Қаҳрамонӣ асрҳо зинда мемонад - Иншо - Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ошиқони Тоҷикистон Душанбе, 23-01-2017, 13:31:55
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 10
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 6
Меҳмон: 6
Истифодабаранда: 0
Главная » Файлы » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Добавить материал ]

Қаҳрамонӣ асрҳо зинда мемонад
[ Скачать с сервера (6.1Kb) ] 08-06-2015, 09:07:04

9-майи соли 1945 – Рӯзи Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд. Бо гузашти солҳо шукӯҳ ва азамати Ғалабаи Бузург барои халқи советӣ ва мардуми олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин ғалаба мақсадҳои ботили ҳукумрони кулли олам шудани фашистони Германияро барбод дод ва ҳушдорест барои онҳое, ки дар сар хаёли хоми ғулом намудани халқҳоро мепарваранд.

Гузашти вақт наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқи советиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, зудояд. Мо ба такрор рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда мекӯшем, амиқтар дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвари советӣ сина сипар намуданд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашиданд, андеша ронем, хубтар дарк кунем ва тарғиб намоем. Муборизае, ки халқи советӣ бар зидди фашистони ғосиб мебурд, набарди одилона, озодибахш, набарди муқаддас буд.

Омили муҳими ғалаба, ваҳдат ва якмаром будани ҷабҳаву ақибгоҳ гардид. Корномаи синфи коргару деҳқон, зиёиёни советӣ якҷоя бо каҳрамониҳои сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи ғалабаро наздик кард.

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мардуми Аврупо ва олам ранҷу азоби беандоза оварда, яке аз фоҷеаҳои бузургтарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меояд.

22 – июни соли 1941 Германия бо муттаҳидонаш Италия, Венгрия, Руминия, Финляндия ва Словакия ба СССР ҳуҷум кард. Ғалаба бар миллатгароён бисёр гарон фатод. Ба гирдоби ҷанг 72 давлат кашида шуд ва бештар аз 55 млн. нафар ҳалок гардид. Дар шумори қурбониён 27 миллион шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҷанг хисороти бузург овард.

Талафоти Тоҷикистон дар ҷанг зиёд буд: бештар аз 300 ҳазор фиристодагони ҷумҳурии мо дар майдонҳои набард ҷонбозиҳову каҳрамониҳо карданд. Бештар аз 90 ҳазор шаҳид шуданд. Барои корнамоиву мардонагӣ дар набарди зидди фашизм 57 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд ва 15 нафар дорандагони ордени Шараф гардиданд.

Солҳои ҷанг дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ва бемористонҳои Тоҷикистон 28 ҳазор маҷрӯҳон табобат мегирифтанд.

25 ҳазор сарбозону афсарон шифо ёфта ба ҷабҳа баргаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тоҷикистон манзили охират ёфтанд. Ба хотири онҳо дар баландихои қисмати шарқии Душанбе маҷмааи ёдбуд ва Чароғи фурӯзон бунёд шудааст.

Дар солҳои ҷанг мардуми мо бо вуҷуди мушкилоти зиёди зиндагии худ, барои таъмини сарбозон бо хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар маводи зарурӣ рӯзу шаб нагуфта пайваста меҳнат мекард. Худ гуруснаву бараҳна, вале ҳама чизро ба ҷабҳа барои Ғалаба ва ояндаи дурахшон мефиристод. Бо гузашти солҳои зиёд арзиш ва азамати корномаи бемисли мардуми Тоҷикистон боз ҳам равшантар дар дилу дар ёдҳои мо нақш мегузорад ва чун намунаи ибрат зуҳур меёбад.

«Корнамоӣ ва ҷонфидоии модарону падарон моро даъват менамояд, ки Ватанамонро азизу гиромӣ дорем ва барои ободии кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем» – мегӯяд Президенти кишвар дар Муроҷиатномаи худ ба ветеранҳои ҷанг.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз афсонаи зинда ва намунаи хизмати фидокорона ба Ватан мебошанд. Онҳо ҷонбозиҳои зиёде карданд, то Иди 9 май ба яке аз зеботарин идҳо табдил ёбад.

Мо ворисон, ки Иди Ғалабаро ҷашн мегирем, пеши корномаҳои бемисли сарбозони Ватан сари таъзим фурӯд меорем. Сари таъзим фурӯд меорем пеши онҳое, ки тамоми сахтию маҳрумиятҳои солҳои ҷангро бар дӯш гирифта, ҳама ранҷу дарду азобҳоро пушти сар гузоштанд. Мо ворисон сари таъзим фурӯд меорем ва аҳсан мегӯем ба онҳое, ки Ватани харобазорро обод карданд ва бо ҳаёту зиндагии хеш нишон доданд, ки зиндагии насли музаффар чӣ гуна бояд бошад.

Категория: Иншо | Добавил: Шоҳзодаи-Ошиқон
Просмотров: 300 | Загрузок: 574 | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
avatar
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz