Ҷаҳони Ошиқон - Ҷавзо - Мард
Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 26-02-2017, 21:45:51
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Видео [2]
Мусиқӣ [4]
Табрикот [3]
Хабарҳои навтарин [5]
Суратхо [0]
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 30
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 31
Меҳмон: 31
Истифодабаранда: 0
Ҷавзо

МАРД-ҶАВЗО

Имкон дорад, ки бо ӯ чунин ҳол рух бидиҳад: рӯзи Душанбе барои намак ба магазин рафта, рӯзи Чоршанбе ба хона баргардад. Малол нашавед ва сарзанишаш накунед, агар ба ҷои намак гӯгирд оварда бошад. Ошиқ шудан ба Ҷавзо маънои онро дорад, ки аз ранҷи танҳоиву зиқӣ бегуфтугӯ халосӣ ёфтаӣ. Мисли оне аст, ки бо шумо ду нафар ҳамроҳӣ мекунад ва ҳар он ду нафар ҳамин як хушкардаи шумост. Шумо ҳоло намедонед, ки ӯ куҷост ва кай ба хона бармегардад. Вале як чиз мусаллам аст: ӯ дар ҷоест, ки он ҷо барояш беҳтар аст.

Мард-Ҷавзоро ҳама дӯст медоранд, ҳамсӯҳбати хубест.

Онҳо барои муҳаббат ва ғамхориву меҳрубониро дарк кардан нисбат ба худ талаботи қотеъ доранд. Барои онҳо чизе сахттар аз танҳоӣ нест. Тарсу ваҳм баъзан онҳоро ба худкушӣ мерасонад. Барои он ки танҳо намонанд, метавонанд бо шахсони на чандон дилкаш ва фурӯмоя ҳамсӯҳбат шаванд.

Ҷавзо хеле нозукфаҳмаст ва рафтори ҷолиб дорад. Таърифҳои хушомадгӯёнааш самими ва мушоҳидакорона аст. Ӯ ҷони маҳфилу маъракаҳост. Аммо қабл аз он ки ба ӯ ба шавҳар бароед, бовар ҳосил намоед, ки бо муаммо ва пурасрории ӯ одат карда метавонед.

Мард-Ҷавзоҳо ҳар лаҳза метавонанд на танҳо руҳия ва таваҷҷӯҳашон, балки ҳадафҳои зиндагиашонро низ дигар кунанд. Ин мард метавонад имрӯз бо шумо изҳори муҳаббат намояд, вале фардо ба мулоқот наояд. Агар ӯро бубахшед, баъди чанд рӯз шуморо хостгорӣ намуда, баъд қотеона изҳор менамояд, ки шумо якҷоя хушбахт шуда наметавонед.

Наранҷед, зеро баъди як соат ӯ шахси дигаре хоҳад шуд ва агар шумо бозингари пурбардошт бошед, ҷуфти муносиберо ташкил хоҳед дод. Муҳаббат бо мард-Ҷавзо дар он сурат ҷолиб ва осон аст, ки агар бо ӯ кӯшиши бисёр наздик шудан накунед, ҳар дафъа пеш аз ба кор рафтан худро бо чашмони гиряолуд ба гарданаш ҳаво надиҳед. Ба он чиз ки ниҳоди пурасрорашро пеши ҳеҷ кас, ҳатто пеши худаш ҳам намекушояд, тан диҳед.

Бо ин хусусияти ӯ осудаву оромона муносибат кунед. Бисёр эҳсосотӣ нашавед, ба ҷону ҳолаш назанед.

Мард-Ҷавзо метавонад ба хотири дӯстони нав аз баҳри, дӯстони кӯҳна ба осонӣ барояд. Ин чиз на сангдиливу бепарвоии ӯ, балки аз он сабаб аст, ки шахсияташ худ ба худ дигар мешавад. Дар ҳама ҷо худро чун дар хона эҳсос мекунад, ба чизҳои кӯҳна таваҷҷӯҳ надорад. Бештари ҷавзоҳо ба як бор хонадоршавӣ қонеъ намешаванд, хоса вақте ки дар ҷавонӣ никоҳ карда бошанд.

Ҷавзо метавонад дар ҷавонӣ сахӣ бошад, вале дар пирӣ хасиси гузарост. Он қадар парвои ҷамъ кардани пупу мол надорад. Вазифаи асосии ӯ ба вуҷуд овардани мафкураи нав ва зоҳир намудани лаёқати фикрӣ мебошад.

Ӯ ба шумо содиқ мемонад? Ба тарзи худаш - бале. Вале мехоҳад, ки дар ҷомеа ҳар сӯ ғел занад, ба занҳо маъқул шавад. Дар ҳаққи ӯ ҳар хел гапҳо мебофанд. Бо вуҷуди ин кам воқеъ мешавад, ки мард-Ҷавзо нисбати шумо бевиҷдонӣ кунад. Ӯ метавонад ҳама дарду ғами ниҳонии шуморо пай бубарад.

Ба мард-Ҷавзо рашк бегона аст. Тарафи ҷисмонии ишқ ҳам барои ӯ на дар ҷои аввал қарор дорад. Баъзан ба назар чунин мерасад, ки иштиёқҳои заминӣ, ки ба аломатҳои дигар хосанд, ба ӯ намерасад. Ӯ бояд ҳамҷояшави сифатҳои фикриву маънавиро қабл аз фарорасии иштиёқи ҷисмонӣ дарк намояд. Ягона роҳи дилаш ҳамин аст. Агар шумо тақдиратонро бо мард-Ҷавзо пайваст карданӣ бошед, бояд бо калимаи «агар» одат кунед, (агар ман дӯст медоштам, агар ман мехостам), ба ин ҳарфҳо эътибор надиҳед, инҳо ҳамту барои эҳтиёт гуфта шудаанд. Ба ривояте мард-ҷавзо бояд ду маъшуқа ва ақаллан як зан-ҳамсӯҳбат дошта бошад. Вале шарт нест, ки ин се зани гуногун дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта бошанд. Кӯшиш кунед, ки ҳар се он занҳоро дар шахси худатон ҷой бидиҳед - он гоҳ шумо сирри аломати Дупайкарро мекушоед.




Ҳамал        Мард          Зан         Якҷоя

Савр          Мард          Зан         Якҷоя

Ҷавзо         Мард           Зан          Якҷоя

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Феврал 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/