20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Иншо <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Шанбе, 03-12-2016, 01:02:16

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6199
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 4
Меҳмон: 4
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Илова намудани мавод ]

20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
[ Ба худ гирифтан (5.0Kb) ] 08-06-2015, 09:09:23

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти худро эълон дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътроф намуданд.

Аз замони зуўри Истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди давлати худро ба кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувафиқ сохт.

Замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири эҳёи давлат ба дўши ў буд. Ин шахсияти таърихи арзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ҷасорат ва диди фарохи ў баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хеле гарон ва хатарнок буд.

Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш ҷоннисории худро даҳҳо маротиба исбот сохта бо ҳамгироии мардуми кишвараш ба эҷоди давлати тозабунёд шарафёб гашт.

Вожаи «Истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азимикишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.

Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бо фарҳангии мардуми шарифи мост.

Бешубҳа, низоъ ва кашмакашҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақши хиёнаткоронаи душманони берунӣ ва нотавонбини давлати тоҷикон аст.

Новобаста аз душвориҳои зиёд. Билохир нерўи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил шинохта шудааст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд.

Оре, ин халқи забондону забондор ба ҳифзи ҳастии хеш хақ дорад ва кассе наметавонад мавҷудияти онро рад намояд.
Барҳақ, шоир Бозор Собир хитоб мекунад:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ў,
То забондор аст, бисёр аст ў.

То фаро расидани 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ободӣ ва шукуфоии меҳан саҳми арзанда бигзорад. Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост.

Дараҷа: Иншо | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 656 нафар| Ба худ гирифтанд: 905 нафар | Баҳо: 2.2/4
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал