Забоншиноси аз форси - Забон ва Адабиёт <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Якшанбе, 11-12-2016, 18:47:57

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6229
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 14
Меҳмон: 14
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Забон ва Адабиёт [ Илова намудани мавод ]

Забоншиноси аз форси
[ Ба худ гирифтан (6.9Kb) ] 08-06-2015, 09:21:11

Забоншиносӣ (аз форсӣ: زبانشناسی) ё Лингвистика (аз лотинӣ: Linguistica), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад. Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алоҳида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Забоншиносӣ аз рӯи усули тадқиқ, ба муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ, структурӣ, забоншиносии математикӣ, забоншиносии психологӣ тақсим мешавад. Лекин аз рӯи хулосаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиқ ба даст омадааст, аз хусуси забоншиносии назариявӣ ва амалӣ метавон сухан ронд; ба таърихӣ ва тасвирӣ ҷудо кардани забоншиносӣ вобаста аст ба материале, ки тасдиқ, карда мешавад. Ба омӯзиши шеваҳои маҳаллӣ шевашиносӣ машғул аст. Услубшиносӣ, сотсиолингвистика, таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрӯзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунанд: фонетика ва фонология — системаи овозҳоро, грамматика (морфология ва синтаксис) —сохти калима ва ҷумларо, лексикология ва лексикография — таркиби луғавиро, фразеология —ибораву калимаҳои рехтаро, этимология — баромад ва инкишофи калимаҳоро, ономастика (антропонимика ва топонимика) — исмҳои хосро, палеография — таърихи хатро ва ғайра. Забоншиносӣ бо семиотика — илм дар бораи системаи аломатҳо, ки забон ҳам ба он дохил аст, инчунин бо адабиётшиносӣ, психология, таърих, мантиқ, фалсафа, география алоқаманд буда, аз комёбиҳои математика, кибернетика, физика ва дигар соҳаҳои илм баҳра мегирад.

Забоншиносӣ дар Шарқи Қадим

Забоншиносӣ дар Шарқи Қадим, баъди ба вуҷуд омадани хат пайдо шудааст. Барои таълими хат ва забони хаттӣ дар Байнаннаҳрайни Қадим ва баъдтар дар дигар мамлакатҳои Осиёи Пеш (дар ҳазорсолаи 2-юми то мелодӣ) руйхати рамзҳои ҳиҷоӣ, шаклҳои грамматикӣ ва луғатҳо тартиб медоданд, вале он вақт назарияи забон ба вуҷуд наомада буд. Забоншиносӣ дар Ҳиндустони Қадим ба дараҷаи фавқулода баланди инкишоф расида буд. Грамматикае, ки Панинӣ (тадр. а. 5 то м.) тартиб додааст, тасвири пурра ва дар айни ҳол хеле мӯҷази забон буд. Дар Юнони Қадим ва Рим забоншиносӣ асосан дар шакли ба истилоҳ грамматикаи мантиқӣ ҷараён дошт, ки намояндаи барҷастаи ин равия Аристотел буд. Аз а. 19, аз вақте ки забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ (Вилҳелм Гумболдт, Франз Бопп, Якоб Гримм ва дигарон) ва мактаби ҷавонграмматикҳо (Карл Брутман, Бертҳолд Делбрюк ва дигар) ба вуҷуд омаданд, давраи муҳимтарини тараққиёти забоншиносӣ cap мешавад. А. Шлейхер забоншиносиро ба илмҳои табиӣ ва қонунҳои дохилии онро ба қонунҳои табиат нисбат медод, вале Г. Штейнтал қонунҳои дохилии забонро «коллективӣ-психологӣ» медонист. Иван Бодуэн де Куртенэ таълимоти Гумболдтро дар бораи «шакли забонӣ» инкишоф дод, ки баъдтар асоси бештари равияҳои структурализм қарор гирифт (вай мафҳуми фонемаро низ тадқиқ кардааст). Дар ибтидои асри 20 равияҳои гуногун, ба монанди географияи лингвистӣ, баъдтар неолингвистика, мактаби эстетикӣ, назарияҳои атомистӣ, ки кӯшиш доштанд забонро ҳамчун эҷодиёти шахсони алоҳида пешниҳод кунанд, мактаби формалӣ (Ф. Ф. Фортунатов ва дигарон), равияи сотсиологӣ (А. Мейе ва дигарон) роли намоён бозидаанд. Баъди табъ ёфтани «Курси забоншиносии умуми»-и Фердинанд де Соссюр (1916) дар забоншиносӣ равияҳои гуногуни структурализм, чун мактаби прагагӣ, ки ба истилоҳ, назарияи фонологиро ба вуҷуд овардааст, мактаби копенгагенӣ, ки кӯшиш дошт назарияи универсалии системаҳои семиотиро тapтиб диҳад. Забоншиноси дескриптивии америкоӣ, фалсафаи забон, забоншиносии математикӣ ва ғайра паҳн гардиданд. Дар забоншиносии советӣ солҳои аввали баъди Инқилоби Октябр равияи ҷавонграмматикҳо (Алексей Шахматов ва дигарон) ва мактаби И. А. Бодуэн де Куртенэ (Л. В. Шерба, Евгений Поливанов ва дигарон) роли асосӣ бозиданд. Аз миёнаи солҳои 20-ум «таълимоти нав дар бораи забон»-и Марр ба рӯи кор омад, ки беасос будани он дар аснои мубоҳисаи соли 1950 оид ба забоншиносӣ ошкор карда шуд. Дар солҳои 40—50 доир ба забоншиносии мудоисави-таърихӣ як силсила таълифот ба миён омад. Дар замони ҳозира шохаҳои гуногуни забоншиносӣ ба истилоҳ, «забоншиносии амалӣ» (тарҷумаи мошинӣ, статистикаи нутқ ва дигар) инкишоф ёфта истодаанд.

Забоншиносии тоҷик

Забоншиносии тоҷик низ таърихи хеле қадим дорад. Таълиму тарғиби Авасто ва дигар осори қадим бе асарҳои тасрифию тафсирӣ мумкин набуд. Вале аз он замонҳо то ба мо асаре доир ба забоншиносӣ нарасидааст. Забоншинисони тоҷик аз комёбиҳои забоншиносии Ҳиндустон ва Юнони Қадим хабар надоштанд вагарна дар забоншиносии араб он қадар саҳми калон намегузоштанд (таълифоти забоншиносии Сибавейх, Аҳфати Акбар ва ғайраҳо). Аз асри 10 cap карда дар шароити дузабонӣ ва сезабонӣ забоншиносони тоҷику форс бештар ба луғатсозӣ машғул шудаанд. Дар ин давра як дастур луғатҳои арабӣ-тоҷикӣ, тоҷики-туркӣ, луғатҳои тафсиӣ ва тафсирии соҳавӣ ба вуҷуд омаданд.

Дараҷа: Забон ва Адабиёт | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 722 нафар| Ба худ гирифтанд: 542 нафар | Баҳо: 5.0/1
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал