Тараккиёти тарбия - Иншо <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Панҷшанбе, 08-12-2016, 14:51:32

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6226
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 11
Меҳмон: 11
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Илова намудани мавод ]

Тараккиёти тарбия
[ Ба худ гирифтан (11.0Kb) ] 08-06-2015, 09:35:50

Иқтидори таълиму тарбия, ақлу заковати бепоёни инсон чунон пеш рафтааст, ки башарият дар таърихи ҳазорсолаи муққадам дар шигифт мондааст.

Раванди инкишофи ин дигаргунӣ миқдор ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти зиндаи биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ, биокимиёвӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рўҳӣ, ақлонӣ хос аст.

Тараққиёт мафҳуми фалсафӣ буда, гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани тағйиротҳои миқдорию сифати пешравиро мефаҳмонад.

Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона, дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад.

Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ў бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робита бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар низоми иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарбияи андешидашуда ташаккул меёбад. Шахсият ба андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ва ба андозаи ба қадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеъа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузаштан, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад хусусиятҳои ботинии табиат, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро ифшо диҳад.

Инкишофи одам-ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рўҳии одам айёми кўдакӣ ва ҷавонӣ бошидат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағийроти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешавад. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ў алоқаманд нест. Алахусус мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он – нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ўро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонанд, дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз кўдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегўянд.

Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус бо мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шахсият» мутааллиқ аст.

Барои он ки нисбати инсон ҳамчун мавҷудияти иҷтимоӣ маълумот диҳем, бояд оиди мафҳуми «фард» ҳам таваққуф намоем. Истиҳи «фард», аслан арабӣ буда, маънои якка, танҳо, як касро ифода мекунад. Он ҳамчун мафҳуми вакили алоҳидаи насли одамиро мефаҳмонад. Яъне ҳар фарди солимфикр шахсият шуда метавонад-фард моҳиятан муродифи шахсият аст.

Азбаски шахсият дар тўли зиндагӣ инкишофу ташаккул меёбад, аз нигоҳи педагогӣ моҳияти мафҳумҳои «инкишоф» ва «ташаккул»-и шахсиятро ифшо додан зарур аст.

Инкишоф пеш аз ҳама раванди дигаргунии миқдории хусусият ва сифатии шахсиятро нишон медиҳад. Инсон таваллуд ёфта, калон мешавад, узвҳо ва системаи организм вусъат меёбад, ба вай нутқ ва сипас захираи луғавӣ пайдо мешавад. Вай хусусиятҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва маҳорати ахлоқӣ, малакаҳои меҳнатӣ пайдо мекунад.

Ташаккул бошад, натиҷаи инкишофро ифода намуда, ташаккулёбӣ, маҷмўи хусусият ва сифатҳои устуворона ҳосилкардаи шахсиятро мефаҳмонад. Бар илова, ташаккул ин ба шахсият додани ягон шакл ва ё навъи устувору комили муайян, чунончӣ асосҳои фан, ахлоқи шоиста аз ҷониби ягон шахс ё коллективро низ ифода мекунад. Бахусус барои педагогика ва улуми дигар, ки нисбати инкишофи шахсият баҳс мекунанд, ба назар гирифтани сарчашма ва омилҳои асосии инкишоф ва ташаккули шахсият масъалаҳои умда мебошанд. Нисбати ин масъалаҳо файласуфон, психологҳо, педагогон ақидаҳои мухталиф изҳор менамуданд.

Тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳои зиндагӣ собит мекунанд, ки омилҳои инкишоф ва ташаккулёбии шахсият – аломатҳои биологӣ (ирсият), муҳит (табиӣ ва иҷтимоӣ) ва тарбия (бо таълим), на фақат байни ҳамдигар алоқаманданд, ҳамчунин ҳар яке ба дараҷаи таъсирбахши худ низ моликанд.

Ирсият хусусият ва аломатҳои ҷисми зинда, ки таърихан ва тадриҷан аз насл ба насл гузориш мекунанд, ирсият ном дорад. Ирсият хусусиятҳои генетикии дар инсон мавҷуд бударо инъикос намуда, аз волидайн ба кӯдакон гузаштани хусусият ва аломатҳоро ифода мекунад. Илми муосир исбот кардааст, ки организм ба худ рамзи (код) генӣ гирифта, он хислати нигоҳдорӣ ва ба насл гузарониро дорад.

Муҳит. Инсон маҳз дар ҷараёни иҷтимои, яъне равобити ҳамкорӣ бо дигар одамон шахсият мегардад. Бидуни ҷамъияти иҷтимоӣ дорои инкишофи маънавӣ, ҷамъиятӣ, психологӣ шудан мумкин нест.

Ҳаёти воқеӣ ки дар шароити он одам инкишоф меёбад, муҳит ном дорад. Ба ташаккулёбии шахсият шароити гуногуни берунӣ, аз он ҷумла муҳити ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, мактаб, ҳаёти оилавӣ таъсир мекунанд. Вақте ки гап дар бораи таъсири инкишофи муҳит меравад, пеш аз ҳама меҳнати иҷтимоӣ ва оила дар назар дошта мешавад. Дар фаҳмиши муҳити иҷтимоӣ сохти оммавӣ, муносибатҳои низоми истеҳсолот, раванди иҷтимоӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Муҳити наздик ин оила, хешовандон ва дӯстон ҳастанд.

Ба инкишофи инсон хусусан дар айёми кӯдакӣ муҳити оила таъсири калон мерасонад. Дар хонадон, одатан инкишоф ва ташаккулёбии аввалин ҳаёти инсон ҳалли худро меёбад. Кўдак одатан инъикоси дақиқи оиларо мегирад, ки дар он рушду камолот меёбад.

Оила аз бисёр ҷиҳат шавқмандӣ ва талабот, ақида ва ояндаи кўдаконро муайян мекунад. Оила ин узви кӯчаки ҷомеъа ба шумор меравад.

Инсон аз муҳити иҷтимоӣ таҳти робита бо дигарон таҷрибаҳои зиндагӣ, тарзи муомила, ҳарфзанӣ тафаккуру ақидаронӣ ва амсоли инҳоро ёд мегирад. Дар инкишофи инсон воситаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама оила, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайраҳо нақши муҳим мебозанд.

Аммо муҳити иҷтимоӣ ҳам тавассути гурӯҳҳои носолим метавонад таъсири манфӣ низ расонад, чунончи, қиморбозӣ, майнӯшӣ, наъшамандӣ, ғоратгарӣ, бесаводӣ ва ғайраҳо.

Вале бояд дар хотир дошт, ки ҳамаро дар як қолаб донишманди мумтоз тарбия кардан мумкин нест. Ҳар кас бо ҳиссаи муайян кардаи ирсият ва муҳит худ инкишоф меёбад.

Тарбия таъсири ирсияту муҳитро саҳеҳу тасҳеҳ мегардонад. Баробари тараққиёти истеҳсолоти ҷомеа ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ мунтазам нақши тарбия меафзояд. Дар шароити кунунӣ будани таълиму тарбияи бардавом ва махсус дар зиндагӣ судманд иштирок намудани инсон мушкил аст. Махсусан тарбия ба сифати воситаи ҳалкунанда баромад мекунад, тавассути он барномаи инкишофи иҷтимоии шахсият, рушди қобилият ва аломатҳои модарзодии ў болу пар мекушояд.

Ҳамин тавр, инкишофу ташаккулёбии шахсият ва аломатҳои инфиродӣ бо таъсири омилҳои ирсият, муҳит ва хусусан тарбия рушд меёбад.

Таълим ва тарбия бо мурури замон мамониятҳои муҳити табиӣ, таъсири иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар тарбияи фарзандон саҳву хатоҳои оилавиро низ рафъ ва ислоҳ мекунад.

Тарбия ба мақсади гузоштаи инсон итоат мекунад. Мақсаднок ва системанок таъсирбахшии тарбиятгарон қаблан ба ҳосил кардани иртиботи рефелексҳои шартӣ, ки бо ягон роҳи дигар пайдо намешавад, меоварад. Тарбия ин, пур кардани камбудиҳои барномаи инкишофи инсон. Яке аз вазифаҳои басо муҳими он – дуруст ташкил кардани раванди тарбия ин муайян кардани майл ва қобилияти фикрӣ, инкишоф додани одам мувофиқи хусусиятҳои инфиродӣ, қобилият ва имконияташ мебошад.

Татқиқотҳои махсус нишон доданд, ки тарбия метавонад фақат ба аломатҳои гузашташудаи табиат такя намуда, сифатҳои муайяни инкишофро таъмин кунад.

Таъсиррасонӣ ба инкишофи одам, худи тарбия аз инкишоф вобаста буда, он мунтазам ба сатҳи ноилшудаи инкишоф такя мекунад.

Мураккабии диалектикаи муносибатҳои тарафайн, инкишоф ва тарбия ҳамчун мақсад ва восита дар ҳамин дида мешавад.

Муфидии тарбия ба дараҷаи омадагии одам ба аз худ кардани таъсири ирсият ва муҳит муайян карда мешавад. Одамон ба тарбия як хел дода намешаванд, сатҳи диапазони «гапдароӣ» хеле васеъ аз пурра қабулкунии талаботи тарбия то комилан ба итоатмандии идоравии тарбиятгирандагон давом мекунад. Мавҷудияти «муқовимати тарбия» ҳамчун мухолифияти қувваи зоҳирӣ, ки аз тарбиятгирандагон сар мезанад, натиҷаи охиринро муайян мекунад. Барои ҳамин нақши муайянкунии дақиқро вазъият ва муносибати тарафайни одамон ба раванди тарбия мебозад.

Таъсири қувваи тарбиявӣ аз чанд шароит ва вазъият вобаста аст. Педагог ва психологи рус Л.С.Виготский қонуниятеро асоснок намуд, ки мувофиқи мақсад ва методҳои тарбия бояд на фақат сатҳи тарбия, ки кўдак ҳосил намудааст, ҳамчунин «минтақаҳои инкишофи наздикашро» ҳам дарк кардааст. Вай ду сатҳи инкишофи ақлиро ҷудо мекунад.

1. «Сатҳи инкишофи хеле муҳим».

2. «Минтақаи инкишофи наздик».

Дар сатҳи аввал кӯдак супоришҳоро мустақилона иҷро мекунад. Дар дуюмаш вай ҳалли онҳоро ўҳда карда наметавонад, барои ҳамин масъалаҳоро бо ёрии калонсолон ҳал мекунад. Факат он тарбия хуб дониста мешавад, ки пешопеши инкишоф меравад. Вазифаи тарбия аз он иборат аст, ки бояд «минтақаи инкишофи наздик» гузашта шавад. Шахсиятро он тарбияе ташаккул медиҳад, ки аз қафои худ инкишофро мебарад.

Ҷараёни таълиму тарбияи мо донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна дар ҳолате бо муваффақият пеш меравад, ки агар муаллимон дар бораи қонуниятҳои тараққиёту ташаккулёбии шахсият маълумоти дуруст дошта бошанд. Инкишофи одам ҷараёни басо мураккаб ва давомдор мебошад. Инкишофи одам бо қисмати ӯ вобастагӣ дорад, ки ҳеҷ кӣ ва ҳеҷ чӣ онро тағийр дода наметавонад.

Дар тараққиёту ташаккулёбии шахсият роли тарбия аз ҳама асосӣ аст, зеро тарбия ин ҷараёни мақсадона, муташакилона ва нақшавӣ аст. Ҳамаи имкониятҳои ирсият ва муҳитро ба як роҳи тараққиёту ташаккулёбии шахсият равона мекунад.

Дар зери таъсири тарбия одам аз ҷиҳати фикрӣ, рўҳӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ тараққӣ карда, дар ў чунин сифатҳои баланди ахлоқӣ, аз ҷумла инсондўстӣ, дўстдорию рафоқат, масъулиятнокӣ, ҷавобгарӣ, поквиҷдонӣ, ватандўстию, меҳнатўстӣ ташаккул меёбанд.

Адабиёт:
1. Лутфуллоев М. Педагогикаи аҷам. – Душанбе, 1997.
2. Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
3. Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. – Душанбе, 1988.
4. Подрасный И.Т. Педагогика. – М., 2000.
5. Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
6. Раҳимов Х. Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
7. Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе: «Ҳумо», 2007.
8. Рубинштейн С.А. Человек и мир. Методологические и теоретические проблемы педагогики. – М., 1969.
9. Скаткин М.А. Школа и всесторонние развитие детей. – М., 1980.
10. Филонов Г.Н. Формирование личности в процессе комплексного подхода в процессе воспитания школьников. – М., 1978.

Дараҷа: Иншо | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 740 нафар| Ба худ гирифтанд: 611 нафар | Баҳо: 4.5/2
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал