Бӯсанома - Файлҳои ошиқона <!--if()-->- <!--endif--> - Файлҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Ҷумъа, 09-12-2016, 16:33:38

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Барномаҳо [4]
Китобҳо [8]
дар ин дараҷа танҳо китобҳо ҷойгир карда мешаванд...
Файлҳои ошиқона [3]
Рефератҳо ба забони Тоҷикӣ [196]
Дар ин ҷо танҳо рефератҳои бо забони Тоҷикӣ буда ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12151
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 7
Меҳмон: 7
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Файлҳо » Файлҳои ошиқона [ Илова намудани мавод ]

Бӯсанома
[ Ба худ гирифтан (123.5Kb) · Гирифтани мавод дар формати PDF (230 kb) ] 08-12-2011, 17:04:15

Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову “барфӣ” аз Шумо.
Зарра-зарра барф меборад сафед,
Бӯсаҳое аз ту ман дорам умед.
Бӯсаи ман нест оддӣ, эй нигор,
Бӯсаи “Абдулҳай”-и онро шумор.
Сар кунам аввал зи дастонат, парӣ,
Лек онро дар ҳисобаш машмарӣ.
Нӯги ангуштат бибӯсам як ба як,
Мегазам онро, шунав, оҳистаҳак.
Аз баногӯшу зи рухсори ту ман,
Мекунам оғоз, эй симинбадан.
Пас ду сад бӯса занам аз ҳар ду рӯ,
Аз ду рухсори ту, рухсори накӯ.
Аз баногӯшат дучандон бештар,
Чорсад, яъне аз он, эй бехабар.
Пас гузар созам ҷабину зулфи ту,
То ҳазораш мерасонам мӯ ба мӯ.
Чун зи абрӯят, камонабрӯ, вале,
Бӯсаҳо мекунам махсус, бале.
Мебибӯсам бо ҳуранҳои дигар,
Аз миёни ҳар ду абрӯи қамар.
Чун камонабрӯ лақаб додам туро,
Ҷуз ту дилдоре намедонам, буто.
Эй зи мижгону зи абрӯи камон,
Панҷсад бӯсе дигар танҳо бидон.
Ончунон бӯсам зи мижгони синон,
Бехабар монад аз он чашмони ту, ҷон.
Бӯсаҳо бар чашму мижгони синон,
Сахт-сахту гарму нарм аз ман ситон.
Як ҳазору панҷсад шуд бӯсаҳо,
То ба инҷо, лек ин ҳам ибтидо.
Оқибат навбат ба чашмонат расид,
Чашми дил чашмони ҷодуи ту дид.
Чашми шӯхат чашмаи илҳоми ман,
Як нигоҳат пухта созад хоми ман.
Чашми чашматро шавам садқа, эй нигор,
Дар зимистон з-он расад бӯи баҳор.
Масти чашмони ту гаштам, эй аҷаб,
Норасида пардаи чашмат ба лаб.
Бе шароб акнун кунам мастӣ, буто,
Баски мастона назар кардӣ маро.
Бӯса мехоҳам зи чашмат даҳ ҳазор,
Даҳ ҳазору даҳ ҳазору даҳ ҳазор.
Чун нагӯям чашмат ойинаи роз?
Рози дилро менамоям соз, соз.
Боз ҳам бӯсае зи чашмонат бидеҳ,
Чун закоти чашми мастонат мадеҳ.
Бӯса деҳ аз чашму рухсори базеб,
Бӯса деҳ аз ҳар нигоҳи дилфиреб.
Бӯсаи чашмат балогардони туст,
Аз бало эмин бидорад, они туст.
Рӯшании чашми сар, чашми дилам,
Шамъи ҷонам бош андар манзилам.
Ваҳ чи хуш навбат расид акнун ба лаб,
Сад ҳазорон бӯса дорам аз он талаб.
Ҳар суханҳое, ки орӣ ту ба лаб,
Ҷуз давое нест андар тобу таб.
Кош бошам чун Сулаймонат ба дом,
Лаб ба лаб бигзорамат, Билқис, мудом.
Он қадар хоҳам бӯсидан лабат,
То ба рӯз ояд шаби ҳиҷрон, шабат.
Аз қадим будӣ барои ҷони мард,
Аз лаби зан бӯсаҳо доруи дард.
То ки гардам сарфарозу бениёз,
Мебибӯсам ман лабонат боз, боз.
Мекунам бӯсе зи дандону зи лаб,
То ту ҳам з-он маст гардӣ булаҷаб.
Эй лаобнат чашмаи оби ҳаёт,
В-эй лабонат шаҳтуту қанду набот.
Аз миёну аз бару кунҷи лабат,
Ҳамчунон бӯсам, ки гӯӣ: марҳамат!
Боз мебӯсам лабонат боз, боз,
Ғамбарору ғамгусору ғамгудоз.
Баъди лаб бӯсам зи дандони садаф,
О садои чангу бо овози даф.
Гар бибӯсам ман зи дандони садаф,
Бартараф созам ғами дил, бартараф.
Мебиҷӯям аз лабу дандони ту,
Оби умр аз чашмаи ҳайвони ту.
Вақти бӯсидан зи дандонат, бихаз,
Аз лабонам оҳистаҳак, оҳиста газ.
Баъд аз он хоҳам бӯсидан аз забон,
Аз забонат, аз забонат, аз забон.
Чун нагӯям аз забонат бӯса деҳ,
Беҳтарини бӯсаҳо ин бӯса деҳ.
Аз забонат бӯса деҳ, ширинзабон,
То шавад ширин забонам з-он забон.
Ончунон бӯсам забонат бо адаб,
Боадаб ман маст гардам, булаҷаб.
Бӯса хоҳам аз забонат, сарви ноз,
Бӯсаҳои рӯҳбахшу ҷоннавоз.
Аз забонат мебиӯсам сад ҳазор,
Сад ҳазору сад ҳазору сад ҳазор.
Аз лабону аз забону аз даҳон,
Бӯсаҳо бахш маро, ороми ҷон.
Бӯса хуш-хуш ном бошад дар забон,
Бӯса ширин мекунад кому даҳон.
Бӯса пур месозадат кому даҳон,
Бӯса созад дур ғамҳои ҷаҳон.
Мебихоҳам пур бисозӣ коми ман,
Дур созӣ ҳам ғамам, эй гулбадан.
Лунҷи рӯятро бибӯсам сахттар,
Ҳам бисозам сурхтар, эй бехабар.
Вақти бӯса, шармгин рӯи ту, ёр,
Бинаму аз худ равам беихтиёр.
Бар забону бар даҳони ман лазиз,
Лунҷи рӯю кунҷи лабҳои ту низ.
Зери лаб дорӣ занахдони базеб,
Эй занахдонат намояд дилфиреб.
Аз баёзи гардану чоҳи манаҳ,
Бӯса фармо гаҳ аёну гаҳ панаҳ.
Аз занахдонат навад бори дигар,
Сабр кун, оҳиста онро мешумар.
Бӯса аз чоҳи занахдонат бидеҳ,
Бас ҳаловат медиҳад онат, бидеҳ.
Чун баён созам зи холат шаммае,
Холи хубу холи фолат шаммае.
Холи хубат ҳоли ошиқро нишон,
З-ин сабаб бӯсе зи холат ҳол дон.
Чун бузургон холро андар ҳисоб,
Менамуданд васфҳо андар китоб.
Мебибӯсам холи зебои туро,
Офарад файзу футӯҳ, нуру сахо.
Эй зи ҳар холат бибӯсам ман ҷудо,
З-он закоти ҳусн деҳ охир, буто.
Ин ҳама дар назди хоҳишҳои ман,
Ҷуз ба як қатра мадон, ширинсухан.
Тахтапуштатро бибӯсам ман агар,
Тоза мегардад хуморам аз дигар.
Чун ба навбат меравам поёнтаре,
Мешавам бехуд аз он шоёнтаре.
Шукрилиллаҳ навбати сина расид,
З-ин навиде, нест зеботар навид.
Сахт хоҳам бӯсаҳо аз синаҳо,
Лаззати он лаззати беинтиҳо.
Сад ҳазорӣ аз ду сина кун ҳисоб,
Се баробар аз миёнаш беҳисоб.
Мебибӯсам аввал аз нӯгаш, азиз,
Лаззаташ бошад зи лаззатҳо лазиз.
Ҳам зи атрофу зи акнофаш басе,
Мебибӯсам, эй маро додам расе.
Ин фақат дар ибтидо, на интиҳо,
Бо умедибозгашт бар синаҳо.
Як ваҷаб поёнтараш бӯсам агар,
Бегумон сӯи адам афтад назар.
Аз миёни нуқтаи ҷону танат,
Чун бибӯсам, худ бифармо, марҳамат!
Бӯсаборон мекунам нофи туро,
Бӯса резам боз зи атрофиҳо.
Аз миёну аз назокатҳои он,
Ончунон бӯсам ки монад ҷовидон.
Аз миён боло бибахшад ҷон агар,
Мекушад дар як замон ҷои дигар.
Мекунам кӯтаҳ сухан ин ҷо, шунав,
Гар ба хоб афтодаӣ, бедор шав!
Хонаро дар боз кун рӯям, нигор,
Хонаи ман хонаи дил мешумор.
Бӯсаи ман фарқ дорад, эй бидон,
Аз тамоми бӯсаҳо аъло бидон.
Сад ҳазорон бӯса созам Саъдивор,
Он ба як бӯсе мусовӣ мешумор.
Бо Есенин чун тақозо мекунӣ,
Мекунӣ саҳву хатоҳо мекунӣ.
Бӯсаи Саъдӣ, Есенин назди ман,
Нест ғайр аз як-ду, эй симинзақан.
Бӯсаи Ҳиндӣ ва ҳам Чинӣ ба ман,
Бас хуш ояд, лек не ташнашикан.
Алғараз, бишнав муҳиби ман, зи ман,
Раҳм кун, ҳастӣ табиби хушсухан.
Мебибӯсам аз сарат то нӯги по,
Як ба як , симинбадан, нозукадо.
Аз куҷоят ман набӯсидам, буто,
Худ бигӯ, он ҷо бирезам бӯсаҳо!
Баски дар чашмони ту дидам басе,
Нури махсус, эй маро ёдам расе.
Бо хаёле ҳар шабе сӯят давам,
Бо қадамҳои равон, бе по равам.
Нӯҳсаду панҷоҳ ҳазору бисту як,
Аз дигар ҷоҳо бибӯсам як ба як.
Панҷсаду сӣ аз сару нӯҳи дигар,
Гар бибахшӣ аз кафи по боҳунар.
Бар ду миллиону саду панҷоҳ расид,
То ба ин ҷо бӯсаи ман бо умед.
Лек ин ҳам интиҳо машмор ҳеҷ,
Интиҳо дур аст аз печумапеч.
Интиҳояшро шуморидан мушкил аст,
З-он сабаб мақсад биҷӯ, он ҳосил аст.
Бӯсаборон ғарқ созам, эй шафиқ,
Худ нахоҳи орзуи ноғариқ.
Бӯсаро бояд зи Абдулҳай бидид,
То бисозӣ фарқ ҳар диду шунид.
Бӯсаи аслӣ зи Абдулҳай бубин,
То бигӯӣ худ, ки: “асли бӯса ин!”
Кун тафовут бӯсаро аз бӯсаҳо,
Нест ҳар хушбӯие мушки Хито.
Ман нагуфтам бар абас мавқеи худ,
Эй зи Саъдӣ, ҳам Есенин чунин набуд.
Шуд муайян бӯсаи ман гармтар,
Аз тамоми бӯсаҳо ҳам нармтар.
Алғараз, аз нӯги по то фарқи сар,
Боз хоҳам бӯсаҳое аз дигар.
Ноумеде нест андар рӯи хок,
Аз умеди раҳмати Яздони пок.
Гашта муштоқи ҷамолат ман, ҳабиб,
Нест ғайр аз чашми ту бар ман табиб.
Гар намои раҳму созӣ ту савоб,
Бар мани бечора ҳам зору хароб.
То қиёмат хидматат созам адо,
Ҳам ғуломат мешавам рӯзи ҷазо.
Дарди ишқат синаам вайрона кард,
Чашми ҷодуят зи худ бегона кард.
Шафқате дорӣ агар, эй бевафо,
Номаи манро ҷавобе ту намо.
Бо каломат розиам, аммо шунав,
Ҳар каломе нест бар ошиқ гарав.
Ишқ бошад, ишқ, ғайри ишқ нест!
Дар ду олам ғайри ишқе сидқ нест!
Эй муҳиби ҷони ман, ҷонон биё!
В-эй табиби дарди бедармон, биё!
Аз фироқат чашми дил гирён шавад,
Бо висолат рӯи дил хандон шавад.
Худ бигӯям ман шумори бӯсаам,
То бисозӣ дарк бори синаам.
Бар ту ҳам осон намоям ман шумор,
Сахт агар хоҳи шуморидан, шумор.
Эй зи сар то пою аз по то ба сар,
Бӯсаборон мекунам ман ин қадар.
Ин қадар хоҳам бибӯсидан туро,
Он қадар ситораҳо дар само.

Дараҷа: Файлҳои ошиқона | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Пайвандҳо: Шеърҳои ошиқи
Диданд: 2294 нафар| Ба худ гирифтанд: 3447 нафар | Баҳо: 4.0/18
Нравится
Ҳамагӣ эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерози Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пӯлод Икроми Пулод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал