Ошиқони Тоҷикистон Душанбе, 01-05-2017, 03:40:38
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ [1]
Абдулқосими Фирдавсӣ [1]
Амир Хусрави Деҳлавӣ [1]
Абӯалӣ ибни Сино [1]
Абдулқодири Бедил [1]
Абдураҳмони Ҷомӣ [1]
Дақиқӣ [1]
Камоли Хуҷанди [1]
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ [2]
Низомии Ганҷавӣ [1]
Саъдии Шерозӣ [1]
Собири Тирмизӣ [1]
Умари Хаём [1]
Унсурмаолии Кайковус [1]
Фариддудин Аттор [1]
Ҷалалиддини Румӣ [2]
Ҳофизи Шерозӣ [2]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12540
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0
Главная » Статьи » Шоирону нависандагони Классик [ Добавить статью ]

В разделе материалов: 20
Показано материалов: 1-20
Страницы:

КИССАИ ОН ЗАНЕ,КИ ПАРАНДАИ МУРДАИ БУЙНОКРО
ХУРОКИ ФАРЗАНДОНАШ КАРДА БУД: Хаводорони
хакикати рохи илохи ва бародарону хохарони
азиз! Ходисае,ки манзуратон мегардонам, аз
гушаи имону инсоф ва адлу дастгирии якдигар
хабар медихад. Пас азизони дил! Ин гуна киссахоро ба замони худ мукоиса карда
бахогузори кунед, то бифахмед,ки дастгири
нисбати ятимону бевазанхо дар кадом дарача
карор дорад. АБДУЛЛОХИ ибни Муборак (р)
мегуяд: рузе бо хамрохии хазрати Умар (р)
барои чанг кардан ба суи душманони Ислом мерафтем ва хамрохамон хурока ва
нушиданиямонро гирифта будем. Хангоми дар
рох рафтанамон, як зани бечораи нодореро
дидем, ки як зоги мурдаи дар обзадаро,яъне як
парандаи буйнокро аз об мегирифт. Вакте ки ин
кори занро дидем, пас аз у пурсидем: эй модари азиз! Чаро ин парандаи мурдаи буйнокро
мегири ва ин ба ту чи лозим?? Ин модари
ширин дар чавоб гуфт: эй дустони Худо, чор руз
мешавад,ки дар хонаамон чизе надорем,ки
фарзандонам бихуранд. Фарзандони хурд
дорам, онхо шабу руз аз гуруснаги гиря карда нону об мегуянд. Дасти норасо дорам,барои
хамин ин зоги мурдаи буйнокро мебарам ва
тоза карда барои кудакони хурдам, хурока таёр
мекунам. Вакте ки суханиони ин занро хазрати
Умар (р) шунид, дархол ба аскархои худ фармон
дод,ки он чизе ки барои хурдании худ гирифтаем, ба ин зан бидихед. Хамаи хурокае,ки
доштанд ба ин зан доданд ва аз сафаре,ки ба
суи чанг карда буданд, баргаштанд. Дар он
замон хазрати Умар (р) халифа,яъне
(президенти) он замон буд ва намехост,ки дар
вакти хукуматдории у, мардумаш гурусна бошад. Яъне ин нишонаи он буд,ки нисбати мардум
рахм дошт ва дар сари вазифааш адлу инсофро
риоя мекард. Хатто дар таърих мегуянд,ки
хазрати Умар (р) як чомаи наве дошт,аммо
тамоман ин чомаро намепушид,балки дар
дасташ мегирифт ва дар кучахои Мадина сайру гашт мекард. Мардум мегуфтанд,ки эй Умар!
Чаро ин чомаи зеборо намепуши? Умар гуфт:
шояд ин чомаи навро ман пушам, аммо дигарон
чунин чома надоранд,пас дар рузи киёмат ман
чи чавоб мегуям. Яъне хамеша чизеро,ки барои
худ дуст медош,пас барои мардум хам хамон чизро мехост. Акнун дустони азиз! Ба хамаи мову
шумо маълум аст,ки чавононе дорем,ки дар
мошинхои бо номи ЛЕКСУС, МЕРСЕДЕС, БЕНТЛИ,
КИА ва дигар мошинхои киматбахо
саворанд,аммо парвои ятимону камбагалхо
надоранд. Ё ин ки хаст чавононе,ки РЕСТОРАНХО, ЧОЙХОНАХО, САВНАХО, ДИСКАТЕКАХО ва дигар
чойхои барои маъишат кардан доранд,аммо
садхо афсус,ки аз як чизи кимматбахое бо номи
АКЛ махруманд. Ман зиди он чавонони пулдор
нестам, балки тарафдорам,ки Худованд
давлататонро зиёд кунад,аммо дар баробари ин агар ба ятимон ва маъюбон каме кумак
мекардед, бехтарин чавонмарди мешуд. Хатто
чавононеро медонам,ки дар мошинхои
кимматбахо, духтарони мардумро фиреб дода,
савор мекунанду зино карда мегарданд. Сад
афсус,ки аз окибати ин кор бехабаранд ва хатто ба кадри еъмати Илохи намерасанд. Боз баъзе
хохарон ва апахои мо ба моли чунин чавонони
аз Худо бе хабар мафтун шуда, дар зиндаги
худро фиреб медиханд. Магар дар чомеъаи
имрузаи мо, занхои нодор ва маъюбои мухточ
вучуд надоранд??? Магар дар давлати мо беморони дастнорас ёфт намешавад??? Хамаи
дархо барои дастгири кардан барои мо боз
аст,аммо садхо афсус,ки мо то хол он дархоро
наёфтаем. Дустони азиз! Шумо маро хуб
фахмед,зеро касам ба номи поки Худо,ки ман
ягон хадафи бад ва ё пайрави ягон чараёнхои дини нестам,балки ягона максад ва шиорам дар
зиндаги ин «хизмат кардан дар халки худ ва
обод кардани ватани азизамон мебошад».
Имруз,ки дастам барои мавзухои чолибро
пешкаш кардан мерасад, пас хизмат мекунам.
Азизони дил! Ободи ва хушбахтии хар яки шумо, пешрафт ва баракоти зиндагии мост. Чунин
мавзухоро дар групаи ХАМАДОНИ, дастрас карда
метавонед. Боки Худо хофиз! « нависанда ва
эчодкор Зайдуллои Хамадони».
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ | Просмотров: 1501 | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 15-12-2013 | Комментарии (0)

