Ошиқони Тоҷикистон Душанбе, 01-05-2017, 03:38:18
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Видео [2]
Мусиқӣ [4]
Табрикот [3]
Хабарҳои навтарин [5]
Суратхо [0]
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 72
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0
Ҳамал

Мард – Ҳамал

Ӯ метваонад бо гармиву сардии худ шуморо ҳайрон кунад. Ҳамеша саршори сару савдо ва нерӯи эҷодист. Бо ӯ ҳамқадам будан мушкил, вале зарур, зеро ӯ қодир аст, ба паси сараш нигоҳ накарда шуморо тарк намояд.

Мард-Ҳамал аз синну соли худ хеле ҷавонтар менамояд. Хеле дер ба камол мерасад, бесабру ҷасур аст. Ба худ бовар дорад, сахист, бисёр касонро ба худ ҷалб менамояд, вале бо вуҷуди ин, хеле бетоқат, худхоҳ ва дар сурати амалӣ нашудани хоҳишаш, хеле серталаб аст.

Агар кораш ба ишқ кашад, даро ин баҳр ғутавар мешавад ва боварӣ дорад, ки чунин эҳсоси ягона ва такрорнашавандаро ғайр аз ӯ касе надорад. Дар ишқ бисёр пурҷӯшу хурӯш аст.

Ҳамал – идеалпараст аст, ба эҳсосот майл дорад, романтик мебошад. Рафтори осудаи ӯ ниқобест бар чеҳраи дили сӯзонаш. Нозу карашма ба ӯ бегона аст. Ӯ ишқро он гуна қабул мекунад, ки дар китоб ҳо хондааст ва дар ҷавоб аз  шумо низ ҳамин чизро талаб мекунад. Чи гуна худро оро доданатонро ӯ набояд донад. Ҳамал дар ишқ содиқ аст. Наметавонад якбора бо чанд зан сару кор дошта бошад. Қарори тарк кардани ишқи пешин ба сари пештар аз дубора ошиқ шуданаш меояд.

Ӯ хеле равшан ишора мекунад, ки муносибатҳоро қатъ кардан лозим. Дар ишқ дурӯягӣ карда наметавонад., макр хоси табиаташ нест.

Ҳамал ҳеҷ вақт худро ноҳақ ҳисоб намекунад. Пас аз қатъи муносибат метавонад дубора бо шумо бипайванданд, вале барои ин бояд хеле заҳмат бикашед. Калиди дили ӯ ҳамин аст.

Агар нияти хиёнат кардан дошта бошед, барои аз ӯ ҷудо шудан дошта бошед. Ӯ ҳатто нигоҳи боҳаваси шуморо ба сӯи марди дигар бахшида наметавонад. Вай бояд ҳамеша аввалин бошад.

Исёнчии гузарост. Ҳеҷ гуна ҳукмро аз болои худ намепазирад. Худро аз ҳама боло медонад. Шумо бояд чизеро дӯст доред, ки ӯ дӯст медорад ва ҳамчунин чизеро бад бинед, ки ӯ бад мебинад. Талабгори садоқати бечуну чарост. Агар чунин мард ба шумо маъқул набошад, марди дигаре биҷӯед. Эҳсоси худро аввалин шуда нагӯед. Воситаи зуд аз даст додани ӯ - ин аввалин шуда эҳсоси худро гуфтан аст, зеро дар ин ҷо ҳам бояд ӯ аввалин бошад.

Яке аз хусусиёти мусбиаш ин аст, ки метавонад аввалин шуда бахшиш пурсад. Агар шумо бемор ва дармонда бошед, ҳамеша пеши шумост, ҳеҷ маблағеро дареғ намедорад, хушгӯӣ мекунад. Хамсӯҳбати хубу гуворост, мехоҳад дунёи ягонаи шумо бошад.

Мард-Ҳамал мехоҳад, ки ҳамсари ӯ ғайриоддӣ бошад. Шумо ӯро бе ҳеҷ биму таъхир таъриф кунед. Танқидиро хуш надорад. Ҳамал ба фарзандонаш муносибати нек дорад, чунин падар орзуи хар як фарзанд аст. Мустакдлияти уро дастгирй ва чушу хурушашро бо эхтиёт пешгирй кунед.Тобеъият хоси табиати у нест. Ин хосияти мардонаашро вайрон накунед, вале шахсияти худро хам аз даст надихед. Комёбии шумо бояд комёбии ӯро тира насозад. Ҳамал зуд-зуд ба ҳолати ногувор меафтад, зеро аз истеъдоди дипломатӣ орист. Ҳадафи асосии зиндагии ӯ кор аст. Ҳамалхо духтур, журналист, лашкаркаши хубе мешаванд. Мард-Ҳамалҳо заҳматкаши хуб ва бовиҷдонанд.




Ҳамал        Мард          Зан         Якҷоя

Савр          Мард          Зан         Якҷоя

Ҷавзо        Мард           Зан          Якҷоя

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/