Зарурияти истифодаи модули таҳсилоти фарогир – инклюзивӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ - Иншо <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Панҷшанбе, 08-12-2016, 05:07:41

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12136
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 2
Меҳмон: 2
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Илова намудани мавод ]

Зарурияти истифодаи модули таҳсилоти фарогир – инклюзивӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ
[ Ба худ гирифтан (8.9Kb) ] 08-06-2015, 09:38:16

Муассисаҳои таҳсилотӣ дар шароити гузаштан ба муносибатҳои нави бозоргонӣ ва ба вуҷуд омадани равандҳои гуногуни таълиму тарбиявӣ ба маҷмӯи мураккаби хизматрасониҳои иҷтимоӣ, психологӣ ва педагогӣ мубаддал гардида истодаанд, ки самтҳои асосии пешрафти онҳоро талаботи ҷомеаи муосир муайян менамояд.

Бо баробари ба вуҷуд омадани муассисаҳои таҳсилотии типпи нав – кӯдакистонҳои оилавӣ ва хусусӣ, кӯдакистон-мактаб, кӯдакистон-гимназия, гимназия, литсей, мактабҳои хусусӣ, мактаб-интернатҳо барои бачагони болаёқат, шабакаҳои таҳсилоти иловагӣ, таҳcилоти махсус ва ғайраҳо, ки онҳо ба системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, зарурияти истифодаи модулҳои гуногуни таҳсилотӣ ба миён омад. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ин муассисаҳои таҳсилотӣ асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии худро доранд, ки онҳо дар Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», Низомнома ва Оинномаҳои тасдиқгардидаи онҳо аз тарафи идораву ташкилотҳои муассилин ифода гардидааст.

Модули таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон бо номи инклюзия, ё худ таҳсилоти инклюзивӣ маълум аст. Он кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва талаботи махсус барои таълим, таҳсилот, маълумотгирӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардиданро дар бар мегирад. Меъёри ҳуқуқии он аз ҳуҷҷатҳои байналмиллалии «Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак» (1989), «Созишнома оид ба ҳуқуқи маъюбон» ва ғайраҳо бармеояд. Ҳукумати Тоҷикистон майлу хоҳиши худро ба ҷонибдории таълими инклюзивӣ дар Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф дар солҳои 2006-2015 (ВМ, 2005) қисман иброз дошт. Тоҷикистон ҳамаи шаш (6) созишномаро дар бораи ҳуқуқҳои инсон, ки бевосита ба сиёсат нисбати кӯдакони имконияташон маҳдуд дахл доранд, ба тасвиб расонидааст.

Ҳуқуқҳои кӯдак ба таҳсил ва маълумотгирӣ, аз он ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои талаботи махсус чун шаҳрванди кишвар дар Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ (моддаи 41), Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» (моддаи 23), Кодекси оила, Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва қонунҳои дигар кафолат дода мешаванд. Қонун ташкил намудани мактабҳои миёна, мактаб-интернатҳо ва синфҳои махсусро пешбинӣ менамояд, ки дар онҳо хизмати тиббии дахлдор дастрас мебошанд.

Зарурияти истифодаи модули таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон аз инҳо бармеояд:
1. Дар қонунҳои ҶТ ва ҳуҷҷатҳои муҳими соҳаи маориф таъкид карда шудааст, ки новобаста аз миллат, забон, ҷинс, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоию саломатӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳоро оид ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ кафолат медиҳад.

2. Солҳои охир теъдоди кӯдакони имконияташон маҳдуд афзоиш ёфта истодаанд, ки дар асоси риояи баробарҳуқуқӣ ба таҳсил ниёз доранд.

3. Бо сабаби набудани шароит, вазъи иқтисодӣ, нарасидани мутахассисон, барномаҳои махсуси таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводҳои таълимию методӣ, таҷҳизотҳои махсус (мизу курсиҳо ва ғайра) на ҳамаи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои талаботи махсуси таълимӣ ба муассисаҳои таҳсилоти махсуси томактабӣ, мактабҳои махсус, синфҳои махсуси фарогир (инклюзивӣ) фаро гирифта мешаванд. Инчунин то имрӯз маълумоти омории махсус оид ба теъдоди бачагони маъюб вобаста ба нуқсонҳои ҷисмонӣ, равонӣ, бозмонии инкишофи рӯҳӣ (ЗПР) ва намуди бемориҳои марбут ба имкониятҳои маҳдуд мунтазам пешкаш карда намешавад.

4. Модули таҳсилоти инклюзивӣ, на танҳо фарогирии бачагони нуқсондорро ба таълимгирӣ дар назар дорад, инчунин он ба таълим фарогирӣ ва ба ҳисобгирии хусусиятҳои фардии бачагони лаёқатмандро низ дар назар дорад, ки на ҳама вақт талаботҳои ин гурӯҳи бачаҳо қонеъ гардонида мешавад.

5. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аққалиятҳои этникии зерин истиқомат мекунанд: ӯзбекҳо (15,3%), қирғизҳо (1,1%), русҳо (1,1%), туркманҳо, тоторҳо, қазоқҳо ва ғайраҳо, ки на дар ҳамаи минтақа (ва ё маҳалли зисти онҳо, махсусан дар деҳоти дурдаст) имконияти ташкил намудани таҳсил бо забони модарии онҳо вуҷуд дорад. Ба онҳо омӯхтани забони расмии давлатӣ-забони тоҷиқӣ ҳатмӣ буда, ташкил намудани синфҳо бо модули таҳсилоти инклюзивӣ имконият медиҳад, ки маълумот ва касбу ҳунаромӯзии минбаъдаи онҳо таъмин гардад.

6. Ворид намудани модули таҳсилоти инклюзивӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ имконият медиҳад, ки андеша, фикр, муҳокимаронӣ ва хуруфотпарастии мардум нисбати маъюбон чун ҳодисаи нангин, мушкилоти зиёдатӣ барои оилаву ҷомеа, шахсони нодаркор ва ғайраҳо то андозае бартараф гардад ва сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо нисбати ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ баланд гардад.

7. Амалӣ гардонидани модули таҳсилоти инклюзивӣ ва аз тарафи омӯзгорон, мутахассисон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ (бо мададу дастгирии волидон, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ) ва ташвиқу тарғиби он имконият медиҳад:

- дар насли ҷавони имрӯза ҳисси меҳру шафқат, раҳмдилию дилсӯзӣ, инсонгароӣ ва таҳаммулпазирӣ нисбати ҳамсолони солиму маъюби худ ташаккул ёбад;

- кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои талаботи махсуси таълимгиридошта дар муассисаҳои таҳсилотӣ бо ҳамсолони солими худ дар якҷоягӣ тарбия гиранд, таҷрибаи иҷтимоиро аз худ намуда, дар ҷомеа мавқеи худро чун шаҳрванди баробарҳуқуқи ҷомеа ишғол намоянд.

8. Таҳсилоти якҷоя бо ҳамсолони солим ба бачагони имконияташон маҳдуд ва дорои талаботи махсуси таҳсилотӣ имконият медиҳад, ки монеаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодиро бартараф намуда, аз заминаҳои инкишофи равонию ҷисмонии худ истифода баранд, ба қувваю имкониятҳои худ боварӣ ҳосил намоянд, барои кор кардан ва зиндагии сазовор омода гарданд.

Таълиму таҳсилоти кӯдакони имконияташон маҳдуд дар давраи Шӯравӣ вобаста ба нуқсонҳои ҷисмонию равонӣ, ақлию зеҳнӣ қатъиян гурӯҳбандӣ шудаанд. Дар ташкил намудани таҳсилоти махсус барои кӯдакони норасоии узвҳои шунавоӣ, биноӣ, нутқронӣ, бозмондагии инкишофи рӯҳӣ (ЗПР) дар кишвар ин гурӯҳбандӣ имрӯз ҳам риоя карда мешавад, лекин муассисаҳои таҳсилоти махсус қудрату тавоноии фарогирии ҳамаи кӯдакони имконияташон маҳдудро надоранд. Зеро онҳо дорои мушкилотҳои худ мебошанд:

- набудани омори аниқ оид ба теъдод ва намуди бемориҳои марбут ба имкониятҳои маҳдуд;
- суст будани заминаҳои пулию молӣ ва таъминоти кадрӣ бо мутахассисон;
- набудани системаи ягонаи ташхис ва корҳои ислоҳӣ, тиббӣ, педагогӣ, психологӣ;
- дар маркази ноҳияҳои хурд ва деҳоти дурдаст зиндагӣ кардани хонаводаи ин кӯдакон (73,3% аҳолии кишвар дар деҳот ба сар мебаранд);
- хоҳиш надоштани волидайн ба таҳсил ва зиндагии дур аз муассисаҳои таълимии махсус;
- ба умеди «беҳбудии фарзанд дар доираи ҳамсолони солим» кӯшиш намудани волидон оид ба таҳсилот ва тарбия дар кӯдакистон ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ;

Ин мушкилотҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ба он водор мекунанд, ки барои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои талаботҳои махсуси таълимгирӣ дар баробари кӯдакони солим дар муассисаҳои таҳсилотӣ шароити мувофиқ барои таҳсил таъмин карда шавад. Ворид намудани модули таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ин ташкил кардани гурӯҳ / синфҳо барои кӯдакони сустбин, камшунав, дершунаво, гирифтори иллати рӯҳӣ, яке аз шаклҳои ҳамгироӣ (интегратсия) ва истифодаи роҳу усулҳои махсуси таъсиррасонӣ дар асоси ба ҳисобгирии хусусияту имкониятҳои фардӣ ва кори тафриқавӣ дар раванди таълиму тарбия аст.

Чунин модули таҳсилотиро амалӣ гардонидан имконият медиҳад модули нави хизматрасониҳои таълиму тарбиявӣ, равонӣ-тибӣ, равонӣ-ислоҳӣ ва ғайраҳоро ба миён оварда таълими босифат, баҳодиҳии дуруст ба эҳтиёҷот ва имкониятҳои кӯдакон ба роҳ монда шавад.

Ҳамидов Умед – ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Адабиёт:

1. Ин ҷаҳон аз мо низ ҳаст. Дастурамал барои волидон. – Душанбе, 2006.
2. Конвенсия (Аҳднома) оид ба ҳуқуқҳои кӯдак аз 29 ноябри с.1989.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». – Душанбе, 2004.
4. «Понятие инклюзиного образования» // Образование для всех: пути интеграции. – Саратов: гос.тех.ун-в, 2003, с. 69-78.
5. Тавзеҳи сиёсати миллӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон. Талабагони дорои талаботи махсус ва имкониятҳои махсус. – Душанбе, 2009 с. 18.
6. Явская, Смирнова Е.Р. «Инвалидность и семья: ресурсы и барьеры в повседневной жизни» // Государственная семейная политика. – М., 2004, с. 112-122.

Дараҷа: Иншо | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 410 нафар| Ба худ гирифтанд: 403 нафар | Баҳо: 5.0/1
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал