Ҷаҳони Ошиқон Шанбе, 16-12-2017, 06:15:39
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Категория фаслҳо
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [28]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Пурсишнома
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 165
Омор

Онлайн ҳамагӣ: 4
Меҳмон: 4
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Мавод » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Забон ва Адабиёт [ Илова намудани мавод ]

Аммори Марвазӣ
17-05-2017, 17:00:08
Аммори Марвазӣ
Зиндагинома:
Абӯмансур Аммора ибни Муҳаммади Марвазӣ аз шуарои маъруфи охири аҳди Сомонӣ ва аввали давраи Ғазнавӣ аст. Аз мачмуи иттилооте, ки нисбат ба аҳволи ӯ дар даст дорем маълум мешавад, ки вай охири аҳди Сомониро дарк карда ва бо Амир Абӯиброҳим Исмоил бинни Нуҳ бинни Мансури Сомонӣ мулаққаб ба «Алмунтасир» муосир буд, ки баъд аз барафтодани давлати Сомонӣ чанде дар Мовароуннаӣр ва Хуросон бо аммоли салотини Элкхонӣ ва Ғазнавӣ задухӯрд мекард ва охир дар соли 390 дар биёбони Марв ба дасти бодиянишинони араб кушта шуд ва Аммора дар ҳамин ҳангом ин қитъаро дар рисои он Амири ҷангҷӯ сохт:
Аз хуни ӯ чу рӯи замин лаълфом шуд,
Рӯи вафо сияҳ шуду чеҳри умед зард.
Теғаш бихост хурд ҳаме хуни маргро,
Марг аз ниҳеби хеш мар он шоҳро бих(в)ард.
Баъд аз он Амир Маҳмуд бинни Сабуктегинро мадҳ гуфта ва аз маддоҳии он Амир ин қитъа дар «Лубобулалбоб» омадааст:
Аз каффи шоҳ нур бувад бар ҷабини хур,
Ҷудаш маро суҳайл намудаст бар ҷабин.
Гар бар карони даҷла касе ном ӯ барад,
Об ангубини ноб шавад гил гулангубин.
Аз ин, ки Аммора дар рисои Мунтасир ва мадҳи Маҳмуд сухан гуфта маълум мешавад, ки баъд аз соли 390 ва шояд то ҳудуди аввали қарни панҷум мезистааст. Лекин чунон, ки хоҳем дид дар охир аёми Абӯсаид Абулхайр (440-370) дар қайди ҳаёт набуд. Бинобар ин қавли Ҳидоят, ки вафоти ӯро дар 360 дониста буд ва чунон ки аз ишораи Муҳаммад бинни Алӣ бинни Муҳаммад шабонкора дар китоби «Маҷма-ул-нисоб» бармеояд ҳамеша сокин Марв буда ва аз ҷо берун нарафта аст.
Мероси адабӣ:
Ашъори Аммора баъд аз ӯ мавриди таваҷуҳи устодони фан буда ва «шуарои аср ӯро муқтадои худ дониста ва шеъри ӯро ба ҷудати сифат карда, чунон ки шоҳ Бӯалӣ Раҷонӣ гӯяд: Ман худ туро ба шеър гирифтам Аммора. Шӯҳрату лутфи ғазалҳои Аммора аз ин ҷо маълум мешавад, ки: «Рӯзе қавоил дар хидмати Шайх (Абӯсаид Абулхайр) ин байт бармегуфт, ки :
Андар ғазали хеш ниҳон хоҳем куштан,
То бар лаби ту бӯса диҳам хунш бихонӣ.

Шайх аз қавоил пурсид, ки ин байт кирост? Гуфт: Аммора гуфтааст.Шайх бархосту бо ҷамоати сӯфиён ба зиёрати хоки Аммора шуд».
Нақли бисёре аз абёти Аммора дар “Луғати Фурс” ва дар китоби адаб ба унвони шоҳид далели шӯҳрати ин шоир дар қарни панҷум ва шашум аст.
Намунаи ашъор:
Ҷаҳон зи барф агар чандгоҳ симин буд,
Зумаррад омаду бигрифт ҷои тудаи сим.
Баҳор хонаи кашмириён ба вақти баҳор,
Ба боғ кард ҳама нақши хештан таслим.
Ба даври бод ҳама руи обгир нигар,
Пишиза сохта бар пушти моҳии шим.( 1.саҳ 455)
Адабиёт:

1.Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон ҷ.1.-Теҳрон, Фирдавс, 1389 ; с.452-455
2.Википедияи форсӣ.
Категория: Забон ва Адабиёт
Просмотров: 104 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar
Дохил шудан ба сомона
Ҷустуҷӯ
Дӯстони сомона
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uWeb