Ошиқони Тоҷикистон Душанбе, 01-05-2017, 03:38:03
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6427
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0
Главная » Ватан
ВАТАН
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Дараҷа: Ватан | Диданд: 875 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз баҳри нафс тарки модар мекунем, 
Ин ҳама шаҳри рус обод шуд аз дасти мо. 
Ҳолу аҳволи Ватанро кай накӯтар мекунем. 
Паҳлавонони диёр зери мушти нокасон,
Дараҷа: Ватан | Диданд: 1573 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 07-05-2012 | Эзоҳот (0)

Маро ёди ватан хуштар зи чон аст,
Каси андар ватанро дар забон аст.
Фазои Майханам бегонавор аст,
Гариби беватан зору низор аст.
Кадамгохи азизон чун бихишт аст,
Каси андар Ватан некусиришт аст.
Гариби мояву сармоя дорад ,
Каси андар ватан сад поя дорад.
Гариб кай появу бунёд дорад
Зи сузи дил факат фарёд дорад
Сари савдоии махчури ранчур,
Чунон аст, ин ки гуи зинда дар гур.
Агарчи равшан аст шаб дар гариби ,
Бувад чашми гарибон нокису кур.
Набинад зебу зинат дар гариби
Касе ки дида бошад зеби

Дараҷа: Ватан | Диданд: 718 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-03-2012 | Эзоҳот (0)

Чу хамхокему хамгардун, чи мепурси,кучоиям,
Ба тан чун ту заминиям, ба чон чун ту самоиям...
Фарзона
Ба мулкат омадам аз бениёзи,
Макун дигар саволам аз кучои?
Чи фарки одами гар хок яктост,
Биё Одам шавем, ай дусти чони.
Биё шарки даме бо гарбихо шин,
Ба чашмат зиндагии гарбихо бин,
Бишин гарби замоне хонаи шарк,
Зи неконаш сухан чун хушахо чин.
Чануби бо шимоли кисса мезад,
Азоби гармихоро кисса мекард,
Шимоли масти гармии сухан буд,
Зи тан сармо буруну гарми афзуд....
Макун дигар саволам аз кучои?
Ба мулкат омадам аз дустдори,
Ба чашмам нек бингар одамиям,
Бизан дастат ба дасти хоки чони.
Азорабек
Дараҷа: Ватан | Диданд: 756 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2012 | Эзоҳот (0)

Чи буи форам, эй дуст,мерасад андар машоми мо,
Мароми табрикоти наврузи, дар хар каломи мо.

Хама андар Ватан, доранд чашни иди наврузи,
Вале афсус, дар гурбад, бувад имруз макоми мо.

Дар"интарнет"ки мо бо хамдигар табрик мегуем,
Аз оне, ки Ватан бошад умеди мо, мароми мо.

Гариби куи дигар гаштаем имруз мо ёрон!
Тамасхур мекунанд, инхо, ба ному эхтироми мо.

Агар чанде,ки "Гастарбайтр"-он гуянд, чун моро!
Валекин дар Ватан, донанд кадру эхтироми мо.

Ту,ки"Гастарбайтр"-он мегуиву"Чамшуду-Равшан"хам,
Аз он,ки зиндаги талх гаштааст,имруз ба коми мо.?!

Ту,эй аблах намедони,ки Точик кисту,кадраш чист?!
Чахон бин,фахр дорад бо Сино-ву бо Хайёми мо.

Гариби ё,ки гурбат ин гунохе нест,эй дустон!
Чаро,пас мекунанд бад аблахон имруз номи мо.

Машав гамгин ту,эй Дарвеш,ки охир мерасад рузе-
Намоянд кадри мову ху ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Ватан | Диданд: 816 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2012 | Эзоҳот (0)

Ғарибони дур аз Ватанро

... Давомашро хондан »

Дараҷа: Ватан | Диданд: 1233 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 23-01-2012 | Эзоҳот (0)

Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем.
Пунбадаргӯшем мову раҳбарон,
Чунки мо халқони пунбапарварем.
Фахри мо бошад сари Боми Ҷаҳон,
Хок бар сармон, ки бебому дарем.
Дар ҷаҳон бошад батарҳоле фузун,
З-он батарҳо чанду чандон бадтарем.
Соҳиби сарчашмаему ташнаем,
Соҳиби ганҷинаему абтарем!
Кони фарҳангему ҳангемон намонд,
Фахри торихему бепову сарем.
Кова куву кӯраи оҳангариш?
Монда муште нимаҷон сӯзангарем.
Дигаре гирад гиребони фалак,
Мо гиребони худиро медарем.
Дигарон бар ғосибон зӯроваранд,
Мо фақат бар асли худ зӯроварем.
Дар Душанбе – шаҳри бедарвозае,
Дар миёни акбарон мо асғарем.
Матни он батни ҳама олудагист,
Пойтахти тоҷикон чун бишмарем?
Дӯстии халқҳо! Нозам туро!
Мизбонему зи меҳмон кеҳтарем.
Дар маҳалбозӣ масал гардидаем,
Гарчӣ пайванди каёнӣ гавҳарем.
Аз чунин иллат бимирем ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Ватан | Диданд: 742 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 24-12-2011 | Эзоҳот (0)

Марде, ки зи поки оби кавсар мехӯрд,
Ҳар лаҳза қасам ба шири модар мехӯрд.
Рӯзе дидам аз барои мансаби худ,
Ҳамвора сари ҳазор бародар мехӯрд.
Эй хамватанон миллатам афгор шудаст,
Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст.
Эй ҳамнафасон санги ғазабро шиканед,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
Эй ҳамватанон,
Эй ҳамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
Мурги чаманам, дар чаман бедона,
Соҳибватанам, чу беватан бехона.
Эй қавм туро умеди озоди нест,
То саҷда куни ба қиблаи бегона.
Эй ҳамватанон,
Эй ҳамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
Ай вой, ки қавми тахнасорем ҳанӯз,
Гӯё хираду ақл надорем ҳанӯз.
Ай вой, ки худ ба ҷони ҳам уфтодем,
Мо неш ба зоту хеш дорем ҳануз.
Эй ҳамватанон,
Эй ҳамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
(АЛИМУҲАМАД МУРОДӢ)

Дараҷа: Ватан | Диданд: 621 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 24-12-2011 | Эзоҳот (0)

 Боз бе ман рӯзи мавлуди бародар мешавад,
Боз бе ман зодрӯзу ҷашни модар мешавад.

Боз бе ман соли нав ояд ба гулбоғи Ватан,
Боз бе ман дар диёрам соли дигар мешавад.

Боз бе ман ҷамъи ёронам ба даргоҳи падар,
Боз бе ман ҷумла гирди хони додар мешавад.

Боз бе ман дӯстонро мешавад соле фузун,
Соли ман ҳам дар ғарибиҳо фузунтар мешавад.

Боз бе ман тӯй бошад хонадони халқи ман,
Боз бе ман нурборон хонаву дар мешавад.

Боз бе ман ҳамдиёронам сарафрозӣ кунанд,
Боз бе ман дар маконам шодиҳо сар мешавад.

Боз бе ман модари ҷонам дуоям мекунад,
Боз бе ман дар фироқам чашми ӯ тар мешавад.

Кош андар соли нав раҳми Худо ояд ба мо,
"Боз бе ман"-ҳо ягон рӯзе паси сар мешавад.

Дараҷа: Ватан | Диданд: 706 нафар| Илова намуд: Фарҳодҷон | Сана: 24-12-2011 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/