Ошиқони Тоҷикистон Душанбе, 29-05-2017, 10:40:34
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12560
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 10
Меҳмон: 10
Истифодабаранда: 0
Главная » Файлы » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Забон ва Адабиёт [ Добавить материал ]

Гулистон-и Саъдии Шерози
[ Скачать с сервера (7.5Kb) ] 08-06-2015, 09:14:15

Мазмун ва мундариҷаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ

Нақша:
1. Муқаддима
2. Ҳаёти мухтасари шоир
3. Мазмуни «Гулистон»-и Саъдӣ
4. Хулоса

Саъдии Шерозӣ яке аз шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. Ў дар таърихи адабиёт ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Падар ва гузаштагони шоир аз аҳли форс буда, аз амалдорони хурди дарбори Саъд бини Зангӣ ҳисоб меёфтанд. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдан барои идомаи таҳсил ба марказҳои илмии ҳамон давра ба шаҳри Бағдод меравад.

Бо сабаби он ки ватани шоир осудаву ором набуд, ў дар ҷавонӣ зодгоҳи худро тарк менамояд. Вале меҳру муҳаббати ватани азизаш ўро ранҷу азоб медоданд:

Саъдиё, хуби ватан гарчӣ ҳадисест шариф,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.

Баъди таҳсили илм дар мадрасаҳо, сайру саёҳат ва сафари мамлакатҳо ва дар байни халқҳо буданро ба худ ихтиёр мекунад. Сайру сафарҳои Саъдӣ ба кишварҳои Араб, Эрон, Туркия ва Рум ба қавле 30 сол тўл кашидааст. Ў баъди сафарҳои дуру дароз хулосаи худро дар асари «Гулистон» ва «Бўстон» ҷамъбаст менамояд. Бештари ҳикояҳои «Гулистон»-ро ҳангоми сафарҳои худ ҷамъоварӣ намудааст. Шоир ин асари худро соли 1258 эҷод намудааст. Саъдӣ сабаби навиштани асари хешро таъкид намуда, дар бораи беҳуда гузаштани вақт ва фоиданок истифода намудани онро барои насли ҷавон таъкид менамояд. Дар бораи бевафоии дунё мулоҳиза ронда, мегўяд, ки инсон бояд фурсатро ғанимат шуморад ва вақтро барои кори муфид сарф намояд. Маснавии «Гулистон»-и Саъдӣ саршори ҳикояҳои пандуахлоқӣ буда, мардумонро ба некиву накўкорӣ, ростиву росткорӣ, дўстиву рафоқат даъват менамояд. Ғояи асосии асар панду андарз маҳсуб мешавад. «Гулистон» ба таври наср эҷод карда шудааст, ки аз ҳикоятҳои хурд-хурд иборат аст. Яке аз бобҳои «Гулистон» дар бораи ҳурмату эҳтироми устод-муаллим ҳикоят мекунад. Саъди эҳтироми устодро аз ҳама боло мегузорад:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ў навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»

Умри одам бебақост. Аз ин хотир, инсонро лозим аст, ки бо амали худ ва корҳои шоиста номи нек ба даст орад. Ин номи нек барои ў умри ҷовидон аст:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накўном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Саъдӣ баробари инсонро чун меҳвари коинот, офаридаи олии табиат эътироф намудан, аз ў рафтору кирдори ба чунин рутбаи олӣ сазоворро талаб менамояд. Ба фикри ў, нишонаи одамият на дар сурати зоҳирӣ, балки дар ботини ўст. Агар инсон танҳо зоҳиран зебо бошад, ў нақшеро мемонад, ки дар девор кашида шудааст:

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?!…
Ба даст овардани дунё ҳунар нест.
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!

Шоир фақат шахсеро чун инсон эътироф мекунад, ки замири ў аз одамият холӣ набошад. Вале одамият дар замири одам худ аз худ пайдо намешавад. Барои онро дарёфт кардан илму ҳунар омўхтан даркор, ки онҳо олами маънавии касро ғанӣ мегардонанд:

Хирадманд мардум ҳунар парваранд,
Ки танпарварон аз ҳунар лоғаранд!

Саъдӣ барои беҳбудии халқу мамлакат шоҳону давлатмандонро ба тараҳҳуму адолатпарварӣ даъват мекард. Инро махсусан дар боби аввали «Гулистон», ки «Дар сирояти подшоҳон» ном дорад, баръало дида метавонем. Саъдӣ дар ин ҷода аз гузаштагони худ як қадам пеш рафтааст, яъне ў халқро ба решакан кардани зулму золимӣ, мубориза бар зидди золимон даъват мекунад. Аз ин ҷо шоир бадиро ба некӣ ва бадиро ба сабурӣ иваз менамояд. Шоир мефармояд, ки сазои некӣ – некӣ ва сазои бад – бадӣ аст:

Бо бадон бад бошу бо некон накў!
Ҷои гул-гул бошу ҷои хор-хор!

Шоир ба подшоҳони золим нафрат дошт ва мудом онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Саъдӣ хоб рафтани подшоҳро дар рўз ҳам беҳтар медонад, то ки ба озурдани халқ машғул нашавад.

Яке аз подшоҳони беинсоф пурсид:
- Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?
Гуфт:
Туро хоби нимрўз, то дар он як нафас халқро наёзорӣ.

Мавзўи сулҳу ҷанг бо мавзӯи ватандўстӣ дар «Гулистон» пайванди ногустанӣ доранд. Барои шоир ҷанги беадолат таҷовузу ғоратгарона ва ҷанги боадолат, ки барои ҳифзи Ватан ва истиқлоли ҳамватанон бурда мешавад, баробар нест. Бинобар ин, дар «Гулистон» симои муҳофизи содиқи Ватан ҳамеша чун шахси шуҷоъ, далеру сарбаланд таҷассум ёфтааст:

Он на ман бошам, ки рўзи ҷанг бинӣ пушти ман!
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре,
Он ки, ба хуни хеш бозӣ мекунад.
Рўзи майдон он ки бигурезад, ба хуни лашкаре.

Нисбат ба фирориён, ки аз мйдони ҳарб мегурезанд, ҳукми шоир яктост – онҳоро куштан!

Якеро, ки дидӣ ту дар ҷанг пушт,
Бикуш, гар адў дар масофаш накушад.

Хулоса, ақидаҳои инсондўстӣ, адолатхоҳӣ ва ватандўстӣ, ки онҳоро Саъдӣ дар «Гулистон» баён кардааст, аҳамияти худро то имрўз гум накардаанд. Қиммати ғоявию бадеии асарҳои ў инсондўстиву инсониятпарварии онҳост, тараннуми ҳаёт, озодфикрӣ, тасдиқи озодии шахсӣ, боварӣ ба ғалабаи ақлу хирад ва тантанаи ҳақиқат аст, ки ин ҳама талаботи муҳими имрўзиён мебошад.

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон
Просмотров: 839 | Загрузок: 707 | Рейтинг: 3.2/4
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/