Ҷаҳони Ошиқон Душанбе, 18-12-2017, 15:45:02
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Категория фаслҳо
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [28]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Пурсишнома
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12662
Омор

Онлайн ҳамагӣ: 11
Меҳмон: 11
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Мавод » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Забон ва Адабиёт [ Илова намудани мавод ]

В категории материалов: 28
Показано материалов: 1-28
Страницы:

Сортировать по: Сана · Ном · Баҳо · Эзоҳот · Ба худ гирифташуда · Дидиор

Аммори Марвазӣ
Забон ва Адабиёт | Диданд: 105 нафар| Ба худ гирифтанд: 0 | Илова намуд: | Сана: 17-05-2017 | Эзоҳот (0)


Маълумот дар бораи Аммори Марвазӣ
Забон ва Адабиёт | Диданд: 84 нафар| Ба худ гирифтанд: 0 | Илова намуд: | Сана: 17-05-2017 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (106.5Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (192 kb) ]

Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

 

(Бо қарори ҳукумати ҶТ аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудааст)

 

1. АЛИФБО ТАРТИБ ВА НОМИ ҲАРФҲО 1) Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад:

Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё Жж Зз Ии Ӣӣ а бэ вэ гэ ғэ дэ йэ йо жэ зэ и (и-и дароз) Йй Кк Ққ Лл Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу йот ка қэ эл эм эн о пэ эр эс тэ у Ӯӯ Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш Ъъ Ээ Юю Яя (у-и дароз) эф ха ҳэ чэ ҷэ ша сакта э йу йа

Забон ва Адабиёт | Диданд: 705 нафар| Ба худ гирифтанд: 636 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 16-11-2016 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (20.0Kb) ]

НАҚША

Муқаддима
1. Тулӯи хуршеди маонӣ
2. Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ва ақидаҳои дидактики ӯ
3. «Таҳзибуссибён» аввалин китоби дарсии мактабҳои нав
4. Мақолаҳои илмӣ – оммавии Садриддин Айнӣ дар матбуот оиди мактабу маориф
Хулоса

Муқаддима

«Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад магар аз мактабу мадорис»
С. Айнӣ

Оре, устод дуруст мефармояд. Танҳо тавассути дониш ва тарбияи дуруст мо метавонем фотеҳи қуллаҳои баланди инсонӣ шавем. Тарбия чӣ маъно дорад? Кадом шахс тарбиятгар буда метавонад? Посухи ин суханҳоро фанни педагогика кайҳо ба мо гуфтааст. Беҳтараш аввал ба ин мафҳумҳо шинос мешавем.
Тарбия – раванди мақсадноку муташаккилест, ки инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин намуда, ӯро ба меҳнату фаъолияти ҷамъиятӣ омода месозад. Агар ба чашми таҳқиқ назар намоем, хоҳем дид, ки инсонҳо танҳо тавассути тарбия ба дараҷаи баланди тамаддун расидаанд. Пушида нест, ки ҳар миллате, ки тарбияро дуруст ба роҳ мондааст, ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки тарбия ва таълим дар педагогика аз ҳамдигар ҷудонашаванда ҳастанд. Пас таълим чист?

Таълим – раванди махсуси мақсадноку муташаккил аст, ки дар рафти он хонандагон донишҳо, маҳорату малакаҳо пайдо мекунанд ва ҷаҳонбиниашон ташаккул, ақлу қобилияташон инкишоф меёбад. Ба кори таълим муаллим роҳбарӣ мекунад. Маълум аст, ки таълим тарбия мекунад ва тарбия таълим медиҳад.
Таълимгар ё муаллим кист?

Муаллим пеш аз ҳама инони ҳамаҷиҳата тайёр мебошад, ки кори таълиму тарбияро аз рӯи талаботи педагогика бо истифодаи методҳои гуногун пеш мебарад ва ба хонандагон дониш, маҳорат ва малака медиҳад. Кори муаллим ниҳоят пуршараф мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ҷомеа ҳама ба муаллим эҳтиром доранд ва ӯроб о ифтихору эҳтиром «устод» мегӯянд. Дар адабиёти класикии тоҷику форс муаллим аз мақоми махсус бархурдор аст. Адибони мо муаллимро ба суханҳои хеле баландмазмуну самимӣ васф кардаанд ва ҳатто ӯро бештар аз падар лоиқи эҳтиром донистаанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
(С. Шерозӣ)

 

Забон ва Адабиёт | Диданд: 1257 нафар| Ба худ гирифтанд: 862 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (6.9Kb) ]

Забоншиносӣ (аз форсӣ: زبانشناسی) ё Лингвистика (аз лотинӣ: Linguistica), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад. Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алоҳида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Забоншиносӣ аз рӯи усули тадқиқ, ба муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ, структурӣ, забоншиносии математикӣ, забоншиносии психологӣ тақсим мешавад. Лекин аз рӯи хулосаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиқ ба даст омадааст, аз хусуси забоншиносии назариявӣ ва амалӣ метавон сухан ронд; ба таърихӣ ва тасвирӣ ҷудо кардани забоншиносӣ вобаста аст ба материале, ки тасдиқ, карда мешавад. Ба омӯзиши шеваҳои маҳаллӣ шевашиносӣ машғул аст. Услубшиносӣ, сотсиолингвистика, таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрӯзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунанд: фонетика ва фонология — системаи овозҳоро, грамматика (морфология ва синтаксис) —сохти калима ва ҷумларо, лексикология ва лексикография — таркиби луғавиро, фразеология —ибораву калимаҳои рехтаро, этимология — баромад ва инкишофи калимаҳоро, ономастика (антропонимика ва топонимика) — исмҳои хосро, палеография — таърихи хатро ва ғайра. Забоншиносӣ бо семиотика — илм дар бораи системаи аломатҳо, ки забон ҳам ба он дохил аст, инчунин бо адабиётшиносӣ, психология, таърих, мантиқ, фалсафа, география алоқаманд буда, аз комёбиҳои математика, кибернетика, физика ва дигар соҳаҳои илм баҳра мегирад.

Забон ва Адабиёт | Диданд: 1240 нафар| Ба худ гирифтанд: 682 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.5Kb) ]

Мазмун ва мундариҷаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ

Забон ва Адабиёт | Диданд: 1032 нафар| Ба худ гирифтанд: 764 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (4.7Kb) ]

Агар дар ҷахон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.

Устоди аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ гузаштагони фозили мо ҳаққи усгодро аз падар бештар донистаанд:

Ҳакки устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.

Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳиром ва шаҳомат низ гаштааст.

Устоди аввалини ман модар аст. Ҳар чизеро ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ пурсон мешудам. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷков ошно месохт. Устоди дигар ин худ зиндагист, ки касро ба баду фисқи ҷаҳони фонӣ ошно меозад.

Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулҳои муаттари маърифат зиннат медиҳад.

Хулоса омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тар¬бияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд.

Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи мукаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст. Оре:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Забон ва Адабиёт | Диданд: 576 нафар| Ба худ гирифтанд: 789 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (3.5Kb) ]

«Хусрав ва Ширин» 

Забон ва Адабиёт | Диданд: 689 нафар| Ба худ гирифтанд: 643 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (691.9Kb) ]

СОИБИ ТАБРЕЗӢ

        Яке аз бузургтарин симоҳои адабию фарҳангии садаи ХVII, адиби навовару эҷодкори тозакор Мирзо Муҳаммадалии Соиб – фарзанди Мирзо Абдурраҳим аст, ки бо эҷодиёти ғаниву гуногунҷилои худ на танҳо ба адабиёти асри хеш, балки ба ҷараёни минбаъдаи адабиёт низ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст.

        Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 дар шаҳри Исфаҳон по ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст. Аз нигоҳи баромади иҷтимоӣ Соиб аз табақаи бозаргонони ҷомеъа буда, аҷдоди ў асосан аз Табрез будаанд ва дар

рўзгори шоҳ Аббоси Кабир бо ташаббуси ин сиёсатмадор онҳо бо гурўҳе аз ҳампешагонашон ба Исфаҳон кўчонида шудаанд. Дар ин бора худи

        Соиб баъзе ишораҳо низ намудааст: Соиб аз хоки поки Табрез аст, Ҳаст Саъдӣ гар аз гили Шероз.

Азбаски Соиб аз табақаи бозаргонон буд, ба ў муяссар шудааст, ки ҳамаи илмҳои ҷории замони худро фаро бигирад ва чунин ҳам кардааст. Хусусан, илмҳои фалсафа, ҳикмат, «Қуръон»-у тафсир, ҳадису фиқҳ,

сарфу наҳв, луғат, адабиёт, калом, мантиқ, қофия, арўз, бадеъ ва ғайраро ба хубӣ омўхтааст.

Забон ва Адабиёт | Диданд: 3339 нафар| Ба худ гирифтанд: 624 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-05-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (76.0Kb) ]

ГУЛХАНӢ

Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам дар шаклҳои гуногуни назм ва ҳам дар наср мавқеи намоён дорад. Номи адиб Муҳаммадшариф ва тахаллуси адабии ў «Гулханӣ» буда, дар ин бора Фазлии Намангонӣ дар «Маҷмўаи шоирон» мегўяд:

Хушо, Гулханӣ шоири пурфан аст,

Чӣ гулхан, ки зеботар аз гулшан аст.

Зи девонахўиву оташфанӣ,

Тахаллус ниҳода ба худ «Гулханӣ»

Ғазалҳо навишта латифу равон,

Ба дастури алфози кўҳистон.

Ки буданд аҷдоди ў дар диёр,

Писандидаи мардуми кўҳсор.

 

Гулханӣ зодаи деҳаи Булқоси Қаротегин буда, тақрибан солҳои 70-уми асри XVIII ба дунё омадааст. Ў солҳои 90-уми асри XVIII ба шаҳри Намангон меравад. Аз сабаби тангии маишӣ шоир таҳсилро пурра фаро гирифта наметавонад. Баъдҳо бо фармони амир ба касби сипоҳигарӣ ҷалб карда мешавад. Сипоҳигарӣ барои Гулханӣ ҳамчун мактаби ҳаётӣ бисёр масъалаҳои гуногуни рўзгору зиндагиро ёд медиҳад ва шоир аз ин мактаби ҳаётӣ баҳраҳо бардоштааст. Пас аз чанде Гулханӣ ба дарбори Умархон роҳ меёбад ва ба доираи адабии Қўқанд мепайвандад. Ў тадриҷан ба амир Умар таваҷҷўҳ пайдо намуда, ин ҳокимро одил ва саховатпеша ном мебарад ва мадҳ мекунад. Вале бо мурури вақт мебинад, ки пиндораш хатост, зеро ба меҳнати шоир ба назари хайрхоҳона нигоҳ намекунад:

Ҳунар ҳарчанд ин ҷо метаровад аз ҳар ангуштам,

Зи бахти норасо коре надорад бо зар ангуштам. 

Забон ва Адабиёт | Диданд: 621 нафар| Ба худ гирифтанд: 446 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-05-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (15.7Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (1111kb) ]
Муаллифи Шеър Сӯҳроб Бобоев
Забон ва Адабиёт | Диданд: 376 нафар| Ба худ гирифтанд: 683 | Илова намуд: | Сана: 02-04-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (45.3Kb) ]
Ахмади Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар чавони барои тахсили илм ба Бухоро омада, дар хамин чо мадрасаро хатм мекунад ва аз хамин чо хонадор мешавад...
Забон ва Адабиёт | Диданд: 2196 нафар| Ба худ гирифтанд: 1617 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 03-06-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (30.7Kb) ]
Оре, устод дуруст мефармояд. Танхо тавассути дониш ва тарбияи дуруст мо метавонем фотехи куллахои баланди инсони шавем
Забон ва Адабиёт | Диданд: 3158 нафар| Ба худ гирифтанд: 2102 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 03-06-2012 | Эзоҳот (1)


[ Ба худ гирифтан (38.4Kb) ]
Яке аз бузургтарин мардони тамаддуни гузаштаи мо Абулќосим Фирдавси мебошад, ки бо таълифи «Шохнома» дар таърихи тамаддуни башари хамчун хамосасарои беназир шухрат ёфтааст
Забон ва Адабиёт | Диданд: 12406 нафар| Ба худ гирифтанд: 2133 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (1)


[ Ба худ гирифтан (49.4Kb) ]
Дар бораи Саъдии Шерози, Хаёт ва эчодиети у...
Забон ва Адабиёт | Диданд: 2310 нафар| Ба худ гирифтанд: 1630 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (14.6Kb) ]
Мавлоно Чалолиддини Руми соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгохаш гирифтааст....
Забон ва Адабиёт | Диданд: 4049 нафар| Ба худ гирифтанд: 1966 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (1)


[ Ба худ гирифтан (22.2Kb) ]
Зиндагиномаи Садриддин Айни, Эчодиёти Садриддин Айни, Мероси илми ва адабии устод...
Забон ва Адабиёт | Диданд: 2378 нафар| Ба худ гирифтанд: 1782 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (9.7Kb) ]
Чалол Икроми нависандаи даврони шуравии точик буда, 20 сентябри 1909 дар шахри Бухоро дар оилаи кози таваллуд шудааст...
Забон ва Адабиёт | Диданд: 5205 нафар| Ба худ гирифтанд: 1445 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (36.0Kb) ]
Шоири халки Точикистон Мирсаид Миршакар суханвари бомахорати адабиёти точик дар асри 20 мебошад. Шоир соли 1912 дар дехаи Синдеви Вилояти Мухтори кухистони Бадахшон дар оилаи чорводор ба дунё омадааст....
Забон ва Адабиёт | Диданд: 2333 нафар| Ба худ гирифтанд: 1418 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (53.7Kb) ]
Истилоххои хешутабории зан; Инъикоси хислату характер, хаёти хуррам ва зебоии зан – модар; Тасвири бахту икболи фирузу саодати неки зан – модар бо иборахои мувофик; Калимаю иборахое, ки барои тасвири хусну чамол ва назокату нафосати зан – модар хизмат мекунанд;
Забон ва Адабиёт | Диданд: 1653 нафар| Ба худ гирифтанд: 1558 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (11.3Kb) ]
Саволномаи тести аз фанни забон ва адабиёти точик барои синфи 11
Забон ва Адабиёт | Диданд: 12168 нафар| Ба худ гирифтанд: 2948 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (17.6Kb) ]

Сайидои Насафи маълумоти мухтасар

Забон ва Адабиёт | Диданд: 8905 нафар| Ба худ гирифтанд: 1782 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (11.8Kb) ]
Мазмун ва мундаричаи "Гулистон" - и Саъдии Шерози
Забон ва Адабиёт | Диданд: 7544 нафар| Ба худ гирифтанд: 2045 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (14.9Kb) ]
Хаёти мухтасари шоир, мазмуни "Гулистон" -и Саъди....
Забон ва Адабиёт | Диданд: 9575 нафар| Ба худ гирифтанд: 1908 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (2)


[ Ба худ гирифтан (10.9Kb) ]
Мавзуи занону модарон дар эчодиёти М.Турсунзода
Забон ва Адабиёт | Диданд: 5642 нафар| Ба худ гирифтанд: 1524 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (2)


[ Ба худ гирифтан (12.7Kb) ]
 Рузгори Ахмади Дониш, сафархои у ба Петербург, Акидахои маорифпарвари шоир.... 
Забон ва Адабиёт | Диданд: 1899 нафар| Ба худ гирифтанд: 1146 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (16.1Kb) ]
Сотим Улуғзода нависандаи муосири тоҷик мебошад. Соли 1911 дар дехаи Варзики нохияи Чусти имрузаи Узбекистон дар оилаи дехкони камбагал ба дунё омадааст.
Забон ва Адабиёт | Диданд: 7398 нафар| Ба худ гирифтанд: 1502 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (25.0Kb) ]
Ба хотири шоири бузург, ки рохи моро дар адабиёт бо нури илхом ва эъчози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам. Ч. Айтматов
Забон ва Адабиёт | Диданд: 7945 нафар| Ба худ гирифтанд: 1496 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)

Дохил шудан ба сомона
Ҷустуҷӯ
Дӯстони сомона
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uWeb