Ошиқони Тоҷикистон Шанбе, 27-05-2017, 01:42:44
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Видео [2]
Мусиқӣ [4]
Табрикот [3]
Хабарҳои навтарин [5]
Суратхо [0]
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 92
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 5
Меҳмон: 5
Истифодабаранда: 0
Главная » 2016 » Сентябр » 22 » 22-юми Сентябр рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик А. Рӯдакӣ
09:08:25
22-юми Сентябр рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик А. Рӯдакӣ

Санаи 26.07.2007. таҳти №291 бо дарназардошти хизматҳои барҷастаи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рўдакӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 сентябр-Рўзи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рўдакӣ эълон гардидааст.

 

Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рўдакӣ (858 соли таваллуд, деҳаи Рўдак, ҳозира Панҷрўди шаҳри Панҷакент — 941 соли вафот, ҳамон ҷо), шоир, асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик мебошад. Бачагиаш дар деҳаи хурди канори силсилаи кўҳҳои Зарафшон гузаштааст. Дар ин ҷо ў аз халқ суруду мусиқӣ меомўхт, аз манзараҳои рангини табиат ва
рўзгори мардуми меҳнатдўсти кўҳистон илҳом мегирифт. Ба суруду наво аз кўдакӣ шавқи беҳад дошт. Овози дилкаш ва ҳунари мусиқидонии ў ба яке аз навозандагони машҳури замонаш хеле хуш омад. Рўдакии ҷавон ҳамчун навозандаи моҳири асбоби мусиқии чанг овоза пайдо кард, аммо ташнаи дониш буд ва ба даргоҳи илму маърифат, ба мадрасаҳои Самарқанд рў овард. Пас аз солҳои зиёде овозаи сарояндагиву навозандагии Рўдакӣ ва дониши фаровони ў ба гўши аҳли дарбор расид ва ў ба пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро даъват шуд. Рўдакӣ дар андак муддат маъруфу машҳур гардид. Вале ў зодгоҳаш—деҳаи хурдакаки Рўдакро, ки даврони бачагиаш он ҷо гузашта буд, фаромўш накард, номи онро барои худ тахаллус гирифт. Рўдакӣ дар даргоҳи Сомониён шўҳрат ва сарвати фаровоне ёфт, вале ин ҳама хушбахтии яклаҳзаина ва фиребанда буд. Ўро маҷбур карданд, ки дар ситоиши шукуҳи дарбор, салтанати шоҳ ва дурўғу фиреби дарбориён шеър гўяд, ки ин барои чунин як шоири соҳибистеъдод фоҷиаи бузурге буд. Мувофиқи ривояти солноманависони дарбор шоир дар охири умр аз давлатдорон беилтифотӣ дида, дар ҳолати пириву нотавонӣ аз дарбор ронда мешавад ва ба ривояте мил ба чашмонаш кашида, кўраш кардаанд. Хизматҳои арзандаи устод Рўдакӣ дар он аст, ки шеъри форсӣ-тоҷикиро ривоҷу равнақ бахшида, назми пурғановати моро оламгир намуд.

Бузургон ҳар куҷо овора миранд,

Батадбиранду худ бечора миранд.

Ҷавонмарганд мардони ҳунарманд,

Валекин нокасон садсола миранд.

 

Категория: Хабарҳои навтарин | Просмотров: 481 | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон | Теги: Rudaki, Рудаки, Рӯдакӣ, 22-юми сентябр, 22 сентября | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Сентябр 2016  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/