газали Хофиз

Ҳофизи Шерозӣ | Просмотров: 4383 | Дата: 08-11-2012 | Комментарии (2)

Адиб Шиҳобиддин Собир

  Адиб Шиҳобиддин Собир бини Исмоили Тирмизӣ аз шоирони маъруфи асри 12 милодӣ аст. Собир дар охири салтанати султон Ҷалолиддин Абдулфатҳ Маликшоҳи салҷуқӣ аз Тирмиз ба Хуросон омада, чанд сол дар мадрасаи Низомияти Ҳирот таҳсили илм намуд. Мероси боқӣ гузоштаи адиб Собир аз қасида, ғазал, қитъа, рубоиёт иборат аст. Девони ашъораш соли 1334 ҳиҷрӣ дар Теҳронба табъ расидааст. Идома»
Собири Тирмизӣ | Просмотров: 4642 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 11-05-2012 | Комментарии (0)

Унсурмаолии Кайковус

Гар бар сари моҳ барниҳи пояи тахт,
В-ар ҳамчу Сулаймон шави аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт,

К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт.

Идома»

Унсурмаолии Кайковус | Просмотров: 10055 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 11-05-2012 | Комментарии (0)

Мир Сайид Алии Хамадони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат,
Ҳарки масти олами ирфон бувад,

Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад.

Идома»

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ | Просмотров: 9705 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 11-05-2012 | Комментарии (0)

Дақиқӣ

Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ шоири бузурги ватандӯсти асри 10 аст. Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» 317 ҳиҷрӣ (929-930 милодӣ) қайд шудааст. Ҷои таваллудаш маълум нест. Дар тазкирахо Самарканд, Балх, Бухоро, Тӯс қайд кардаанд.

Фаъолияти эҷодии ӯ аз доираи адабии ҳокимони Ҷағониён (водии Ҳисору Сурхандарё), ки марказаш шаҳри Термиз буд, оғоз ёфтааст.

Идома»

Дақиқӣ | Просмотров: 2386 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 11-05-2012 | Комментарии (0)

Абдурахмони ЧомиАбдураҳмони Ҷомӣ (1414- 1492)
Ҷоми олим, мутафаққир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст.

  Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст.       Идома»

Абдураҳмони Ҷомӣ | Просмотров: 17065 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 11-05-2012 | Комментарии (2)

Абуали ибни СиноАбӯалӣ ибни Сино (980-1037)

 Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амириСомонӣ Нӯҳ ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибн Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоя дошт дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.            Идома»
Абӯалӣ ибни Сино | Просмотров: 14472 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 10-05-2012 | Комментарии (0)

Амир Хусрави ДехлавиХусрави Деҳлавӣ (1253 - 1325)

Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмаҳсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Ҳинд ва реша паҳн кардани унсурҳои асосии он бештар аз ҳама хизмат кардааст.

Идома»

Амир Хусрави Деҳлавӣ | Просмотров: 7445 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 10-05-2012 | Комментарии (0)

Камоли ХучандиКамоли Хуҷанди (1318/21-1401)

Гар бичуянд ба сад карн наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту хушилхон ба чаманҳои Хуҷанд.

  Камоли Хуҷанди шоири ғазалсарои форсу тоҷик, дар аввалҳои асри XIV, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ҳамшаҳриҳои ӯ бо сари баланд хонаи Камоли Хуҷандиро нишон медиҳанд. Ҳозир дар ҷои хонаи ӯ меҳмонхона пӯшида шудааст.     Идома»
Камоли Хуҷанди | Просмотров: 13691 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 10-05-2012 | Комментарии (0)

Абдулкосими ФирдавсиАбулқосим Фирдавсӣ (934-1020)

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Идома»

Абдулқосими Фирдавсӣ | Просмотров: 6609 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 09-05-2012 | Комментарии (0)

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ - ПОЯГУЗОРИ АДАБИЁТИ ФОРС-ТОҶИК

Давраи адабиёти забони форсии нав, ки машҳур ба забони дарӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст. Ин адабиёт дар замони Сомониён ба вуҷуд омад ва забони он забони давлатӣ ва забони илму фарҳанги эронӣ гардид. Шуҳрати ҷаҳонии адабиёти форс-тоҷик наз аз ҳамин аср ибтидо мегирад ва дар саргаҳи ин адабиёт Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолор ва бунёдгузор мақому манзалати олӣ дорад.   Идома» 

img src=
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ | Просмотров: 15459 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 09-05-2012 | Комментарии (0)

Мирзо Абдулқодири Бедил (1644 - 1720)

Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе, гар ин ҷо хам шави, бишкан кулоҳ он ҷо.

  Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Миёна ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. У дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурузонтар кард. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсу тоҷикро аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ибни Арабиро тахлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафи замина гузоштаанд, ки дар натичаи бардошт аз дастовардхои гузаштагон Мирзо Бедил афкори фалсафии хешро кави намуд. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маъниҳоро дорад. Муфассалтар»
Абдулқодири Бедил | Просмотров: 14993 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 01-05-2012 | Комментарии (0)

Чалолиддин Руми Ҷалолиддини Румӣ

Нардбони осмон аст ин калом,
Ҳар ки з-ин дар меравад ояд ба бом.
Не ба боми чарх, к-у аҳзар бувад,
Бол ба Боме, к-аз фалак бартар бувад.




