Аҷоиботи илми география қисми 1 - География <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Шанбе, 03-12-2016, 01:05:01

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6199
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 2
Меҳмон: 2
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » География [ Илова намудани мавод ]

Аҷоиботи илми география қисми 1
13-11-2014, 18:44:17

Аҷоиботи илми география қисми 1
1.Дарёи аз ҳама дарозтарини ҷаҳон. Дарозтарин дарё дар ҷаҳон дарёи нил мебошад. Дарозии дарёи Нил 6671 км-ро ташкил медиҳад, вале баъди таъсиси обанбори Насер дар болотари сарбанди Асуан дарозии он кутоҳтар гардид. Агар эстуарии Пара-ро, аз ҳама сарчашмаи дурдаст ҳисоб кунем, дарозии дарё такрибан ба 6750 км. мерасад.
2.Вулқони баландтарини амалкунандадар ҷаҳон. Охос-дел-Саладо дар сархади Чили ва Аргентина вулкони аз хама баландтарин дар чахон мебошад. Баландии он 6887 м. ташкил медихад.
3.Кратери вулқони калонтарин дар ҷаҳон. Дорои кратери бузургтаринро вулкони Тоба дар шимоли кисми марказии Суматраи Индонезия мебошад ва масохати он ба 1775 км. мерасад. Ин вулкони хомушшуда аст, охирин маротиба 75 000 сол пеш хуруч кардааст.
4.Вулқони бузургтарини амалкунанда дар ҷаҳон. Мауна-Лоа, Гавайхо,ИМА, дорои 120 км. дарози ва 50 км. масохат аст, махлули оташангезаш дар чазира масохати беш аз 5125 км2 ташкил медихад. Аз соли 1843 у аз хисоби миёна як бор дар 3,6 сол хуруч кардааст. Вале аз соли 1984 хомуш аст.
5.Кӯҳӣ балантарин дар ҷаҳон. Мауна-Кеа («Кухи Сафед») дар Гавайхо (ИМА)-баландтарин дар чахон мебошад. Аз пояи он дар тахи укёнуси Ором то куллааш-10 250 м. аст. Гап дар сари он аст, ки 6000 м. хамиши у дар таги об аст ва танхо 4205 дар баланди аз сатхи бахр аст. Умуман у аз Эверест 1357 м. баландтар аст.
6.Қуллаи балантарини кӯҳӣ дар ҷаҳон. Кухи Эверест, баландкухи шарки дар шарки Химолой мебошад ва баландии 8848-ро доро аст ва нуктаи баландтарин дар чахон мебошад. Номи худро Эверест ба шарафи генерал сэр Чорч Эверест (1790-1866 с.) гирифтааст, генерал-губернатори Хиндустон дар солхои 1830-1843.
7.Порчаи кӯҳнатарини Замин. Кристали хурдтарини сирконий аз хама кухнатарин порчаи замин, ки то ба имруз ёфт шудааст мебошад. Солшумори он аз 4,3 то 4,4 млрд. мерасад, ин порчаи хурдакак 100 млн. сол аз хамаи бозёфтхо кухнатар мебошад.
8.Калонтарин дарёи хушкшудаистода дар ҷаҳон. Солхои 1997 ва 1998 Хуанхэ, дуюмин аз чихати дарози дарёи Хитой, хар сол дар давоми 140 руз ба пурраги дар поёнобхояш хушк мешуд, дар натича хочагихои растани камбудии обро эхсос намуда чамъоварии он зери хавф монда буд. Сабаби он дар боришоти кам аз хисоби миёна, истифодаи зиёди об барои обёри ва талаботи ахолии, ки шумораи он хар лахза меафзояд.
9.Калонтарин кӯли зерях дар ҷаҳон. Кули Шарқ дар Антарктида соли 1994 бо роҳи анализи радиолокатсионии қитъаи яхи кушода шуда буд. Дар чукурии 4 км. дар зери сипари яхии антарктикии шарқи рустшуда, аз ҳама куҳансолтарин ва тозатарин кул дар Ҷаҳон ба шумор меравад, дар давоми 500 000 сол тамоман аз олам канор гирифта шудааст. Масохати 14 000 м2 ва чукурии 100 м. доро мебошад.
10.Калонтарин ҳалқаҳои дуд дар ҷаҳон. Вулкони амалкунандаи Этна дар Ситсилия аз хама баландтарин ва амалкунандатарин дар Аврупо мебошад. Дар натичаи протсесси мураккаби физики халкахои дуди диаметрашон 200 м. пайдо шуданд, ки то 10 дакика нобуд намешуданд., то дами ба баландии кариб 1000 м. аз сарчашмаи оташихрочи вулкон баромадан.
11.Чуқуртарин доманакӯҳ дар ҷаҳон.Доманаи дарёи Ярлун-Тсангбо дар Осиё, ки аз Тибет то Бангладеш пахн шудааст, чукурии аз хисоби миёна 5000 м., ва дар чои аз хама чукураш 5382 м. мебошад, ки 3 маротиба аз Канёни Калон чукуртар аст.
12.Пиряхи тезтарин дар ҷаҳон.Бо дарозии 54 км.. масохати 4,8 км. ва бо баландии 910 м. дар якчанд чойхо пиряхи Колумбия, ки дар байни Анкоридж ва Балдиз дар Аляска, ИМА чойгир шудааст бо шиддати аз хисоби миёна 35 м. дар як руз пеш рафтааст. Дар 20 соли охир у шиддати худро ду баробар зиёд намудааст.
13.Хунукии яхин. Пиряхҳо 11% сайёраро ташкил медиҳанд ва асосан дар Антарктида ва Гренландия ҷойгир шудаанд. Онхо аз барфу ях ташкил ёфта, масохати 16 млн.км2 ишгол мекунанд. Пиряххо бузург мебошанд, онхо яххои хеле зиёдро дар бар мегиранд, чунки дар он чо биришоти барф аз обшавии он шиддатноктар аст. Аз хама пиряхи бузургтарин пиряхи Ламберт мебошад, ки дар худуди Антарктидаи австралияги чойгир шудааст. Масохати пиряхи Ламберт 64 км кВ-ро ташкил медихад, дарозиаш 700 км., яъне зиёдтар аз масохати штати Флорида мебошад.
33.Кули Балхаш калонтарин кули Қазоқистони маркази аст.Аз ҷиҳати бузурги чорумин кули Осиёи Миёна буда,дар қисми шарқии Қазоқистон ҷойгир шудааст.Балхаш кули сарбаста аст.Дар хамии васеи Балхашу Алокул дар баландии 340 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.Масоҳаташ 17-22 ҳазор км²,дарозиаш 605 км,бараш дар қисми шарқи 9-19 км, дар қисми ғарби то 74 км,чуқуриаш 26 м,ҳачми массаи об 112 км², масоҳати ҳавзааш 501 ҳазор км² мебошад.
34.Ҳимолой ва Ҷомолунгма. Маънои «Ҳимолой» макони барф мебошад. Ҳимолой бузургтарин ва балантарин системаи кӯҳии рӯи замин аст. Дар байни Осиёи Баланд ва Ҷанубӣ ҷогир шуда, кӯҳсори Тибетро азпастии Ҳинду Ганг ҷудо мекунад. Дар ҳудуди Ҳиндустон, Хитой, Непалу Покистон, дар байни кӯҳ-сори Тибет (дар шимол) ва ҳамвории Ҳинду Ганг (дар ҷануб) воқеъ гаштааст. Тӯлаш зиёда аз 2400 км, бараш 180-350 км, масоҳаташ қариб 650 ҳаз, км . Баландиаш ба ҳисоби миёна 6000 м, 11 қулла дорад, ки баландии ҳар як кадом аз 8000 м зиётар аст. Қулаи Ҷомолунгма 8848 м мебошад.
35.Ҷомолунгма. Эверест ва Сагарматха низ мегуянд. Балантарин қуллаи рӯйи замин, ки дар кӯҳҳои Ҳимолой байни сарҳади Непалу Хитой воқеъ гаштааст. Баландиаш 8848 м аст. Кӯҳи Ҷомолунгма аз гнейсу гранитҳои токембриӣ ва аз 7000 м болотараш аз оҳаксангу варақсангҳои кристалли эраи мезозой таркиб ёфтааст. Шаклаш пирамидамонанд аст. Аз баландии 5000м то сари қулла нишебиҳо бо пиряхҳо (Рангбук, Кумбу ва ҳоказо) пӯшида шудаанд. Қулаи Ҷомолунгмаро аввалинбор 29 май соли 1953 аъзоёни экипедитсияи англис бо роҳбари Ҷон Хант кӯҳнавардон Тенсинг (аз Непал) ва Эдмунд Хиллари (аз Зеландияи Нав) фатҳ кардаанд.
36.Черапунҷа – шаҳрак дар шимоли – шарқии Ҳипдустон, дар штати Ассам, дар платои Шиллонг, дар баландии 1300 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Мавзеъи сербориштарин дар рӯйи замин маҳсуб мешавад. Миқдори боришоти солона, ба ҳисоби миёна 12000 мм. Дар қисми ғарбии Черапунҷа исгоҳи метеорологии Маусирам амал мекунад, ки дар ин ҷо дар як сол то 13.5 000 мм боришот ба қайд гирифта шудааст.
37.Тавсифи умумӣ Осиёи Миёна. Осиёи Миёна вохиди мустакили табии - географӣ хисобида шуда, доир ба сархадхои табии-географии ин сарзамин фикру акидахои мухталиф то хол вучуд доранд. Дар худуди ин нохияи табии-географӣ 4 чумхурихои ИДМ: Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қиргизистон ва як кисми Қазоқистон: Устюрт, Қизилкум, куххои Тиёншони Ғарбӣ ва Шимолӣ мансубанд.
Дар адабиётхои географи мафхуми Осиёи Миёна пас аз соли 1924 ба миён омад. То соли 1924 Осиёи Миёнаро Туркистон меномиданд.
38.Помири Ғарбӣ. Сарзамини баландкӯх аст. Масохаташ 61,1 хазор км кВ мебошад. Сатхи он аз каторкуххои азим ва водихои чукури начандон васеи кухи иборат аст. Қисми шимоли ғарбии зернохияро шаркии каторкуххои Пётри Як, Дарвоз ва Ванч ишғол намудаанд. Дар шарк ин каторкуххо ба каторкухи Академияи Илмхо пайваст мешаванд. Каторкухи Академияи Илмхо аз шимол (води дарёи Муғсу), ба самти чануб (каторкухи Язғулом), Ба таври меридионали кашол ёфтааст. Чанубтар аз каторкухи Язғулом каторкуххои Рушон, Шуғнон, Шохдара ва Вахон кашол ёфтаанд. Каторкӯҳҳои Помири Ғарби аз 5500 то 7495м (куллаи Исмоили Сомони) баланди доранд. Дар он ҷое, ки дарёи Ғунд ба дарёи Панч мерезад, шахри Хоруғ ҷойгир аст.
39.Помири Шарқӣ суфакӯх аст. Барои он водихои васеъ ва фурухамидаи зераш хамвор хос аст. Онхо то 3700-4500м баланд шудаанд. Фурухамидахо ва водихо бо тахшинхои пиряхии давраи кадим пур шудаанд, ки ба релефи Помири Шаркӣ хусусияти хос мебахшад. Дар канори водихо ва фурухамидахо кӯҳҳо ва каторкӯҳҳо баланд шудаанд. Сатхи куххо гунбазшакл буда, нишебихои моил дорад. Барои баъзеи он куллахои тез ва нишебихои ростфуромада хос аст. Музкул аз кабили чунин каторкуххост. Куллаи баландтарини он 6233м аст. Иклими Помири Шарки бенихоят хунук аст.
40.Пиряхҳои Осиёи Миёна. Дар минтакаи Осиёи Миёна пиряххои зиёде мавчуданд. Агар масохати умумии пиряххои Осиёи Миёна 17-18 хазор км²-ро ташкил дихад, 60%-и он ба каламрави Точикистон рост меояд. Онхо дар каторкуххои Точикистон бештар дар баландихои 3400-5240м пахн гадидаанд. Аз ин баландихо хати барфи мегузарад. Хангоми харакати пиряххо забонаи онхо аз хати барфи поён мефарояд. Дар натича онхо аз гармии хаво об шуда, ғизогирии даёхоро дар фасли тобистон таъмин менамоянд.
41.Кӯлҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Шумораи кӯлҳои ИДМ беш аз 2,8 млн аст. Масо-ҳати умумии онҳо (ғаёр аз Каспӣ ва Арал) 490 ҳазор км мебо-шад. Ҳаҷмиоби тамоми кӯлҳо 27,2 ҳазор км аст. Миқдори зиёди кӯлҳо дар қисми шимолу ғарбии ИДМ ҷойгиранд. Кӯл-ҳои Лагода,Онега,Балхаш,Байкал кӯлҳои калонтарини дунё ба шумормераванд. Иссиқкӯл,Севан,Телес,Қарокул,Сарез калон-тарин кӯлҳои кӯҳи мебошанд
42.Пиряхҳои Тоҷикистон. Миқдори умумии пиряхҳо дар кишвари мо бо масоҳати умумии яхбастагӣ 11 146 км буда, қариб 6%-и тамоми масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Пирях захираи бузурги оби ширин аст. Пирях ва барфи кӯҳҳои баланди Помир ва Ҳисор барои хоҷагии халқи мамлакатамон аҳамияти калони иқтисоди дорад, зеро онҳо ба аксар дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ғизо мебахшанд. Минтақаи аз ҳама бузурги пиряхҳои Тоҷикистон (60%) ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ мансубанд. Маҷмӯи захираи ях дар пиряхҳо тақрибан 845 км мебошад.
