Китоб мӯниси ҷону дил аст - Иншо <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Ҷумъа, 09-12-2016, 16:31:40

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12151
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 9
Меҳмон: 9
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Илова намудани мавод ]

Китоб мӯниси ҷону дил аст
[ Ба худ гирифтан (5.9Kb) ] 08-06-2015, 10:02:52

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.

Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабӯтареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.

Китобро дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд. Бузургон таъкид кардаанд: «Мутолиаи китоб роз аст, онро ҳамеша амалӣ кардан асос аст. Агар ту як умр ба ҳамин кор машғул шавӣ, магӯй, ки хато кардаӣ, зеро ман як ҳаёт ба ҳамин кор машғул шудаам, бо сабабе, ки мехоҳам инсон бошам».

Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковаги бузурги худ фарқ мекунад. Лек заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад.

Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, мӯҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ баринҳо маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд. Шояд онҳо аз рӯи мақоли бузург – «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» – амал карда бошанд.

Шахси фарҳангдӯст дар ду олам номдору комрон аст ва пас аз марг низ номи бузургаш дар дилу дидаҳо қарин мемонад. Чӣ тавр мо метавонем бузургонеро, ки манбаи пайдоиши ганҷҳои бебаҳо – китобанд, фаромӯш созем. Чӣ тавр метавонем аз маъхази бебаҳою гаронмоя, ки омӯзгори фарҳанги ғанию маърифати ҷонфизо мебошад, бебаҳра монем.

Шахсе, ки китобро сармашқи кори худ намешуморад ва намепарастад, на аз одамиёнест, ки пешрав асту комёбии ҳаёт мехоҳад, на аз касонест, ки фарҳангдӯст ба воя мерасад, на аз касонест, ки ибратомӯз буда метавонад.

Хулоса, китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва ҷамъи алфози накӯст, ки инсонро бо ростию росткорӣ, хирадмандию мардонагӣ ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза ба ӯ зи гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад. Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиё, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пойдору устувор китоб мебошад.

Дараҷа: Иншо | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 616 нафар| Ба худ гирифтанд: 866 нафар | Баҳо: 3.5/2
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерози Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пӯлод Икроми Пулод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал