Зан модар - Иншо - Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 22-01-2017, 00:31:50
Главная | Регистрация | Вход Приветствую Вас Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6381
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 3
Меҳмон: 3
Истифодабаранда: 0
Главная » Файлы » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Добавить материал ]

Зан модар
[ Скачать с сервера (6.9Kb) ] 08-06-2015, 09:05:01

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.

Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лахзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5, хоҳ 50, барои ӯ модар – навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.

Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.

Модар-зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд.

Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар онҳо занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.

Ҳамаи касбҳо хубанд, лекин аз ҳамааш ҳам касби омӯзгориро меписандам, зеро дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам.

Омӯзгор! Барои тасвири симои ботинӣ ва зоҳирии соҳиби ин касб қалами ҳеҷ суханвар ва ҳеҷ рассом қудрат надорад, зеро дар чеҳраи омӯзгор хатҳои ноаёне мавҷуданд, ки муҳаббати ӯ нисбат ба касбу хонанда ва Ватан акс ёфтаанд. Омӯзгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошиқи касби хеш буда, маънии ҳаёташ хизмат ба мардум аст. Ӯ шахсест, дилсӯзу меҳрубон ва ҳақиқатгӯву заҳматкаш мебошад.

Агар замину растаниҳо аз нури офтоб сабзанд, хонандагон бошанд аз нури пурмеҳри омӯзгор баҳра мегиранд, ба қуллаҳои баланди бахту саодат ва орзуҳо мерасанд. Устод дар дили шогирд машъал меафрӯзад, барои ба даст овардани бахту толеъ роҳи ӯро мунаввар месозад.

Дар симои чунин модари дилсӯзу ғамхор, устоди азизу меҳрубон, ман муаллимаи худро, ки маро мисли фарзандашон дӯст медоранду ба ман ва ба ҳамсабаконам дарси ибратбахш ва тарбиявӣ меомӯзанд, Бобоева Гулнорахон мебинам. Он кас соли 1998 факултаи забон ва адабиёти рус-и донишкадаи шаҳри Хуҷандро хатм намудаанд. Фаъолияти омӯзгориашонро ҳамчун муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус аз соли 1998 дар МТУ №33-и н. Б. Ғафуров оғоз намуда, сипас соли 2002-юм дар гимназияи №3-и ш. Хучанд фаъолияти кориашонро давом доданд. Ҳоло бошад, аз соли 2009-ум то инҷониб дар яке аз мактабҳои бонуфузи шаҳри Хуҷанди бостонӣ, гимназияи «Кавсар» кору фаъолият бурда истодаанд. Муаллима ҳамеша мекӯшанд, ки меҳнаташон самараи хуб ба даст орад. Мо шогирдонашон аз он кас панди судманд мегирем. Новобаста аз ҷавонӣ ва душвориҳои рӯ ба рӯ омада устоди азизам рӯҳафтода нашуда, аз пайи таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Эҷодкор ҳастанду бисёр дарсҳояшонро шавқовар мегузаронанд. Ба чеҳраи пурхандаву зебояшон менигарам аз чашмонашон нур меборад, қалби беқарорашон мондашавиро ҳис намекунад. Чунки он кас боғбони маърифат ва ошиқи касби хеш мебошанд.

Аз тарафи он кас дар мактаб бисёр дарсҳои кушоди намунавию тарбиявӣ, шаҳрию вилоятӣ дар сатҳи баланд баргузор гардидааст. Вақте ки дар дарси муаллима менишинам, худро дар ҷое ҳис мекунам, ки гуё модарам дар наздам истодаанду ба ман сабақ меомӯзанд. Оре, он кас барои ман мисли модарам азиз мебошанд, зеро бо ҳар як шогирдонашон мисли фарзандашон муносибат мекунанд. Ҳамеша ва дар ҳама маврид шогирдонашон, яъне фарзандонашонро дастгирӣ мекунанд. Ман ҳам устоди азизи хешро мисли модарам дӯст медорам ва мекӯшам, ки муаллимаи ман ҳамеша чеҳрахандон бошанд.

Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан – модар нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд.» Бале, агар модари азизи мо дар хона шамъу чароғи хонадони мо бошанд, сипас муаллимаи азизамон дар мактаб, дар синфамон ҳамчун чароғи фурӯзон ва равшангари дилҳои мо – толибилмон мебошанд.

Ман аз чунин омӯзгоронам мефахрам, шукр аз он мекунам, ки дар давраи истиқлолият зисту зиндагонӣ дорам ва ифтихор аз он мекунам, ки дар мактабе, ки таҳсил дорам, чунин устодони ғамхору дилсӯз кор мекунанд.

Ман минатдориамро ба ҳамаи омӯзгоронам мерасонам ва онҳоро бо иди занону модарон ва бонувон табрик намуда, аз сидқи дил баҳрашон пирӯзиҳо, хушиҳои зиндагӣ ва ба корҳояшон муваффақиятҳои беназирро орзумандам. Дар охир ҳар яки муаллимагонамро ҳамчун зани хоксору ҳалим гуфтаниям, ки:

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо,
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт
Дон, ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!

Категория: Иншо | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон
Просмотров: 573 | Загрузок: 784 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017| rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 87 44
    Хостинг от uCoz