43.Қуллаи Монблан дар сарҳади Фаронса,Италия ва Швейтсария ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4807 м қуллаи баландтарин дар кӯҳҳои Алп ва дар тамоми Аврупои Ғарбист. Пиряхҳои ниҳоят зиёд дорад,баъзеи онҳо то 15 км дарозӣ доранд. Маркази алпинизм дар Аврупост. Тунел байни роҳи автомобилгади Фаронса ва Италия амал мекунад,ки 11,6 км дарозӣ дорад. Алексей Павлоич Федченко 15.09.1873 дар пиряхи қуллаи Монблан ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст.
44.Пиряхи Зарафшон калонтарин пирях дар ҳавзаи дарёи Зарафшон маҳсуб меёбад. Омӯзиши пирях аз соли 1870 оғоз ёфта то ба имрӯз давом дорад. Ин пирях 27,8 км дарозӣ ва бо шохаҳояш 132,6 км2 масоҳат дорад. Пирях 200м ғафсӣ ва 1,5 -3 км пахнӣ дорад. Забонаи пирях аз сатҳи баҳр дар баландии 2810 м воқест. Мушоҳидаҳои бисёр сола ба он далолат мекунанд, ки пирях дар ҳолати таназул қарор дорад. То ба имрӯз доир ба унсурҳои мувозинаи оби пиряхи Зарафшон маълумоти саҳеҳ нест., вале муссалам аст, ки пирях ҳар сол андозаи масоҳат ва ғавсии худро талаф дода истодааст.
45.Дарёҳои Авруосиё. Қаламрави Авруосиё аз системаи дарёҳо ниҳоят бой аст. Миқдори умумии дарёҳо дар Авруосиё 2 млн 963 398 адад, дарозии умумии онҳо 9 млн 647ҳ 864 км мебошанд. Ҳамаи дарёҳо барои рушди хоҷагии халқи Авруосиё аҳамияти калон доранд. Барои киштигарди ва интиқоли чуб, электроэенргия, обёри заминҳои кишт, таъминоти аҳолӣ бо об, шикори моҳи ба роҳ монда мешаванд. Ҳаёти дарёҳо ба режими иқлим ва хусусиятҳои релеф пайвастагӣ доранд, аз ин лиҳоз онҳо нобаробар тақсим шудаанд.

58.Хоҷагии халқ чист? Хоҷагии халқ маҷмӯи соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро ташкил менамояд.
59.Мавқеи географӣ чист? Мавқеи географӣ ин ҷойгиршавии ин ва ё он маҳал ва қаламрав нисбат ба ҷойгиршавии дигар маҳал ва қаламрав мебошад.
60.Ҳудуд чист? Ҳудуд фазоест, ки қаламравӣ як мамлакатро аз дигар мамлакатҳо дар асоси шартнома ҷудо мекунад.
61.Вақти маҳалӣ чист? Ҳама нуқтаҳое, ки даврзании Замин дар атрофии меҳвари худ дар як меридиан воқеъ гардидаанд вақти якхелаи шабонарӯзиро ҳосил мекунанд вақти маҳалӣ меноманд.
62.Вақти минтақавӣ чист? Барои муқарар намудани вақти минтақавӣ сатҳи Заминро мувофиқи меридиан ба 24-минтақаи соати (тӯли ҳар як минтақа ба ҳисоби миёна 150) ҷудо намудаанд. Минтақаи соатиеро ки аз байни он меридиани 00 (Гринвич) мегузарад, ба ҳайси як минтақаи ибтидои қабул намудаанд, ки аз рӯи он вақти дигар минтақаҳоро ҳисоб менамоянд. Дар ин сурат вақти як минтақа аз минтақаи ҳамсоя як соат фарқ мекунад.
62.Вақти декретӣ чист? Барои пуратар истифода намудани равшании рӯз ва сарфаи қувваи барқ дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон аз соли 1930 инҷониб вақти декретӣ қабул карда шудааст. Мувофиқи он дар қаламравӣ Тоҷикистон вақти минтақавӣ як соат пеш карда шудааст.
63.Тақсимоти маъмури чист? Тақсимоти қаламравӣ мамлакат ба воҳидҳои хурди маъмурӣ: вилояти худмухтор, вилояти маъмури, ноҳияи маъмурӣ, шӯрои маҳалӣ, ки дар Сарқонуни ҷумҳурӣ пешбини карда шудааст.
64.Топография чист? Топография аз калимаи юнонӣ гирифта шудааст: топос-ҷой ва графо- менависам. Як соҳаи геодезия ки ба чен кардан ба нақша ва ё харита гирифтани сатҳи Замин машғул мебошад.
65.Проексия чист? Проексия аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънои ба пеш партофтанро дорад. Дар картография нақшаи геометрии ягон чиз дар сатҳ ва аксест, ки дар экран (парда) бо ёрии асбобҳои оптикӣ акс ёфтааст.
66.Таҳриф чист? Таҳриф хато ва вайроншавӣ мебошад.
67.Шабакаи картографӣ чист? Шабакаи картографӣ икси географии меридиан ва паралеллҳо дар сатҳи ҳамвор мебошад. Ҳангоми сохтани харитаи географӣ шабакаи географиро ҳамчун заминаи ҷойгир намудани акси картографӣ истифода мебаранд.
68.Бергштрих чист? Бергштих дар харита бо хатҳои кӯтоҳ ишора намудани самти нишебии маҳал мебошад.
69.Профил чист? Профил нақшае, ки буриши кундалангии маҳалро нишон медиҳад. Он аз ҷое гузаронида мешавад, ки хусусиятҳои хоси ҳодиса ва объектҳоро муайян менамояд.
70.Вақти геологӣ чист? Вақти геологӣ маҷмӯи ҷинсҳои кӯҳиро дар назар дорад, ки дар вақти муайян ҳосил шудаанд. Сину сол ва пайдар ҳам дар сатҳи Замин хоб рафтани ҷинсҳои кӯҳиро ифода менамояд.
71.Тафта (магма) чист? Тафта хамираи гудохтае, ки дар мантияи боло ҳосил мешавад ва тавассути шикаста ва танураи вулқонҳо ҳаракат карда ба сатҳи Замин ҷорӣ мешавад. Ҳангомӣ хунук шудан ба ҷинси кӯҳии магматикӣ табдил меёбад.
72.Гудоза (лава) чист? Гудоза хамираи гудохтае, ки дар вақти оташфишонии вулқон ҳаракт карда ба сатҳи Замин ҷорӣ мешавад. Аз тафта бо он фарқ мекунад.
73.Литосфера чист? Литосфера калимаи аз юнонӣ гирифта шуда маънояш «литос»-санг- «сфера»-кура мебошад. Вай қабати болоии кураи Заамин мебошад.
74.Геосинклинал чист? Геосинклинал аз калимаи юнонӣ гирифта шуда гео- замин ва синклинал манъшавӣ мебошад. Минтақаи ба дарозӣ кашолёфта ва босуръат фурӯравандаи қишри Замин ки дар муҳити оби баҳр қабати ғафси таҳшинҳо ва ҷиснҳои вулқонӣ ҳосил шудаанд.
75.Платформа чист? Платформа калимаи фаронсавӣ буда, аз плат-ҳамвор ва фроме- шакл ташаккул ёфтааст. Платформа бар хилофи геосинклинал қисми бузурги нисбатан устувори қишри Замин мебошад. Дар ин ҷо вулқон ва заминҷунбӣ рух намедиҳад.
76.Ландшафт чист? Ландшафт калимаи олмонӣ (немси) буда, манзара ва намуди умумии зоҳирии маҳалро ифода менамояд. Мисол, минтақаи биёбон, дашт, беша ва ғайра.
77.Тектоника чист? Тектоника калимаи юнонӣ буда, маънояш маҳорати бинокорӣ аст. Он як шохаи илмӣ гелогия буда, сохти қишри Замин, мароми ҳаракат, тағйирот ва дигар ҳодисаҳои онро меомӯзад.
78.Харитаи тектоникӣ чист? Харитаи тектоникӣ таърихи ҳаракатҳои тектоникӣ ва сохти қишри Заминро инъикос менамояд.
79.Харитаи геологӣ чист? Харитаи геологӣ сохти геологии маҳалро меомӯзад. Дар он ҷинсҳои кӯҳии таҳшонӣ, магматикӣ аз нигоҳи синнусол, пайдоиш ва таркиб инъикос ёфтаанд.
80.Ҷинcҳои кӯҳии интрузивӣ чист? Ҷинсҳои қуҳии интрузивӣ ҷинси магматикие, ки дар натиҷаи дар чуқурии қишри Замин оҳиста- оҳиста хунук шудани магма ҳосил шудаанд.

Омӯзгори фанни география, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
Назиров Маҳмадсаид.

Дараҷа: География
Диданд: 3620 нафар| Ба худ гирифтанд: 0 нафар | Баҳо: 3.3/15
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал