Ошиқони Тоҷикистон Сешанбе, 24-10-2017, 09:03:03
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Видео [2]
Мусиқӣ [4]
Табрикот [3]
Хабарҳои навтарин [7]
Суратхо [0]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12624
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 13
Меҳмон: 13
Истифодабаранда: 0
Ҳамал

Ҳамал

(Барра)

21-март 20-апрел

Ҳамалҳо фарзандони дӯстдоштаи зодиак (минтақал-ул-бурҷ) ба шумор мераванд. Онҳо зоҳиран шахсони чеҳракушод ва пурҷӯшу хурӯшанд, ҳангоми салом дастро мефишоранд. Ҳамеша ба ноҳаққиву беадолатӣ муқобил мебароянд. Ҳамалҳо ҳамеша назари худро ошкоро иброз медоранд. Манфиати худро дар ҷои аввал мегузоранд, аввал ғами худро мехӯранд. Ҳамал он чизеро, ки дигаронро дар ҳолати ногувор мегузоранд, дарк намекунанд. Вале ин ҳолаташ ғайриихтиёрист. Аз ин рӯ, аз вай чун кӯдаке ранҷидан душвор аст. Ин одамон устувор нестанд. Шикоятро дӯст медоранд. Ба сӯи мақсад рост, бидуни амали стратегӣ ҳаракат мекунанд. Аксар вақт ба мақсади худ мерасанд. Шумо дар онҳо сабру тамкинро намебинед. Хислатҳои асосии онҳо ошкорбаёнӣ ва ростқавлист. Ба дарди ҷисмонӣ тоқат надоранд. Ба назди духтури дандон бурдани онҳо амрест маҳол. Аммо наандешида ҷасорат зоҳир менамоянд, ки аз ин ба касалии пӯст, пайванди меъда гирифтор мешаванд. Онҳоро ба иллати беморӣ ба ҷогаҳ хобонидан мушкил аст. Лекин агар бо ҷогаҳ хобидаанд, донед, ки аҳволашон дар ҳақиқат вазнин аст. 

Ҳамал бовари дорад, ки ҳеҷ кас мисли ӯ аз ӯҳдаи сиришта кардани кор намебарояд. Ӯро ба танбалӣ ҳеҷ вақт гунаҳкор кардан мумкин нест. Агар аз шӯҳрат ва пул якеро интихоб кардан лозим бошад, Ҳамал ҳатман шӯҳратро интихоб хоҳад кард. Ҳамал агар ҳис кунад, ки касеро ранҷонидааст, агар он кас душман бошад ҳам, аз ӯ бахшиш мепурсад. Ҳамал ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд ва тӯҳмат намезанад. Одатан Ҳамалҳо ҳамин рӯзи худро медонанд, дирӯз ба онҳо сабақ нашуда ва фардо нарасидааст. Ҳамин соату дақиқа барои онҳо муҳимтар аст. Ҳамал қодир нест, ки бохти худро эътироф кунад. Ӯ онро ҳамту фаромӯш мекунад. Ӯ хеле хушбин аст. Мехоҳад, ки монеъаҳоро бартараф намуда ғолиб барояд. Нерӯи Ҳамалҳо бисёри касонро бесаранҷом мекунад. Вале онҳо метавонанд кадом вақте, ки хоҳанд, осуда бошанд. Мутаасифона, онҳо фақат дар синну соли камолот ба осудагӣ зарурат пайдо мекунанд. Бештарини Ҳамалҳоро дар санъат ва ва тиҷорат комёби ёр аст. Ҳамалҳо зудбовар ҳастанд, барои ҳамин аз одамон зуд дилашон мемонад. Онҳо ба дигарон неки карданро нағз мебинанд,вале худашон некӣ тамаъ надоранд. Онҳо пешрави ҳама ибтидокорҳоянд, одамонро хушбахт карда метавонанд ва ин кор ба онҳо маъқул аст.




Ҳамал        Мард          Зан         Якҷоя

Савр          Мард          Зан         Якҷоя

Ҷавзо        Мард           Зан          Якҷоя

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябр 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/