Ҷаҳони Ошиқон - Ҷавзо - Зан
Ҷаҳони Ошиқон

Панҷшанбе, 19-01-2017, 03:10:11

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Видео [3]
Мусиқӣ [8]
Табрикот [4]
Хабарҳои навтарин [24]
Суратхо [0]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12438
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0
Ҷавзо

ЗАН-ҶАВЗО

Агар шумо орзу доред, ки дар симои як зан ҳарам дошта бошед, ба зан-ҷавзо хонадор шавед. Ӯ рафиқи хеле хубест, зани ҳамаҷониба инкишофёфта, боақл, зиндадил, орзупарвар ва меҳрубону сахтгир мебошад. Бо ӯ ҳеҷ зик намешавед...

Вуҷуд надоштани иштиёқҳои заминӣ дар ниҳодаш ӯро аз дигарон тафовут мебахшад. Ӯро ба ягон чизи ҷиддӣ машғул доштан мушкил аст. Фикраш ҳамеша дар сайру сайёҳат гардиш мекунад. Ба ниҳоди ӯ амиқтар назар андозед ва шумо як зани дорои эҳсоси шоиронаеро дармеёбед, ки ба ҳар гуна иштиёқи бузург лаёқат дорад. Аммо агар шавқманди эҳсосоти амиқ набошед, қисмати худро бо ин зани ҷавон пайваст накунед. То ба камолот нарасад, саргузаштҳои ишқи барояш бозӣ менамоянд, рафтораш ҳам пурасрор мебошад.

Дар як мижа задан ифтихори ӯ нисбати шумо ба таънаву сарзаниш табдил меёбад. Вале ин чиз бояд шуморо малӯл насозад, зеро хушкардаи шумо он қадар ҳам сангдил нест, чунон ки баъзан ба назар метобад. Ӯ як хаёлпарасти ашаддист. Ишқпардозӣ як воситаи осони зоҳир намудани хаёлбофии ӯст. Ба ӯ душвор аст, ки худро ба як кас бубахшад.

Ӯ метавонад бо шумо ифтихор дошта бошад, вале дар айни замон осуда изҳор намояд, ки мусиқӣ ва ё математикаро намефаҳмед. Вале вақте бо шахсе вомехӯрад, ки ҳам мусиқӣ ҳам математикаро медонад, дар ин шахе низ камбудии натавонистани нақшакашӣ ва рақс карданро дармеёбад.

Ӯ лоиқи сарзаниш не, лоиқи дилсӯзист. Ниҳодаш ҳамеша пур аз нооромист. Ӯро фаҳмидан лозим - одатан зан-Ҷавзо мушкилоти характери худро дар ниҳод нигоҳ дошта метавонад. Шарики хушҳол ва зиндагидӯстест. Дар бисёр ҳолатҳо ӯ оқила ва назаргиру чашмрас аст. Ҳамсӯҳбати хубест. Ягон зани дигар шуморо бо чунин воситаҳои аслии ишқ мафтун карда наметавонад мисле ки ӯ.

Зан-Ҷавзо ҳамеша орзу дорад, ки ба таври ҳақиқӣ ошиқ шавад вале дар ҳар як мард як ё ду сифати хуб ёфтан мумкин асту халос, ӯ бошад, ба сӯи камолот майл дорад. Бо вуҷуди ин ӯ ба шумо дӯсти хубе хоҳад буд. Дар ҳар коре ки ба манфиати шумост, метавонад ҳамкорӣ кунад. Сидқан боварӣ дорад, ки дӯстатон медорад, вале ин чиз монеъи он намешавад, ки бо марди дигаре бошад. Табиати ӯ ҳамин аст, доимо тағиротпараст мебошад. Агар ӯ худро ба даст нагирад, босабру тоқат нашавад, зиндагии ҳам худ ҳам шуморо талх месозад.

Ин зан ҳамин ки пешниҳодатонро қабул кард, метавонед ба ҳоли дигар мардҳо барои якказанагиашон таассуф бихӯред. Хушкардаи шумо якбора дар чанд симо дар наздатон ҷилвагар мешавад.

Симои аввал: метавонад ба ҳама чиз одат кунад, хоса ба он чизе ки мехоҳед шумо дар ӯ бубинед. Агар ба шумо садоқат лозим бошад, дар сурате ки ба қадри кофӣ ҷолиб бошед, метавонад содиқ бошад. Дар ин ҷо маҷмӯи сифатҳои ақлӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ дар назар аст. Метавонад дар ҳама кор ба шумо кӯмак расонад. Ҳарчанд ки аз худ таассуроти зани сабукфикрро боқи мегузорад, дар асл ҳеҷ гоҳ ин тавр нест. Зан-Ҷавзо хеле боандеша аст.

Симои дуввум: шояд ин симо мухолифи симви аввал бошад. Инашро ҳам бояд ба назар гиред. Хушкардаатон баъзан ба як зани пуршӯру шаре табдил меёбад. Агар аз кор дер омадед, намепурсад, ки куҷо будед, шумо ҳамчунин саволро ҳеҷ гоҳ ба ӯ надихед. Ӯ як шахсияти хеле новобастааст.

Симои саввум: хеле хаста ва аз кори хона шалпару лақот шуда. Ҷои хоб ноғундошта, дегу табақ ношуста. Барои рубучин «дасташ нарасид» ба хаёлпардозӣ ва китобхонӣ машгул буд. Ба ҷои хуроки гарм қуттии койсерви нокушодаро пешатон меорад. Вале дар ҳамин маврид ҳам дар симои ӯ ҳамсӯҳбати хуберо пайдо мекунед. Ба нобарориҳоятон шарик аст, суханҳоятонро бошавқ гӯш мекунад.

Барои он ки ба сабаби тоза накардани чангу хок, ё тайёр набудани хӯрок сарзанишаш накардед, бо қадршиносӣ ва муҳаббат ҷавоб мегардонад. Дар баъзе мавридҳо пулро беандеша сарф мекунад

Симои чорум: модарест меҳрубон, хушҳол ва хандон. Аммо намегузорад, ки кӯдаконаш фаъолияти ӯро маҳдуд кунанд. Кӯдакон ба ин хислати ӯ пайравӣ намуда ба мустакилӣ одат мекунанд. Ҳарчанд кӯдаконро дӯст медорад, бо онҳо кам машғул мешавад. Тифлонаш бо ӯ сӯҳбат карданро нағз мебинанд. Вай дӯсти онҳо хоҳад шуд, зеро тахайюлаш ба тахайюли онҳо мувофиқ аст.

Симои панҷум: кадбонуи олӣ, дар ороиши дастурхон хеле боҳунар. Ба хона ҳар гуна зиёфатпарасти хурдагирро даъват кунед ҳам, онҳо айбе пайдо карда наметавонанд. Сайру сайёҳатро дӯст медорад. Ҳама ба шумо ҳасад хоҳанд бурд. Ӯ як шахси шоиратабиат, болотар аз ҳама, дорои лутфу назокати занона хоҳад буд. Дар рӯзи таваллудатон шояд шеър бигӯяд. Дар дилатон хоҳише пайдо мешавад, ки барояш либос ва атриёти қиматноктарин бихаред, зеро ин чизҳо ба чеҳраву қомати мавзуни ӯ мувофиқ меоянд.

Ҳамин тариқ шумо якбора соҳиби чанд зан ҳастед. Орзуву иштиёқи ҳамсаратон шуморо дар як ҷо нишастан намемонад.

Кӯшиш мекунед, ки аз ӯ қафо намонед, вале номаълум даву този ӯро суст кунед, то ки каме истироҳат кунад. Ба ӯ ёрӣ расонед.




Ҳамал        Мард          Зан         Якҷоя

Савр          Мард          Зан         Якҷоя

Ҷавзо         Мард           Зан          Якҷоя

Мо дар vk.com
Реклама
Тақвим
«  Январ 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал