Таманнои ишқ - 30 Сентября 2014 - Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Ҷумъа, 09-12-2016, 16:35:05

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [5]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12151
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 8
Меҳмон: 8
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » 2014 » Сентябр » 30 » Таманнои ишқ
21:05:34
Таманнои ишқ

Ҷоно, биё, биё,  ки таманно кунам туро,
Дар пайкари малеҳи дилам ҷо кунам туро.
То тирамоҳи сард наояд ба боғи ту,
Бар навбаҳори чашми дил ово кунам туро.
Аз шишаи нигоҳи дил ойина созамат,
Дар шоми ишқ ашки таҷалло кунам туро.
Эй тифли нози ишқ чӣ ранҷидаӣ зи ман,
Бо қанди лаб биё, ки тасалло кунам туро.
Дар зери теғи ишқ бинеҳ гардани баланд,
Сад роҳ куштаву зи нав эҳё кунам туро.
Мепурсиям, ки шаб равам ё рӯз диданат?
Дар шаб биё ҳидояти фардо кунам туро.
 
ххх

Як рӯз бубандам лаб аз обу гилу дона,
Бо хеш даромезам дар гӯшаи ғамхона.
Оям ба фирор аз худ, оям ба канор аз худ,
То чанд маро сӯзад оҳи дили бегона?
Дар оташи ҷони ман печида фиғони ман,
Шамъе накунад парво бар сӯзиши парвона.
Бошам чу парӣ, эй кош пинҳон паси кӯҳи Қоф,
Дур аз нигаҳи мардум дар олами афсона.
Ишқе ки биҳиштӣ буд бо номи Худо сабзид,
Бар маърифаташ судам ман номаи пешона.
Пажмурда дили доғам, озурда дили доғам,
Ку нозу адои ман, ку хандаи мастона?
Ку бо  гуле дар кокул Шаҳрияи шаҳрошӯб,
То зулфи муҳаббатро аз нав бизанад шона?
 
ххх

Ёро, биёву ин сари сарсони ман бубин,
Дар хештан фусурдани чашмони ман бубин.
Дар ин  диёри ғамзадаву зору дардманд,
Дигар бас аст ин ҳама дармони ман бубин.
Он сон маро бисӯз дар оташи танат,
Ларзидану тапидани ин ҷони ман бубин.
Ҷуз шаҳсутуни қомати ту нест такяам,
Эй Такягоҳ дидаи ҳайрони ман бубин.
Гар дидаи булӯри ту холист аз нигоҳ,
Худро дар обгинаи чашмони ман бубин.
Рафтиву хуни шеър дар дил хурӯш кард,
Инак, биёву шеъри парешони ман бубин.
 
ххх
 
Ман дӯст  дорамат, ба худо, дӯст дорамат,
Дар фасли сарди дай ҳам ҳамагӣ чун баҳорамат.
Бар хандаҳои чашми  чун бодоми ту қасам,
То мағз-мағзи ҷону дил андар хуморамат.
Аз нолаҳои талхи дили зори ман шунав,
Ширинтаронае , ки хумору низорамат.
Аз оя-оя шеър чӣ тӯмор бахшамат,
То ки зи чашми баднигаҳ эмин бидорамат.
Шоистаӣ, бахшамат ин гул зи рӯи худ,
Дар фасли сарди дай ҳамагӣ чун баҳорамат.
Мепурсиям, ки чун кунам аз дил агар даме,
Берун кунам хиёли ту, танҳо гузорамат.
Байти дареғ дар лабу ночору дилфигор,
Эй ҷон, ки бар паноҳи худо месупорамат.
 
ххх

Номат ба лаб чу оварам, эй ёри хушгилам,
Фарёди дард ояд аз ойинаи дилам.
Тасбеҳи ишқи ту даме гардонам аз алам,
Гӯё, ки боз кардам ин банди мушкилам.
Хуни баҳори ишқи мо пойизи ғусса рехт,
Инак ба дӯш мекашам ин ҷони бисмилам.
Вақте  ки чашмҳои мо ошиқ ба ҳам шуданд,
Чашми ҳасад фитода буд андар муқобилам.
Аз шаҳкитоби ҳастиям байте фиристамат,
Ҷуз дарди ишқи ту мабод аз умр ҳосилам.
Пажмурда гашта гулшани рози рухони ман,
Райҳони ишқи ту шукуфт аз обу аз гилам.
Дерест рӯи шонаи шаб сар ниҳодаам,
Ҳар субҳидам сафо бидеҳ бар умри ботилам.
Дар бистари ягонаи худ оҳ мекашам,
Овои гиря оядам аз хишти манзилам.

ххх

Бе ман ту чунӣ, эй азиз дар хилвати ёри дигар,
Дар лобалои оғӯши гарми вафодори дигар.
Хори ғами миҷгони ту дар пои дил бинҳуфтааст,
Аммо чу оҳу мечарӣ, ҷонам ту  гулзори дигар.
Ку шуълаи нуре дигар бар чашми сардам ҷон диҳад,
Нур афканад, аммо туро  чашми шарарбори дигар,
Заҳри ҷудоии туям аз заҳраам бигзаштааст,
Шабҳо ту менӯшӣ, вале нӯшоби гуфтори дигар.
Ман оҷизона тан диҳам  дар рӯ ба рӯи ҳаҷри ту,
Дардо, ки бинмудӣ бадал гулро ту бо хори дигар.

ххх

Ҷоно, баҳор омаду боз о ба диданам,
Бингар ба роҳи  ишқи ту чун гул дамиданам.
Бикшо ба рӯи ман дари сабзи биҳишти ишқ,
Бигар, чу сарв дар чамани дил чамиданам.
Гулғунчаи дилам накунад во дами баҳор,
Н-ояд агар ҳавои ту баҳри шамиданам.
Андоз   гӯш набзи маро чун табиби дил,
То бишнавӣ таронаи сабзи тапиданам.
Олучаҳои боғи дилам пухтаасту бин,
Аз хуни офтоб ба сурхӣ пазиданам.
Аз ҳамнишини пучи худ бигрехтам, хушо,
Эй порсой бо ту бувад кай расиданам?
Чашмони худ ба чашми ту бастам ҳамешагӣ,
Бингар аз ин сипеҳри сипанҷӣ рамиданам.

ххх
 
Имрӯз сардам мисли дай, бо навбаҳорон боз о,
Гирён чу абри баҳманам, ту хандаафшон боз о.
Дар осмони бахти ман як ахтари тобандаӣ,
Дар ин шабони тирам, эй нури чашмон боз о.
Ҷони низори хешро андар қадамҳоят ниҳам,
Пеши тан беҷони ман бо қудрати ҷон боз о.
Ман аз хамӯшиҳои ту ҷонам ба лаб овардаам,
Бар хилвати танҳои ман бо шӯру бо  исён боз о.
Шояд касе бад мекунад номи маро, бовар макун,
Аз ҳарзаи шайтон гузар, бо хилқати раҳмон боз о.
Ту Ёри ошиқзодаӣ, розат набошад то аён,
Тундӣ макун, ороми ҷон пинҳони пинҳон боз о.
Ишқат агар бар ман надод як лаҳзаи мастонае,
Мастона мастат мекунам бе оби шайтон боз о.
Бо ҷилваи худ мекунам дунёи ту ғарқи сурур,
Бар олами эҳсони зан, эй марди мардон, боз о.
 
ххх

Ку он азизе то шавам ман ҳамдаму ҷононааш?
Ошиқ шавам бар хилқату завқи хирадмандонааш.
Аз хонаи танги дилам рӯ бар фирор овардаам,
Ку он азизе ки барад моро ба сӯи хонааш.?
Ҳарчанд заҳри ғуссааш  ман нӯш кардам борҳо,
Аз шаҳди лабҳоям, вале бахшам ду-се паймонааш.
Гар болу пар бошад маро ишқаш барам то бар само,
Чун кафтаре қумқум кунам аз равзани кошонааш.
Шеъри муҳаббат хонамаш  бо сад ҳавои дилбарӣ,
В-он гаҳ бубинам меҳри ӯ дар ҳиммати мардонааш.
Ку, он азизе ки дар ин дунёи бас беқиблаҳо,
Рӯ аз ҳама гардонаму монам сарам бар шонааш.

ххх

Ба суроғи ман биёӣ, шавамат азизу ҳамдам,
Сари худ ниҳам ба кифтат, ба фиғон бигирям аз ғам.
Зи хазони  боғ бӯе ба  димоғи ман наояд,
Нафасат давост ҳар дам, ба мисоли атри Марям.
Ту маро ба нур поло, ки зи деву дад гурезам,
Ба ҷамоли Ҳақ расонам чу фариштае дамодам.
Зи ҷабини  ту биҷӯям зи ҳавас фурӯғи хуршед,
Ки ба рӯшани дили ман кунад ошноӣ ҳар  дам.
Ғами норавои ҳастӣ ба равони ман фитода,
Бари ту панаҳ биҷӯям, ки фано кунад зи ман рам.
Бубарам ғуруби шомат ба саломи субҳгоҳӣ,
Бизанам  хамушиятро ба садои ханда барҳам.
Ба Худо чӣ сон бинолам, ки ба моҷарои гандум,
Ба ҷаве намуд банда гунаҳи Ҳавову Одам.
Ту маро бубахш, эй ҷон, ки газоф гуфтамат беш,
Ки Худо диҳад суханро ба забони духти Адҳам.
 
ххх

Эй сорбони ишқи мо танҳо маро намон,
Донӣ, ки роҳи ишқ бувад сахту беамон.
Дорам миёни шаб ба лаб оёти рушанӣ.
Дар чеҳраам сапедадами субҳро дамон.
Имрӯз ҳар ки дар ғами фардои худ бувад.
Бегонаанд аз ғами деринам одамон.
Фарёди ман ба гӯши фалак мерасад, вале
Аз нола кай фалак ба касе медиҳад амон?
Қадри сухан шикаста замони дурӯғсоз,
Ку, шоире фош кунад макри ин замон?
Аз сар бадар намекунам ангораи Худо,
То зиндагиву бахт ҳамин асту ман ҳамон.
Ман он фариштаам, ки бисӯзад ҳамешагӣ,
Бо ишқи бекарони худ аз оташи замон…

 

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 457 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Пайвандҳо: Шаҳрия, Шаҳрияи Аҳтамзод, Shahriya, Таманнои ишқ | Баҳо: 2.0/1
  
Ҳамаги эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Тақвим
«  Сентябр 2014  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерози Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пӯлод Икроми Пулод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал