КОНСТИТУТСИЯИ (САРКОНУНИ) ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН - 12 Сентября 2013 - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Чоршанбе, 23-07-2014, 08:52:49

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Видео [3]
Мусиқӣ [8]
Табрикот [4]
Хабарҳои навтарин [10]
Суратхо [1]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 2061
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 4
Меҳмон: 3
Истифодабаранда: 1
Шоҳзодаи-Ошиқон
Асосӣ » 2013 » Сентябр » 12 » КОНСТИТУТСИЯИ (САРКОНУНИ) ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
20:37:03
КОНСТИТУТСИЯИ (САРКОНУНИ) ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
КОНСТИТУТСИЯИ (САРКОНУНИ)
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

МО, ХАЛКИ ТОЧИКИСТОН,

Кисми Чудонашавандаи Чомеаи ЧаХон буда,
худро дар назди наслХои гузашта, Хозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,
таъмини соХибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,
озоди ва ХуКуКи шахсро муКаддас шумурда,
баробарХуКуКи ва дeстии тамоми миллату халКиятХоро эътироф карда,
бунёди Чомеаи адолатпарварро вазифаи худ Карор дода,

ХАМИН КОНСТИТУТСИЯРО КАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

Боби якум

АСОСХОИ СОХТОРИ
КОНСТИТУТСИОНИ

Моддаи 1. ЧумХурии ТоЧикистон давлати соХибихтиёр, демократи, ХуКуКбунёд, дуняви ва ягона мебошад.
ТоЧикистон давлати иЧтимои буда, барои Хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароХам меорад.
ЧумХурии ТоЧикистон ва ТоЧикистон Хаммаъноянд.

Моддаи 2. Забони давлатии ТоЧикистон забони тоЧики аст.
Забони руси Хамчун забони муоширати байни миллатХо амал мекунад.
Хамаи миллатХо ва халКиятХое, ки дар Худуди ЧумХури зиндаги мекунанд, ХаК доранд, аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Моддаи 3. РамзХои давлатии ТоЧикистон Парчам, Нишон ва Суруди Милли аст.

Моддаи 4. Пойтахти ТоЧикистон шаХри Душанбе аст.

Моддаи 5. Инсон, ХуКуК ва озодиХои он арзиши оли мебошанд.
Хаёт, Кадр, номус ва дигар ХуКуКХои фитрии инсон дахлнопазиранд.
ХуКуКу озодиХои инсон ва шаХрвандро давлат эътироф, риоя ва Хифз менамояд.

Моддаи 6. Дар ТоЧикистон халК баёнгари соХибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи Хокимияти давлати буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад.
Ифодаи олии бевоситаи Хокимияти халК раъйпурсии умумихалКи ва интихобот аст.
ХалКи ТоЧикистонро сарфи назар аз миллаташон шаХрвандони ТоЧикистон ташкил менамоянд.
ХеЧ як иттиХодияи Чамъияти, ХизбХои сиёси, гурeХи одамон ва ё фарде ХаК надорад, ки Хокимияти давлатиро uасб намояд.
Uасби Хокимият ва ё тасарруфи салоХияти он манъ аст.
Аз номи тамоми халКи ТоЧикистон фаКат Президент, МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагони МаЧлиси Олии ЧумХурии ТоЧикистон дар Чаласаи яЧояи худ ХуКуКи сухан гуфтан доранд.

Моддаи 7. Худуди ТоЧикистон таКсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
ТоЧикистон аз Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоятХо, шаХрХо, ноХияХо, шаХракХо ва деХаХо иборат аст.
СоХибихтиёри, истиКлолият ва тамомияти арзии ТоЧикистонро давлат таъмин менамояд. Тарuиб ва амалиёти Чудоиандози, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.
Тартиби таъсис ва таuйири воХидХои марзиву маъмуриро Конуни конститутсиони танзим менамояд.

Моддаи 8. Дар ТоЧикистон Хаёти Чамъияти дар асоси равияХои гуногуни сиёси ва мафкурави инкишоф меёбад.
Мафкураи ХеЧ як Хизб, иттиХодияи Чамъияти, дини, Харакат ва гурeХе наметавонад ба Хайси мафкураи давлати эътироф шавад.
ИттиХодияХои Чамъияти ва ХизбХои сиёси дар доираи Конститутсия ва КонунХо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
ТашкилотХои дини аз давлат Чудо буда, ба корХои давлати мудохила карда наметавонанд.
Таъсис ва фаъолияти иттиХодияХои Чамъияти ва ХизбХои сиёсие, ки нажодпарасти, миллатгарои, хусумат, бадбинии иЧтимои ва мазХабиро тарuиб мекунанд ва ё барои бо зeри сарнагун кардани сохтори конститутсиони ва ташкили гурeХХои мусаллаХ даъват менамоянд, манъ аст.

Моддаи 9. Хокимияти давлати дар асоси таЧзияи он ба Хокимияти Конунгузор, иЧроия ва суди амали мегардад.

Моддаи 10. Конститутсияи ТоЧикистон эътибори олии ХуКуКи дорад ва меъёрХои он мустаКиман амал мекунанд. КонунХо ва дигар санадХои ХуКуКие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ХуКуКи надоранд.
Давлат ва Хамаи маКомоти он, шахсони мансабдор, шаХрвандон ва иттиХодияХои онХо вазифадоранд Конститутсия ва КонунХои ЧумХуриро риоя ва иЧро намоянд.
СанадХои ХуКуКии байналмилалие, ки ТоЧикистон онХоро эътироф кардааст, Кисми таркибии низоми ХуКуКии ЧумХуриро ташкил медиХанд. Агар КонунХои ЧумХури ба санадХои ХуКуКии байналмилалии эътирофшуда мутобиКат накунанд, меъёрХои санадХои байналмилали амал мекунанд.
КонунХо ва санадХои ХуКуКии байналмилалие, ки ТоЧикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расми амал мекунанд.

Моддаи 11. ТоЧикистон сиёсати сулХЧeёнаро ба амал татбиК намуда, соХибихтиёри ва истиКлолияти дигар давлатХои ЧаХонро эХтиром менамояд ва муносибатХои хориЧиро дар асоси меъёрХои байналмилали муайян мекунад.
ТашвиКоти Чанг манъ аст.
ТоЧикистон вобаста ба манфиатХои олии халК метавонад ба иттиХодияХо ва ташкилотХои байналмилали дохил шавад, аз онХо барояд, бо кишварХои хориЧи робита намояд.
Давлат бо Хамватанони берунмарзи Хамкори мекунад.

Моддаи 12. Асоси иКтисодиёти ТоЧикистонро шаклХои гуногуни моликият ташкил медиХад.
Давлат фаъолияти озоди иКтисоди, соХибкори, баробарХуКуКи ва Хифзи ХуКуКии Хамаи шаклХои моликият, аз Чумла моликияти хусусиро кафолат медиХад.

Моддаи 13. Замин, сарватХои зеризамини, об, фазои Хавои, олами набототу Хайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онХоро ба манфиати халК кафолат медиХад.

Боби дуюм

ХУКУК, ОЗОДИ,
ВАЗИФАХОИ АСОСИИ
ИНСОН ВА ШАХРВАНД

Моддаи 14. ХуКуКу озодиХои инсон ва шаХрванд ба воситаи Конститутсия, КонунХои ЧумХури ва санадХои ХуКуКии байналмилалие, ки аз тарафи ТоЧикистон эътироф шудаанд, Хифз мегарданд.
ХуКуК ва озодиХои инсон ва шаХрванд бевосита амали мешаванд. ОнХо маКсад, мазмун ва татбиКи КонунХо, фаъолияти Хокимияти Конунгузор, иЧроия, маХалли ва маКомоти худидоракунии маХаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи Хокимияти суди таъмин мегарданд.
МаХдуд кардани ХуКуК ва озодиХои шаХрванд танХо ба маКсади таъмини ХуКуК ва озодии дигарон, тартиботи Чамъияти, Химояи сохти конститутсиони ва тамомияти арзии ЧумХури раво дониста мешавад.

Моддаи 15. ШаХрванди ТоЧикистон шахсе Хисоб меёбад, ки дар рeзи Кабули Конститутсия шаХрванди ЧумХурии ТоЧикистон бошад.
Мансубияти шаХрванди ТоЧикистон ба шаХрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридХое, ки дар Конун ва шартномаХои байнидавлатии ТоЧикистон нишон дода шудааст.
Тартиби ба шаХрванди Кабул шудан ва аз он хориЧ гардиданро Конуни конститутсиони танзим менамояд.

Моддаи 16. ШаХрванди ТоЧикистон дар хоричи кишвар таХти Химояи давлат мебошад. ХеЧ як шаХрванди ЧумХуриро ба давлати хориЧи супурдан мумкин нест. Супурдани Чинояткор ба давлати хориЧи дар асоси шартномаи тарафайн Хал мешавад.
ШаХрванди хориЧи ва шахси бешаХрванд аз ХуКуК ва озодиХои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаХрванди ТоЧикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ХолатХое, ки Конун пешбини намудааст.
ТоЧикистон ба шаХрвандони хориЧие, ки гирифтори вайронкунии ХуКуКи инсон гаштаанд, метавонад паноХгоХи сиёси диХад.

Моддаи 17. Хама дар назди Конун ва суд баробаранд. Давлат ба Хар кас, Катъи назар аз миллат, нажод, Чинс, забон, эътиКоди дини, мавКеи сиёси, вазъи иЧтимои, таХсил ва молу мулк, ХуКуКу озодиХоро кафолат медиХад.
Мардон ва занон баробарХуКуКанд.

Моддаи 18. Хар кас ХаККи зиндаги дорад.
ХеЧ кас аз Хаёт маХрум карда намешавад, ба истиснои Хукми суд барои Чинояти махсусан вазнин.
Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиХад. Ба ХеЧ кас шиканЧа, Чазо ва муносибати uайриинсони раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маЧбурии тибби ва илми Карор додани инсон манъ аст.

Моддаи 19. Хар кас кафолати Хифзи суди дорад. Хар шахс ХуКуК дорад талаб намояд, ки парвандаи eро суди босалоХият, мустаКил ва беuараз, ки тибКи Конун таъсис ёфтааст, барраси намояд.
ХеЧ касро бе асоси Конуни дастгир, Хабс кардан мумкин нест. Хар шахс аз лаХзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Моддаи 20. ХеЧ кас то эътибори Конуни пайдо кардани Хукми суд дар содир кардани Чиноят гунаХгор дониста намешавад.
ХеЧ кас баъди гузаштани мeХлати таъКиби Чинои, инчунин барои содир кардани рафторе, ки Хангоми воКеъ шуданаш Чиноят Хисоб намеёфт, ба Чавобгари кашида намешавад. Барои як Чиноят Хеч кас такроран Чазо намебинад.
Конуне, ки баъд аз содир шудани рафтори uайриКонунии шахс Кабул шудааст ва он Чазои шахсро вазнин мекунад, Кувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори uайриКонуни барои он Чазо пешбини нашуда бошад ва ё Чазои сабук пешбини шуда бошад, Конуни нав амал мекунад.
Мусодираи пурраи молу мулки шахси маХкумшуда манъ аст.

Моддаи 21. ХуКуКи Чабрдидаро Конун Хифз меку¬над. Давлат Хифзи суди ва Чуброни зарарро барои Чабрдида кафолат медиХад.

Моддаи 22. Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зуран даромадан ва касеро аз манзил маХрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридХое, ки Конун муКаррар кардааст.

Моддаи 23. МаХрамияти мукотиба, сeХбатХои телефони, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридХое, ки дар Конун нишон дода шудааст.
Дар бораи Хаёти шахсии инсон бе розигии e Чамъ намудан, нигоХ доштан, истифода ва паХн кардани маълумот манъ аст.

Моддаи 24. ШаХрванд ба мусофират, интихоби озоди маХалли зист, тарки ЧумХури ва бозгашт ба он ХаК дорад.

Моддаи 25. МаКомоти давлати, иттиХодияХои Чамъияти, ХизбХои сиёси ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба Хар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ХуЧЧатХое, ки ба ХуКуК ва манфиати e дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ХолатХое, ки Конун муайян кардааст.

Моддаи 26. Хар кас ХаК дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаКилона муайян намояд, алоХида ва ё якЧоя бо дигарон динеро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинХои дини иштирок намояд.

Моддаи 27. ШаХрванд ХаК дорад дар Хаёти сиёси ва идораи давлати бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
ШаХрвандон ба хидмати давлати ХуКуКи баробар доранд.
ШаХрванд аз синни 18 ХуКуКи дар раъйпурси иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муКаррарнамудаи Конститутсия, КонунХои конститутсиони ва КонунХо ХуКуКи интихоб шуданро дорад.
Шахсоне, ки аз тарафи суд uайри Кобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиКи Хукми суд дар ЧойХои аз озоди маХрумшудагон нигоХ дошта мешаванд, ХуКуКи дар интихобот ва раъйпурси иштирок кардан надоранд.
Тартиби гузаронидани интихоботро КонунХои конститутсиони ва КонунХо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурси тибКи Конуни конститутсиони сурат мегирад.

Моддаи 28. ШаХрвандон ХуКуКи муттаХид шудан доранд. ШаХрванд ХаК дорад дар ташкили ХизбХои сиёси, аз Чумла ХизбХои характери демократи, дини ва атеисти дошта, иттифоКХои касаба ва дигар иттиХодияХои Чамъияти иштирок намояд, ихтиёран ба онХо дохил ва аз онХо хориЧ гардад.
ХизбХои сиёси дар асоси гуногунандешии сиёси барои ташаккул ва ифодаи иродаи халК мусоидат мекунанд ва дар Хаёти сиёси иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онХо бояд ба меъёрХои демократи мувофиК бошанд.

Моддаи 29. ШаХрванд ХаК дорад, дар маЧлис, гирдиХамои, намоиш, раХпаймоии осоишта, ки Конун муКаррар кардааст, ширкат варзад.
ХеЧ касро ба ин тадбирХо маЧбуран Чалб кардан мумкин нест.

Моддаи 30. Ба Хар кас озодии сухан, нашр, ХуКуКи истифодаи воситаХои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиuот ва ташвиКоте, ки бадбини ва хусумати иЧтимои, нажоди, милли, дини ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Сензураи давлати ва таъКиб барои танКид манъ аст.
Номгeи маълумотХоеро, ки сирри давлати доранд, Конун муайян мекунад.

Моддаи 31. ШаХрванд ХаК дорад шахсан ва ё якЧоя бо дигарон ба маКомоти давлати муроЧиат намояд.

Моддаи 32. Хар кас ХаК дорад соХиби моликият ва мерос бошад.
ХеЧ кас ХаК надорад ХуКуКи шахсро ба моликият бекор ва маХдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эХтиёЧоти Чамъият фаКат дар асоси Конун ва розигии соХиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Товони зарари модди ва маънавие, ки шахс дар натиЧаи амали uайриКонунии маКомоти давлати, иттиХодияХои Чамъияти, ХизбХои сиёси ва ё шахсони алоХида мебинад, мувофиКи Конун аз Хисоби онХо рeёнида мешавад.

Моддаи 33. Давлат оиларо Хамчун асоси Чамъият Химоя мекунад.
Хар кас ХуКуКи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоХ расидаанд, ХуКуК доранд озодона аКди никоХ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани аКди никоХ зану шавХар баробарХуКуКанд.
БисёрникоХи манъ аст.

Моддаи 34. Модару кeдак таХти Химоя ва uамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиuу Кобили меХнат барои нигоХубин ва таъмини падару модар масъуланд.
Давлат барои Хифзи кeдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онХо uамхори менамояд.

Моддаи 35. Хар кас ба меХнат, интихоби касбу кор, Хифзи меХнат ва Химояи иЧтимои Хангоми бекори ХаК дорад. Музди кор аз Хадди аКали музди меХнат набояд кам бошад.
Дар муносибатХои меХнати Хама гуна маХдудият манъ аст. Барои иЧрои кори якхела музди баробар дода мешавад.
ХеЧ кас ба меХнати маЧбури Чалб карда намешавад, ба истиснои мавридХое, ки Конун муайян кардааст.
Дар корХои вазнин, зеризамини ва шароити меХнаташон зарарнок истифодаи меХнати занон ва ноболиuон манъ аст.

Моддаи 36. Хар кас ба манзил ХуКуК дорад. Ин ХуКуК бо роХи сохтмони манзили давлати, Чамъияти, кооперативи ва хусуси таъмин карда мешавад.

Моддаи 37. ШаХрванд ХуКуКи истироХат дорад. Ин ХуКуК бо роХи муКаррар кардани Хафта ва рeзи кори, рухсатии Харсолаи пули, рeзХои ХарХафтаинаи истироХат ва шароитХои дигаре таъмин карда мешавад, ки Конун муайян кардааст.

Моддаи 38. Хар шахс ХуКуКи Хифзи саломати дорад. Шахс дар доираи муКаррарнамудаи Конун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаХои нигаХдории тандурустии давлати истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муХити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи Чисмони ва туризм тадбирХо меандешад.
ШаклХои дигари ёрии тиббиро Конун муайян мекунад.

Моддаи 39. Хар шахс дар пиронсоли, Хангоми бемори, маъюби, гум кардани Кобилияти кор, маХрум шудан аз сарпараст ва мавридХои дигаре, ки Конун муайян кардааст, кафолати таъмини иЧтимои дорад.

Моддаи 40. Хар шахс ХаК дорад озодона дар Хаёти фарХангии Чамъият, эЧоди бадеи, илми ва техники ширкат варзад, аз дастовардХои онХо истифода кунад.
СарватХои фарХанги ва маънавиро давлат Химоя мекунад.
Моликияти зеХни дар Химояи Конун аст.

Моддаи 41. Хар шахс ХуКуКи таХсил дорад. Таълими умумии асоси Хатмист. Давлат таълими умумии асосии Хатмии ройгонро дар муассисаХои таълимии давлати кафолат медиХад.
Шахс дар доираи муКаррарнамудаи Конун дар муассисаХои таълимии давлати метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби гирад.
ШаклХои дигари таълимро Конун муайян мекунад.

Моддаи 42. Дар ТоЧикистон Хар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва КонунХоро риоя кунад, ХуКуК, озоди, шаъну шарафи дигаронро эХтиром намояд.
Надонистани Конун Чавобгариро истисно намекунад.

Моддаи 43. Хифзи Ватан, Химояи манфиати давлат, таХкими истиКлолият, амният ва иКтидори мудофиавии он вазифаи муКаддаси шаХрванд аст.
Тартиби хизмати Харбиро Конун муайян мекунад.

Моддаи 44. Хифзи табиат, ёдгориХои таърихиву фарХанги вазифаи Хар як шахс аст.

Моддаи 45. Додани андоз ва пардохтХо, ки Конун муайян кардааст, вазифаи Хар кас мебошад.
КонунХое, ки андози навро муКаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, Кувваи бозгашт надоранд.

Моддаи 46. Хангоми таХдиди бевосита ба ХуКуКу озодиХои шаХрвандон, истиКлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатХои табии, ки дар натиЧаи он маКомоти конститутсионии ЧумХури наметавонад ба таври муътадил фаъолият намояд, Хамчун тадбири муваККати барои амнияти шаХрвандон ва давлат вазъияти фавКулодда эълон мегардад.
МeХлати вазъияти фавКулодда то се моХ аст. Дар мавридХои зарури ин мeХлатро Президенти ЧумХурии ТоЧикистон метавонад дароз намояд.

Моддаи 47. Дар давраи вазъияти фавКулодда ХуКуК ва озодиХое, ки дар моддаХои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбини шудааст, маХдуд карда намешавад.
Низоми ХуКуКии вазъияти фавКулоддаро Конуни конститутсиони муайян мекунад.

Боби сеюм

МАЧЛИСИ ОЛИ

Моддаи 48. МаЧлиси Оли-парламенти ЧумХурии ТоЧикистон - маКоми олии намояндаги ва Конунгузори ЧумХурии ТоЧикистон мебошад.
МаЧлиси Оли аз ду маЧлис - МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон иборат аст.
МeХлати ваколати МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон дар рeзи оuози фаъолияти МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагони даъвати нав Катъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти МаЧлиси Олиро Конуни конститутсиони танзим мекунад.

Моддаи 49. Интихоботи МаЧлиси намояндагон ба таври умуми, баробар, мустаКим ва бо овоздиХии пинХони сурат мегирад. МаЧлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касби мебошад. Хар як шаХрванди ЧумХурии ТоЧикистон, ки синни e аз 25 кам набошад ва дорои таХсилоти оли бошад, метавонад вакили МаЧлиси намояндагон интихоб шавад.
Аз чор се Хиссаи аъзои МаЧлиси милли ба таври uайримустаКим дар маЧлисХои якЧояи вакилони халКи Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон ва шаХру ноХияХои он, вилоятХо ва шаХру ноХияХои онХо, шаХри Душанбе ва ноХияХои он, шаХру ноХияХои тобеи ЧумХури (якЧоя) бо овоздиХии пинХони интихоб мегардад. Дар МаЧлиси милли Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоятХо, шаХри Душанбе, шаХрХо ва ноХияХои тобеи ЧумХури намояндагони баробар доранд.
Аз чор як Хиссаи аъзои МаЧлиси миллиро Президенти ЧумХурии ТоЧикистон таъин мекунад.
Фаъолияти МаЧлиси милли даъвати мебошад.
Хар як шаХрванди ЧумХурии ТоЧикистон, ки синни e аз 35 кам набошад ва дорои таХсилоти оли бошад, метавонад узви МаЧлиси милли интихоб ё таъин шавад.
Хар Президенти собиКи ЧумХурии ТоЧикистон узви якумраи МаЧлиси милли мебошад, агар e аз истифодаи ин ХаК даст накашад.
Конуни конститутсиони шумораи аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагон, тартиби интихоби онХо, тартиби интихобнашудан ва мувофиК набудани ваколати аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагонро танзим мекунад.

Моддаи 50. Аъзои Хукумат, судяХо, кормандони маКомоти Хифзи ХуКуК, хизматчиёни Харби ва шахсони дигаре, ки Конуни конститутсиони муайян кардааст, наметавонанд узви МаЧлиси милли бошанд.
ШаХрванд наметавонад дар як ваКт узви МаЧлиси милли ва вакили МаЧлиси намояндагон бошад. Узви МаЧлиси милли наметавонад вакили зиёда аз ду маКоми намояндаги бошад.
Вакили МаЧлиси намояндагон наметавонад вакили дигар маКомоти намояндаги бошад, вазифаи дигареро иЧро кунад, фаъолияти соХибкори намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эЧоди ва омeзгори.

Моддаи 51. Узви МаЧлиси милли ва вакили МаЧлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ХаК дорад фикри худро озодона изХор намояд, мувофиКи аКидаХои худ овоз диХад.
Узви МаЧлиси милли ва вакили МаЧлиси намояндагон ХуКуКи дахлнопазири дорад, уро Хабс кардан, дастгир кардан, маЧбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар Чои содири Чиноят. Узви МаЧлиси милли ва вакили МаЧлиси намояндагон Хамчунон мавриди кофтукови шахси Карор дода намешавад, ба истиснои ХолатХое, ки Конун барои таъмини амнияти дигарон муКаррар намудааст. Масъалаи маХрум намудани дахлнопазирии узви МаЧлиси милли ва вакили МаЧлиси намояндагон бо пешниХоди Прокурори генерали аз Чониби маЧлиси дахлдор Хал карда мешавад.
Ваколати узви МаЧлиси милли ва вакили МаЧлиси намояндагон Хангоми вафот, истеъфо, uайри Кобили амал эътироф шудани онХо аз Чониби суд, ба Кувваи Конуни даромадани Хукми айбдоркунии суд, Катъи шаХрванди, тарки доимии ЧумХури, ишuоли вазифае, ки ба ваколати узви МаЧлиси милли мувофиК нест, парокандашавии МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон Катъ мегардад.
Вазъи ХуКуКии узви МаЧлиси милли ва вакили МаЧлиси намояндагонро Конуни конститутсиони танзим менамояд.

Моддаи 52. ИЧлосияи якуми МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагонро дар давоми як моХи баъди интихоби онХо Президенти ЧумХурии ТоЧикистон даъват мекунад.
ИЧлосияи якуми МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин МаЧлисХо онро мебарад.
Фаъолияти МаЧлиси милли дар шакли иЧлосия сурат мегирад. ИЧлосияи МаЧлиси милли соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси МаЧлиси милли даъват карда мешавад.
Фаъолияти МаЧлиси намояндагон дар шакли иЧлосия сурат мегирад. ИЧлосияи навбатии МаЧлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рeзи аввали кории моХи октябр то рeзи охирини кории моХи июн гузаронида мешавад.
Дар давраи байни иЧлосияХои МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон Хангоми зарурат Президенти ЧумХурии ТоЧикистон, иЧлосияХои uайринавбатии онХоро даъват менамояд. Дар ин иЧлосияХо танХо он масъалаХое барраси мешаванд, ки боиси даъвати ин иЧлосияХо гаштаанд.

Моддаи 53. МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони МаЧлисХо, муовинони якум ва муовинони онХоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси МаЧлиси милли аз Хисоби намояндагони Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон мебошад.
Раиси МаЧлиси милли ва Раиси МаЧлиси намояндагон бо овоздиХии пинхони бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онХо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси МаЧлиси милли ва Раиси МаЧлиси намояндагонро Дастури МаЧлисХо танзим мекунад.
Раисони МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон дар назди маЧлиси дахлдор ХисоботдиХанда мебошанд ва онХо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.
Раисони МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онХо ба иЧлосия роХбари мекунанд ва дигар масъалаХои дахлдорро Хал менамоянд.
МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон маКомоти ХамоХангсозанда ва кории худро мустаКилона ташкил медиХанд, инчунин кумита ва комиссияХои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рeи масъалаХои ба МаЧлисХо тааллуКдошта муХокимаХои парламенти доир мекунанд.
МаКомоти ХамоХангсозандаи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон дар алоХидаги Чаласа мегузаронанд.
МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро Кабул мекунанд.

Моддаи 54. МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон алоХида Чаласа мегузаронанд.
ЧаласаХои МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон Хамон ваКт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду Хиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онХо Хузур дошта бошанд. ЧаласаХои МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ХолатХои пешбиникардаи Конун ва Дастури МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон мумкин аст Чаласаи пeшида гузаронида шавад.
МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон дар ХолатХои пешбининамудаи Конститутсия ЧаласаХои якЧоя мегузаронанд.

Моддаи 55. СалоХияти МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон Хангоми гузаронидани ЧаласаХои якЧоя:
1. ТасдиКи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Хукумат;
2. ТасдиКи фармони Президент дар бораи Чори намудани Холати Чанги ва вазъияти фавКулодда;
3. Ризоият ба истифодаи КувваХои мусаллаХи ЧумХурии ТоЧикистон берун аз Худуди он барои иЧрои eХдадориХои байналмилалии ТоЧикистон;
4. Таъини интихоботи Президент;
5. Кабули истеъфои Президент;
6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотХои давлати ва рутбаи олии Харби;
7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон дар ЧаласаХои якЧояи худ аз рeи масъалаХои зикршудаи салоХияташон Карор Кабул мекунанд. Карори якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагон, ки Хар яке аз маЧлисХо дар алоХидаги овоз медиХанд, Кабул мегардад, агар тартиби дигари Кабули Карорро Конститутсия муКаррар накарда бошад.
Дар Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтХои асосии сиёсати дохили ва хориЧии ЧумХури баромад менамояд.

Моддаи 56. СалоХияти МаЧлиси милли:
1. Таъсис ва барХам додани воХидХои марзиву маъмури ва таuйири онХо;
2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяХои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иКтисоди бо пешниХоди Президент;
3. Халли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяХои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иКтисоди;
4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генерали ва муовинони e;
5. Амали намудани ваколатХои дигаре, ки Конститутсия ва КонунХо муайян кардаанд.
МаЧлиси милли аз рeи масъалаХои дар салоХияташ буда Карор Кабул мекунад. Карори МаЧлиси милли бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он Кабул мегардад, агар тартиби дигари Кабули Карорро Конститутсия муКаррар накарда бошад.

Моддаи 57. СалоХияти МаЧлиси намояндагон:
1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ЧумХурии ТоЧикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниХоди Президент;
2. Ба муХокимаи халК пешниХод намудани лоиХаи КонунХо ва дигар масъалаХои муХими давлатию Чамъияти;
3. ТасдиКи барномаХои иКтисоди ва иЧтимои;
4. Ризоият ба додугирифти Карзи давлати;
5. ТасдиК ва бекор кардани шартномаХои байналмилали;
6. Таъини раъйпурси;
7. Таъсиси судХо;
8. ТасдиКи рамзХои давлати;
9. ТасдиКи мукофотХои давлати;
10. ТасдиКи фармонХои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони e;
11. МуКаррар намудани рутбаХои Харби, дипломати, рутбаХо ва унвонХои махсус;
12. Муайян намудани маоши Президент;
13. Амали намудани ваколатХои дигаре, ки Конститутсия ва КонунХо муайян кардаанд.
МаЧлиси намояндагон аз рeи масъалаХои дар салоХияташ буда Карор Кабул мекунад. Карори МаЧлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон Кабул мегардад, агар тартиби дигари Кабули Карорро Конститутсия муайян накарда бошад.
Дар Чаласаи МаЧлиси намояндагон роХбарони давлатХои хориЧи метавонанд суханрони кунанд.

Моддаи 58. Аъзои МаЧлиси милли, вакили МаЧлиси намояндагон, Президенти ЧумХурии ТоЧикистон, Хукумати ТоЧикистон, МаЧлиси вакилони ХалКи Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, ХуКуКи ташаббуси Конунгузори доранд.

Моддаи 59. ЛоиХаи КонунХо ба МаЧлиси намояндагон пешниХод мешаванд.
ЛоиХаи Конун дар бораи авф аз тарафи Президенти ЧумХурии ТоЧикистон ба МаЧлиси намояндагон пешниХод мешавад.
ЛоиХаи Конун дар бораи буЧет, оид ба муКаррар кардан ва бекор кардани андозХо аз Чониби Хукумати ЧумХурии ТоЧикистон ба МаЧлиси намояндагон пешниХод мешавад.

Моддаи 60. КонунХоро МаЧлиси намояндагон Кабул менамояд. Конун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон Кабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муКаррар накарда бошад.
КонунХое, ки МаЧлиси намояндагон Кабул намудааст ба МаЧлиси милли пешниХод мешаванд, ба истиснои КонунХо дар бораи буЧети давлати ва авф.
МаЧлиси милли Конунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ Чонибдори мекунад. Дар мавриди дастгири наёфтани Конун аз Чониби МаЧлиси милли Конун такроран дар МаЧлиси намояндагон барраси мешавад.
Дар сурати бо Карори МаЧлиси милли норози будани МаЧлиси намояндагон, Конун Хамон ваКт Кабулшуда Хисоб мешавад, ки агар МаЧлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи шумораи умумии вакилон тасдиК намояд.
КонунХо дар бораи буЧети давлати ва авф танХо аз Чониби МаЧлиси намояндагон Кабул карда мешаванд. МаЧлиси намояндагон иЧрои буЧети давлатиро назорат мекунад.

Моддаи 61. КонунХои конститутсиони оид ба масъалаХое Кабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. КонунХои конститутсиони бо тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи шумораи умумии вакилони МаЧлиси намояндагон Кабул мегарданд ва МаЧлиси милли бо тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи аъзои худ Чонибдори мекунад.
Дар сурати бо Карори МаЧлиси милли норози будани МаЧлиси намояндагон, Конуни конститутсиони Хамон ваКт Кабулшуда Хисоб мешавад, ки агар МаЧлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи шумораи умумии вакилон тасдиК намояд.
Тафсири Конститутсияро МаЧлиси Оли тибКи тартиби мазкур барраси намуда, дар шакли Конуни конститутсиони Кабул менамояд.

Моддаи 62. КонунХо барои имзо ва интишор ба Президенти ЧумХурии ТоЧикистон пешниХод мешаванд. Агар Президент ба Конун ё Кисми он рози набошад, Конунро дар муддати понздаХ рeз бо далелу эродХо ба МаЧлиси намояндагон бармегардонад. МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон бо тартиби муКарраркардаи Конститутсия Конуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар сурати баррасии такрори Конун дар матни пештар Кабулшудааш бо аксарияти аз се ду Хиссаи шумораи умумии аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагон дастгири ёбад, Президент дар муддати даХ рeз ба Конун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Хангоми баррасии Конуни аз тарафи Президенти ЧумХурии ТоЧикистон баргардонидашуда, ки онро пештар МаЧлиси намояндагон бо аз се ду Хиссаи овозХо Кабул намуда буд, МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду Хиссаи овозХо тарафдори мекунанд.
Агар Президент Конуни конститутсиониро баргардонад, МаЧлиси намояндагон ва МаЧлиси милли ба тартиби муКарраркардаи Конститутсия Конуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар сурати баррасии такрори Конуни конститутсиони дар матни пештар Кабулшудааш бо аксарияти аз чор се Хиссаи шумораи умумии аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагон тасдиК шавад, Президент дар муддати даХ рeз ба Конуни конститутсиони имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Моддаи 63. МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон метавонанд пеш аз мeХлат дар Чаласаи якЧояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавКулодда ва Холати Чанги пароканда намешаванд.

Боби чаХорум

ПРЕЗИДЕНТ

Моддаи 64. Президенти ЧумХурии ТоЧикистон сарвари давлат ва Хокимияти иЧроия (Хукумат) аст.
Президент Хомии Конститутсия ва КонунХо, ХуКуКу озодиХои инсон ва шаХрванд, кафили истиКлолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маКомоти давлати ва Хамкории онХо, риояи КарордодХои байналмилалии ТоЧикистон мебошад.

Моддаи 65. Президентро шаХрвандони ТоЧикистон ба тарзи умуми, мустаКим, баробар ва овоздиХии пинхони ба мeХлати 7 сол интихоб менамоянд.
Хар як шаХрванди ЧумХурии ТоЧикистон, ки синни e аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар Каламрави ЧумХури на камтар аз 10 соли охир истиКомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниХод гардад.
Шахсе ба номзадии Президент ба Кайд гирифта мешавад, ки Хадди аКал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниХоди номзадии e имзо гузошта бошанд.
Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мeХлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Моддаи 66. Интихоботи Президент ваКте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.
Номзаде Президент интихобшуда Хисоб меёбад, ки ба тарафдории e бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.
Тартиби интихоби Президентро Конуни конститутсиони муайян мекунад.

Моддаи 67. Президент пеш аз шурeъи вазифа дар Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон савганд ёд мекунад:
«Ман Хамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва КонунХои ЧумХуриро Химоя менамоям, таъмини ХуКуК, озодиХо ва шарафи шаХрвандонро кафолат медиХам, сарзамин, истиКлолияти сиёсиву иКтисоди ва фарХангии ТоЧикистонро Хифз мекунам, ба халК содиКона хидмат менамоям».
Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав Катъ мегардад.

Моддаи 68. Президент наметавонад вазифаи дигарро иЧро намояд, вакили маКомоти намояндаги бошад, ба соХибкори машuул шавад.

Моддаи 69. СалоХияти Президент:
1. СамтХои асосии сиёсати дохили ва хориЧии ЧумХуриро муайян мекунад;
2. ТоЧикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатХои байналмиллали намояндаги мекунад;
3. ВазоратХо ва кумитаХои давлатиро таъсис ва барХам медиХад;
4. Сарвазир ва дигар аъзои Хукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Хукуматро ба тасдиКи Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон пешниХод менамояд;
5. Раисони Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят, шаХри Душанбе, шаХр ва ноХияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиКи МаЧлиси дахлдори вакилони халК пешниХод менамояд;
6. СанадХои маКомоти Хокимияти иЧроияро Хангоми мухолифати онХо ба Конститутсия ва КонунХо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
7. Раиси Бонки милли ва муовинони eро таъин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиКи МаЧлиси намояндагон пешниХод менамояд;
8. Номзадии Раис, муовинон ва судяХои Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иКтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба МаЧлиси милли пешниХод менамояд;
9. Бо ризоияти МаЧлиси милли Прокурори генерали ва муовинони eро таъин ва озод мекунад;
10. ДастгоХи иЧроияи Президентро таъсис медиХад;
11. Шeрои амниятро таъсис ва роХбари мекунад;
12. Шeрои адлияро таъсис медиХад;
13. СудяХои суди Харби, судХои Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят, шаХри Душанбе, шаХр ва ноХия ва судХои иКтисодии Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят, шаХри Душанберо бо пешниХоди Шeрои адлия таъин ва озод мекунад;
14. Раъйпурси, интихоботи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон ва маКомоти намояндагии маХаллиро таъин мекунад;
15. Ба КонунХо имзо мегузорад;
16. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон пешниХод менамояд;
17. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захирави мебошад;
18. Ба татбиКи сиёсати хориЧи роХбари мекунад, КарордодХои байналмилалиро имзо ва ба тасдиКи МаЧлиси намояндагон пешниХод менамояд;
19. Сарони намояндагиХои дипломатиро дар давлатХои хориЧи, намояндаХои ЧумХуриро дар ташкилотХои байналмилали таъин ва озод мекунад;
20. ЭътимодномаХои сарони намояндагиХои дипломатии давлатХои хориЧиро Кабул менамояд;
21. СарфармондеХи Олии КувваХои МусаллаХи ТоЧикистон мебошад; фармондеХони КeшунХои КувваХои МусаллаХи ТоЧикистонро таъин ва озод мекунад;
22. Хангоми таХдиди хатари воКеи ба амнияти давлат Холати Чангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиКи Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон пешниХод мекунад;
23. Барои иЧрои eХдадориХои байналмилалии ТоЧикистон КувваХои мусаллаХи ЧумХурии ТоЧикистонро берун аз Худуди он бо ризоияти МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон истифода мебарад;
24. Дар саросари ЧумХури ва ё дар маХалХои алоХидаи он вазъияти фавКулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиКи Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон пешниХод менамояд ва ба Созмони Милали МуттаХид хабар медиХад;
25. МасъалаХои шаХрвандиро Хал мекунад;
26. ПаноХгохи сиёси медиХад;
27. МасъалаХои бахшиши Чазоро Хал мекунад;
28. Бо рутбаХои олии Харби, дипломати, рутбаХо ва унвонХои махсус сарфароз мегардонад;
29. ШаХрвандонро бо мукофотХои давлати, ЧоизаХои давлати, нишонХо ва унвонХои ифтихории ТоЧикистон сарфароз мегардонад;
30. ВаколатХои дигареро, ки Конститутсия ва КонунХо муайян кардаанд, амали менамояд.

Моддаи 70. Президент дар доираи салоХияти худ фармон мебарорад ва амр медиХад, дар бораи вазъи кишвар ба Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон маълумот медиХад, масъалаХоеро, ки заруру муХим мешуморад, ба муХокимаи Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон пешниХод менамояд.

Моддаи 71. Хангоми вафот, истеъфо ва uайри Кобили амал донистани Президент вазифаи e то ба вазифааш шуруъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси МаЧлиси милли мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси МаЧлиси милли ба зиммаи муовини якуми e мегузарад.
Дар ХолатХои зикршуда дар мeХлати се моХ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
ВаколатХои Президент дар Холате, ки e дар Чаласаи якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиХад, бо тарафдории аксарияти аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагон, ки Хар яке аз онХо дар алоХидаги овоз медиХанд Кать карда мешавад.
Дар сурате, ки Президент бинобар бемори вазифаХои худро иЧро карда натавонад, Хар ду МаЧлис дар Чаласаи якЧояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз мeХлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи овозХои шумораи умумии аъзо ва вакилони Хар яке аз МаЧлисХо Карор Кабул мекунанд.

Моддаи 72. Президент ХуКуКи дахлнопазири дорад.
Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи e содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсиони ва бо тарафдории аз се ду Хиссаи шумораи умумии аъзои МаЧлиси милли ва вакилони МаЧлиси намояндагон, ки Хар яке аз онХо дар алоХидаги овоз медиХанд, бекор карда мешавад.

Боби панЧум

ХУКУМАТ

Моддаи 73. Хукумати ЧумХури аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони e, вазирон, раисони кумитаХои давлати иборат аст.
Хукумат роХбарии самараноки соХаХои иКтисоди, иЧтимои, фарХанги ва иЧрои КонунХо, КарорХои якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон, КарорХои МаЧлиси милли, КарорХои МаЧлиси намояндагон, фармону амрХои Президенти ТоЧикистонро таъмин мекунад.
Аъзои Хукумат наметавонанд вазифаи дигареро иЧро намоянд, вакили маКомоти намояндаги бошанд, ба соХибкори машuул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эЧоди ва омeзгори.

Моддаи 74. Хукумат мувофиКи Конститутсия ва КонунХои ЧумХури Карор мебарорад ва фармоиш медиХад, ки иЧрои онХо дар Каламрави ТоЧикистон Хатмист.
Хукумат ваколаташро дар назди Президенти нав интихобшуда вомегузорад.
Хукумат дар мавриди uайри имкон донистани иЧрои фаъолияти мeътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Хар як узви Хукумат ХуКуКи истеъфо дорад.
Тартиби ташкил, фаъолият ва салоХияти Хукуматро Конуни конститутсиони муайян мекунад.

Моддаи 75. Хукумат барномаХои иКтисодиву иЧтимои, сиёсати додугирифти Карзи давлати ва ёрии иКтисоди ба дигар давлатХо, лоиХаи буЧети давлати, масъалаи андозаи имконпазири касри буЧети давлати ва манбаи Чуброни онро ба МаЧлиси намояндагон пешниХод менамояд.

Боби шашум

ХОКИМИЯТИ МАХАЛЛИ

Моддаи 76. Хокимияти маХалли аз маКомоти намояндаги ва иЧроия иборат буда, дар доираи салоХияти худ амал мекунад. ОнХо иЧрои Конститутсия, КонунХо, КарорХои якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси яамояндагон, КарорХои МаЧлиси милли, КарорХои МаЧлиси намояндагон, санадХои Президент ва Хукумати ЧумХурии ТоЧикистонро таъмин менамоянд.

Моддаи 77. МаКомоти намояндагии маХалли дар вилоят, шаХр ва ноХия МаЧлиси вакилони халК аст, ки онро раис роХбари мекунад. МeХлати ваколати МаЧлиси вакилони халК 5 сол аст.
МаЧлиси вакилони халК буЧети маХалли ва Хисоботи иЧрои онро тасдиК мекунад, роХХои инкишофи иКтисодиву иЧтимоии маХалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маХаллиро мувофиКи Конун муКаррар мекунад, дар доираи Конун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатХои дигареро амали месозад, ки Конститутсия ва КонунХо муайян кардаанд.

Моддаи 78. Хокимияти иЧроияро дар маХал намояндаи Президент - раиси вилоят, шаХр ва ноХия амали мегардонад.
МаКомоти намояндаги ва иЧроияро дар воХидХои маъмурию марзи раис сарвари мекунад.
Раиси Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят, шаХри Душанбе, шаХр ва ноХияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиКи маЧлиси вакилони халКи дахлдор пешниХод менамояд.
Раис дар назди маКомоти болои ва МаЧлиси вакилони халКи дахлдор масъул аст.
Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти маКомоти Хокимияти маХаллиро Конуни конститутсиони танзим менамояд.
МаКомоти худидоракунии шаХрак ва деХот Чамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро Конун танзим менамояд.

Моддаи 79. МаКомоти намояндаги ва Раис дар доираи салоХияти худ санадХои ХуКуКи Кабул мекунанд, ки иЧрояшон дар он Каламрав Хатмист.
Дар сурати бо Конститутсия ва Конун мувофиКат накардани санадХои маКомоти намояндаги ва раис онХо аз тарафи маКомоти болои, худи ин маКомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

Моддаи 80. Дар сурати талаботи Конститутсия ва Конунро мунтазам иЧро накардани МаЧлиси вакилони халКи Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят, шаХри Душанбе, шаХр ва ноХия МаЧлиси милли метавонад онро пароканда намояд.

Боби Хафтум

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ
КEХИСТОНИ БАДАХШОН

Моддаи 81. Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон Кисми таркиби ва Чудонопазири ЧумХурии ТоЧикистон аст.
Худуди Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон бе ризоияти МаЧлиси вакилони ХалКи вилоят таuйир дода намешавад.

Моддаи 82. МаЧлиси вакилони халКи Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон ХуКуКи ташаббуси Конунгузори дорад.

Моддаи 83. СалоХияти Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон дар соХаи иЧтимои, иКтисоди, фарХанги ва ваколатХои дигари вилоятро Конуни конститутсиони танзим мекунад.

Боби Хаштум

СУД

Моддаи 84. Хокимияти суди мустаКил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяХо амали мегардад. Хокимияти суди ХуКуК, озодии инсону шаХрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаХо, Конунияту адолатро Хифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иКтисоди, Суди Харби, Суди Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, судХои вилоят, шаХри Душанбе, шаХр ва ноХия, Суди иКтисодии Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, судХои иКтисодии вилоят ва шаХри Душанбе амали мекунанд.
Тарзи ташкил ва фаъолияти судро Конуни конститутсиони муайян мекунад.
МeХлати ваколати судяХо 10 сол аст.
Ташкили суди фавКулодда манъ аст.

Моддаи 85. Ба вазифаи судяХои Суди Оли, Суди Олии иКтисоди, Суди Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, суди вилоят ва шаХри Душанбе ХуКуКшиносе интихоб ва таъин мешавад, ки синни e аз 30 сола кам ва аз 65 зиёд набошад, Хадди аКал 5 сол собиКаи кории судяги дошта бошад.
Ба вазифаи судяХои шаХр ва ноХия, Суди Харби, Суди иКтисодии Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят ва шаХри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки синни e аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, Хадди аКал 3 сол собиКаи кории касби дошта бошад.

Моддаи 86. СудяХои суди Харби, судяХои Суди Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят, шаХри Душанбе, шаХр ва ноХия, судяХои Суди иКтисодии Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон, вилоят ва шаХри Душанберо бо пешниХоди Шeрои адлия Президент таъин ва озод мекунад.

Моддаи 87. СудяХо дар фаъолияти худ мустаКил буда, танХо ба Конститутсия ва Конун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онХо манъ аст.

Моддаи 88. СудяХо парвандаХоро ба таври дастЧамъи ва ё танХо барраси мекунанд.
Мурофиа ба тарзи мубоХиса ва дар асоси баробарии тарафХо сурат мегирад.
Мурофиа дар Хамаи судХо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридХое, ки Конун муайян кардааст.
Мурофиа ба забони давлати ва ё забони аксарияти аХолии маХал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарЧумон таъмин карда мешаванд.

Моддаи 89. Суди конститутсиони аз 7 нафар иборат буда, яке аз онХо намояндаи Вилояти Мухтори КeХистони Бадахшон мебошад.
Ба вазифаи судяи Суди конститутсиони ХуКуКшиносе интихоб мешавад, ки синни e аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиКаи кории касби дошта бошад.
СалоХияти Суди конститутсиони:
1) муайян намудани мувофиКати КонунХо, санадХои ХуКуКии якЧояи МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон, МаЧлиси милли, МаЧлиси намояндагон, Президент, Хукумат, Суди Оли, Суди Олии иКтисоди ва дигар маКомоти давлатию Чамъияти, КарордодХои ба Кувваи Конун надаромадаи ТоЧикистон ба Конститутсия;
2) Халли баХсХои байни маКомоти давлати доир ба салоХияти онХо;
3) иЧрои ваколатХои дигаре, ки Конститутсия ва КонунХо муайян кардаанд.
СанадХои Суди конститутсиони Катъист.

Моддаи 90. Судя наметавонад вазифаи дигареро иЧро намояд, вакили маКомоти намояндаги, узви Хизб ва созмонХои сиёси бошад, ба соХибкори машuул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эЧоди ва омeзгори.

Моддаи 91. Судя ХуКуКи дахлнопазири дорад. Eро бе ризоияти маКомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, Хабс кардан ва ба Чавобгарии Чинои кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани e Хангоми содири Чиноят.

Моддаи 92. Ёрии ХуКуКи дар тамоми марХилаХои тафтишот ва мурофиаи суди кафолат дода мешавад.
Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклХои ёрии ХуКуКиро Конун муайян мекунад.

Боби нeХум

ПРОКУРАТУРА

Моддаи 93. Назорати риояи даКиК ва иЧрои якхелаи КонунХоро дар Каламрави ТоЧикистон Прокурори генерали ва прокурорХои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиК менамоянд.

Моддаи 94. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи ТоЧикистонро Прокурори генерали сарвари мекунад. Прокурори генерали дар назди МаЧлиси милли ва Президент масъул аст.

Моддаи 95. Прокурори генералии ТоЧикистон ба мeХлати 5 сол таъин мешавад.
Прокурори генерали прокурорХои тобеи худро таъин ва озод мекунад. МeХлати ваколати прокурорХо 5 сол аст.
Фаъолият, салоХият ва сохтори маКомоти прокуратураро Конуни конститутсиони танзим мекунад.

Моддаи 96. Прокурори генерали ва прокурорХои тобеи он бе дахолати дигар маКомоти давлати ва шахсони мансабдор мустаКилона дар асоси Конун фаъолият мекунанд.

Моддаи 97. Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иЧро намояд, вакили маКомоти намояндаги, узви Хизб ва созмонХои сиёси бошад, ба соХибкори машuул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эЧоди ва омузгори.

Боби даХум

ТАРТИБИ ТАUЙИРИ
КОНСТИТУТСИЯ

Моддаи 98. Таuйиру иловаХои Конститутсия бо роХи раъйпурсии умумиХалки сурат мегирад.
Раъйпурсиро Президент ва ё МаЧлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду Хиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

Моддаи 99. Таuйиру иловаХоро ба Конститутсия Президент ё Хадди аКал аз се як Хиссаи умумии аъзо ва вакилони МаЧлиси милли ва МаЧлиси намояндагон пешниХод мекунанд.
ПешниХоду таuйиру иловаХои Конститутсия се моХ пеш аз раъйпурси дар матбуот чоп мешавад.

Моддаи 100. Шакли идораи ЧумХури, тамомияти арзи, моХияти демократи, ХуКуКбунёди, дуняви ва иЧтимоии давлат таuйирнопазиранд.

МуКаррароти интиКоли

1. Таuйиру иловаХо ба Конститутсияи (СарКонуни) ЧумХурии ТоЧикистон пас аз эълони натиЧаи раъйпурсии умумихалКи ва аз рeзи интишори расмиаш эътибори ХуКуКи пайдо мекунанд.
2. КонунХо ва дигар санадХои меъёрию ХуКуКие, ки то ворид намудани «Таuйиру иловаХо ба Конститутсияи (СарКонуни) ЧумХурии ТоЧикистон» амал мекарданд, дар он Кисме, ки ба таuйиру иловаХо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду мeХлат, ки дар Кисми чоруми моддаи 65 пешбини шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оuоз меёбад.
4. СудяХои Хамаи судХои ЧумХурии ТоЧикистон, ки то эътибор пайдо кардани «Таuйиру иловаХо ба Конститутсияи (СарКонуни) ЧумХурии ТоЧикистон» интихоб ва ё таъин шудаанд, ваколати худро то анЧоми мeХлаташон нигоХ медоранд. Баъд аз эътибори ХуКуКи пайдо кардани таuйиру иловаХо судяХо ба мeХлати 10 сол интихоб ва ё таъин мешаванд.
Дараҷа: Хабарҳои навтарин | Диданд: 6231 нафар| Илова намуд: | Баҳо: 4.2/17
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 1
1 аня   (05-05-2014 20:48:42)
Класс

Ном *:
Email:
Коди бехатрӣ *:
Мо дар vk.com
Дӯстони сомона
Обу ҳаво
Тақвим
«  Сентябр 2013  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
Пайвандхо
Quran ғазалҳои Илоҳӣ Куръон дар формати Word саади Лоик иншо суханони ошиқона смс-хои ошикона реферат ба забони Тоҷиикӣ чудои Хайём Shahriyor Шеърхои ошикона шеъри ошикона рефератҳо ба забони тоҷикӣ Шеъҳои ошиқона Ишқ Модар Умари Хайём Саъдии Шерози Шеърҳои ошиқи стихи о любви Шеъри ошики реферат Ошик ошиқ Лоик Шерали назарияи хукук ва давлат Шеърхои ошики Суханони ошикона Рӯдакӣ дар васфи модар Абуабдуллои Рудаки Ишк адабиёт Саъдии Шерозӣ бахту оила мехри модар mp3 Анатомия Стихи Наврӯз Зарбулмасал математика Шеър реферат ба забони точики меҳри модар Саъди Шеъри ошиқи Омар Хайям Икроми Пулод doc Ватан реферат ба заобни тоҷикӣ Бахт ғазал Куллиёти Лоиқ модар Ватан любовь Рудаки газалхои илохи газал Ҷалолиддини Румӣ насихат шахриёр ишқ чист музыка забон ва адабиёт Куръон Лоиқ Шералӣ Ҳаҷв Падар рефератхо ба забони точики Стихи о любви и стихи про любовь дар васфи падар Реферат ба забони тоҷикӣ латифахо смс оила ишки модар ёди модар Икроми Пӯлод навруз информатика ШАҲРИЁР латифа ишк чист Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маколахо Хачв Шӯхиҳо Лоиқ мусиқӣ марду зан шеър дар васфи модар назарияи ҳуқуқ ва давлат латифаҳо Куллиёти Лоик шеъри ошиқӣ стихи о любви и про любвь
Дӯстони сомона
  • Сохтани сомонаи худ
  • История Любви
  • Шеърҳои ошиқӣ
  • Знакомства и общение
  • Меъморони Суғд
  • Дидани IP-сурогаи худ
  • Барномаҳо ба забони Тоҷикӣ
  • Душанбе мой любимый город!
  • Ҳамаи дарсҳо барои донишҷӯён
  • Программаҳо барои компютер
  • Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2014| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 87 44  | Саҳаифаи аввал