Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 24-09-2017, 01:11:04
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [28]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6455
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 3
Меҳмон: 3
Истифодабаранда: 0
Главная » Файлы » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Забон ва Адабиёт [ Добавить материал ]

Устоди аввалини ман
[ Скачать с сервера (4.7Kb) ] 08-06-2015, 09:00:55

Агар дар ҷахон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.

Устоди аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ гузаштагони фозили мо ҳаққи усгодро аз падар бештар донистаанд:

Ҳакки устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.

Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳиром ва шаҳомат низ гаштааст.

Устоди аввалини ман модар аст. Ҳар чизеро ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ пурсон мешудам. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷков ошно месохт. Устоди дигар ин худ зиндагист, ки касро ба баду фисқи ҷаҳони фонӣ ошно меозад.

Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулҳои муаттари маърифат зиннат медиҳад.

Хулоса омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тар¬бияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд.

Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи мукаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст. Оре:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон
Просмотров: 512 | Загрузок: 756 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/