Шод бош, эй Балху эй фарзанди Балх,
Эй меҳин фарзанди бемонанди Балх.
Шод бош, эй Куния, эй хоки ишқ,
 К-аз ту тобад офтоби поки ишқ.
                                                                                  Муфассалтар»
Ҷалалиддини Румӣ | Просмотров: 25534 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 01-05-2012 | Комментарии (1)

Фариддудин Аттор (1145 - 1221)

Аттор Фариддудин Абуҳомид Муҳаммад ибни Абубакри Иброҳими Нишопурӣ шоири ориф ва суханвари мумтози форcу тоҷик, соли 1145 дар деҳаи Кадкани атрофии Нишопур таваллуд шудааст. Падараш Абубакр ибни Иброҳим аттор ва табиб буд. Аттор низ ба атторӣ ва табибӣ машғул шудааст. Аз ин сабаб ӯ дар миёни мардум бо номи "Аттор” машҳур гашта, дар аксар қасидаву ғазалиёташ ҳамчун тахаллус истифода бурдааст. Инчунин ӯ баъзан бо тахаллуси ”Фарид” ҳам шеър эҷод мекардааст.
Аттор бо касби меросӣ рӯз гузаронида, хидмату мулозамати султонеро напазируфтааст. Ӯ аз хурди ба донишомӯзи машғул шуда, дар илмҳои адабиёту ҳикмату калом, илми дин ва тиббу дорушиноси саводу ҳунари комил пайдо мекунад.
 Соли 1221 дар Нишопур вафот кардааст.   Муфассалтар»
Фариддудин Аттор | Просмотров: 3040 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 01-05-2012 | Комментарии (0)

Низомии Ганҷавӣ (1141-1209)

Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид (1141, шаҳри Ганҷа ҳозира Кировободи Озорбойҷон ҳамонҷо), шоир ва муттафаккир, яке аз устодони соҳибмактаби шеъру адаби форсу тоҷик. Абумухаммад Илёс ибни Юсуф Закии Муайяд мутахаллис бо номи Низомӣ шоир ва мутафаккири бузург, бунёдгузори мактаби хамсанависи мебошад.   Давомашро хондан»

Низомии Ганҷавӣ | Просмотров: 9977 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 01-05-2012 | Комментарии (0)

Хофизи ШерозиҲофизи Шерозӣ (1321-1390)


Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби "Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард.

Давомашро хондан»

Ҳофизи Шерозӣ | Просмотров: 16960 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 30-04-2012 | Комментарии (0)

Умари Хайём Умари Хайём ( 1048 -1131)

Гар бар фалакам даст буди чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расиди осон.


Давомашро хондан »

Умари Хаём | Просмотров: 9354 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 30-04-2012 | Комментарии (0)

Саъдии Шерозӣ Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ забардаст тарин шоир ва мутафаккири асри XIII форсу тоҷик мебошад. Ӯ қариб ягона шоирест, ки ба тоҷик буданаш махсус ишора кардааст. Дар як тарҷеъбандаш ҷаври мулкдоронро ба фақирон маҳкум карда, бо муқоисаитурки ҷавргару тоҷики бенаво толибона сӣлҳ хоста ва бо воситаи ин гуфтор нисбати миллии худро чунин маълум намудааст:                  Давомашро хондан»»
Саъдии Шерозӣ | Просмотров: 8242 | Author: Саидъмасум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 11-04-2012 | Комментарии (0)

Ҷалолиддини РумӣБемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

…Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомиа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарвариду мегустарид.       Давомашро хондан>>
Ҷалалиддини Румӣ | Просмотров: 5601 | Author: Саидмаъсум Атҳамҷонзода | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Дата: 06-04-2012 | Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/