Ҷаҳони Ошиқон - Ҳамал - Зан
Ошиқони Тоҷикистон Панҷшанбе, 23-03-2017, 11:22:14
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Видео [2]
Мусиқӣ [4]
Табрикот [3]
Хабарҳои навтарин [5]
Суратхо [0]
Наш опрос
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6410
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 5
Меҳмон: 5
Истифодабаранда: 0
Ҳамал

Зан - Ҳамал

Шумо ба зан-Ҳамал ошиқ шудаед? Гуфтан мушкил, ки ҷои табрик аст, ё ҷои таассуф. Ӯ ҳам мисли дигар занҳо фикр мекунад, ки ишқ барояш ҳама чиз аст, вале дар асл ба ашёи дигар таваҷҷӯҳ дорад. Вале барои ӯ қаҳрамонҳои хаёлӣ ҳамеша заруранд. Бигузор, онҳо танҳо дар хаёлаш вуҷуд дошта бошанд, вале бояд ҳатман вуҷуд дошта бошанд. Зан-Ҳамал бовар дорад, ки ҳар корро бехтар аз мард сомон карда метавонад, ҳатто корҳои вазнинро ҳам. Дар зиндагӣ аз ёрии мард сарфи назар кардан барои ӯ осонтар менамояд. Табиист, ки чунин кор ба мардон хуш намеояд. Зан-Ҳамал мехоҳад дар ҳама кор, аз ҷумла дар муносибати ишқӣ ҳам ташаббус нишон диҳад, аввалин бошад. Бо Зан-Ҳамал боэҳтиёт бошед, дар муносибати ишқӣ мехоҳад, ки ӯ раҳнамунӣ кунад. Пеш аз он ки ӯро бибӯсед, аввал боварӣ ҳосил бикунед, ки шуморо дӯст медорад, набошад торсакӣ мехӯред. Ин хоксории духтарона нест, балки хушкардаи шумо бим дорад, ки ба ғуломи ӯ табдил меёбед. Пурасрор бошед, имконият бидиҳед, ки шуморо ба танг биёрад.

Зан-Ҳамал таърифро дӯст медорад, хоса вақте ин таъриф асос дошта бошад. Ӯ як зани хеле ҳассос ва ба ишқ содиқ аст. Намехоҳад, ки аз пушти ӯ давида гардӣ, вале агар дур ҳам гардӣ, фаромӯшат мекунад. Ба ӯ шавҳари ҳукмфармо лозим нест, вале ғуломи итоаткорро ҳам хуш надорад. Мехоҳад, ки шавҳараш баҳодури ҷавонмард бошад, ба занаш тамоми дунёро бибахшад, вале дар айни замон шарофати мардии худро аз даст надихад. Ба сабаби он ки чунин мардҳо танҳо дар афсонаҳо вуҷуд доранд. Зан-Ҳамал аксар вақт танҳо зиндагӣ мекунад. Рӯзхҳои ӯ равшан ва шабҳояш тираву торанд. Барои он ки шуморо дӯст дошта бошад, бояд аз шумо ифтихор кунад. Ҳарчанд аз шумо бисёр чиз талаб дорад, ҳама чизро ду карат зиёд ба шумо пас мегардонад. Ба пул ва дороӣ беэътиноӣ кунад, ҳам вале дар ишқ худхоҳи гузарост. Барои кори ночизе метавонад рашк кунад. Ҳеҷ гоҳ дугонаашро дар ҳузури ӯ таъриф накунед. Агар ҳарчанд аз оташ ба ях табдил меёбад, оташи ӯ метавонад зуд хомӯш шавад, вале яхаш ҷовидон монад. Инро фаромӯш накунед.

Зан-Ҳамал қодир нест, якбора ду мардро дӯст дорад. Ӯ бисёр бовиҷдон аст, фиребро намеписандад. Дар ишқ ғаммозӣ намекунад, ишқаш мисли суханаш бе макру ҳила аст. Зан- Ҳамал коргар аст. Аз ӯҳдаи корҳои мардона мебарояд. Агар шумо бемор шавед, ба шумо нигоҳубин мекунад, ёрӣ мерасонад. Барои ӯ ишқ - ин иттиҳоди баробарҳуқуқист. Чизеро аз ӯ пинҳон кардан имкон надорад, ин амал ӯро ба хашм меорад. Бо рафтор, кирдор, либоси ношоиста ӯро дар ҳолати ногувор нагузоред. Шумо вақте ба вай хонадор мешавед, интизор нашавед, ки ӯ танҳо ба корҳои хона машғул мешавад. Ӯ корҳои дигар ҳам дорад. Аз бемориву хастагӣ кам шикоят мекунад. Агар бемор шавад, ба ҷогаҳ хобонданаш хеле душвор аст. Аз қабили он занҳое нест, ки телефон карда гӯед, ки аз кор дер меоед. Метавонад ба ҷои коратон занг зада инро тафтиш кунад. Зан-Ҳамал модари хубест, кӯдаконашро хуб нигоҳубин мекунад. Ӯ зарофату малоҳати занонаи хеле зиёд дорад, ки ин барои марди миёна зиёдатист, вале ҳамаи ин дар зери ниқоби зоҳирии ӯ ниҳон аст. Баъд охир шумо ҷавонмарди баҳодуред, марди миёна нестед-ку! Агар шумо ӯро мисли баррача ром карда тавонед, соҳиби ҳамсари бовиҷдон, серғайрат ва дилкашу озода хоҳед буд. Ӯ зиндагии шуморо саршори шодӣ хоҳад кард.




Ҳамал        Мард          Зан         Якҷоя

Савр          Мард          Зан         Якҷоя

Ҷавзо        Мард           Зан          Якҷоя

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Март 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/