Ошиқони Тоҷикистон Панҷшанбе, 24-08-2017, 08:13:47
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ [1]
Абдулқосими Фирдавсӣ [1]
Амир Хусрави Деҳлавӣ [1]
Абӯалӣ ибни Сино [1]
Абдулқодири Бедил [1]
Абдураҳмони Ҷомӣ [1]
Дақиқӣ [1]
Камоли Хуҷанди [1]
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ [2]
Низомии Ганҷавӣ [1]
Саъдии Шерозӣ [1]
Собири Тирмизӣ [1]
Умари Хаём [1]
Унсурмаолии Кайковус [1]
Фариддудин Аттор [1]
Ҷалалиддини Румӣ [2]
Ҳофизи Шерозӣ [2]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12589
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 2
Меҳмон: 2
Истифодабаранда: 0
Главная » Статьи » Шоирону нависандагони Классик » Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ [ Добавить статью ]

кисса
КИССАИ ОН ЗАНЕ,КИ ПАРАНДАИ МУРДАИ БУЙНОКРО
ХУРОКИ ФАРЗАНДОНАШ КАРДА БУД: Хаводорони
хакикати рохи илохи ва бародарону хохарони
азиз! Ходисае,ки манзуратон мегардонам, аз
гушаи имону инсоф ва адлу дастгирии якдигар
хабар медихад. Пас азизони дил! Ин гуна киссахоро ба замони худ мукоиса карда
бахогузори кунед, то бифахмед,ки дастгири
нисбати ятимону бевазанхо дар кадом дарача
карор дорад. АБДУЛЛОХИ ибни Муборак (р)
мегуяд: рузе бо хамрохии хазрати Умар (р)
барои чанг кардан ба суи душманони Ислом мерафтем ва хамрохамон хурока ва
нушиданиямонро гирифта будем. Хангоми дар
рох рафтанамон, як зани бечораи нодореро
дидем, ки як зоги мурдаи дар обзадаро,яъне як
парандаи буйнокро аз об мегирифт. Вакте ки ин
кори занро дидем, пас аз у пурсидем: эй модари азиз! Чаро ин парандаи мурдаи буйнокро
мегири ва ин ба ту чи лозим?? Ин модари
ширин дар чавоб гуфт: эй дустони Худо, чор руз
мешавад,ки дар хонаамон чизе надорем,ки
фарзандонам бихуранд. Фарзандони хурд
дорам, онхо шабу руз аз гуруснаги гиря карда нону об мегуянд. Дасти норасо дорам,барои
хамин ин зоги мурдаи буйнокро мебарам ва
тоза карда барои кудакони хурдам, хурока таёр
мекунам. Вакте ки суханиони ин занро хазрати
Умар (р) шунид, дархол ба аскархои худ фармон
дод,ки он чизе ки барои хурдании худ гирифтаем, ба ин зан бидихед. Хамаи хурокае,ки
доштанд ба ин зан доданд ва аз сафаре,ки ба
суи чанг карда буданд, баргаштанд. Дар он
замон хазрати Умар (р) халифа,яъне
(президенти) он замон буд ва намехост,ки дар
вакти хукуматдории у, мардумаш гурусна бошад. Яъне ин нишонаи он буд,ки нисбати мардум
рахм дошт ва дар сари вазифааш адлу инсофро
риоя мекард. Хатто дар таърих мегуянд,ки
хазрати Умар (р) як чомаи наве дошт,аммо
тамоман ин чомаро намепушид,балки дар
дасташ мегирифт ва дар кучахои Мадина сайру гашт мекард. Мардум мегуфтанд,ки эй Умар!
Чаро ин чомаи зеборо намепуши? Умар гуфт:
шояд ин чомаи навро ман пушам, аммо дигарон
чунин чома надоранд,пас дар рузи киёмат ман
чи чавоб мегуям. Яъне хамеша чизеро,ки барои
худ дуст медош,пас барои мардум хам хамон чизро мехост. Акнун дустони азиз! Ба хамаи мову
шумо маълум аст,ки чавононе дорем,ки дар
мошинхои бо номи ЛЕКСУС, МЕРСЕДЕС, БЕНТЛИ,
КИА ва дигар мошинхои киматбахо
саворанд,аммо парвои ятимону камбагалхо
надоранд. Ё ин ки хаст чавононе,ки РЕСТОРАНХО, ЧОЙХОНАХО, САВНАХО, ДИСКАТЕКАХО ва дигар
чойхои барои маъишат кардан доранд,аммо
садхо афсус,ки аз як чизи кимматбахое бо номи
АКЛ махруманд. Ман зиди он чавонони пулдор
нестам, балки тарафдорам,ки Худованд
давлататонро зиёд кунад,аммо дар баробари ин агар ба ятимон ва маъюбон каме кумак
мекардед, бехтарин чавонмарди мешуд. Хатто
чавононеро медонам,ки дар мошинхои
кимматбахо, духтарони мардумро фиреб дода,
савор мекунанду зино карда мегарданд. Сад
афсус,ки аз окибати ин кор бехабаранд ва хатто ба кадри еъмати Илохи намерасанд. Боз баъзе
хохарон ва апахои мо ба моли чунин чавонони
аз Худо бе хабар мафтун шуда, дар зиндаги
худро фиреб медиханд. Магар дар чомеъаи
имрузаи мо, занхои нодор ва маъюбои мухточ
вучуд надоранд??? Магар дар давлати мо беморони дастнорас ёфт намешавад??? Хамаи
дархо барои дастгири кардан барои мо боз
аст,аммо садхо афсус,ки мо то хол он дархоро
наёфтаем. Дустони азиз! Шумо маро хуб
фахмед,зеро касам ба номи поки Худо,ки ман
ягон хадафи бад ва ё пайрави ягон чараёнхои дини нестам,балки ягона максад ва шиорам дар
зиндаги ин «хизмат кардан дар халки худ ва
обод кардани ватани азизамон мебошад».
Имруз,ки дастам барои мавзухои чолибро
пешкаш кардан мерасад, пас хизмат мекунам.
Азизони дил! Ободи ва хушбахтии хар яки шумо, пешрафт ва баракоти зиндагии мост. Чунин
мавзухоро дар групаи ХАМАДОНИ, дастрас карда
метавонед. Боки Худо хофиз! « нависанда ва
эчодкор Зайдуллои Хамадони».
Категория: Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон (15-12-2013)
Просмотров: 1580 | Рейтинг: 4.0/6
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/