60 саволу чавоб аз фанни география - География <!--if(Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ)-->- Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ<!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Панҷшанбе, 08-12-2016, 14:50:44

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Агроэкология [1]
Анатомия [3]
Ботаника [3]
География [7]
Забон ва Адабиёт [26]
Забони хориҷӣ [1]
Зоология [0]
Иншо [97]
Информатика [24]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои оид ба Информатика дахлдор ҷамъоварӣ карда шудаанд....
Мақолаҳо [2]
Маркетинг [1]
Математика [3]
Менеҷмент [1]
Назарияи иктисод [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [3]
Психология [2]
Сиёсатшиноси [0]
Таърихи умуми [0]
Таърихи халқи тоҷик [4]
Фалсафа [1]
Физика [0]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [0]
Ҳуқуқи молиявиӣ [1]
Экология [2]
Одобнома [2]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12136
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 12
Меҳмон: 12
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ » География [ Илова намудани мавод ]

60 саволу чавоб аз фанни география
[ Ба худ гирифтан (11.9Kb) ] 11-06-2015, 07:26:23

1.География чист?
География калимаи юнонӣ («гео» -Замин, «графо» -менависам) буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад. Вай аз илмҳои бо ҳам алоқаманди табиӣ -географияи табиӣ ва ҷамъиятии географияи иқтисодию иҷимоӣ иборат аст.

2.Географияи табиӣ чист?
Географияи табиӣ қонунияти сохт ва таркиби сатҳи Замин, қабатҳои поёнии атмосфера, гидросфера, хок, олами наботот ва ҳайвоноти сатҳи Заминро меомӯзад.

3.Географияи иқтисодӣ чист?
Географияи иқтисоди аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, ҷойгиршавии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, шароит, хусусиятҳои соҳаҳои алоҳида ва инкишофи онҳоро дар миқёси ҷаҳон ва мамлакатҳои алоҳида меомӯзад.

4.Дар ҷаҳон зиёда аз чанд давлат (мамлакат) мебошад?
Алҳол дар кураи Замин (дунё, ҷаҳон) зиёда аз 230 давлат мебошад, ки калонтарин давлат дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат Федератсияи Россия мебошад, ки масоҳаташ 17,1 млн км2 аст.

5.Қитъаи олам чист?
Материк ё як қисми материкро бо ҷазираҳои ҳамшафаташ қитъаи олам меноманд. Дар кураи Замин 6-то қитъа ҷойгир шудааст.
1.Осиё масоҳаташ 44 млн км2
2.Амрико масоҳаташ 42 млн км2
3.Африқо масоҳаташ 30,3 млн км2
4.Антарктида масоҳаташ 14 млн км2
5.Аврупо масоҳаташ 10 млн км2
6.Австралия масоҳаташ 7 млн км2

6. Материк чист?
Қитъаи калони хушкие, ки чор тарафашро об иҳота кардааст материк меноманд. Дар ҷаҳон 6-то материк мебошад. Номи материк Масоҳат млн (км²) Чанд% хушки Аҳолӣ Чанд% аҳолӣ
1. Авруосиё 54% 26,1 4 947 млн. н 71%
2. Африқо 30, 3 20,4% 1 022 234 000 15%
3. Амрикои Шимолӣ 24, 4 16,5% 542 056 000 8%
4. Амрикои Ҷанубӣ 18 12,0% 392 555 000 6%
5. Антарктида 14 9.2% - -
6. Австралия 9 5.9% 29 127 000 0,4%

7.Уқёнуси ҷаҳонӣ чист?
Тамоми обҳое, ки дар сайёраи Замин ҷойгиранд уқёнуси ҷаҳонӣ меноманд. Масоҳати уқёнуси ҷаҳонӣ 361 млн км2 буда 94% -и оби кураи Заминро ишғол кардааст. Уқёнуси ҷаҳониро ба чор уқёнуси дигар ҷудо мекунанд:
1. Уқёнуси Ором масоҳаташ 180 млн км2, миқдори обаш 710,36 млн км3
2. Уқёнуси Аталантика масоҳаташ 95 млн км2, миқдори обаш 329,66 млн км3
3. Уқёнуси Ҳинд масоҳаташ 75 млн км2, миқдори обаш 282,65 млн км3
4. Укёнуси Яхбастаи Шимолӣ 13,1 млн км2, миқдори обаш 18,07 млн км3

8. Халқият чист?
Одамоне, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунанд, бо як забон ҳарф мезананд ва маданияти умумӣ доранд, гурӯҳи устувори ташаккулёфтаи таърихиро ташкил мекунанд халқият ё миллат номида мешавад.

9. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳаз км2 буда 93% -ро кӯҳҳо ва 7% -ро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Қариб 50% -и масоҳати ҶТ дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр (Балтика) ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ мебошад, ки 7495 метр баландӣ дорад.

10. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон?
Дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км зиёд мебошад шумораашон ба-947 то мерасад. Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон 28 500 км мебошад. Яке аз дарёи дарозтарин ва серобтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ буда, 921 км дарозӣ масоҳати обғундориаш (ҳавзааш) 114 ҳазор км2 мебошад.

11. Нуқтаҳои канории Тоҷикистонро номбар кунед?
1. Аз тарафи Шимол қаторкӯҳи Қурама
2. Аз тарафи Ҷануб соҳили дарёи Панҷ
3. Аз тарфи Ғарб қатокӯҳи Зарафшон
4. Аз тарафи Шарқ қаторкӯҳи Сарикӯл

12. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чи қадар аст?
Аҳолии Ҷумҳирии Тоҷикистон зиёда аз 8 млн нафар мебошад.

13. Қӯллаи баландтарини ҷаҳон чӣ ном дорад ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
Қуллаи балантарини ҷаҳон номаш Ҷомолунгма (Эверест) баландиаш 8848 м. дар кӯҳҳои Ҳимлолой (Непал ва Хитой) ҷойгир шудааст.

14. Ҷои пасттарини ҷаҳон аз сатҳи баҳр куҷост ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
Ҷои пасттарини ҷаҳон аз сатҳи баҳр баҳри Мурда мебошад аз сатҳи баҳр -405 метр паст мебошад, дар сарҳади давлатҳои (Фаластин, Исроил, Иордания) ҷойгир шудааст.

15. Ҳамвории калонтарини ҷаҳон?
Ҳамвории калонтарини ҷаҳон Сибири Ғарбӣ буда, масоҳаташ қариб 3 млн км2 мебошад дар Россия ҷойгир шудааст.

16. Биёбони калонтарини ҷаҳон?
Биёбони калонтарини ҷаҳон Саҳрои Кабир (Сахара) мебошад масоҳаташ 8,6 млн км2, дар мамлакатҳои (Алҷазоир, Ливия, Миср, Судон, Мали, Тунис, Нигер, Марокаш) ҷойгир шудааст.

17. Кадом баҳрҳои рангаро медонед?
Дар кураи Замин чор баҳри ранга мебошад.
1. Баҳри Сафед масоҳаташ 90 ҳазор км2, чуқуриаш 340 метр мебошад.
2. Баҳри Сиёҳ масоҳаташ 422 ҳазор км2, чуқуриаш 2210 метр мебошад.
3. Баҳри Сурх масоҳаташ 450 ҳазор км2, чуқуриаш 3040 метр мебошад.
4. Баҳри Зард масоҳаташ 416 ҳазор км2, чуқуриаш 106 метр мебошад.

18. Баҳри калонтарини ҷаҳон?
Баҳри калонтарин дар ҷаҳон баҳри Филиппин буда, масоҳаташ 5 млн 726 ҳазор км2, чуқуриаш 10265 метр мебошад.

19.Халиҷи калонтарини ҷаҳон?
Халиҷи калонтарини ҷаҳон Бангола (Ҳиндустон) буда, масоҳаташ 2,1 млн км2 мебошад.

20. Гулугоҳи калонтарини Ҷаҳон?
Гулугоҳи калонтарини ҷаҳон гулугоҳи Дрейк (Амрикои Ҷанубӣ ва Антарктида) мебошад, ки паҳмиаш 900 км мебошад.

21. Гулугоҳи дарозтарини ҷаҳон?
Гулугоҳи дарозтарини ҷаҳон гулугоҳи Малакко (Малайзия, Индонезия) буда, дарозиаш 805 км мебошад.

22. Кӯли чуқуртарини ҷаҳон?
Кӯли чуқуртарини ҷаҳон кӯли Байкал (Россия) мебошад, маоҳаташ 31 722 км2, чуқуриаш 1620 метр миқдори обаш 23 млн 615 ҳазор км3 буда дар Россия ҷойгир шудааст.

23. Ҷазира чист?
Пораи хурди хушкие, ки чор тарафашро об иҳота кардааст ҷазира ном дорад. Ҷазираи калонтарин дар Ҷаҳон Гренландия буда, масоҳаташ 2,1 млн км2 мебошад.

24. Нимҷазира чист?
Пораи хушкие, ки се тарафашро об иҳота кардааст нимҷазира ном дорад. Нимҷазираи калонтарин дар ҷаҳон нимҷазираи Арабистон буда, масоҳаташ 3 млн км2 мебошад.

25.Масоҳати Тоҷикистон ба чанд баробар аст?
Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳаор км мураббаъро ташкил медиҳад.

26.Миқёс чист?
Хурд карда нишон додани маҳалро дар рӯи қоғаз миқёс меноманд. Миқёс се намуд мешавад: ададӣ, хаттӣ ва номӣ.

27.Уфуқ чист?
Хатти ростеро, ки зоҳиран аз осмон ба Замин омада мерасад уфуқ меноманд. Уфуқ чор тараф дорад: Шимол, Ҷануб, Ғарб ва Шарқ.

28.Глобус чист?
Модели курашаклии Заминро глобус меноманд. Аввалин бор глобусро олими немис дар асри XVI (16) Мартим Бехайм ихтироъ кардааст.

29.Масоҳати кураи Замин чӣ қадар аст?
Масоҳати кураи Замин 510 млн км2 буда, аз ин миқдор 361 млн км2 -ро об ва 149 млн км2-ро хушки ташкил медиҳад. Агар инро мо ба фоиз (%) 71% гардонем -ро об ва 29% -ро хушкӣ ташкил медиҳад.

30.Геосфера чист?
Геосфера аз калимаи юнонӣ гео- «замин» сфера- «кура» мебошад. Геосфера аз қабатҳои зерин иборат аст: атмосфера, биосфера, гидросфера, литосфера, мантия ва ядро.

31.Гейзер чист?
Гейзер аз калимаи испанӣ гирифта шуда, маънояш «фавора задан» мебошад. Гейзери калонтарин дар ҷахон Векликан дар нимҷазираи Камчатка ҷойгир буда баландиаш 50 метр мебошад.

32.Релеф чист?
Ноҳамвориҳои сатҳи Заминро релеф меноманд. Релеф аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, маънояш «ноҳамвор» мебошад.

33.Кӯҳ чист?
Барҷастагии хушкие, ки баландиаш аз 200 метр зиёд буда, дорои қулла, нишебӣ, ва доманаҳо аст, кӯҳ номида мешавад.

34.Кӯл чист?
Чуқурии табииеро, ки дар он миқдори зиёди об ҷамъ шудааст, кӯл меноманд. Кӯли калонтарин дар ҷаҳон кӯли Каспий (Хазар) буда, масоҳаташ 396 ҳазор км2 мебошад.

35.Атмосфера чист?
Атмосфера (калимаи юнони буда «атмос» -буғ, газ «сфера» -курра мебошад) табақаи ҳавоест, ки Заминро иҳота кардааст.

36.Бод чист?
Ҳаракати уфуқии ҳаворо бод меноманд.

37.Иқлим чист?
Режими бисёрсолаи обу ҳавое, ки ба ягон маҳал хос аст иқлим ном дорад.

38.Тоҷикистон аз тарафи шимол бо кадом давлат дар масофаи чанд километр ҳамасарҳад аст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Шимол бо Қирғизистон ба масофаи 630 км ҳамсарҳад мебошад.

39.Чанд фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд?
93-фоизи масоҳати Ҷумҳурии Тоҷкистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд.

40.Тоҷикистон аз ҷиҳати маъмурию сиёсӣ чӣ гунна тақсим шудааст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати маъмурию сиёсӣ ба ду вилоят як вилояти худмухтор ва ноҳияҳои тобеи ҷуҳурӣ тақсим мешавад.

41.Баландии мутлақи Тоҷикистон кадом баландиҳоро дар бар бар мегирад?
Баландии мутлақи Тоҷикистон аз 300 то 7495 метрро дарбар мегирад.

42.Воддии Зарафшонро кадом қаторкӯҳҳо иҳота кардаанд?
Водии Зарафшонро қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон иҳота кардаанд.

