Иншо - Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 26-02-2017, 21:49:11
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 30
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 31
Меҳмон: 31
Истифодабаранда: 0
Главная » Файлы » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » Иншо [ Добавить материал ]

В категории материалов: 97
Показано материалов: 1-50
Страницы: 1 2 »

Сортировать по: Сана · Ном · Баҳо · Эзоҳот · Ба худ гирифташуда · Дидиор

[ Ба худ гирифтан (1.80Mb) ]

Беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон

Иншо | Диданд: 172 нафар| Ба худ гирифтанд: 188 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 10-10-2016 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (299.3Kb) ]

Зебуниссо Рустамова

Зебинисо Рустамова - ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпаронӣ аз камон, устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, довари хизматнишондодаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ (17 июл – 1 августи соли 1976, Монреал).

Зиндагинома

Зебинисо Сангиновна Рустамова,  29 январи   соли  1955  дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Имрӯз шаҳрванди ду давлати мустақил Тоҷикистон ва Русия мебошад.

Зебуниссо дар варзиш

Аз бародари худ Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир Зебуниссо фаҳмид, ки дар майдони «Динамо» шӯъбаи нави варзиши - тирпарони аз камон ифтитоҳ ёфтааст. Духтар қарор дод, ки қувваи худро санҷад, зеро тамошои он дар майдони футбол, ки дар он беҳтарин аз беҳтаринҳои ҷумҳури машқ мекарданд, мафтун сохта буд. Нишонаҳои равшан, ки ба он тирҳои тез мехалиданд, диққати ӯро ҷалб намуданд.

Мусобиқаҳои аввалин дар шаҳри Тула гузашта, ба рӯи Зебинисо дар варзиши калон роҳ кушод. Баҳор дар мусобиқаҳои умумииттифоқии тирпаронони ҷамъияти «Динамо», ки дар Сухуми баргузор гардид, ӯ меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард. Дар мусобиқаи мамлакат, ки дар Кишинёв аз рӯи тирпарони аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебинисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд. Дар Алушта ҳамаи тирҳои ӯ ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 ӯ 2233 хол гирифт, шумораи холҳо аз меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ болотар рафт.

Ширкат дар Бозиҳои XXI олимпӣ дар соли 1976 дар Монреал (Канада) ба ӯ ҷоизаи биринҷиро дод. Ҳоло ӯ таблиғотчии фаъоли на танҳо варзиш, балки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Иншо | Диданд: 570 нафар| Ба худ гирифтанд: 929 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 07-07-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.5Kb) ]

Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Инсоне, ки саропо манбаи дастовардҳои асилу пурарзиш аст. Инсоне, ки гулу гиёҳро ҳастӣ бахшида. Инсоне, ки ҳайвоноту набототро нигаҳбон буда. Инсоне, ки муҳиту ҷомеаро созгор буда. Инсоне, ки ҳама соҳаҳоро пешрав гардида. Инак, ин инсони созандаву ҳаётофарин, ки Худованди мутаол қудрату бузургиаш бахшида, созандаи муҳити солим, фарзандони баркамол ва нишондиҳандаи сифатҳои олии инсонӣ дар рӯи замин аст.
Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад, аз ифлосиву нопокиҳо эмин мегардонад. Покии ҳар як гӯшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаҳову фарзандони солим маҳз ба инсоният вобастагӣ дорад.

Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон вобастагӣ дорад. Ҳамаи инсонҳо чӣ марду чӣ зан чӣ кӯдакону чӣ болиғ вазифадоранд, тозагиро ҳамчун вокеияти аввалиндараҷа қарзи асосии инсониашон шумурда, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор бошанд. Тоза нигоҳ доштани оби кӯлу дарёҳо асоси ҳастии инсону ҳамаи мавҷудоти рӯи замин, аз ҳама муҳим аст. Намебояд гузошт, то дар обҳо ифлосиҳо партоянд. Намебояд гузошт, то обҳоро, ки сарвати бузургу тақдирсозанд, бо нопокиҳо олуда гардонд. Тозагии муҳити обу ҳаво нигоҳ доштани ҳастии растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд низ аз худи одамон вобастагӣ дорад.

Одамон, бахусус занон асоси тоза нигоҳ доштани маводи рӯзгор, аз қабили хонаву ашёи он, либосу палос, ҷамъи ашёи рӯзгордорӣ, тозагии тифлакону муҳитро иҳота кардаанд.

Агар дар хонадон зани оқилаву порсо ва покдоману ҳалолкор вуҷуд дошта бошад, албатта, ҳама ашёҳо низ тозаву озода ва дар ҷои худ қарор мегиранд. Шуста истифода кардани меваву сабзавот, тоза нигоҳ доштани амволи хона низ муҳитро озода мегардонад. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад. Аз ҳар гарду ғубор, нопокию ифлосӣ ва аз ҳар нафас ҳавое, ки мегирем, бояд покию тозагӣ хост. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад. Агар ҳавои хонадон тозаву озода, ҳар як маводи истеъмолӣ поку беолоиш набошанд, инсон наметавонад тансиҳат бошад.

Хулоса, гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст. Тозагии муҳити ӯ, дасту дилу дида, тозагии хонадони атроф, обу ҳаво маҳз ба худи инсон вобастагӣ дорад. Бисёр мебояд мулоҳизакор буд, то муҳит солиму озода ва фарзандон саломату барҷо бошанд. Бисёр мебояд кӯшид, то ҳамаи ҳастии ҳаётро пок дошт. Бисёр мебояд ҷаҳд кард, то тансиҳат буд. Аммо барои ҳамаи ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва созишкору дӯстдори муҳити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии муҳити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд.

Пок дор аз ҳар губор оинаат! Гуфтаанд, ки ҳақу барҷост. Агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем. Ҳар як ҳастӣ ва ҳар қатраи обу хоки адокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигоҳ дорем.

Иншо | Диданд: 799 нафар| Ба худ гирифтанд: 1554 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.9Kb) ]

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён.
Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад.

Оре, ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст нахоҳад дод. Ростгӯӣ ва росткориро ягон амали дигар паноҳ карда наметавонад. Ҳақиқат дар ҳамаи мавридҳо рӯзе боло мебарояд. Ростӣ, яъне ҳақиқат ҳамеша манбаи осудаҳолӣ, ободӣ, озодӣ ва салоҳият аст. Завол ёфтани ростӣ ба завол ёфтани дунёи азалӣ баробар аст. Яъне агар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад, то даме, ки зиндагию ҳаёт вуҷуд доранд, он низ завол намеёбад.

Ростиро ба сарв ташбеҳ додаанд, ки ҳатто дар ҳолати хушкиаш боз ба асо, ки афсурдагонро қудрати роҳравӣ, пиронсолонро мадор мегардад. Пас, ростӣ занҷири пайвастаи ногусастанист, ки аз ҳар гузашти айём, аз ҳар беэътиноие канда намешавад, завол намеёбад. Росткорӣ ва ростгӯӣ албатта, хислати шахсиятҳои бузургу бофаҳм ва озодандешу бофазилат аст. Ин гуна шахсиятҳо дар хонадонашон, дар тарбияи фарзандонашон, дар куҷое, ки набошад, росткоранд. Албатта, фарзандонашон низ ин хислатҳои бузурги инсониро ҷонибдорӣ намуда, дар байни табақаҳои гуногуни одамон фарқ карда меистанд:

Поктинат агар аз хок ба афлок расад,
Равиш аз даст надиҳад, вазъ дигаргун накунад.

гуфтаанд, ки басо барҷост.

Инсоне, ки дар муҳити дурусту бофазл ба воя расидааст, ҳамеша росткору поктинат ва бузургдилу бофазилат аст. Асоси фазилатҳои хуб дар муҳити хуб ва оилаи солим ба вуҷуд меояд, дар хуну дили кас ҷой мегирад ва ҳамин хел то дами пирӣ ёвару роҳнишондиҳандаи каси бохирад мегардад.

Мутаассифона, дар баъзе оилаҳо фарзандон на дар рӯҳияи ростию росткорӣ, балки дар муҳити баду носолим ва бемаърифатӣ ба камол мерасанд. Дуруғгӯянду бемаърифат, бетарбияанду разил, ки чунин хислатҳои бад, албатта, касро бо роҳи каҷу беҳосил ва зишту табоҳ бурда мерасонад, ки ҳеҷ гоҳ ба пешравӣ ноил намегарданд. Камолиддин Биноӣ барҳақ фармуда:

Ростонро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ чой нарасад.

Ростгӯӣ хислати басо бузургест, ки хоси ҳар кас буда наметавонад. Каси ростгӯй виҷдону имони пок, қалбу руҳи покро дорост. Ростгӯиву росткорӣ ба хони кас таровату нур, файзу саховат ва баракату хушӣ меорад. Каси ростгуй мисоли гулу гиёҳи руҳбахш ва оби мусаффо ҳаловатбахш аст, ки баробари шунидани ҳарфи росту бамавридаш аз дили поку беолоишаш гувоҳӣ меорад. Ба дили кас роҳ меёбад, писанд мегардад, мафтун мегардонад. Валек дурӯғу беэътиноӣ табъи касро хираву хотирро ошуфта сохта, эҳтиромро нисбати гуяндааш дур мегардонад.

Салоҳи мардумон дар ростгӯист,
Ки дар кизбу каҷӣ беобруист.

Ростгӯиву росткорӣ рисолатҳои инсони асилу бомаърифатанд. Инсоне, ки рисолаташро ба ҷо намеорад, дар қатори ҳайвонҳо қарор дорад. Ростгӯӣ мисли пироҳани зебо касро, ботини касро, вуҷуди касро ороставу пероста ва зебову пурнур мегардонад. Ростгӯӣ ҳамеша соҳибиззат, баобрӯй ва соҳибқудрат аст. Амали некаш ҳамеша ӯро ба муваффақият, ба иззати баланд мерасонад. Ӯ то дами марг ва ҳатто баъд-аз марг низ дар дилу дидаи мардум ҷой мегирад.

Ростгӯӣ камоли инсонӣ, нишонаи бомаърифатӣ ва таҷассумкунандаи хиради волост.

Бузург он касе, к-ӯ ба гуфтори нек,
Забонро биорост, кажжӣ нахост,
Агар хоҳӣ аз ҳар ду сар обрӯй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама ростгӯӣ.

Хулас, ҳамеша бояд кӯшид, ки аз дуруғ забон барбаст, аз бадӣ канор ҷуст. Ҳамеша ҷаҳд мебояд, то дар ҳамаи корҳо росткору ростгӯ ва ростқавлу рохнамоӣ буд, зеро фазилати бузурги инсони асил ростиву ростгӯист. Аз бадиву дуруғ, фитнаву фасод дур мебояд буд, то роҳнамо гардид. Дар ноободиҳо ободӣ, дар зулмат нур, дар ҷаҳолат шодкомӣ ва дар зиндагӣ покию роста ва осудахоливу хушӣ мебояд ҷуст, ки ҳама аз росткорӣ падид оянд.

Иншо | Диданд: 629 нафар| Ба худ гирифтанд: 1360 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.5Kb) ]

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз орад ҷаннати сарбастаро.

Фармудааст Шайх Аттор. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде дар шароити хуб бошад ҳам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд.

Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар дода наметавонанд, зеро он меҳр пур аз қалби саршор ва пайванди хуну дили гарм буда, фарзанди ҷигарбандро эҳсоси хушӣ мебахшад.

Волидон беҳтарин пушту паноҳ, азизтарин ҳастии олам, мунаввартарин қалби саршор, пурзӯртарин қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Ононро ягон ҳастии ҳаёт ҷойгир буда наметавонад. Бинобар ҳамин ятимон аз ҳамин меҳри бузург маҳруманд. Онҳоро ҳамеша бо як дилгармӣ ва меҳру муҳаббати самими мебояд парвариш кард. Саъдии бузург дар ҳамин бора барҷо фармудааст:

Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан.

Ятимонро дастгирӣ кардан, хотирашонро лаҳзае бошад, ҳам болида гардондан ниҳоят корест савоб. Ҳар нафаре, ки ятимонро парасторӣ мекунад ва дар ҳаёт болидаруху дилгармӣ месозад, некии бузурге ба даргохи Офаридгори созанда ба ҷо меорад. Беҳтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушҳолианд.

Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист. Агар ятимеро дар ҳолати нороҳат ва афсурдагӣ вохӯрем, мебояд то охирин қудрату тавоноӣ ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эҳсос накунанд. Нороҳат гаштани ятими хастадил ба ҷароҳати бузурге шабоҳат дорад, ки ҳамеша сӯз дорад. Дар ҳузури ятимони бекас ҳатто сила кардани сари фарзанди хеш норавост.

Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дӯзахаш бирён кунад.

Ҳавасманд гардонидани ятиме дар зиндагӣ ба зиерат намудани хонаи Худованди муттаол баробар аст.

Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб,
Хуштар зи ҳазор Каъба бошад як дил.

Албатта, ана ҳамин гуна дилҳои эҳтиёҷмад дилҳои ятимони бепарастор аст, ки меҳрубонию лутфу марҳаматеро мехоҳанд. Офаридгори бузург касеро дӯстдор аст, ки ятимпараст бувад. Мо хушбахтона, дар давлате зиндагӣ мекунем, ки пур аз ятимхонаҳову шахсиятҳои ятимпаравар аст. Дар ин гуна ятимхонаҳо бепапасторон бо меҳру муҳаббати бузург парварида шуда, аз афсурдагиву ғам дар каноранд. Дарди бекасиашонро эҳсос намекунанд. Илм меомӯзанд, муҳаббат мебинанд, хотирашон болида мегардад. Зеро давлати бузургу ҳаммаслакро марди шуҷоъу хирадманди асил Эмомалии Раҳмон бо дили пур аз меҳри саршор роҳбаладӣ менамояд. Дар ҳамаи ҷашнҳои таърихию идҳои мардум пеш аз ҳама аз тарбияю таълими хонаҳои бепарастории кишвар дидан мекунад. Онҳоро ҳавасманд мегардонад.

Ҳамеша ҷаҳд бояд кард, ки ятимонро хушнуд сохт. Набояд гузошт бепарасторе дар фироқи дурии волидон сӯзад, афгор гардад. Онҳоро ҳамеша бояд дастгир буд, ёрӣ расонд, ҳавасманд гардонид, то анҷоми давраи наврасӣ барояш чун дар зери сояи дарахтони пурбор, лутфу марҳамати шахсиятҳои дар канор буда хуб гузарад, то баробари тифлони босаробон хушхол бошанд.

Иншо | Диданд: 530 нафар| Ба худ гирифтанд: 1122 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.7Kb) ]

Нафсу шайтон мебаранд аз разҳ туро.
То биандозанд андар чаҳ туро.

Фармуда Фаридуддини Аттор. Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонда, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад.
Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Ростиро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷой нарасад.

Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад.

Чун мавзӯи матни навбатӣ «Нашъамандӣ – вабои аср» аст, охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI буда, масъалаи глобалии тамоми ҷаҳониён гаштааст. Имрӯзҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳоb хаёт ё бо сабаби ёр шудани беморӣ, шояд аз нодонӣ аз оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огаҳие надоранд, зеро он беҳушу беёдашон мегардонад.

Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблғ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурӯхта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардӯш мегардонанд. Дар натиҷа, ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобрӯй ва хастадилу афгор то ба рӯзи марг овора мегарданд. Ба хору хаси замин баробар поймол мегарданду наздикон аз ҳастиашон шармсору безор.

Ёри бад беҳтар бувад аз мори бад.
То тавонӣ бигурез аз ёри бад.

Бадбахтона, заноне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фурӯши ин маводи зиёновар даст мезананд. Қадру манзалати бузурги зан, модарро, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, бештар паст мезананд. Бехабар аз он ки бузурге гуфта:

Чун шутурмурғ бидон ин нафсро,
На кашад бору на парад ба ҳаво.

Албатта, ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд, пойдеворе, иморате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост.

Хулоса, кохи баландафрохтае, ки аз амали носазову маблағи номуроди нопок ба авҷ сар кашида, рӯзе валангор хоҳад гашт. Номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рӯзе қурбони кӯчаи ишрат ва айши нопок гашта, рӯ ба нестӣ меорад ва пайвандони хешро шармсор мегардонад.

Аминем, ки бо мурури айём нашъамандӣ чун офтоби қуллаи кӯҳе рӯзе рӯ ба ғуруб меорад ва гулҳои аз ин бӯстон сар ба авҷ кашида, пажмурдаву помол мегарданд. Иффат, покдоманӣ, ростӣ, росткорӣ ва солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони миллат пирӯз мегардад.

Иншо | Диданд: 513 нафар| Ба худ гирифтанд: 1061 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.5Kb) ]

Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурўҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд.Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Ваҳшонияти ин рўйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда ба ҳар хонадоне осори ғаму андўҳ ниҳода буд, дар шеъри Мўъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:

Чунин разми беназмро касс надид,
Ва тасвири онро набояд кашид.
Зи тифлони гавҳора то пири кор,
Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор

Чун тулўи офтобе, ки баъди чанд рўзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба ўҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам » буд.

Дарвокеъ, ин шахси ватандўсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пўшонад.Ў ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз максадхои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири давлати точикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хўрд.

Устод Лоиқ Шералӣ яке аз аввалинҳо шуда ин санаи муборакро барои ҳаммиллатонашон муборакбод гуфт:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!

Шоира Гулрухсор аз тулўи ҳаёти нави мадуми кишвар ва эҳёи зиндагии пурбаҳои миллати бунёдкори тоҷик ба ваҷд омада мегўяд:

Боз тоҷик, -
Миллати мурғи самандар,
Аз шўои оташи худсўзии худ,
Марзи имонро биафрўзад.
Тоҷикистон сўхт гар
аз ҷаҳли тоҷик
Фазли тоҷик-
Тоҷикистонро биафрўзад.

Дарвоқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг – идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накўиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳард кард.

Иншо | Диданд: 633 нафар| Ба худ гирифтанд: 1204 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.6Kb) ]

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузашгони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накаши- даанд. Баръакс ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.

Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.

Аз шоирони муосири тоҷик устод Мирзо Турсун- зода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Бо фарорасии фазоӣ мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳадати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робита бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё ниёз дорад. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар меъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модар аст. Дар ин маврид шоири шинохта Камол Насрулло гуфтааст:

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.
Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора-пора байни фарзандон?

Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳурӣ дар дасти мост ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.

Ниёгони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Хайём, Мавлонои Балх, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффурову Мирзо Турсунзода ва бисёр дигарон маҳз ҷавононро ба рафтору кирдори нек донистани таъриху маданияти худ ва пеш аз ҳама ба худшиносӣю ифтихорӣ миллӣ даъват намудаанд.

Ба андешаи ман мо бояд ҳисси баланди худши- носӣ ва ифтихори миллии тоҷикӣ дошта бошем, ба мисли ниёгонамон барои эҳё ва ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки он Тоҷикистон аст.

Иншо | Диданд: 491 нафар| Ба худ гирифтанд: 1029 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.7Kb) ]

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақи шодиву барор оварад.
Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об,
Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чаиши модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

Сулҳ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад. Сулҳ чун офтоби рахшон, баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кӯшидаанд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси cap кардаанд. Натиҷаи ин заҳматҳои зиёди чунин мардонӣ баномусу нанги миллат имрӯз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагӣ умр ба cap мебарем. Хушбахтем, озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гармталъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохт ва камию костиҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.

Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,
3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.
Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,
Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Вахдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.

Сулҳ ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Хулоса, сулҳ армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад.

Иншо | Диданд: 613 нафар| Ба худ гирифтанд: 1119 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.7Kb) ]

Оре, зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.

Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини зан – модар такя бар Яздони пок аст. Зан ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон, ҷаҳони ҷовидон ва хамаи ҳастии олам пур аз рози ниҳондошта, равшанию нур, хушию сурур ва ҳастии рӯҳу ҷон мегиранд. Ҳастии бузурги модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст.

Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?
Модар, зи бузургӣ сару пои my нигин аст.
Бар гӯш расад аз my садое хушам он рӯз,
Эй хуш, бувад он рӯз садоят ба танин аст.

Зан Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад.

Зан Модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият бавоя расонидан ва баобрӯ гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад.

Даме, ки аввалин сухани бузург – «Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушҳол гашга мефахрад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст.

Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагианд. Модарон қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.

Занон модар дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доранд. Онҳо, бахусус занони тоҷик дар соҳақои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият мекунанд. Дар қатори мардон истода, ба оила мададгор мегарданд. Зани тоҷик имрӯз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, муҳандис, роҳбар, тоҷир аст:

Гаҳе бинам, ки чун тоҷир my дap бозор мегардӣ,
Гаҳе бинам ба беморе табибу ёр мегардӣ.
Гаҳе бинам, ки медӯзӣ ба тифлат ҷомаву дастор,
Гаҳе бинам ба ёрат мӯнису ғамхор мегардӣ.

Хулоса, азизон, волидон беҳтарин ганҷинаҳои ноёбу нотакроранд. Онҳо беҳтарин дороии ҳаётанд, ки барои ба дунё омадану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда доранд.

Намоед тоҷи cap, нуру басар модар – падарҳоро,
Ки аз хубони олам хубтар худ волидон бошанд.

Меҳри модарро ягон мавҷудоти дигар ки моро ҳастию ҷон бахшидаанд ҷойгир буда наметавонад:

Он ҷо кu туӣ модар, он ҷой гулистон аст,
Он ҷо ки набошӣ my, як манзили вайрон аст.
Аз меҳри шарарборат, равшан шавад ин олам,
Дурию фироқи my, сӯзест, ки дap ҷон аст.

Зеро ӯ худ мабдаи меҳр асту орзуву ормон. Зеро ӯ ободгару рӯҳбахши ҳаёт аст. Ҳар ҷо ки ӯст, аз он ҷо бӯи гулу гиёҳ меояд. Ин маъниро басе хуб баён намудаанд.

Иншо | Диданд: 498 нафар| Ба худ гирифтанд: 1035 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.5Kb) ]

«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ии ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.

Акнун дар Сарқонун низ чун тағйиротҳои ҷомеа тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

Сарқонун асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.

Бо шарофати қабули Сарқонуни Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумқурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Сарқонуни давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6 моябри соли 1994 ин конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.

Сарқонуки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб на 100 модда иборат мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат аст.
Сарқонун тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Сарқонун барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил – расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Сарқонуни даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.

Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром намояд.

Иншо | Диданд: 461 нафар| Ба худ гирифтанд: 925 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.7Kb) ]

Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Вақте калимаи устодро ба забон меорем, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мегардад. Аммо ин фикр тамоман чизи дигар аст. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеьдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро мураббӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем. Зеро гуфтаанд:

Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаётиаш кору фаъолиятеро ба касе омӯзад.

Шахсоне ҳастанд, ки ягон мактаби маърифатию илмиро нагузаштаанд, аммо корҳоеро ба субот расонида метавонанд, ки арзиши баланд доранд ва чунин қобилияташон боиси ифтихор аст. Ин гуна шахсонро албатта, метавон устод номид, зеро метавонанд дар дили ҳама гуна афрод бо ҳунари волояшон роҳ ёфта, ҳаваси омӯхтани ҳунареро бедор карда, ҳаётро рангинию хушӣ бахшанд. Воқеан муҳим аст, ки ҳар шахс бояд ҳамин гуна шахсияти ғамхор буда, дар зиндагӣ ягон амали хайреро анҷом диҳад.

Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматҳои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро кадршиносӣ карда тавонанд, зеро бе захмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Обрӯи шогирдони болаёқат обрӯи устоди онҳост.

Албатта, шахсе, ки барои омӯхтану аз худ кардани коре заҳмат мекашад, бе иззат буда, наметавонад маҳсули меҳнати ҳар як инсони асил аз ҷабри заҳмати кашидааш падид меояд. Ба қавли Румии бузург:

Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар кӣ ҷаҳде кард, бар ҷаҳде расид.

Хулоса, ҳар кору амале ба устод эҳтиёҷ дорад. Наметавон бе дастгирию маводи касе кореро ба анҷом расонда соҳибобрӯ гашт.

Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад. Онҳо ҳамеша чун устоди бузург ва ситораҳои дурахшони ҳаёт мӯътабар ва зинданом буда, ҷамъият ба онҳо ниёз дорад.

Бале, устодон ҳамеша зиндаёданд ва дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба хотир оварда мешаванд, зеро пойдории ҳаёти кас ба устодон – нишондиҳандагони роҳу равиш, касбу камол ва роҳнамоёни зиндагӣ вобастагӣ дорад:

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,
Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.
Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,
Пойи равон набошад, нури басар набошад,..

Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Анъанаи неки мардумӣ омӯзонидани ҳунарҳои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони ҳаёт аз он сахт вобастагӣ дорад. Зиндаёд будани номи бузургон маҳз тавассути ҳунари воло, дастранҷи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад: Тавре Саъдии бузург фармуда:

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Зинда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Иншо | Диданд: 670 нафар| Ба худ гирифтанд: 1314 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.8Kb) ]

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе

Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҳамаи мо медонем, ки Душанбе пеш аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорхои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва кӯҳистонҳои дурдаст ба ин ҷо омада молу маҳсулоташонро мефурӯхтанду маводи рӯзғорро харида бармегаштанд.

Аз сарчашмаҳои таърих маълум аст, ки дар охири асри ҶIҶ ва аввали асри ҶҶ дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхонаҳо амал мекарданд. Мардум ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд.

Аз соли 1924 Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон шинохта шуд. Душанбе рӯз ба рӯз тараққӣ карда ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубадал гашт. Барои пешрафт ва тараққиёти пойтахт бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳу роҳҳои ҳавоӣ лозим буд. Мардуми заҳматкаши Душанбе, ноҳияҳои гирду атроф ва халқҳои бародар дар як муддати кӯтоҳ ин шаҳро обод карданд, ки биноҳои боҳашамати замонавӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои бузурги фарҳангӣ то ҳол зеби пойтахт мебошанд.

Душанбе дар давоми 70-соли мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ аз як деҳаи хурди назарногир ба як шаҳри азиму зебои саноатӣ табдил ёфт. Заводу фабрикаҳо, комбинату, иншоотҳои гуногун қомат афрохтанд.

Марказҳои бузурги илмию фарҳанг, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ, театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мактабҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд. Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ бунёд шуданд, ки ҳазорон мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда ба хизмати халқ равона намуданд. Дар натиҷа Душанбе яке аз мар¬казҳои бузурги илмию фарҳангии Тоҷикистон гардид.

Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони боору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст.

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри азизи мо Душанбе аз ҳама бештар зарар дида бошад ҳам дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматхои сокинони он барқарор гардид. Биноҳои баландошёнаи замони нав қомат рост карданд, ки симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоротар гардониданд.

Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу хуқуқ-бунёду демократӣ шинохтанд ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фархангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, ки шаҳрдорӣ ва ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе ҷашни таърихӣ, 80-солагии шаҳри Душанберо чи тавр чашн гирифтанд. Ба ин муносибат якчанд иншоотҳои баландошёна, гулгашту хиёбонҳои тозаю зебо бунёд гаштанд. Мо боз аз он ифтихор мекунем, ки Ду¬шанбе ҳамчун шаҳри сулҳ эълон гардидааст.

Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонхои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.

Хулоса, шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Би¬ноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунад.

Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

Иншо | Диданд: 716 нафар| Ба худ гирифтанд: 979 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (13.9Kb) ]

Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст,
Офтоби шӯълапошат соя бар сад гулшан аст.
Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модарон,
Мардуми меҳмоннавозат фахри даврони ман аст.

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандони шӯҳратёр аз қабили Турсунзодаву Миршакар, Лоиқи роздону нуқтафаҳм ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст.

Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Вахшу Хатлон, Ҳисору Варзоб, Кӯлобу Бадахшону Ленинобод барин мавзеъҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номӯс ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шӯҳратёр аст.

Кӯҳҳои зарфишонаш кони зар,
Сарвату тиллои он машҳури даҳр.
Пахтаи бишкуфтааш рамзи ҳаёт,
Гандумаш нони ҳама аҳли башар.

Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин НБО-ҳои машҳури он, ба мисли Варзобу Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд.

Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд. Ба ақидаи Бозор Собир:

Тоҷикистон, Тоҷикистон.
Мекунам шукри каму бисёри my,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори my.
Аз my ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Иншо | Диданд: 2475 нафар| Ба худ гирифтанд: 1191 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (8.0Kb) ]

Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии оби файзбор аст.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.
Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,

Иншо | Диданд: 564 нафар| Ба худ гирифтанд: 970 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (14.0Kb) ]

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани my ҷавшан аст.

Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.

Донишмандон азизу гиромӣ ва хотирнишинанд. Дар ёдҳо, базмҳо, дар ҳамаи мавридҳо дар дилу дидаи мардуманд. Ба даст овардани донишу маҳорати бузург ба осонӣ ба даст намеояд. Шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекӯшад, гарчанде душвор аст, бо тамоми душвориҳо, норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд чизе омӯзад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд соҳибобрӯст. Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад:

Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?
Киро ганҷи дониш бувад подшост!

Ҳеҷ ганҷе бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то ҳар вақт омӯхт. Агар манбаи омӯзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист ва бо басорати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд. Бо омӯхтани алфози наве бо омӯхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад.

Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истанд. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард. На пайи тамаъи молу мулк.

Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯ мебахшад. Шахее, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.

Зеро мегӯянд, ки:

Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дap my нест нодонӣ.

Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолатҳои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатҳоро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Валек шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунад. Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд.

Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.

Рӯй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир,
To ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.

Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст. Зеро гуфтаанд:

Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,
Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

Иншо | Диданд: 446 нафар| Ба худ гирифтанд: 954 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.8Kb) ]

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
(М. Турсунзода)

Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.

Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,
Ҳамчун оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ин ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз ҷафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.

Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Наметавон худ камбудиву афзалияти хешро донист.

Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад, зеро дона танҳо хирман намегардад, нони танҳо файзи дастурхон намешавад, шукуфтани муғҷае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад.

To абад бо дӯстон осӯдагист,
Марг ҳам бе дӯстон осон нашуд.

Гуфтаанд, ки ҳақ бар ҷониби ишоракунандаи ин маънии бузург аст. Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд. Забониву нониву ҷонӣ.

Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд.

Ба ибораи шоир:

Дӯст машмор он ки дap неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

 

Иншо | Диданд: 3649 нафар| Ба худ гирифтанд: 1001 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (6.9Kb) ]

Илмат ба амл чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
(Низоми Ганҷавӣ)

Дар «Қуръон»-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи «бихон» мебошад. Ин ҷой ҳикмате нуҳуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҳон наметавон бар кашид. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад.
Пайғамбари ислом (с) фармудаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Имом Ҳасани Муҷтабо ҳифзи донишро авло шумурдааст: «Донишро фаро гиред ва агар тавони ҳифз карданашро надоред, онро бинависед ва дар хонаҳоятон бигзоред».

Обрӯи мардумон дар илм бошад ва шахси беилм мартабае надорад. Абулқосими Фирдавсӣ ин нуктаро хуб ба қалам медиҳад:

Ба дониш бувад мардро обрӯй,
Ба бедонишӣ то тавонӣ, мапӯй.

Аз нигоҳи шоир шахси донишманду донишомӯз аз дигарон бо рафтору гуфтор фарқ мекунад:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи кирдору гуфтор беҳтар бувад.

Донишро бояд биомӯзем ва шарти асосии он ҳифз кардани он мебошад. Фаромӯшӣ офати илм мебошад:

Ҳар он кас, ки дониш фаромӯш кунад,
Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.
(Абулқосими Фирдавсӣ)

Илм бояд дар амал татбиқ гардад, барои пешрафти ҷомеа хизмат кунад, вагарна аҳамияти он аз байн меравад.

Инсоният ҳамеша ба омӯзиш ниёз дорад. Дари дониш бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайваста ба рӯйи мо боз мегардад. Абӯшакури Балхӣ беинтиҳо будани роҳи донишро ба дар мисраҳои зер ифода менамояд:

То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки надонам.

Арзиши илм ва ҳурмати соҳибилм ҳеҷ гоҳ паст намегардад:

Аз шукӯҳи подшоҳӣ ҳурмати илм аст беш,
Он ки мири корвон бошад, мутеи раҳбар аст.
(Карими Кошонӣ)

Иншо | Диданд: 420 нафар| Ба худ гирифтанд: 794 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (8.0Kb) ]

Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Маскав аз сохтани иншоотҳои азим дар ин ҷумҳурӣ дурӣ меҷуст. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба вилояти Суғд қариб шаш моҳ роҳи автомобилгард баста мешуд. Рафтуомад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ душвор буд. Интиқоли бор аз Кӯлоб ба Қурғонтеппа мушкилӣ дошт. Мардуми ин минтақа ба роҳи оҳан ниёз доштанд. Вазъи роҳҳои водии Рашт низ дилсардкунанда буданд. Ҳамаи ин масъалаҳо доғи рӯз ба ҳисоб мерафтанд, вале дар ҳалли ин мушкилот кӯшише ба харҷ дода намешуд.

Инак, 9 сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо истиқлолият ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории ватани азизамон камари ҳиммат бибандем. Масъалаҳои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ акнун мебояд ҳалли худро меёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуд, ки саҳми сарвари давлат дар он беҳамтост. Дигар роҳи қафогардӣ набуд. Дар як вақти кӯтоҳ бо кӯмаки ҳамзабонон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) дар Нақби Анзоб корҳои асосӣ анҷом дода шуданд, ки рафтуомади солонаро миёни марказ ва шимоли кишвар таъмин менамояд. Таъмири ин роҳ низ муташаккилона идома дорад. Роҳи оҳани Кӯлоб- Қӯрғонтеппаро ба истифода доданд. Ба таъмири роҳҳои воҳаи Рашт диққати махсус дода мешавад. Роҳи автомобилгард ба ВМБК аз нав сохта шуд. Комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон аз рӯйи нақшаи мувофиқ дуруст ба роҳ монда шуданд. Бо ҳамкории кишвари бо мо дӯст – Россия ду агрегати нерӯгоҳи Сангтӯда I ба истифода дода шуданд. Албатта ин иншоотҳои бузург дар пешрафти иқтисодии кишвар таккони ҷиддӣ мебахшанд ва ояндаи давлати мо дурахшон аст. Ҳамзамон сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз гардид ва дар сурати аз рӯйи нақша сурат гирифтани корҳо бояд то соли 2012 он мавриди истифода қарор гирад. Ин иншооти бузурги аср дар як сол то 17 миллиард киловат қувваи барқ тавлид менамояд ва мо метавонем ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯшем.

Мувафаққиятҳои даврони истиқлол зиёданд. Дар давоми 10-15 сол иншоотҳои калони саноатӣ низ сохта шуданд. Қариб дар ҳар як ноҳия корхонае мавриди истифода қарор гирифт. Коркарди пахта акнун дар дохили кишвар сурат мегирад.

Ба ободиву зебогии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳам эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Биноҳои зиёди замонавӣ дар ҳама кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд. Хулоса, кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ мениҳад ва комёбиҳо дар ҳама бахш назаррасанд. Ҳар як фарди солимфикр бояд дар ин ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Ин қарзи шаҳрвандии мост.

Иншо | Диданд: 379 нафар| Ба худ гирифтанд: 627 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 22-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.9Kb) ]

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.

Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабӯтареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.

Иншо | Диданд: 686 нафар| Ба худ гирифтанд: 943 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.8Kb) ]

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,
Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳоӣ болаззату хӯрданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Заҳмату кору ҳанар касро намоянд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

Иншо | Диданд: 444 нафар| Ба худ гирифтанд: 733 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.4Kb) ]

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд cғmoғши мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар асг.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан.

Иншо | Диданд: 478 нафар| Ба худ гирифтанд: 751 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.8Kb) ]

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

 

Иншо | Диданд: 443 нафар| Ба худ гирифтанд: 674 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (4.4Kb) ]

Илм ба кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.

Илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.

 

Иншо | Диданд: 859 нафар| Ба худ гирифтанд: 680 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (8.9Kb) ]

Муассисаҳои таҳсилотӣ дар шароити гузаштан ба муносибатҳои нави бозоргонӣ ва ба вуҷуд омадани равандҳои гуногуни таълиму тарбиявӣ ба маҷмӯи мураккаби хизматрасониҳои иҷтимоӣ, психологӣ ва педагогӣ мубаддал гардида истодаанд, ки самтҳои асосии пешрафти онҳоро талаботи ҷомеаи муосир муайян менамояд.

Иншо | Диданд: 457 нафар| Ба худ гирифтанд: 441 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (11.0Kb) ]

Иқтидори таълиму тарбия, ақлу заковати бепоёни инсон чунон пеш рафтааст, ки башарият дар таърихи ҳазорсолаи муққадам дар шигифт мондааст.

Раванди инкишофи ин дигаргунӣ миқдор ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти зиндаи биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ, биокимиёвӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рўҳӣ, ақлонӣ хос аст.

Тараққиёт мафҳуми фалсафӣ буда, гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани тағйиротҳои миқдорию сифати пешравиро мефаҳмонад.

Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона, дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад.

Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ў бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робита бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар низоми иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарбияи андешидашуда ташаккул меёбад. Шахсият ба андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ва ба андозаи ба қадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеъа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузаштан, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад хусусиятҳои ботинии табиат, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро ифшо диҳад.

Инкишофи одам-ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рўҳии одам айёми кўдакӣ ва ҷавонӣ бошидат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағийроти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешавад. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ў алоқаманд нест. Алахусус мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он – нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ўро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонанд, дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз кўдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегўянд.

Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус бо мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шахсият» мутааллиқ аст.

Иншо | Диданд: 873 нафар| Ба худ гирифтанд: 683 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (6.3Kb) ]

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фархангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Ҳанӯз аз замонҳои пеш низ дар ҳолати вуҷуд надоштани мактабҳо, мадрасаҳо вуҷуд доштанд, ки аксарияти намояндагони адабиёти классики тоҷик дар онҳо сабақ омӯхтаанд.

Модоме, ки мактабу Мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фархангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта ҳамаро ба некию накукорӣ ва фархангдӯстӣ даъват мекунанд.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб.

Оре, мактаб маъҳази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонаш қадам гузошта, аз он бузург гардндаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯхт.

Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,
Кас чу ҳайвон мешавад гарчӣ бувад соҳибнасаб.

 

Иншо | Диданд: 545 нафар| Ба худ гирифтанд: 784 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.5Kb) ]

Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилагез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту, туро ёд кардам.

Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту розӣ дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил кардӣ. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобӣ кашидӣ, ду ҷуйбори ширатро аз ман дареғ надоштӣ. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат чаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дурӣ дилам шикаста аст мисли намози мусофир.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шакхси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

 

Иншо | Диданд: 440 нафар| Ба худ гирифтанд: 942 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (12.0Kb) ]

Соли 1753- ба сари қудрат омадани оли Манғития.
Солҳои 1753-1758- ҳукумронии Муҳаммадраҳимхон.
Солҳои 1758-1785- ҳукумронии Дониёлбӣ.
Солҳои 1785- 1800- ҳукумронии амир Шоҳмурод.
Солҳои 1800- 1826- ҳукумронии амир Ҳайдар.
Солҳои 1821-1825- шӯриши Хитойқипчоқҳо.
Солҳои 1826- 1860- ҳукумронии амир Насрулло.
Соли 1837 – ислоҳоти амир Насрулло оиди лашкар.
Солҳои 1800- 1810- ҳукумронии Олимхони қӯқандӣ.
Солҳои 1810-1822- ҳукумронии Умархони қӯқандӣ.
Солҳои 1822- 1842- ҳукумронии Муҳаммадалии қӯқандӣ.
Солҳои1841-1845- аз тарафи Бухоро истило шудани Ӯротеппа.
Соли 1847- бунёди қалъаи Раим (Аралск).
Солҳои 1860-1885- ҳукумронии амир Музаффар.
Солҳои 1864- 1865- оғози забткориҳои лашкари рус дар Осиёи Миёна.
Соли 1867- ташкил шудани ҳукумронии генерал- губернаторӣ дар кишвари Туркистон.
Соли 1868- муҳорибаи Зирабулоқ ва шикасти аморати Бухоро.
Соли 1870- ташкилёбии «Экспедитсияи Искандаркӯл».
Соли 1873- имзо шудани шартномаи байни Россия ва хонигарии Қӯқанд.
Солҳои 1885- 1910- ҳукумронии амир Абдулаҳад
Соли 1885- шӯриши ангиштканони конҳои Киштуту Заврон.
Солҳои 1885- 1887- шӯриши Восеъ.
Солҳои 1827- 1897- ҳаёти Аҳмади Дониш.
Соли 1857- сафари якуми Дониш ба Россия.

Иншо | Диданд: 1745 нафар| Ба худ гирифтанд: 1223 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.0Kb) ]

20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти худро эълон дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътроф намуданд.

Аз замони зуўри Истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди давлати худро ба кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувафиқ сохт.

Замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири эҳёи давлат ба дўши ў буд. Ин шахсияти таърихи арзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ҷасорат ва диди фарохи ў баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хеле гарон ва хатарнок буд.

Иншо | Диданд: 723 нафар| Ба худ гирифтанд: 972 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (6.1Kb) ]

Қаҳрамонӣ асрҳо зинда мемонад

9-майи соли 1945 – Рӯзи Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд. Бо гузашти солҳо шукӯҳ ва азамати Ғалабаи Бузург барои халқи советӣ ва мардуми олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин ғалаба мақсадҳои ботили ҳукумрони кулли олам шудани фашистони Германияро барбод дод ва ҳушдорест барои онҳое, ки дар сар хаёли хоми ғулом намудани халқҳоро мепарваранд.

Иншо | Диданд: 312 нафар| Ба худ гирифтанд: 583 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (6.9Kb) ]

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.

Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лахзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5, хоҳ 50, барои ӯ модар – навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.

Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.

Модар-зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд.

Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар онҳо занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.

Ҳамаи касбҳо хубанд, лекин аз ҳамааш ҳам касби омӯзгориро меписандам, зеро дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам.

Омӯзгор! Барои тасвири симои ботинӣ ва зоҳирии соҳиби ин касб қалами ҳеҷ суханвар ва ҳеҷ рассом қудрат надорад, зеро дар чеҳраи омӯзгор хатҳои ноаёне мавҷуданд, ки муҳаббати ӯ нисбат ба касбу хонанда ва Ватан акс ёфтаанд. Омӯзгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошиқи касби хеш буда, маънии ҳаёташ хизмат ба мардум аст. Ӯ шахсест, дилсӯзу меҳрубон ва ҳақиқатгӯву заҳматкаш мебошад.

Иншо | Диданд: 603 нафар| Ба худ гирифтанд: 800 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.6Kb) ]

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
М. Турсунзода

Нон аз шумори он муқаддасотест, ки дар ҳама давру замон инсон ба он ниёз дорад. Агар дақиқтар андеша ронем, ҳастии инсонро бе нон тасаввур кардан нашояд. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад.

Агар назаре ба оинаи таърих андозем, дарҳол хоҳем фаҳмид, ки одамони қадим бо шикори хайвонот рӯз мегузарониданд. Хӯроки асосии онҳо гӯшт буд. Баъдан онҳо оҳиста-оҳиста кишту кори заминро ёд гирифганд. Нахустин чизи ба за¬мин киштаи онҳо дони гандум буд. Аз ҳамон замон то ин рӯз нон барон инсон неъмати азизу бебаҳо боқӣ мондааст. Қадр кардани нон ҳамчун анъанаи писандида аз як аср ба асри дигар мегузарад. Аз қадим одамон нисбати нон эҳтироми махсус дошта, ҳар резаи нонро ба чашм мемолиданд ва намегузоштанд, ки нон хор шавад. Нон рамзи бебаҳотарини неъмати дунё, хушбахтиву комронӣ, муҳаббату садоқат, дар чаридаи олам шабеҳи шоҳбайте сабт гаштааст. Дар он ҷое, ки нон аст, адабу фарҳанг ва санъат низ ба мушоҳида мерасад. Нон зиннати дастархон, қуввату дармони мардум аст. Дар гули таърих ҳазорҳо нафар одамон ба вазъи гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда, «нон»-гӯён ҷон додаанд. Ба ин маънӣ Сайидо гуфгааст:

Муяссар нашуд дидани рӯйи нон,
Басе халқ нон гуфта доданд ҷон.

Халқи тоҷик анъанаҳои фаровони ҳамидаи миллӣ дорад. Масалан, ба зери бистари кӯдак гузоштани нон, меҳмонро бо нону намак пешвоз гирифтан ва ҳангоми сафар нон дар бар доштан ҳар яке рамзи худро дорад.

Хулоса, аввалин чизе, ки ба рӯи хон мегузоранд, нон аст. Оре, нон давлати Худодод ва нерӯи ҷисми инсонист. Бояд зикр намуд, ки муносибати на ҳама одамон бо нон як хел аст, дар ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳое, ки нони муфт мехӯранд, хеҷ гоҳ ба қадри он намерасанду қимати нонро ҳам намедонанд. Бо мақсади расидан ба қадри нон гузаштагони мо бо зӯри ду бозу нон мехӯрданд. Шоир Мушфиқӣ фармудааст:

Мудом, эё нури чашмам, Мушфиқӣ, аҳли вафо мебош,
Хунарро пеша медору ба зӯри хеш мехӯр нон.

Фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳкон вобаста аст. Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнат карини он аз замин гандум мерӯяд. Одамон гандумро орд карда, нонҳои гарму лазиз мепазанд. Носири Хусрав хуррамии оламро маҳсули заҳмати деҳқон донистааст:

Беҳ аз санноӣ олам деҳқон аст,
Ки вахшу тайрро рохатрасон аст.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст.
Аз ӯ гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.

Одатан, қадри ҳар як неъмат дар лахзаи ниёзмандӣ равшан аён мегардад. Ба қавли Лоик:

… То пир нашавем, наҷӯем ҷавонӣ,
То гурусна намонем, надонем, ки нон чист.

Илова бар ин, ҳамин нуқта мусаллам аст, ки ҳар неъмате, ки инсон ба воситаи меҳнати ҳалол дарёфт мекунад, барояш азиз аст. Саодати рӯзгори мо бо нон марбут аст. Ончунон инсон ба нон ниёз дорад, ки ҳангоми гуруснагӣ бо ганҷи зиёд як пора нон мехарад. Бале, барои шахси гурусна нон мисли ганҷи дунёст:

Ташнаро як катра об аз дурри даре беҳтар аст,
Гушнаро як пора нон аз ганҷи дунё беҳтар аст.

Аз ин рӯ, бузургдошти ин неъмати муқаддас вазифаи ҳар як сокини сайёра мебошад, зеро нон шабеҳи хуршеди олами иҷтимоӣ дилу дидаи моро равшан мекунад.

Иншо | Диданд: 572 нафар| Ба худ гирифтанд: 851 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (6.1Kb) ]

Васфи занону модарон дар ашъори М.Турсунзода

Иншо | Диданд: 451 нафар| Ба худ гирифтанд: 551 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (7.2Kb) ]

Аз таъсиси Артиши миллӣ 18 сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад.

 

Иншо | Диданд: 2353 нафар| Ба худ гирифтанд: 861 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.6Kb) ]

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурғи субҳи доноӣ китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фvpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.
Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони кадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, об¬раз ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

Иншо | Диданд: 506 нафар| Ба худ гирифтанд: 654 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (4.7Kb) ]

ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ МО

Шаҳри паймони ман, Душанбе,
Фахри даврони ман, Душанбе.
Пояи ваҳдати тоҷикон,
Дар дилу ҷони ман, Душанбе.

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг, пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.

Иншо | Диданд: 398 нафар| Ба худ гирифтанд: 485 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.1Kb) ]

АДАБ ҲУСНИ ИНСОН ACТ
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хохӣ.

Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хасоили ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфта:

Ман маниҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае хаст:

«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омухтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».

Иншо | Диданд: 634 нафар| Ба худ гирифтанд: 687 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (5.8Kb) ]

МЕҲРИ ВАТАН
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд.
Педагоги машҳур В.А.Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагй», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад.

Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, ба¬рои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Иншо | Диданд: 866 нафар| Ба худ гирифтанд: 779 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (6.8Kb) ]

Одамонро ба тарзи ҳаёти солим бовар
кунондан – асоси саломатии хуб-яке
аз вазифаҳои онҳоест, ки дарди
мардумро кам карданианд.

Ташаккул ва инкишофи ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон

Тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ кардани бемориҳо то соли 1920 вуҷуд надошт. Унсурҳои соддалавҳонаи риояи беҳдошт ҳамчун талаботи одат ва ё маросим ҳисобида шуда, аз насл ба насл дода мешуд. Зарурати иҷрои баъзе талаботи беҳдоштро асосан ягон-ягон намояндагони пешқадами тибби халқӣ-табибҳо, момодояҳо, шикастабандҳо ва монанди инҳо, ки дар асоси таҷрибаи худ оид ба ҳифзи саломатӣ дастуру маслиҳатҳои мувофиқ медоданд, ба мардум мефаҳмонданд.

Асоси мўътамади донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, зарурати ҳифзи саломатӣ дар асарҳои машҳури Абўали ибни Сино «Ал-Қонун» ва «Урҷуза» гузошта шудааст. Усулҳо ва принсипҳои пешгирӣ кардани ҳар гуна бемориҳо, дастурҳо ва маслиҳатҳои оиди маорифи санитарӣ, ки дар ин асарҳо оварда шудаанд, дар муддати асрҳои зиёде дастурамали табибони шарқ ва ғарб буданд, ин асарҳо аввалин сарчашмаҳое мебошанд, ки ниҳоли маорифи санитарӣ аз онҳо шодоб гардидааст. Ба туфайли тавсияҳо ва маслиҳатҳои Абўалӣ ибни Сино мардум зарурати иҷрои талаботи бисёр қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тартиб ва аҳамияти парҳезгориро сарфаҳм рафтанд, инчунин мақом ва аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ, зарари машрубот, зарурати тоза нигоҳ доштани обу ҳаво, фоидаи риояи низоми хоб ва ғайраро мефаҳмиданд. Саҳми Абўалӣ ибни Сино дар ташаккули маорифи санитарӣ калон аст, инчунин нагуфта наметавонем, ки истифодаи бисёр тавсияҳо ва маслиҳатҳои олим дар он замон имконнопазир буд. Зеро ҳамватанони олим, ки аз тарафи аҷнабиён ва ҳакимони маҳалӣ истисмор карда мешуданд, дар бобати амалӣ гардонидани гуфтаҳои Абўалӣ ибни Сино орзу ҳам карда наметавонистанд.

 

Иншо | Диданд: 2272 нафар| Ба худ гирифтанд: 692 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-06-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (112.5Kb) ]

НАШЪАМАНДИ - ВАБОИ АСР

 

Нафсу шайтон мебаранд аз разх туро.

То биандозанд андар чах туро.

 

Фармуда Фаридуддини Аттор. Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз рохи дурусти хаёт гардонда, уро ру ба табохиву заволй меорад.

 

Нашъа низ чун моддаи мадхушкунанда, бадтаъсир ру ба маргу табохиоваранда инсонро ба касодй, носолимй ва беобругй мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрую химмати худу наздиконаш руй гардонда, хастию чонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду качрав, ки ин хусусиятхо инсонро ба нести мерасонанд. Бехуда нагуфтаанд:

 

Ростиро баду бало нарасад,

Марди качрав ба хеч чой нарасад.

Иншо | Диданд: 647 нафар| Ба худ гирифтанд: 676 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 14-05-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (11.8Kb) ]
Имоми Аъзам бузургтарин равшандихдндаи илми фикх, воломакомтарин уммати паёмбар Расули Акрам, рахнамои бузурги дини мубини Ислом буда, дар рушду нумуи дини Ислом чидду чахд намудааст
Иншо | Диданд: 1821 нафар| Ба худ гирифтанд: 1284 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (9.3Kb) ]
Сарконуни Чумхурии Точикистон, ки хамчун санади меьёрню хукукй эьтибори олии хукукй дорад. арзиши олии миллат хисобида мешавад..
Иншо | Диданд: 7949 нафар| Ба худ гирифтанд: 2628 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (9.7Kb) ]
Нашъа низ чун моддаи мадхушкунанда, бадтаъсир ру ба маргу табохиоваранда инсонро ба касодй, носолимй ва беобругй мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрую химмати худу наздиконаш руй гардонда, хастию чонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду качрав, ки ин хусусиятхо инсонро ба нести мерасонанд
Иншо | Диданд: 7427 нафар| Ба худ гирифтанд: 1768 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (11.5Kb) ]
мехмон фардест, ки бо ризоияти Офаридгори бузург ба хони касе падид ояд. Он фардро мебояд бо нармию хушй пазируфт. Расму русуми мехмонию мехмондорй байни мардуми точик аз замонхои кадим идома дорад.
Иншо | Диданд: 1350 нафар| Ба худ гирифтанд: 1147 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (9.5Kb) ]
Тозагй, ки зери ин истилох мафхумхои покй, мухити тоза аз ифлосихо, покии обу дигар сарватхо, покии ашёи рузгор, манзили истикоматй, кудакони ноболигу сару либос ва кулли мавчудоти олами хастй дониста мешавад, ба инсон вобастагй дорад
Иншо | Диданд: 6537 нафар| Ба худ гирифтанд: 1417 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (9.8Kb) ]
Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медихад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботхои рузмарраи хаёт огах гардад
Иншо | Диданд: 13336 нафар| Ба худ гирифтанд: 4338 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (1)


[ Ба худ гирифтан (10.4Kb) ]
Ростию ростгуй ва росткорй фазилатхои хуби инсонианд. Агар инсон дорой ин хислатхои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию сохибиззатии хешро аз даст нахохад дод...
Иншо | Диданд: 3257 нафар| Ба худ гирифтанд: 1174 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (9.4Kb) ]
Мо точикем, точике, ки дар тули солхову асрхо чун як миллати бузургу боифтихор ва кухантаърих то ба имруз арзи хастй дорад. Точике, ки расму русум, оину фарханги гании хешро то ба имруз оварда расонда..
Иншо | Диданд: 1236 нафар| Ба худ гирифтанд: 1342 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (9.8Kb) ]
Сулх мафхумест бузургу пуробураш, ифодакунандаи амният, осоиштагй, озодй, истиклолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат
Иншо | Диданд: 9186 нафар| Ба худ гирифтанд: 2010 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-05-2012 | Эзоҳот (0)

1-50 51-97
Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/