Ҷаҳони Ошиқон - Савр - Зан
Ошиқони Тоҷикистон Сешанбе, 28-03-2017, 17:00:07
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Видео [2]
Мусиқӣ [4]
Табрикот [3]
Хабарҳои навтарин [5]
Суратхо [0]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12511
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 11
Меҳмон: 11
Истифодабаранда: 0
Савр

ЗАН-САВР

Зӯҳра ба ҷинси латифи зодаи ин бурҷ латофату малоҳати зиёде ато кардааст. Он чи ки барои мард-Ҳамал заифӣ ба шумор меравад, дар ин ҷо сурати зебоиро мегирад. Ин занҳо ба ҳама чизи зебо, ба гул либос ва кадбонуӣ ҳавас ва таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Чунин хонумҳо балои ҷони қиссаҳои  хушдоронашон мебошанд.

Зан-Савр зани волост. Ӯ намаки зиндагист, маҷмӯъи ҳама сифатҳои беҳтарини заминиест, ки мард меҷӯяд, вале кам пайдо мекунад. Одатан хеле орому батамкин аст, вале агар хашмаш бигирад, ҳар гуна мардро мерамонад. Вале чунин ҳол хеле кам, дар сурати кофӣ будани асос рух медиҳад. Ӯ одамонро чи гуна ки бошанд, ҳамон гуна қабул мекунад ва мардон ин лаёқаташро хеле қадр мекунанд. Вай бо шахсони гуногун худро як хел ва озод ҳис мекунад. Агар касе ба вай маъқул нашавад, ӯро наранҷонда, канора меҷӯяд. Зан-Савр нисбати душманони худ тамоман бепарвост, вале ба дӯстонаш ҳамеша содиқ аст. Фаромӯш накунед, ки аз шумо ҳам ҳамин чизро интизор аст. Аммо рашкро ба тариқи ба худ хос зоҳир менамояд. Дар тафовут аз Асад ва Ҳамал Савр-зан агар шумо дар ҳузураш дар бораи кадом зане бо ифтихор сухан ронед, аз хашм сурх намешавад. Ӯро афкори мавҳум ба худ ҷалб намекунад. Фикри солими воқеӣ барояш муҳим аст. Ҳарчанд Савр ба аломатҳои маънавӣ дохил намешавад, дар сари ин зан фикру андеша батартибу муназзам ва ҳадафаш равшану  мустақим аст. Ӯ бояд аз ҳар шуғли амале, ки иҷро мекунад, кайфият бубарад. Табиаташ нисбати ҳама чиз хуб ва баробар инкишоф ёфтааст. Ошпазхонаи ӯ домест барои мардҳо. Дар арзёбии ҳунар ҳам истеъдод дорад. Дар гулдони ӯ гулҳои хушкшуда ё сунъиро намебинед. Бӯи хушро зуд дарк мекунад.

Ин чизро дар ёд доред ва пас аз ришгирӣ аз атриёт  хушбӯ истифода намоед. Кам воқеъ мешавад, ки зан-Савр деҳаро дӯст надорад, замин ӯро ба сӯи худ ҷалб мекунад. Ин зан зани хеле пурқувват аст. Бисёр серталаб нест. Ростӣ ва кушодагиаш ба мардум маъқул аст. Хуш надорад, ки ба ҳарфаш эътироз кунанд, хоса дар назди дигарон.

Модар будан ба ӯ бисёр мезебад. Аз кӯдаконаш бисёр серталаб аст. Бачаҳояш боодобанд, гапношунавӣ ва беинтизомиро бад мебинад. Ба кӯдаконаш на чун модар, балки ҳамчун дуст муносибат мекунад. Одати шиква надорад, дар мушкилот, асосан мушкилоти молиявӣ такягоҳи шавҳар аст. Танбал нест, лекин бояд баъзан истироҳат кунад. Ба дард ва нохушиҳои эҳсосӣ тобовариаш қобили таҳсин аст.

Зан-Савр метавонад ба ҳама маъқул шавад. Бисёр меҳмон-дӯст аст. Ӯ дар ҳақиқат зани бузург аст.




Ҳамал        Мард          Зан         Якҷоя

Савр          Мард          Зан         Якҷоя

Ҷавзо        Мард           Зан          Якҷоя

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Март 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/