӯш булбул,
Ҳоти-с сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро.
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он талхваш, ки сӯфӣ уммулхабоисаш хонд,
Ашҳо лано ва аҳло мин қублат-ил-узоро.¹
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастй,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз гайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мумаст санги хоро.
Оинаи Сикандар Ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.
Хубони порсигу бахшандагони умранд,
Соқӣ бидеҳ башорат риндони порсоро.
Ҳофиз ба худ напӯшид ин хирқаи майолуд,
Эй шайхи поқдоман, маъзур дор моро.

1 Аз бусидани духтарњои бокира ва парданишин низ барои мо ширинтар ва иштињоовар мебошад.
Талхваш-киноя аз шароб аст, ки дар њадис уммул-хабоис ном мебаранд.

 

Категория: Ҳофизи Шерозӣ | Добавил: (08-11-2012)
Просмотров: 4547 | Комментарии: 2 | Рейтинг: 2.7/6
Всего комментариев: 2
avatar
2 e-ansorov • 19:04:40, 02-07-2016
ЧуБишнави сухани ахли дил, магуй хатост, Суханшинос наи чони ман, хато инчост.!!! (Хофиз)
avatar
1 spidermanbuzurgmehr • 21:28:36, 11-04-2016
Аллома Буркаи ин бо аз кадом кабр пайдо шуд! Чунин суханони бемаъно ва бемантиқ бар зидди хазрати Хофиз мезанад! О ғазалҳои Ҳофиза чансадсол мехонанду мутолиа мекунанд! Ин нимчашоирро бади маргаш ки ёд кунад!??? wacko
avatar
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/