Ошиқони Тоҷикистон Сешанбе, 30-05-2017, 14:16:28
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Видео [2]
Мусиқӣ [4]
Табрикот [3]
Хабарҳои навтарин [5]
Суратхо [0]
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 95
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 9
Меҳмон: 9
Истифодабаранда: 0
Ҷавзо

Ҷавзо

(Дупайкар)

22 май - 21 июн

Аломат - ҳаво. Мураббӣ - Муштарӣ. Характер - номуайян ва дуист. Ҷавзоҳо баандешаанд, ба шароит зуд мутобиқ мешаванд. Дар ин аломат гӯё ҳамеша ду одам вуҷуд дорад. Ҷавзоҳо вақте давраи ноустуворӣ ва дудилагиро аз cap гузаронанд, ғайри чашмдошт либос, ҷои кор, ҷои истиқомат, инчунин афкор ва назари худро дигар мекунанд. Ҳатто агар китоб хонанд, аз охир cap мекунанд. Ҷавзо дар баҳсу сӯҳбат истеъдод дорад. Нерӯи аъсобӣ ҳамеша бо онҳост. Мехоҳанд, ки худашон гап бизананд, дигаронро гӯш кардан намехоҳанд. Умуман хушмуомилаанд. Чобуканд, аз вазъияти ногувор зуд халос мешаванд. Кундфаҳмҳоро бо тезии ақли худ ҳайрон мекунанд. Дар ин бора танҳо Далв бо Ҷавзо рақобат карда метавонаду халос. Онҳо чанд корро дар як вақт метавонанд бо шӯхӣ иҷро кунанд. Ба мулоқот на барои он дер меоянд, ки фаромӯш кардаанд, балки барои он ки чизи дигаре диққати онҳоро ба худ ҷалб карда буд. Агар зодаи аломат зиёӣ бошад, бо атрофиён бо мушкилӣ мутобиқ мешавад. Мисли Ҳут Ҷавзо ҳам ташнаи он аст, ки бар расми хоҳиши худ амал намояд.

Онҳоро дӯст доштан мушкил аст. Ҷавзо кӯшиш мекунад, ки аз даст лағжида равад ва онҳоеро, ки дӯсташон медоштанд, бо дидаи ба раҳ чор бигузорад. Ҷавзоҳо сиёсатмадорон ва донандагони хуби муносиботи инсонианд. Онҳо бо қудрати лаёқати фикриашон қодиранд, ки шуморо ба ҳар чизе ки лозим бошад, бовар кунонанд. Зуд дарк мекунанд, ки аз онҳо ранҷидаанд ва атрофиёнро маҷбур мекунанд, ки дар бораи онҳо фикрашонро дигар кунанд. Онон як сифати хеле хуби дигар доранд - ҷасурона қаламкашӣ мекунанд, лекин аз сабаби он ки дар бораи ягон ашё фикри доимӣ надоранд, барояшон навиштани саргузашт ва зиндагии худ он қадар ҷолиб нест, мактубнависиро низ он қадар нағз намебинанд. Бо тахаллус менависанд, истеъдоди забономузӣ доранд, забони дӯстдоштаашон фаронсавист. Аз фикрашон зуд мегарданд, шахсони ба назар бепарво метобанд. Ҳар кори бузургеро, ки ният кунанд, фариштаҳо омин мегӯянд. Азоби бехобӣ низ мекашанд. Ба дарди китф, дасту панҷа эҳтимоли гирифтор шудан доранд. Пул, шӯҳрат, ишқ ҳамеша барои онҳо нокифоят аст. Доим норозианд. Ҳамеша гумон доранд, ки дар ҷои дигар барояшон беҳтар хоҳад буд. Чашмонашон тез, истеъдодашон серпаҳлуст, вале сабру тоқат надоранд. Ба назар мерасад, ки чизеро дар худ гум кардаанду ҳеҷ пайдо карда наметавонанд. Онҳо дар рӯи замин бегонаанд. Ин аломат аз ҳама зиёд нобиға ва истеъдодҳои соҳаи адабиёт, илм ва ҳунарро ба майдон меоварад.




Ҳамал        Мард          Зан         Якҷоя

Савр          Мард          Зан         Якҷоя

Ҷавзо         Мард           Зан          Якҷоя

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/