Проблемаи пули Сарез - География <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Якшанбе, 11-12-2016, 18:51:10

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12177
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 16
Меҳмон: 16
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » География [ Илова намудани мавод ]

Проблемаи пули Сарез
13-11-2014, 18:53:56

Проблемаи кули Сарез
Кӯли Сарез яке аз кӯлҳои баландкӯҳ, зебо, ҷавон, чуқуроб ва дар айни ҳол пурасрори нафақат Тоҷикистон, балки дар ҷахон низ мебошад. Нисбати ҳалли асрору муаммоҳҳои ин кӯл олимону муҳаққиқони сершумори соҳаҳои гуногуни илму техника ва дигар он машғул истодаанд. Дар ин раванд мақолаҳои сершумор ва рисолаҳо таълиф шудаанд, нақша, андеша ва мулоҳизаҳо дархостҳои якдигарро таквиятдиҳанда ва дар айни ҳол ба ҳам мухолифу зид зиёданд. Баъзе муҳаққиқон дар андешаанд, ки фуруғалтии кӯҳ боиси пайдоиши заминларзаи Сарез гашта буд, дигарон далелҳое овардаанд, ки заминларза боиси фуруғалтии кӯҳпора ва пайдоиши кӯли Сарез гаштааст. Иддае аз таҳқиқотчиён санадҳое овардаанд, ки садди Сарез мустаҳкам нест ва бо тези вайрон шуда, боиси харобиҳои мудҳиш дар поёнҷраёни Бартангу Панҷ ва Амударё мегадад. Гурӯҳи дигари олимон ба ақидаеанд, ки садди Сарез мустаҳкам буда таҳаввули он муътадил аст ва бе ҳеч ягон фоҷиа идома меёбад.Баъзе аз муаллифону муҳандисон таклифу нақшаҳое пешниҳод намудаанд,ки барои бе хавф шудани кул як қисми обро сар дода,сатҳи оби кӯлро паст фаровадан лозим аст.Дигарон ақидае изҳор намуданд,ки барои бе фоҷиа баромада рафтани оби кул ҳангоми паст фаровардани сатҳи он касе кафолат дода наметавонад.
Дар шаби 5-6 феврал соли 1911 соати 2315 дақиқа аз руи вақти маҳали дар гӯшаи ҷанубу шарқии Руссия такони пурдаҳшати замин рух дод, ки он ҳамагӣ ду дақиқа давом намуд.Аз баски он вақтҳо натанҳо дар Помир, балки дар тамоми Осиёи Миёна ҳам дастгоҳи зилзиласанҷи вуҷуд надошт,аз ин ру эписентр (марказ) ва шиддати (қувваи) заминларзаро саҳеҳ муаян кардан имкон надошт.Фақат субҳи дигар дар рассадхонаи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург маълум гашт,ки дар куҳистони Помири дуродур,ки масофаи рости он ба 3800 км мерасад,заминларзаи сахт ба вуқуъ пайватааст.Ин замиларзаи Сарез буд.
Аввалин маълумоти нопурраро ҳокимони ҳарбии Помир ба губернатори Фарғона 22-марти соли 1911, пас аз 45 рӯзи фоҷиаи бузург расонида буданд.
Як қисми калони кӯҳӣ Музкул, ки аз оҳаксангу варақсанг иборат буд, аз соҳили рости дарёи Мурғоб канда шуда, ба поён фурӯавфтод. Дар натиҷаи ин ҳодиса қишлоқи Усой, ки дар наздикии маҷрои дарё воқеъ шуда буд,ба тамом зери кӯҳ монд, пеши дарёи Мурғоб (Бартанг) баста шуд. Аҳолии деҳаи номбурда молу мулк, хулоса тамоми мавҷудоти зинда ва гайри зинда зери кӯҳ монд. Аз он ки фуруғалти деҳаи Усойро ба коми худ фурӯ бурда буд, онро аз назар пинҳон кард, мибаъд ин фуруғалти ва сарбанди ба амал омада бо номи Усой ва қишлоқи Сарез, ки зери об монда, дар он кӯл пайдо шуд, бо номи Сарез машҳур гашт. Зери таконҳои заминларза ва фуруғалтии кӯҳпора деҳаи Усой нопадид гашт, қишлоқҳои Барчедев, Пасор, Насур, Савноб ва Рухчии вости Оршор зарар диданд, зеро онҳо ба тамом хароб гаштанд. Танҳо дар ин волост 180 нафар одамон, аз ҷумла 45 нафар мардон, 58 нафар занон ва 77 нафар кудакон нобуд шудаанд. Аз Усойиҳо танҳо ду (ё се нафар) яке марди муйсафед ва дигаре писарча, ки як шаб пеш аз ин фоҷиаи бузург ба қишлоқи Сарез рафта буданд, саломат боқи монданд.
