Кадри нон - Иншо - Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ошиқони Тоҷикистон Ҷумъа, 24-02-2017, 17:46:05
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12485
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 19
Меҳмон: 19
Истифодабаранда: 0
Главная » Файлы » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Добавить материал ]

Кадри нон
[ Скачать с сервера (5.6Kb) ] 08-06-2015, 09:02:43

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
М. Турсунзода

Нон аз шумори он муқаддасотест, ки дар ҳама давру замон инсон ба он ниёз дорад. Агар дақиқтар андеша ронем, ҳастии инсонро бе нон тасаввур кардан нашояд. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад.

Агар назаре ба оинаи таърих андозем, дарҳол хоҳем фаҳмид, ки одамони қадим бо шикори хайвонот рӯз мегузарониданд. Хӯроки асосии онҳо гӯшт буд. Баъдан онҳо оҳиста-оҳиста кишту кори заминро ёд гирифганд. Нахустин чизи ба за¬мин киштаи онҳо дони гандум буд. Аз ҳамон замон то ин рӯз нон барон инсон неъмати азизу бебаҳо боқӣ мондааст. Қадр кардани нон ҳамчун анъанаи писандида аз як аср ба асри дигар мегузарад. Аз қадим одамон нисбати нон эҳтироми махсус дошта, ҳар резаи нонро ба чашм мемолиданд ва намегузоштанд, ки нон хор шавад. Нон рамзи бебаҳотарини неъмати дунё, хушбахтиву комронӣ, муҳаббату садоқат, дар чаридаи олам шабеҳи шоҳбайте сабт гаштааст. Дар он ҷое, ки нон аст, адабу фарҳанг ва санъат низ ба мушоҳида мерасад. Нон зиннати дастархон, қуввату дармони мардум аст. Дар гули таърих ҳазорҳо нафар одамон ба вазъи гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда, «нон»-гӯён ҷон додаанд. Ба ин маънӣ Сайидо гуфгааст:

Муяссар нашуд дидани рӯйи нон,
Басе халқ нон гуфта доданд ҷон.

Халқи тоҷик анъанаҳои фаровони ҳамидаи миллӣ дорад. Масалан, ба зери бистари кӯдак гузоштани нон, меҳмонро бо нону намак пешвоз гирифтан ва ҳангоми сафар нон дар бар доштан ҳар яке рамзи худро дорад.

Хулоса, аввалин чизе, ки ба рӯи хон мегузоранд, нон аст. Оре, нон давлати Худодод ва нерӯи ҷисми инсонист. Бояд зикр намуд, ки муносибати на ҳама одамон бо нон як хел аст, дар ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳое, ки нони муфт мехӯранд, хеҷ гоҳ ба қадри он намерасанду қимати нонро ҳам намедонанд. Бо мақсади расидан ба қадри нон гузаштагони мо бо зӯри ду бозу нон мехӯрданд. Шоир Мушфиқӣ фармудааст:

Мудом, эё нури чашмам, Мушфиқӣ, аҳли вафо мебош,
Хунарро пеша медору ба зӯри хеш мехӯр нон.

Фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳкон вобаста аст. Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнат карини он аз замин гандум мерӯяд. Одамон гандумро орд карда, нонҳои гарму лазиз мепазанд. Носири Хусрав хуррамии оламро маҳсули заҳмати деҳқон донистааст:

Беҳ аз санноӣ олам деҳқон аст,
Ки вахшу тайрро рохатрасон аст.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст.
Аз ӯ гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.

Одатан, қадри ҳар як неъмат дар лахзаи ниёзмандӣ равшан аён мегардад. Ба қавли Лоик:

… То пир нашавем, наҷӯем ҷавонӣ,
То гурусна намонем, надонем, ки нон чист.

Илова бар ин, ҳамин нуқта мусаллам аст, ки ҳар неъмате, ки инсон ба воситаи меҳнати ҳалол дарёфт мекунад, барояш азиз аст. Саодати рӯзгори мо бо нон марбут аст. Ончунон инсон ба нон ниёз дорад, ки ҳангоми гуруснагӣ бо ганҷи зиёд як пора нон мехарад. Бале, барои шахси гурусна нон мисли ганҷи дунёст:

Ташнаро як катра об аз дурри даре беҳтар аст,
Гушнаро як пора нон аз ганҷи дунё беҳтар аст.

Аз ин рӯ, бузургдошти ин неъмати муқаддас вазифаи ҳар як сокини сайёра мебошад, зеро нон шабеҳи хуршеди олами иҷтимоӣ дилу дидаи моро равшан мекунад.

Категория: Иншо | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон
Просмотров: 569 | Загрузок: 850 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/