Мактаб макони илму маърифат - Иншо <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Ҷумъа, 09-12-2016, 20:27:47

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12155
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 30
Меҳмон: 30
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Илова намудани мавод ]

Мактаб макони илму маърифат
[ Ба худ гирифтан (6.3Kb) ] 08-06-2015, 09:32:07

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фархангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Ҳанӯз аз замонҳои пеш низ дар ҳолати вуҷуд надоштани мактабҳо, мадрасаҳо вуҷуд доштанд, ки аксарияти намояндагони адабиёти классики тоҷик дар онҳо сабақ омӯхтаанд.

Модоме, ки мактабу Мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фархангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта ҳамаро ба некию накукорӣ ва фархангдӯстӣ даъват мекунанд.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб.

Оре, мактаб маъҳази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонаш қадам гузошта, аз он бузург гардндаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯхт.

Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,
Кас чу ҳайвон мешавад гарчӣ бувад соҳибнасаб.

Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эхтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку пӯшок ва тансҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, пеш аз ҳама мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани ҳамешабахорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дустӣ, озодандешӣ ва сулхпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру хастиву тавон, озодандешии инсон ва маъҳази маърифату ақлу заковати касон аст. Нест каси бохираде, ки маърифати ин даргоҳи бузургро нагирифта бошаду аз заҳмати бузургустоде баҳравар нагардида. Агар аз гузашти умр ва пандномаи бузургони хирад саҳфагардонӣ намоем, бевосита метавонем, ки хулосабарорӣ намоем.

Моҳӣ фарзанд ва ҳамранги дарёст, гандум фарзанди саҳро ва мисли саҳрост, инсон фарзанди замин аст ва эҳтиёҷ ба мардуми заминиву пурбардор дорад, эҳтиёҷ ба илму адаб ва покию росткорӣ, ки онро маҳз дар даргоҳи маърифат меомӯзанд. Ин даргоҳи бузурги маърифати мактабу Мадраса аст, ки одамиятро ба шохроҳи бузурги ҳаёт хидоят менамояд, зеро инсон худ аз пеши худ бузург намегардад.

Лола худ рӯяд, моҳӣ худ шино кунад, магас худ парад, кирми шабтоб худ нур барорад, аммо одам барои инсони комил шудан бояд омӯзад. Инсони асил манбаи ҳамаи донишҳоро аз мактаб меомӯзад. Онро муқаддасу бузург мешуморад. Саҳми бештари онро дар тарбияи насли бузурги одамият қадрдонӣ мекунад. Ҳар як инсони комилҳуқуқ бояд, ки аз даргаҳи мактаб гузарад, илм омӯзад, тарбияи дуруст гирад, вагарна бемаърифату бедонишу нодону зишт ба воя мерасад.

Партави хусн аст, оре илму ахлоқу адаб.
Бе адаб, бе илм, бе қадр аст ин набвад аҷаб.
Гар набошад даргаҳи мактаб ба тифлон маъҳазе,
Илму ирфон ҳеҷ мегардад, ҳама кас беадаб.

Ҳамеша мебояд кӯшид, соҳибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад ҳисобид ва аз он бебаҳра намонд.

Хулоса, шодмонию соҳибхирадӣ бузургиву накӯандешӣ ва росткориву бузургдилӣ маҳз аз мактаб падид ояд. Онро муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштан қарзи хар як инсони соҳибхирад аст.

Агар мактаб бихонӣ, бахтиёрӣ
Нахонӣ дар пушаймонӣ бимонӣ.
Бихон, эй ғунчаи боғи ҷавонӣ.
Агар хонӣ, ту доим шодмонӣ.

Дараҷа: Иншо | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 494 нафар| Ба худ гирифтанд: 719 нафар | Баҳо: 4.5/2
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерози Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пӯлод Икроми Пулод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал