Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 30-04-2017, 23:31:00
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Барномаҳо [4]
Китобҳо [8]
дар ин дараҷа танҳо китобҳо ҷойгир карда мешаванд...
Файлҳои ошиқона [3]
Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ [196]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои бо забони Тоҷикӣ буда ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Мини-чат
 
50
Наш опрос
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6427
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 13
Меҳмон: 13
Истифодабаранда: 0
Главная » Файлы » Китобҳо [ Добавить материал ]

В категории материалов: 8
Показано материалов: 1-8
Страницы:

Сортировать по: Сана · Ном · Баҳо · Эзоҳот · Ба худ гирифташуда · Дидиор

[ Ба худ гирифтан (171.5Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (869 kb) ]
АЗ МУАЛЛИФ
Гузашти умр, кашидаҳои тақдири инсонӣ ҳамаро бо мурури замон ҷо ба ҷои худ мегузорад. Агар чанде, ки аз овони хурдӣ ва навҷавониям, ки дар ноҳияи меҳмондӯсту офтобии Ҳисор паси сар кардаам, хело ва хело завқи мутолиаи китоб аз ҷумла хондани шеъру ашъори шоиронро доштам, ягон лаҳза дар гӯшаи хотиротам навиштану эъҷод кардан набуд. Амри тақдир, гирдбоди печони зиндагӣ маро ҳам ба гирдаш печониду дарди дил маҷбурам кард, даме ки офтобам аз қиём бигзашта буд ва солам ба ҷое расида, қалам ба даст бигрифта он сӯзҳои ҷонгудозе, ки дар худ замони зиёде панаҳ мекардам рӯи қоғаз оварам. Ҳамин васила ман шоир шудам. Агар чанде шеърҳои эъҷод кардаам дараҷаи баландро соҳиб нашуда бошад ҳам, умедворам ҳар яки ӯ хонандаи худро меёбад.
Шаб агар чанд дароз аст ба анҷом ояд,
Аз паси ӯ шафақи субҳи сабоҳ меояд.
Шаҳриёр, хаста машав рафта яке боз нагашт,
Ноумедӣ равад айёми сафо меояд.

То ҷое, ки медонам навмедиву яъс абадулумр одамиро таъқиб накардааст. Ба сони шабҳои тор, агар чанд тӯлонист хоҳу нохоҳ субҳ медамаду бо худ равшанӣ меорад. Он навиштаҳо, ки аз нӯги қалами банда баромад, дарди дили ман, ҳаёти ман, тақдири ман ва шахсоне, ки бо ман ҳамқисматанд, мебошад.
Айёми кӯдаки, наврасӣ ва ҷавонӣ он қадар айёми тезгузар будааст, ки кас худ бе хабар ин даврро паси сар мекунад. Ҳар гоҳе як бор истода ба гузашта назар кунем шикасту рехти аз сар гузарондаро ба тарозуи ақл бар кашем, аз гузаштаи худ панд гирем, шояд дар оянда қадами худро дониста мемондем ва хатоҳои кардаро такрор наменамудем. Ислоҳи хатои дар зиндагӣ карда худ низ як фарри ҷавонмардист.
Боқи ҳамаро ба қазовати Шумо хонандагони азизам ҳавола мекунам.

Шаҳриёр
Китобҳо | Диданд: 425 нафар| Ба худ гирифтанд: 756 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-01-2015 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (39.5Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (3.64 mb) ]
Интизор мачмуи шеърхо аз шоир бо алкоби "Шахриёр" дар васфи модар, Ватан, хачвия, насихат...
Китобҳо | Диданд: 1063 нафар| Ба худ гирифтанд: 1415 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 27-12-2013 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (50.3Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (1.64 mb) ]
Дунёи хаёлот мачмуи шеърхо дар васфи модар, Ватан, хачвия, насихат...
Китобҳо | Диданд: 1222 нафар| Ба худ гирифтанд: 1052 | Илова намуд: | Сана: 27-12-2013 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (40.0Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (233 кб) ]

Китобчаи кӯчаке ки ҳамакнун дар даст доред, гарчи аз ҷиҳати киммият ва теъдоди сафаҳот камҳаҷму кӯчак аст, аммо ба ҳақ, аз ҷиҳати кайфият ва муҳтаво ва баёни мавзӯи мавриди назар, яъне равиши бархӯрд ва тарбияти фарзандон рисолае беназир аст ва бе иғроқ метавон гуфт, ки нависандаи муҳтарам тавониста, мафоҳим ва усули асосӣ ва бунёди тарбияти диниро дар он бисёр зебо ва ширин ҷой диҳад. Ва мутарҷими муҳтарами саракор хонум Нуриннисо Муллозода низ ба далели ошноӣ комил ва амалӣ бо тарбияти фарзандони хеш бар асоси меҳварҳои динӣ ба хубӣ аз ӯҳдаи бозгардондани рисола аз забони арабӣ ба форсӣ баромада аст. Банда пас аз мутолиаи дақиқи китобча ва виростории он, мутолиаи он ва амалӣ намудан, муҳтавоёти онро ба ҳамаи хонаводаҳои мусулмон таъкид менамоем ва аз онҷое ки ҳадафи ҳамаи мо ислоҳи ҷомеаи исломист, бояд бидонем, ки бидуни ислоҳи хонавода ва фарзандон, ҳеҷ гоҳ ҷомеъа ислоҳ намешавад ва танҳо роҳи наҷот тарбият ва ислоҳи фарзандон ва хонавода аст. Бо сипос аз Ҳарамайн, ки саъй дар ҷиҳати чоп ва нашри китобҳои динӣ ва фарҳангӣ ва тарбиятӣ доранд ва дар ин роҳ содиқона талош менамоянд.

Китобҳо | Диданд: 1587 нафар| Ба худ гирифтанд: 1321 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (687.8Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (2.63 МБ) ]
 
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрўзии мост,
Ватан хушномию фирўзии мост.
 
Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи "майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
 
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрўзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
Китобҳо | Диданд: 2995 нафар| Ба худ гирифтанд: 1837 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (2.89Mb) ]
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.
Китобҳо | Диданд: 1434 нафар| Ба худ гирифтанд: 742 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (85.0Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (507 kb) ]

Сарсухан

Оила- ин тӯҳфа аз ҷониби Худост, ки ба одамизод баъд аз офариниши олам ба одам дода шуд. Ин аввалин чизе, ки Худо ба одам тӯҳфа кард.

Пеш аз он, ки Худо калисоро офарад, Ӯ оиларо офарид. Одатан одамон фикр мекунанд, ки калисо, тиҷорат ё кор мавқеъи аввалинро дар ҳаёт ишғол мекунанд, лекин он вақте, ки тиҷорат, калисо ва хушиҳои ҳаёт мавҷуд набуд оила вуҷуд дошт. Баъзеҳо чунин фикр мекунанд: Аввал бо ҳаёт ҳаловат мебарам баъд оиладор мешавам. Аммо агар Худо чунин фикр мекард, ки аввал бояд аз ҳаёт ҳаловат барем ва баъд оиладор шавем. ОИЛАРО ДАР АВВАЛ БА ВУҶУД НАМЕОВАРД. Вақте, ки Худо оиларо офарид, як ҳақиқатро медонист, ки одам дар оила бояд ҳама беҳбудиҳои ҳаётро чашад. Танҳо дар оила одам ҳаловати ҳақикиро аз сар мегузаронад.
Китобҳо | Диданд: 1121 нафар| Ба худ гирифтанд: 1332 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 25-05-2012 | Эзоҳот (0)


[ Ба худ гирифтан (1.29Mb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (6.06 Мб) ]
Китоби Тоҷикони Бобоҷон Гафуров ба пуррагӣ
Китобҳо | Диданд: 1245 нафар| Ба худ гирифтанд: 1018 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-04-2012 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/