Ошиқони Тоҷикистон Чоршанбе, 28-06-2017, 17:15:29
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 105
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 2
Меҳмон: 2
Истифодабаранда: 0
Главная » Зулолаҳо
1 2 »
Баҳори лолазор мерасад
Вале зи бими лашкари муҷаххази хазон
Гумонам ин баҳори мулки ошиқон бо ғубор мерасад
Дигар насими тоза аз чаман намевазад
Ва нолаи фирор мерасад
Шикор мерасад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 553 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Хоби ман аз сар парид
Парру боли хоби манро кас надид
Чун шудам бо ёди ӯ бехуд зи худ дар қалби шаб
Гӯши ман афсонаи рӯъё шинид
Рӯзи нав аз раҳ расид.
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 562 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Шайтон
Расида буд
То шайтанат кунад
Манро зи роҳи мустақим
Осон ба доми ғафлат афканд.
Ё Раб, биҳӣ настаъин
То бори чандумин
Иблис шавад
Раҷим
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 563 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Шоми ҳиҷобӣ буд
Чашмони моҳи шабрав обӣ буд
Афсонаи муҳаббати оғози ишқи мо
Фарҷоми як шаби бехобӣ буд
Қасри ҳубобӣ буд
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 738 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Бӯса
Шукуфта буд
Дар боғи лабонат
На аз лабон ки аз нигоҳ
Нигоҳи гарми ман.Ва қалби ман
Чу моҳие ба бозӣ буд
Ба ҳавзи чашми ту
Ва ҳосилаш
Фироқ
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 768 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Пире ба хонақоҳ
Дар рӯ ба рӯи хилваташ Илоҳ
Аз худ ҷудо буду гӯи ба Ҳақ расида буд
То аз вуҷуди худ ё аз вуҷуди ин замин шӯяд гуноҳ
Ҳайфо ки пири мо аз хонақоҳи ҷисми худ
Ҷое нарафту сар расид роҳ
Дар мавҷи иштибоҳ
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 536 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳо ва Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бекарон шаҳомате аҷаб фаро расид
Фироқу дурӣ аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 723 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дар ҳавоят гиря кардам
Аз ту бишнидам шикоят, гиря кардам
Гуфтӣ, муҳтоҷи дуои, то раҳӣ аз мушкилот
Рӯ ба осмонҳо намуда, хонда аз ҷон дуоят, гиря кардам
Зиндагӣ афсона ҳасту ҳам гаҳе рӯъёву хоб
Чун бигуфтӣ ин ривоят, гиря кардам
Аз бароят гиря кардам
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 689 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Зи ман марам, биё
Раҳо зи ғам, биё
Баҳор омада, ту ҳам биё
Биё канори чашмаҳо канори ҳам шинем
Ба бӯстон, ба ин ҳарам биё
Зи ман марав, биё

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 689 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Аз ишқи ман магӯ
Аз иштиёқи ман сухан магӯ
Ҳаргиз магӯ, ки ман туро ёр гаштаам
Ҳатто ба булбулону сарву лолаи боғу чаман магӯ
Ин ҷо каломи ишқ даҳшат кунад ба по
Аз омили даҳшатфикан магӯ
Эй гулбадан, магӯ
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 713 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Эй ҳамзабон дуруд,
Форсизабони ҷовидон, дуруд
Мо баргу бору ҳосили як нахли воҳидем
Бар оли поки мо, бар тоҷики эрониву афғон дуруд.
Аз Балх то Хуҷанд,аз Исфаҳону аз Ҳирот то Тӯсу Рай, Фархору Ашт,
Бар хостгоҳи фозилон, бар дудмони ошиқон дуруд.
Дигар миёни қалбҳо на марзу монеа
Эҳё шавад ин хонадон,дуруд
Эй ориён дуруд!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 690 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Зулолро дуруд
Ба аҳли дил, камолро дуруд
Ҷаҳони шоирӣ сафои дигаре гиирфт
Ба руҳи шеъри порсӣ, нумӯи болро дуруд
Кунун уруҷи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо
Қасида, маснавӣ, ғазал…бигӯ, ки аҳли ҳолро дуруд
Ва нойи Мавлавӣ навои дигаре гирифт
Ки Шамси безаволро дуруд
Зулолро дуруд
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 523 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Биҳишт
Урду зада
Бо лола дар ёла
Лаби чу сабза рақсон аст
Насиму атр мепечанд бо ҳам
Ба саҳро абр мегиряд
Ва ман бо ёди ту
Урду задам
Бе ту
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 544 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Аз хонаам марав
Аз олами афсонаам, марав
Ин гӯшаи биҳиштиро дӯзах макун, бишин
Эй ҳури ман, фариштаам,аз миҷмари кошонаам марав
То атри ту печидааст бар руҳи манзилам
Ман даври ту парвонаам, марав
Ҷононаам, марав!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 565 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дубора омадам, салом
Ба қалби пора-пора омадам, салом
Ман омадам, ки хаста аз фироқу дуриҳо шудам
Ва дарк кардаам висолро туи, ту чора, омадам,салом.
Дигар миёни мову ту ҳар он чӣ фосила, мабод,
Шикаста бурҷу бора омадам, салом
Шарора, омадам, салом
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 717 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Абри баҳор
Ба марзи синаам бибор
Бибор ки қалби ташнаам ба ишқи пок
Зи дасти ҷоҳилони дун дар ин кавир шуда фигор.
Ҷавонаи умеди ман фусурдааст
Ва хонаам тиҳӣ зи ёр
Ман интизор.
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 698 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дурӣ то чанд
Эй Бухоро,эй Самарқанд?
Вақти он аст эй ду фарзанди ятим
Боз оеду шавед бо решаҳои хеш пайванд.
Гарчӣ теғи ҷаҳлу ғафлат, беадолат дуятон аз мо ҷудо кард,
Медиҳад ин дарси таърих бар тамоми наслҳо панд
Об агар садпора, аммо бо ҳам аст
Оқибат ҳукми Худованд
Бишканад банд!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 720 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Бачагӣ афсона буд
Ҷангбозӣ дар даруни хона буд
Додару хоҳар ҳама паҳлӯи ҳам, бе дарду ғам
Модари ғамхору мушфиқ субҳу шом дар гирди мо парвона буд
Дар камоли бениёзӣ, мо ҳама саргарми бозӣ дар хами лутфи падар
Чӯҷаҳо будему шохи ҳар дарахти боғи ӯ чун лона буд
Мӯи моро чун насими боғҳо дар субҳу шом
Панҷаҳои нарми модар шона буд
Олами ҷонона буд!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 699 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Як шабе буд
Дар барам ширинлабе буд
Имтиҳону озмуни тобу табро
Кулбаи мо мактабе буд
…як шабе буд
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 552 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Меҳр
Дар қалби мо
Ҷавона мезанад
Қарордоди ишқро
Ману ту бо нигоҳи гарми худ
Таъйид кардa будаем
Ва бӯсаҳои мо
Дар ин санад
Мӯҳр
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 530 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Набераам
Ки ханда мекунад
Ба сеҳри хандаҳои пок
Маро ба хеш банда мекунад.
Ва қалби ман дубора гарм мешавад
Ба ин ҷаҳони сарду пуртазоди зиндагӣ
Ва шод мешавам, шукуфае ба боғи умри ман
Ба покии ҷавонаҳои моҳ во шуда
Ва рӯзҳои рафтаи ҳаёти ман
Ба қолаби ҳамин шукуфаҳо
Дубора эҳё шуда.
Ва мекунам дуо
Барои ӯ.
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 706 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Бӯйи баҳор ояд ҳаме
Аз боғҳо савти ҳазор ояд ҳаме
Дар ёлаҳо аз лолаҳо бишкуфта гулханҳои ишқ
Дар хилвати дашту даман ангезаи бӯсу канор ояд ҳаме.
Акнун табассум бе ибо гул карда дар боғи лабон
Ин тӯҳфаро ҷонҳо нисор ояд ҳаме
Дар сар хумор ояд ҳаме.
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 661 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дар ишқи шумо бандам
Дар бандаму озодаму хурсандам
Он лаҳза ки пойи дил дар зулфи шумо овехт
Аз он чй ҳавасҳо буд, бибридаму бо роҳатӣ дил кандам.
Акнун ки шудам маҳбус дар майкадаи ҷонон
Ман шокири алтофи Худовандам
Меболаму механдам
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 671 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ман хоб дидаам
Худро канори об дидаам
Марде фитода гӯшае бе ҳушу бе нафас
Дар гушaе як киштии шикастаро ғарқоб дидаам
Ин мард аз куҷо в-ин киштии шикаста чист?
Як фоли ноби ноб дидаам
Арбоб дидаам
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 586 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Шеърам зулол шуд
Ҳар сатру ҳарфу вожа бол шуд
Марзи замону фосила дар ҳам шикасту рафт
Ишқам ба мулки дил фаъол шуд
Ҳаҷрам висол шуд
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 569 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Субҳ дамидааст
Ва рӯзи нав зи раҳ расидааст
Шамими ёди дилбаре чу атри ахтарон
Ба мӯя-мӯяҳои олами сукути ман давидааст.
Дарахти бенавои пайкарам ҷавонаҳо зада, ба шоху барги он
Навиди сабз будани дигар зи боғҳо расидааст.
Бунафшазор гаштааст хазони марзи дил,
Маро ғами наве харидааст,
Касе надидааст.
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 739 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Бояд фаромӯшат кунам

Фарёдро чун ҳалқа дар гӯшат кунам
Ёди туро берун кунам аз тору пуди хотирам
Дар олами матруқае чун муртаде бо ғам ҳамоғушат кунам.
Берун шавам аз банди
Ту в-аз нав бисозам хешро, то дар ҷаҳони бешу кам
Бо он ҳама дорандагӣ,бечораву як хонабардушат кунам.
На,на! Мабодо инчунин, ман бе Ту ҳеҷам, ҳеҷ, ҳеҷ,
Мастона о, бо бӯса гулпӯшат кунам
Чун ҷоми май нӯшат кунам
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 539 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ман зор бигирям,
Бо дидаи хунбор бигирям
Дар марги азизе, ки азизи ҳамагон буд
Ғампора шавам, бо дилу бо синаи афгор бигирям.
Марги ту ки ойинаи подоши накуйи ба разилону хасон буд,
Бишкаст дили ҷумлаи ёрон, ки аз ин кор бигирям.
Бовар накунад марги туро ин дили пора
Бо чашму дили чор бигирям,
Бигзор бигирям!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 623 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Маро бибӯс!
Макун ибо, бибӯс!
Бағал бикун чу кӯдакон,
Хамӯшу нарму бесадо бибӯс!
Зи қайдҳо фирор кун,ба ман бирас,
Ба рӯи ин замин, зери ин само бибӯс!
Нишотро ба мулки синаҳо бирез,
Насими поки ғамзудо, бибӯс!
Маро ба бӯса маст кун,
Макун ҳаё, бибӯс!
Биё, бибӯс!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 723 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ман ёри хароботам,
Дилдодаву дилдори хароботам,
Дар маҳбаси озодӣ дар банду ба Ӯ банда
Дар банду чунин озод, як чокари аброри хароботам.
Ин гӯша ҷаҳоне ҳаст,гоҳ Тур, гаҳе Каъба, гоҳ нор, гаҳе фирдавс
Ёҳу бизанад ҳар шай, ин ҷо ҳама маҳшур в-ойинаи Мансуранд бар дори хароботам.
Аз худ ҳама бигзаштанд, то ёр шаванд бо ёр, то гумшударо ёбанд,
В-он гумшуда пайдо буд,дар партави анвори хароботам.
Ин ҷо хама танҳоанд, ин ҷо ҳама дар Ӯ ҷамъ,
Ҳайратзадаи кори хароботам,
Тимори хароботам.
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 523 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Марав,бишин,
Меравад замин
Ва мову ту ду роҳием,
Миёни соҳили шаку яқин,
Чу омадан ба мо набуд, кӣ дидааст
Чӣ гуна шакл мегирад набарди куфру дин?
Агарчӣ омадан барои рафтан аст,
Чаро ману ту мешавем ғамин?
Дубора меравем, ба хок
Мешавем аҷин,
Ҳамин, ҳамин!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 771 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Бо ман бимон
Манро зи худ марон
Ин қалбу руҳи хастаро
Бо меҳрубонӣ сӯи худ бихон.
Ман як гариби ошиқам манро навоз
То зиндатар шавад фарҳанги қавми ориён.
Мо ҳамзабону ҳамдилем, як решаем,
Озодазодаем, инро бидон!
Оғӯши худ кушо, биё,
Сард аст ин ҷаҳон,
Манро марон
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 516 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ҷоми Ҷам лабрез шуд,
Рустами Дастон зи ҷо нимхез шуд,
Ибни Синo дар Бухоро набзи беморе гирифт
Нолаи най шуд баланд,чун ҳалқаҳо дар гӯшҳо овез шуд.
Ҳофизи Шерозу Саъдӣ масти ашъори Камол
Лаҳзае қалби замон Табриз шуд
Килки ман оҷиз шуд
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 668 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Майхона маст мешавад
Дар дасти ӯ паймона маст мешавад
Чу мерасад ба хонаи дилҳои ошиқони ишқ
Девору бурҷи хона маст мешавад
Кошона маст мешавад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 525 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Сигор ба лаб гирифт,
Паноҳ миёни боғи шаб гирифт.
Раҳо намуда ҳалқа – ҳалқа дуд ба осмон
Ту гуйи дар ҳисори дуд раҳо бишуд ва сӯзу таб гирифт.
Магар гуноҳи ӯ чӣ будаву чӣ шуд, инчунин
Зи довари замон адаб гирифт?
Дурӣ аз тараб гирифт?
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 689 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Кош шабнам будаме
Бо лабони ғунча ҳамдам будаме
Мегирифтам бӯсаҳо аз гунаи бобунаҳо
Рӯи боли шаҳпаракҳо,рӯи барги нарми марям будаме.
Мепаридам дар риқоби абрҳои нуқрайи
Маҳви ҳусни ҷумла олам будаме,
Шоду беғам будаме

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 683 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Гиряҳо ханда шуданд
Ашкҳо ахтари рахшанда шуданд.
Чини пешонӣ уту шуд зи насими нигаҳат
Ҳарчӣ ожанг ба рухсору ҷабин буд, ҳама ранда шуданд.
Оре, оре зи кадамхои Ту дар олами дил
Ҳама ормон зи нав зинда шуданд,
Маҳи тобанда шуданд.
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 536 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Руд дарё мешавад
Гулшану гулгашт саҳро мешавад
Абрҳо беоб ташна, даргурез аз офтоб
Чашмаи беоб ҳамчун чашми чори кӯҳҳо во мешавад.
Ин ҳама як гӯшае аз олами қалби ман аст
К-ин чунин пойину боло мешавад,
Ҷамъу танҳо мешавад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 676 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Виқори ту гузашт,
Нигоҳам аз канори ту гузашт.
Ту шаҳсавори "Чип”-и ҳусн ва "Бенз"-и кибр,
Муҳаббати пиёдаам зи сояи ҳисори ту гузашт.
Ниҳода "линз”-и нописандӣ бар ду чашми маст,
Чӣ бе асар хумори ту гузашт,
Баҳори ту гузашт
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 719 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дарахти пир

Ба зери осмон дилгир
Умед аз барфу боронҳо надорад
Замона дар наҷоти ӯ намуда бо чафо таъхир
Миёни шохаҳои зарду урёнаш дахшат нола мехонад
Бахору поизаш ҳамсон, такдираш бе таъбир
Надорад баргу бар чун мушти беангушт
Ҳама рафтанд мисли тир
Ба по занҷир?
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 549 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Шаробам бидеҳ
Маҷоли савобам бидеҳ
Шудам хаста аз худ биёву дигар
Дар ин рафту омад тавону шитобам бидеҳ
Биё соқӣ бехуд зи худ кун маро
Майи ноби нобам бидеҳ
Азобам бидеҳ
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 536 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Канори роҳи интизор
Умед баста бар нигоҳи интизор
Миёни ин замину осмон чу сояи сароб
Фитода бе садо ба чоҳи интизор
Кашида оҳи интизор

Касе садо намекунад
Варо зи чоҳи ғам раҳо намекунад
Дар ин кавири интизори пурсароби бе уфуқ
Барои ҷони ӯ дуо намекунад
Ба ӯ вафо намекунад

Биё, умед мерасад
Зи куйи ошно навид мерасад
Чароғи ишқи покро ба қалби хеш зинда дор
Ки пайки рафъати сапед мерасад
Чу нури шед мерасад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 683 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Сапедаро салом
Маҳи зи раҳ расидаро салом
Умеди ҳай шудан, навиди растани башар
Тулӯи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо
Азизи ҷону дидаро салом
Падидаро салом
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 636 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ҳастиҳо ҳай шудаанд
Ҳама рахҳои дуо тай шудаанд
Аз ҷудои дигарам ҳарфу ҳиҷое набувад
Хамаги шефтаи най шудаанд
Масти он май шудаанд
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 543 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Хандида биё
Эй нури дилу дида, биё
Оғуши маро зи ишқу мастӣ пур кун
Бар хилвати ман чу нури маҳ наҳифу ларзида, биё
Аз қолабу қоби қилу қол берун шав
Дар бехудӣ печида биё
Болида биё
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 538 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ба ёдат хаёлам бирақсад
Даруни сина боғи висолам бирақсад
Дар ин фасли поиз ба ёди канори баҳоронаат
Ниҳоли умеди безаволам бирақсад
Ва шеьри зулолам бирақсад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 733 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дилам парвоз мехоҳад
Дар ин орзукада ҳамроз мехохад
Ҳама ёри забониянд,ҳарфи муфт мегӯянд
Дили хушбоварам эъҷоз мехоҳад:
Яке ҳамсоз мехоҳад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 673 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Биё, тарона гу
Зи ишқу ошиқӣ фасона гу
Канори ман нишин ва бесадо ба қалби ман
Зи рамзу рози Каҳкашон, зи панду фанди ин замона гу
Биёву обшори му ба шонаҳои ман бирез
Ҳадиси ғунчаву ҷавона гу
Ва бе баҳона гу
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 586 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Туро оғуш мегирам
Ва он ҷо меравам аз ҳуш мемирам
Дар ин дунё ба ғайр аз турбати поки Ту, эй Модар
Зи ҳар чизе, ки буду ҳаст дилгирам
Ва аз ин зиндагӣ серам

Нигар чун сахт мағмумам
Дар ин дунё зи худ ҳам бе ту маҳрумам
Падар рафту Ту рафтию сафо аз хонаи мо рафт
Ту гуйи дар чаҳон бар ғусса маҳкумам
Аҷаб танҳову мазлумам

Ҳамеша дар сафар будам
Ҷудо аз суҳбати гарми Падар будам
Набудам, то бигирам пояи тобутат, эй Модар
Ки рӯзи марги Ту ман бехабар будам
Маро бахшо, ки кар будам

Расидам бар мазори Ту
Дуо хондам, нишастам дар канори Ту
Падарро дар мазористон гумонам зинда медидам
Ки меовард бар Аъзам баҳори Ту
Хушо бар рӯзгори Ту!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 772 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Чу дидамат, нигоҳ
Ба ман намекунӣ, зи сина оҳ
Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ
Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ
Биҷустам аз Илоҳ
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 683 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

1-50 51-82
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Июн 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/