43. Води Фарғонаи Тоҷикистонро кадом қаторкуҳҳо ҷудо мекунад?
Водии Фарғонаи Тоҷикистон қаторкӯҳҳои Туркистону Қурама ҷудо мекунанд.

44.Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар кадом қаторкӯҳ ҷойгир аст ва чӣ қадар баландӣ дорад?
Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар қаторкӯҳи Академияи Илмҳо ҷойгир шудааст, баландиаш 7495 метр мебошад.

45. Нуқтаи хунуктарини Тоҷикистон кадом аст?
Нуқтаи хунуктарини Тоҷикистон Помири Шарқӣ (Булункӯл) моҳи январ -51 С мебошад.

46. ​​Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон кадом аст?
Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон ноҳияи Шаҳритус деҳаи (Айваҷ) моҳи июл +48 С мебошад.

47. Нуқтаи сербориштарини Тоҷикистон?
Нуқтаи сербориштарини Тоҷикистон қисми ғарбии қаторкуҳҳои Ҳисор деҳаи (Гускеф) дар як сол аз 1600 то 1800 мм бориш мешвад.

48. Чанд фоизи масоҳати ҷумҳурӣ дар баландии 3000 м воқеъ гаштааст?
50-фоизи масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 3000 метр воқеъ гаштааст.

49. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи чанд км тул кашидааст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи 750 км тӯл кашидааст.

50. Дар Тоҷикистон чанд минтақаи табииро ҷудо мекунанд?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-минтақаи табииро ҷудо мекунанд.
1. Тоҷикистони Шимолӣ (вилояти Суғд)
2. Зарафшон (н. Айни, Зафаробод ва Панҷакент)
3. Тоҷикистони Ҷанубӣ-ғарбӣ (вилояти Хатлон як қисмати НТМ)
4. Қаротегин-Дарвоз (Ноҳияҳои тобеи марказ)
5. Помир (ВМК Бадахшон)

51. Ҷои камбориштарини Тоҷикистон кадом қисм аст?
Ҷои камбориштарини Тоҷикистон Помири Шарқӣ мебошад, ки дар як сол аз 50 то 70 мм бориш мешавад.

52. Дар Тоҷикистон зиёда аз чанд қаторкӯҳ ҷойгир шудааст?
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 қаторкӯҳ ҷойгир шудааст, ки дарозтарини онҳо қаторқӯҳи Зарафшон буда, дарозиаш 250 км мебошад.

53. Дарёи дарозтарини Тоҷикистон?
Дарёи дарозтарин ва калонтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ буда, дарозиаш 921 км масоҳати ҳавзааш 114 ҳазор км мураббаъ мебошад.

54. Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба чанд ҳавза таалуқ доранд?
Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба се ҳавза таалуқ доранд:
1. Ҳавзаи Амӯ
2. Ҳавзаи Сир
3. Ҳавзаи Зарафшон

55. Ноҳияи маъмурии калонтарини Тоҷикистон кадом аст?
Ноҳияи маъмурии калонтарини Тоҷикистон ноҳияи Мурғоб мебошад, ки масоҳаташ 38 ҳазору 500 км мураббаъро ташкил медиҳад.

56. Нуқтаи пастарини Тоҷикистон кадом аст?
Нуқтаи пастарини Тоҷикистон Депрессияи тоҷик (Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ) аз сатҳи баҳр (Балтика) 300 метр баланд мебошад.

57. Дарозии сарҳади Тоҷикистон чи қадар аст?
Дарозии сарҳади Тоҷикистон ба 3000 км мерасад.

58.Баҳрҳо.
Қисми оби уқёнус, ки дорои хосиятҳои химиявию физикӣ ба худ хос буда, аз ин ҷиҳат аз обҳои ҳамсоя то андозае фарқ мекунад, баҳр номида мешавад.Мувофиқи тақсимоти олим Шокалский баҳрҳо канорӣ, дохилӣ ва байни ҷазиравӣ мешаванд.

Баҳрҳои канорӣ дар материкҳо ҷойгир буда тунукобанд (то 200 м). Ба онҳо мисол мешаванд баҳрҳои ҳавзаи Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ.

Баҳрҳои дохилӣ дар навбати худ боз ду хел мешаванд - дохилӣ -. Материкӣ ва байни материкӣ
Дохили материкӣ баҳрҳоеанд, ки дар дохили материк чуқур ҷойгир шуда, асосан то 2430 метр. чуқурӣ доранд. Масалан, баҳри Сиёҳ.

Баҳрҳои байни материкӣ дар байни ду материк ҷойгиранд. Онҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд ва одатан аз 2430 м. чуқуртаранд, яъне ҳавзаи онҳо асоси уқёнусҳоро бурида мегузарад. Мисоли ин баҳр баҳри Миёназамин мебошад.

Баҳрҳои байни ҷазиравӣ дар байни ҷазираҳо ҷойгиранд. Мисол баҳри Фиджи, баҳрҳои байниҷазиравии Зонду Филиппин. Мувофиқи маълумотҳои олимон дар ҷаҳон 67 баҳр мавҷуд мебошад. Масоҳати умумии баҳрҳо ба 18% масоҳати уқёнус баробар буда, ҳаҷми оби баҳрҳо 10% -и ҳаҷми оби уқёнусро ташкил мекунад.

Баҳри Мармар (Туркия) хурдтарин баҳр дар ҷаҳон буда, масоҳаташ 12 000 км2, дарозиаш 280 км, паҳмиаш 80 км, чуқуриаш 1389 метр буда, ҳаҷми оби баҳри Мурда 4000 м3 мебошад. Баҳр дар натиҷаи шикастани қабатҳои қишри замин пайдо шуда, қитъаи Осиё, Аврупо ва Африқоро аз ҳам ҷудо мекунад. Баҳр дар байни роҳи рафтуомади баҳри Сиёҳ ва баҳри Миёназамин ҷойгир аст.

Баҳри Азов чуқуриаш 8 метр дар баъзе ҷойҳо то 15 мет мебошад. Масоҳати баҳри Азов 39 000 км2 буда, ҳаҷми обаш 320 км3 мебошад. Дар тобистон сатҳи об + 25 + 28С соҳилаш то 31С гарм мешавад.

Баҳри Мурда баҳри аз ҳама шӯртарин дар Ҷаҳон мебошад, ки шурии он аз дигар баҳрҳо 8-9 маротиба зиёд аст. Шурии миёнаи баҳри Мурда 270 промилле буда, дар баъзе солҳо то 310 промилле мерасад. Ин маънои онро дорад, ки дар як литр оби баҳри Мурда 270-310 грамм намак мавҷуд аст. Ҳавзаи баҳр маҳдуд буда, ягон дарё ҷорӣ намешавад ва ё ягон дарё ба хушкӣ намебарояд. Дарозии баҳр 76 км, паҳмиаш 4,5 км то 17, масоҳати баҳр 1050 км2, чуқуриаш дар қисми шимол то 356 метр ва дар қисми ҷанубиаш 4-5 метр мебошад.

Баҳри Сурх гармтарин баҳр дар ҷаҳон мебошад, ҳарорати миёнаи он дар моҳи феврал +18 С аст, дар шимол + 25 + 26,50С, дар ҷануб мебошад. Сатҳи об дар тобистон то ба + 32С ва соҳилҳояш то ба + 36С мерасад. Дарозии баҳри Сурх 1932 км буда, паҳмии он 305 км, ҳаҷми би баҳр 251 000 км3 мебошад.

Баҳри Сибири Шарқӣ ва Бофорт хунуктарин баҳр дар ҷаҳон мебошанд ва дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ҷойгир шудаанд.

. 59. Халиҷҳо
Халиҷҳо - қисми уқёнуси ҷаҳонианд, ки ба воситаи тарҳи соҳилҳо аз уқёнус ҷудо шуда, аз ҷиҳати хосиятҳои физикию химиявиаш аз оби уқёнус фарқ намекунанд. Халиҷҳои калонтарини уқёнуси ҷаҳонӣ Бангола Бискай, Гвинея Мексика Гудзон ва дигарҳоянд.

. 60. Гулӯгоҳҳо
Гулӯгоҳҳо - тасмаи тунуки обианд, ки қисми уқёнусро ба ҳам пайваста, ду қисми хушкиро аз ҳам ҷудо мекунанд. Гулўгоҳи аз ҳама васеъ (900 км) ва чуқурӣ (5248 м.) Уқёнус гулўгоҳи Дрейк буда, гулўгоҳи аз ҳама дароз Мозамбик (1670 км) мебошад.

Дараҷа: География | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон
Диданд: 3141 нафар| Ба худ гирифтанд: 1363 нафар | Баҳо: 3.0/22
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал