Ҷаҳони Ошиқон Шанбе, 16-12-2017, 06:22:36
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Категория фаслҳо
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [28]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Пурсишнома
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 165
Омор

Онлайн ҳамагӣ: 5
Меҳмон: 5
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Мавод » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Забон ва Адабиёт [ Илова намудани мавод ]

Хусрав ва Ширин
[ Скачать с сервера (3.5Kb) ] 08-06-2015, 08:58:48

«Хусрав ва Ширин» дуюмин маснавиест, ки Низоми Ганҷавӣ эҷод намудааст. Ӯ онро аввали соли 1180 оғоз карда, охири соли 1181 ба итмом расонидааст.

Достон бо зикри аз Худо фарзанд хостани Хурмуз (шоҳи сосониҳо дар асри IV) ва таваллуди Хусрави Парвиз оғоз мегардад. Сипас сухан аз тарбият, илмҳои адаб, ҷанг, ҳисоб ва ҳикматро омӯхтан ва ҳамчун ҷавони зирак, чолок ва далер ба воя расиданаш меравад. Бино бар эътирофи муаллиф, ӯ ҳодисаи Хусраву Ширинро аз таърихи кӯҳансолони ин бум, сухангӯйи кӯҳанзоде, ки достонҳои кӯҳанро ёд дошт, донистааст.

Зи таърихи кӯҳансоли ин бум
Маро ин ганҷнома гашта маълум…
Чунин гуфт он сухангӯйи кӯҳанзод,
Ки будаш достонҳои кӯҳан ёд.

Вай онро аз ширинтарин достонҳои замонҳои гузашта ва имрӯза мешуморад.

Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳоӣ нест
В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.

Достони «Хурав ва Ширин»-и Низомӣ, дар воқеъ, пеш аз ҳама ба баёни мавзӯи ишқи Хусраву Ширин ва дар партави он ба талоши Хусрав барои тоҷу тахт бахшида шудааст.

Достони ишқи ғамангез ва пур аз шебу фарози шоҳзодаи Сосонӣ Хусрави Парвиз ва маликаи Арман Ширин аз оғоз то ба анҷомаш хонандаро дар изтироб ва шиддати равонӣ нигоҳ медорад.

Дар ин афсона шарт аст ашк рондан,
Гулобе талх бар Ширин фишондан.

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон
Просмотров: 685 | Загрузок: 642 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
avatar
Дохил шудан ба сомона
Ҷустуҷӯ
Дӯстони сомона
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uWeb