Мувофиқи ҳисобу китоби муҳаққиқ И.А. Преображенский чинсҳои фуруғалтида 6 миллиард тонна вазн ё 2 миллиарду 220 метри мукааб ҳаҷм дорад. Ба таври дигар гуем, ҳаҷми чинсҳои фуруғалтида беш аз 2,2 километри мукааб мебошад. Қувваи фуруғалтии кӯҳпора чунон бузург буд, ки пораҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ба масофаи 16 км ва харсангҳои якчанд метри мукааб ҳаҷм дошта ба мософаи 3-4 километр пош хурданд. Аз бузургии фуруғалтии Усой ин рақамҳо гувоҳи медиҳанд: дарозии ҷинсҳои фуруғалтида 1 км, баландии он 780 м паҳноии он дар дар маҷрои дарё беш аз 5 км ва майдони сатҳаш 11,3 км² мерасад. Қисми шимолии банди пайдошуда аз сатҳи баҳр 3365 м,ҷои хамидааш 2272 м ва ҷанубу ғарбии аз ҳама баландаш аз сатҳи баҳр 34-64м баланди дорад.Чунин аст бузургию ҳашамати фуруғалтии Усой.Сатҳи болоии садди Сарез аз пуштаҳои зиёди аз ҳам ҷудо иборат мебошад.Пуштаҳои номбурда 100-150 м ва то 200 м баланди доранд.Харсангҳои зиёде,ки дар сатҳи садд воқеъ гаштаанд,гашту гузори одамонро мушкил мегар-донанд.
То солҳои панҷоҳуми асри XX иддае аз муҳаққион, аз ҷумла В.Н. Вебер, Б.Б.Голытсин, Д.Д.Букинич андешаеро ҷонибдори мекарданд,ки дар натиҷаи фуруғалтии кӯҳ-пораи азим заминларза ба амл омадааст.
И.А. Прображенский,П.П. Чуенко ва чанде дигар олимон аз таҳқиқотҳои худ ба хулосае омада буданд, ки аввало заминларзаи тақрибан нуҳбалла ба амал омад ва он сабаби фуруғалтии кӯҳпора гаштааст.
Ҳисобу китобҳое, ки солҳои охир аз тарафи геофизики шинохта А.Л.Никонов гузаронида шуда буд, ӯро ба хулосае овард, ки аввало заминларзаи сахти нуҳбалла рух дода, сонӣ фурӯғалтии Усой ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамин гунна фурӯ-ғалтию лағжишҳо дар Помир кам ба амал наомадаанд. Фурӯғалтиҳои қадимаи то замони таърихӣ рух дода дар водии дарёҳои Лангар,Кӯҳдара, Танимас, Кокуйбел ва Пишороти Помир мушоҳидашудаанд.
Моҳи октиябри соли 1991 олими маъруфи тоҷик дарсоҳаи илмӣ зилзилашиносӣ, ки шуҳрати ҷаҳони дорад, Собит Неъматуллоев, ҳамроҳи олим Х.Муҳаббатов ва гурӯҳи олмони Москва ба сӯи кӯли Сарез павоз намуда мушоҳида ва тадқиқотгузарониданд. Аз тадқмқотба хулосае омаданд, ки сабаби асосии фурӯғалтии кӯҳпораи Музкӯр ва пайдоиши кӯли Сарез заминларзаи сахти моҳи феврали соли 1911 мебошад.
Қайд кардан лозим аст, ки таҳқиқотчии И.А. Преобреаженский солҳои аввали баъди фурӯғалтии сади Усой атрофии онро омухта буд. Сабаби ин ҳодисаи муд-ҳишро дар он дидааст, ки дар баландиҳои 5500 -5600 м дар камию хамиҳои баландкӯҳи Музкӯ, ки онҳоаз ҷинсҳои варақсанги кремнигӣ ва оҳаксагӣ иборатанд, пиряхҳо ҷой-гиршуда буданд. Оби барфу пиряхҳоазбайни қабатҳои кафида ба поёнтар,ки он ҷо аз мармару гипс иборатанд, гузаштанд, дарнатиҷаи алоқаи байни қабатҳои болоии
мустаҳкам (мармар) ва поёнии ковок (гипс)-ро вайрону ноустуворгардониданд. Аз ҷониби дигар дарёи Мурғоб (Бартанг) зери соҳилҳои рости худро кофта ва шуста будааст. Дар натиҷа, чинсҳои дар боло хобида аз набудани
такягоҳи мустаҳкам зери такони заминларза ба поён фурӯ ғалтиданд. Фурӯғалти натанҳопеши маҷрои дарёи Мурғобро, балки пеши яке аз шохобҳои он Шоҳдараро ҳам баст. Дар натиҷа кӯли хурди Шадакӯл низ пайдо шуд,ки он 0,5 км масоҳат ва 0,2 км об дорад.
Бо ҳамин тариқа маълум мешавад,ки моҳи феврали соли 1911 зери такони пуршиддати заминларза пораи кӯҳи Музкӯл аз самти рости дарёи Мурғоб (Бартанг) канда шуда, дба поении водӣ фурӯ ғалтида деҳаи Усойроба коми беамонии худ фурӯ бурд. Дар ҷои деҳаи Усой ва маҷрои дарёи Мурғоб садди азиме ба амал омад пас аз ин фоҷиаи бузург дар паси садд дар ҷои деҳаи Сарез (деҳаи Сарез аз Усой тақрибан 20 км шарқтар воқеъ буд) ва мавзеъҳои дигар кӯли шуҳратёру овозадори Сарез пайдошуд ванисбати ҳалли муаммою мушкилоти он то ба имрӯз андеша меронанд, ҷутуҷуй мекунад, роҳи ҳалли онҳро меҷуянд.
Мувофиқи маълумоти навтарин,ки онҳоро муҳаққиқон И.Ғ.Тоҳиров ва Г. Д.Купайи (с.1998) пешниҳод намудаанд, соле ба кули Сарез 1506 млн метри мукааб об дохил шуда,тавассути дарёи Бартанг 1504 млн.метри мукааб об баромада меравад,яъне як қисми об сатҳи кӯл буғ ва филтронида мешавад.Шумораи умумии чашмаҳое,ки аз танаи сарбанд баромада,ба дарёи Бартанг ғизо мебахшанд, ба 57 адад мерасанд.
Бино ба маълумоти О.Е.Агаханянс (1989) ва А.М.Никитин (1987) нисбати кули Сарез санадҳои (рақамҳои) зерин дар айнизамон боварибахш ҳисобида мешаванд:
• баландии куҳпораи фуруғалтида аз қаъри кул то сатҳи болояш 567м;
• баландии нуқтаи ағбагӣ аз сатҳи кул 38м;
• баландии миёнаи ҷинсҳои фуруғалтида аз сатҳи оби кул 67м;
• ҳаҷми фуруғалтиаш 2,2 км²;
• дарозии фуруғалтиаш 5 км;
• массаи фуруғалтиаш 6 млрд тонна;
• дарозии кул Сарез 55,8 км;
• баландии мутлақи сатҳи оби кул 3263,14м;
• паҳмии максималии кул 3,3 км;
• паҳмии миёнаи кул 1,44 км;
• чуқурии максималии кул 499,6 м;
• чуқурии миёнаи кул 201,8 м;
• дарозии хатти соҳилҳои кул 161,9 км;
• майдони сатҳи кул 79,64 км²;
• тафовути максималии мавсимии кул 12 м;
• ҳаҷми максималии оби кул 16 ҳазору 74 км мукааб;
• максимуми тобистонаи ҳаҷми об ба 17 км мукааб мерасад.
Аплитудаи солона,яъне каму зиёдшавии сатҳи оби Сарез 6 метр аст.Оби кули Сарез охирҳои моҳи октябр,нимаи авали моҳи январ ях баста,охирҳои моҳи март,нимаи авали моҳи май об мешавад,ғафсии ях ба 53-70 см мерасад. Давраи аз ях озод шудани кӯл ба 242 руз баробар аст.Соли 1938 дар резишгоҳи дарёи Лангар дастгоҳи обуҷавосанчии «Ирхт» сохта шуда буд.
Соли 1928 А.Иванов дар яке аз мақолаҳояш иброз намудабуд, ки оби оз қабати болоии бандбаромадаистода сангпораҳои андозаашон калонро бо овози даҳшатнок ба берун ғелонда мебарорадва мумкин аст садди Сарез вайрон шуда, оқибатҳои нохушро ба миён оварад.
18 январи соли 1929 дар шаҳри Тошкант маҷлиси шӯъбаи Осиёи Миёнагии Ҷамъияти географии Русия шуда гузашт ва он маҷлис дар қарори худ қайд намудааст, ки садди Сарез ноустувор буда, эҳтимоли вайроншавӣ дорад. Баъзеолимондаринсолҳо маълумотеро интишор намуданд буданд, ки қисми зиёди кӯлҳои пайдоиши бандшуда доштаи Осиёи Миёна, шимоли Ҳиндустон ва дигар мамолики ҷаҳон умри дароз надида, дар ниҳояти кор вайрон шуда, боси харобиҳои зиёде гардидаанд.
Воқеан агар садди Сарез вайрон шавад, он бузургтарин харобӣ дар тахрихи инсоният хоҳад шуд. зери ин фоҷиа маҳалҳои сераҳолии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қарақалпоқистон, Афғонистон нобудмешаванд. Роҳи оҳанидарболои Аму сохта шуда, шуста бурда мешавад.
В.В.Акулов ҳатто дар Шӯрои илмии факултаи географияи дорулфунунии Осиёи Миёнагӣ доир ба таҳқиқоти худ нисбати кӯли Сарез баромад карда, бонги хатар зад ва исбот кардани шуд, ки пешгӯии ӯ асоси илмӣ дорад. Вай таъкит кард, ки оиди ин хатар нияти бо таш-килоту муассисаҳои Осиёи Миёна муроҷиат карданро дорад. Дар Шӯрои илмӣ қисми зиёди олимон ақидаи В.В.Акуловро ҷонибдорӣ накарданд.
Агар ин фоҷиаи мудҳиш рух медод, чӣ мешуд? Профессор О.А.Агаханянс ба ин саволҳо чунин ҷавоб додаст:
$ он гоҳ қисми зиёди води Бартанг, Панҷи Миёнаю Поён, қисми Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба харобӣ гирифтор мешуд;
$ ду маркази вилоят, нӯҳ маркази ноҳия ва даҳҳо қишлоқҳо хароб мешуданд;
$ даҳҳо ҷои роҳи автомобилгарди байнишаҳри Душанбе ва Хоруғ шуста мешуданд;
$ 32 фоизи заминҳои аз тарафи инсон корамкардашудаи Бадахшони Кӯҳӣ ва дигар заминҳои дар ду канори Амударё буда, зери хок тӯроб мегаштанд;
$ соҳили зархезу воҳаҳои атрофи дарёи Аму ҳам хароб мегаштанд.
Чунин мешуд манзарае, ки дар хоби шаб дидан ҳам хеледаҳшатовар мебуд. Минтақаи зарарбинанда 52 ҳазор км мураббаъ масоҳатро дар бар мегирад ва дар он 5 млн одамон зиндагӣ мекунанд.

Дараҷа: География
Диданд: 2261 нафар| Ба худ гирифтанд: 0 нафар | Баҳо: 3.5/15
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал