Одоби сухангўи - Одобнома <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Душанбе, 05-12-2016, 13:28:58

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12108
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 10
Меҳмон: 10
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Одобнома [ Илова намудани мавод ]

Одоби сухангўи
[ Ба худ гирифтан (6.1Kb) ] 08-06-2015, 09:49:18

Бо сухан мардум омадааст падид,
Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон.

Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳӯш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.

Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад.

Пайдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифоқро барпо созад ё метавонад иттифоқи бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб таҷассумгари сад роз аст ва гӯяндаи он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи оқилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблаҳеро аз кори носазое дур гардонад. На ҳар сухангӯй метавонад дили хуфтаро бедор ва ақли хастаро ҳушёр созад. Бузурге гуфта:
«Ай инсон! Сухане гӯй, ки маъшуқаҳо Лайлӣ шаванду ошиқон Маҷнун, ақлҳои хуфта бедор шаванду дилҳои мурда ҷондор. Сухане гӯй, ки таҷассумгари некӣ бошад. Одамонро якҷо кунад, на ҷудо, ба зиндагӣ фаро хонад, на ба марг. Сухане гӯй, ки болу пари Симурғ дошта бошаду макону замонҳоро тай кунад. Сухане гӯй, ки қудрати Илоҳӣ дошта бошаду хирадро дил ва дилро хирад созад. Ҷоно, агар ин ҳамаро натавонӣ, хомӯш бош ва ҳарфе мазан».

Нашавад тӯтӣ сухангӯй, чу суханпардоз аст,
Пур бувад нукта басе, з-он ба яке пур роз аст.
Ҳама кӯшанд ба ибрози яке маъние,
Маьнӣ овар ба сухан, в-арна ҳама барбод аст.

Каломи инсоният беҳтарин ва қимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дилу ҷонро рӯйгардон созад.
Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем, ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар қатори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидаасг, зеро забон оғози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дурӯғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегӯяд, фасод меандозад, ҳилаву фиреб ба кор меборад.

Чӣ гуна забонро хуб метавон гуфт. Ин гуфтаҳоро метавонем бо мисраҳои Румии бузургвор тақвият бидиҳем:

Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одам бунёд ва оламу даҳр вайрону валангор ва барбод метавон кард. Аз ин рӯ, ҳар як инсони комилро вазифаи муқаддас ин аст, забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона андеша ронад, то сазовори ҳамаи хубиҳои олам бигардонду соҳибобрӯ.

Хулоса, сухан оғозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомӯш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халқ: «Як сухан 366 паҳлӯ дорад», ҳар як суханро дар тарозӯи ақл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кӯшид, ки суханвари асил буд. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд суханвар гардад кас, ки сухан гӯяд, на алфози аз нотавониҳо танида. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад. Бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зӯру тавон бахшад.

Дараҷа: Одобнома | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 603 нафар| Ба худ гирифтанд: 713 нафар | Баҳо: 5.0/1
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерози Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пӯлод Икроми Пулод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал