Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 30-04-2017, 23:32:39
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 72
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 13
Меҳмон: 13
Истифодабаранда: 0
Главная » ШАҲРИЁР
1 2 3 4 »
Модаро бахш яке пеши ту ман маъзурам, Амри тақдир ҳамин шуд, зи наздат дурам. Гарчи дар бандаму ёдат ҷигарам месӯзад, Беҳисоб шукр ба Яздон, ки туро ман дорам. Боз шоми сияҳе рафт ҳанӯз бедорам, Нақши ожанги туро пеши назар меорам. Гиря кардаст гулугир вале хомӯшам, Бо дили реш қадам сӯи саҳар мемонам. Оҳ модар чи суханҳои накӯе дорӣ, Роздониву рамузфаҳм, аҷаб инсонӣ. Ғаму андӯҳи ҷигарбанд ба худ бигрифтӣ, Дар тани хеш ниҳон қалби бузурге дорӣ. Аз Худованд на зару сими каён мехоҳам, Некию тансиҳатӣ, баҳри ту ман мехоҳам. То даме ҳастаму ин чархи фалак гардон аст, Ҳар нафас сӯҳбати ширини туро мехоҳам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 470 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-09-2014 | Эзоҳот (0)

Рез борон қатра-қатра бар ҳавои хонаам, Ноаён кун ашки чашмонам бари рухсораам. На, намегирям ба ёди ёри ноҳақ, ҳайф аст, Ман зи тақдирам бинолам, пеши ў бечораам. Офтобам бармаҳал пинҳонӣ пушти абр шуд, Навҷавонӣ рафт, туғёни дили ман паст шуд. Ҳар саҳар як рўзи ман аз зиндагонӣ кам шавад, Лек андўҳу ғами дунёӣ асло кам нашуд. Аз ҳаёт дилхаставу аз зиндагонӣ мондаам, Як гули пажмудаам, ман аз гулистон мондаам. Накҳати гесўи ёрам бар машомам мерасад, Кай ба дидораш расам, ман худ зи дунё мондаам. То ба кай сўзи диламро андарунам ҷо кунам, Аз гиребони фалак баргираму ғавғо кунам. То ки дар дастам қалам ҳаст, нури чашмам равшан аст, Рўи коғаз дардҳои синаамро ҷо кунам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 405 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба сар дорам ҳавои дидани номеҳрубон ёрам, Чаро раҳме надорад, мегурезад, дода озорам? Маро заҳри ҷудоӣ қатра-қатра ҷон ба лаб овард, Давои дарди ман дур аст, кунун бе ҳуда афғонам. Накардам бад, чаро аз ман гурезонӣ парипайкар, Намо раҳме ба ҳоли ман, мадеҳ беҳуда озорам. Нигар, ҷоно, даруни синаам холист ҷои ту, Биё як лаҳза пешам шин, ки бошӣ рафъи хумморам. Куҷо донӣ, ки аз дурии ту рангам хазон гаштаст, Биё, бо ман бимон умре, ки ман инро сазоворам. Шикорам кардаӣ, бар гарданам бастӣ каманди ишқ, Гурезонӣ кунун, наздам намеойӣ камондорам. Ҳама ранҷу азобам як назар пешам намемонад, Ту гар ойӣ канорам, эй гули наврастаи боғам. Шамими гесўвонат дар машоми Шаҳриёрат монд, Агарчӣ моҳҳо дурӣ зи пешам, бевафо ёрам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 391 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба зиндон сабр кардан кори мард аст, Ситамро тоб меорад на ҳар кас. Ба сахтиҳо ҳаме шукрона бинмой, Ки имрўз аз бароят имтиҳон аст. Нашав навмед аз гардиши айём, Бидон шоми сияҳро бошад анҷом. Бувад, ки шамси тобонат барояд, Аз ин зиндон раҳо ёбӣ саранҷом. Туро дар хона фарзанд интизор аст, Азизонат ба роҳат чашми чор аст. Куҷо бошӣ, Худоро ёд бинмо, Ки танҳо ў туро ҳоҷатбарор аст. Шавӣ озод агар, андешае кун, Гузашти рўзҳо пеши назар кун. Кунун ҳам дўстони ту ба банданд, Зи пеши он бародарҳо гузар кун.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 370 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Худовандо, нигар бар ҳоли зорам Намоям илтиҷо, бишнав ту оҳам, Ту бошӣ раҳнамои ҳар ду дунё Сафоям кун, ки ман дар нимароҳам. Надонам бо кӣ гўям рози дилро, Надидам дар ҷаҳон гўши шунво. Зи дунё мондаам, зорам, асирам Ғамам болои ғам гашта, Худоё! На ман қонуни маҳбас офаридам, На ман танҳо фитодам андар ин банд, Вале гар з-осмон як санг борад Ҳамон бояд биафтад бар сари ман. Дилам сўзад ба ёди тифлаконам Яке маҳтобу дигар офтобам, Ғами дигар маро қонуни зиндон Намедонам куҷо ёбам ҳисобам? Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам, Намо равшан ба нурат шоми торам. Намудам ман хато, бахшандаӣ ту Зи ту бас рўзи неке интизорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 333 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба номи ту нависам ман сурудам, ҷони ширинам, Туро пазмон бигаштам, беҳтаринам, Моҳу Парвинам. Агарчи дурӣ аз ман, меҳри ту ҷо дар дилам бошад Ту бошӣ ғамбарори ман, ту ҳастӣ ёри деринам. Зи нурат равшан ин қалбам, нигоро, аз куҷо донӣ Маро ишқи ту ҷони тоза мебахшад, намедонӣ. Дилам мерақсад ар тарҳи рўят пеши чашм ояд Фироқат сўзи ман бошад, азизи ман, намедонӣ. Дуоят мекунам, ҷоно, ки умре гулфишон бошӣ, Баҳори сабз бошиву ҳамеша бехазон бошӣ, Намехоҳам, ки дар боғат каси бегонае бинам Фақат бо ёди ман бошӣ, аниси роздон бошӣ.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 360 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Дар баҳори зиндагонӣ зору ҳайрон мондаам, Дар миёни чор деворам, ки танҳо мондаам. Ҳам зи модар, ҳам зи додар, дур аз хешу табор Раҳм кун, Парвардигорам, кунҷи зиндон мондаам. Ё гуноҳамро биёбед ё ки худ авфам кунед, Чун ки ин ҷо ноумеду дасти танҳо мондаам. Гар гунаҳкорам ба ман ёбед шахси бегуноҳ Ё фақат ман дар замин зери гунаҳҳо мондаам? Ман нагўям дар ҳаётам нест манро як хато Гар хатои ман набошад, аз чӣ ин ҷо мондаам? Модарамро ёд кардам, додаронам дури дур Бар кӣ гўям рози дилро, ман зи дунё мондаам. Гар мунаввар мекунад номам дили пурмеҳратон Ман дар ин торики дунё ғарқи ғамҳо мондаам. Оҳ гўям, дуд ояд аз даруни синаам Қатраи ашкам чу шабнам рўи гулҳо мондаам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 388 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Аҷаб дунёст, дунёи ҷавонӣ Фазои беғубору шодмонӣ, Набошад лаҳзае оромии дил Ҳамеша дар талоши зиндагонӣ. Вале ин лаҳзаҳо ҳам беамон аст, Ҷавонӣ бигзарад, дунё ҳамон аст. Ба ҳар як дам намо шукронаи умр Ки ҳар рўзи ҷавонӣ ҳам як он аст. Ҷавон астӣ, ҷавонӣ қадр бинмой Наояд зиндагӣ аз нав ба такрор, Ба роҳи рост рав, гар рост бошӣ Туро Аллоҳ бошад худ мададгор.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 384 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо Наҷотам деҳ, аё маҳбуби якто, Ба киштии муродат ҷой бинмо Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавғо. Каромат кун маро ёри гуландом Ҷамоли нозанинат кун намоён, Нигорам, аз фироқат сўхтам ман Маро манмо зи ишқи худ пушаймон. Биё бар кулбаи торам ҳамин дам, Намо равшан ба нурат манзили ман. Зи ҷоми ошиқона нўш бинмой Бишав махмури дунёи дили ман. Ба бўи атри ту мастам, нигорам, Нахоҳам дур бошӣ аз канорам. Биё, як дам тасаллои дилам шав Ки беморам, таманнои ту дорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 316 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ман дар ҳаваси ишқи ту мастам, Дар кунҷи дилам меҳри ту бастам, Сад шукр, туро Худо ба ман дод Ҳар лаҳза ба ёди ту нишастам. Ҷонона, қашангу дилрабоӣ, Чашмам ба раҳ аст кай биёӣ? Оҳ. омадани ту бас гарон аст Аз чашми касон панаҳ биёӣ. Шаб омаду ахтарон намоён, Дар кулбаи ман чароғ гирён, Фандам кунӣ гар ту бори дигар Мирам зи ғамат, шавӣ пушаймон. Чун ойӣ ба наздам, эй нигорам, Шукре ба Худой мегузорам, Дар роҳи расидани висолат Сар гар равад, ормон надорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 364 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Муҳаммадҷон, чи хелӣ, ҷони бобо? Куҷо ҳастӣ, куҷо дорӣ ту ғавғо? Ба ёдам мерасӣ ҳар рўзу соат Ту кўдак ҳастӣ ёдат нест аз мо? Чу фарзандам калон гаштӣ ту пешам Туро чун ҷони худ ман дўст дорам, Кунун аз ту ҷудо будан натонам, Ба ёдат рўзу шабҳо беқарорам. Надидам кўдакеро чун ту зебо Ба хешгуфторият дорам таманно, Ҳамон чашмони оҳувонаи ту Набошад ҳеҷ касро рўи дунё. Ту аз ман ҳастӣ, ман аз ту, Муҳаммад, Ғамамро дур созад номи некат, Худо хоҳад, ба дидорат расам ман Чу шаҳзода бигирам дар канорат.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 355 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Дилам хоҳад равам саҳро нишинам, Ба рўи махмали гулҳо нишинам. Ману он моҳрў танҳо ба танҳо Ба ҷуз рўяш дигар касро набинам. Бигирам дар канор раъно нигорам Бибўям накҳати бўи баҳорам, Ба гўшаш гўям аз афсонаи ишқ Бифаҳмад, ки чи сонаш дўст дорам. Дар ин дунё надорам заррае ғам Ба ҷуз бемеҳрии он ёри дилсанг, Чаро бошад нигорам бемурувват Куҷо пинҳон шудаст он беадолат? Агар дар бар бигирам дилбарамро, Гули зебои дил Нилуфарамро, Намесозам раҳо дигар зи дастам Сипеҳри осмон, тоҷи сарамро.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 344 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба як сў дур аз ёру рафиқон, Фурў рафтам ба фикре кунҷи зиндон, Ба ёди ман расиданд ду ҷигарбанд Ду фарзанде, бароям беҳтар аз ҷон. Шумо, эй дўстрўён, дур аз ман, Куҷо донед чи бошад ёди фарзанд? Ба шўру бозии худ саргаронед Намедонед падар ин ҷост дар банд. Қариб як сол, ки дур аз диёрам, Ғами фарзанду зан кард дилфигорам, Ба фикрат, Матлуба, ман банд ҳастам Ба ёди ту, Муҳаммад, беқарорам. Расид бар ман хабар, ки мебиёянд Зану фарзанд ин ҷо дидани ман, Зи шодӣ хоб аз чашмам паридаст Раҳи фардо аз имрўз интизорам… Чи сахт аст, тифлаконам, интизорӣ Гузашта рўзу шаб бо беқарорӣ, Шавад фардо шуморо боз бинам Намонад дар дилам гарду ғуборе. Ман аз ту, ҳамсарам, миннатпазирам Ки дорӣ рўзгорамро ту сарҷамъ, Ба фарзандон падар, ҳам модар астӣ Илоҳо, ғам набинӣ дар ду олам!
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 401 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ватан, пайванд бо ту ҷисму ҷонам, Ту қувватбахш бар руҳу равонам. Зи меҳри туст равшан хонаи дил, Ба номи ту дар олам ҷовидонам. Агарчанде ки дурам аз канорат, Дилам гум мезанад ҳар дам ба ёдат. Бароят ҷон диҳам, арзанда бошад, Маро аз ганҷ беҳтар хоку бодат. Диёрам, чун ту зебо ман надидам, Ба дил меҳрат зи хурдӣ парваридам. Канори туст манро дурри дунё, Зи ту воло дигар мулке надидам. Маро фахр аст аз он, ки тоҷикам ман, Ватан дорам, ба меҳан содиқам ман. Ҳама шаҳрат зи нав обод гаштаст, Ба кўҳу водиҳоят ошиқам ман.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 371 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Дигар ҳаргиз намеоям ба сўят, Ба дил асло надорам орзуят. Бирав бар кўи дигар оташ афрўз, Ки ман хокистарам дар пеши кўят. Зи гулзорат нахоҳам гул бичинам, Ба паҳлўят намехоҳам, ки шинам. Ту ҳам аз ёди худ созам фаромўш, Дигар дар кунҷи ғам танҳонишинам. Ту бепаймон, фиребам додӣ осон, Ба пеши душманам сархам ту кардӣ. Зади ханҷар ба қалби беқарорам, Ба доми худ гирифторам ту кардӣ. Дигар ҳаргиз намеоям ба сўят, Ба дил асло надорам орзуят. Бирав бар кўи дигар оташ афрўз, Ки ман хокистарам дар пеши кўят.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 327 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Чӣ асрори ниҳон дорӣ, аё Сир, Чиро дар мавҷ аён дорӣ, аё Сир? Ту чандин асрҳоро пушти сар кардӣ, Дили шўху ҷавон дорӣ, аё Сир. Садои дилхароши ошнои ту, Хурўши пурталотум мавҷҳои ту. Насими рўҳфизои соҳилони ту, Дили шўридаи манро ба ваҷд орад. Ту шоҳиди ҳазорон розҳо ҳастӣ, Шарики дарду ғам бо одамон ҳастӣ. Зи лаппишҳои ту кас рўҳ мегирад Умеду орзуи ташнагон ҳастӣ.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 350 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Хабар омад, ки фардо ёрам ояд, ба дидори дили беморам ояд, Худоё, кай шавад имрўз фардо, азизам, дилбару дилдорам ояд. Дилам донад чӣ сон озор дидӣ, чӣ ранҷе аз барои ман кашидӣ, Напўшидӣ, нахўрдиву нагашти илоҷи кори ман танҳо ту дидӣ. Замоне буд фитодам ман ба бистар, ту ҳам аз сўзи ман ноҷўр будӣ, Паи дармони ман гашта шабу рўз, намедидӣ, ки худ ранҷур будӣ. Тасаллӣ дода манро, менамудӣ азобатро зи чашми кас ту пинҳон, Наёбад душманон огаҳ зи ҳолат, наханданд то ба ҳоли ту рақибон. Сиҳат гаштам, зи нав омад балое шудам қарздор, наёфтам ман раҳое, Фурўхта хонаву мошину анҷом, бимондам дар ними роҳ чун гадое. Дигар азми сафар кардам ба Маскав, гирифта ҳамраҳам фарзанди дилбанд, Ният кардем зи нав ду кас як тан илоҷи кори худ ёбем дубора. Вале ҳайҳот ният монд нимкора, шикаст манро фалак аз нав, дубора Бидодам ман зи даст фарзанди худро, сиёҳ шуд рўзгори ман, чӣ чора. Равон кардам тобути писарро ҷигарбанду шаҳид гулгункафанро, Худоё, ин чӣ шўре бар сари ман, ки тобути писар бар дўш - о ... Давомашро хондан »
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 416 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-09-2014 | Эзоҳот (0)

Нигоҳат мекунам дил пора-пора, Садоят мекушад, аммо чи чора. Агар ҷаллоди ҷони ман ту бошӣ, Бимирам дар раҳат боке надора. Мусулмонон, дили ман нола дорад, Ба даргоҳи Илоҳӣ зора дорад. Бигўям рози худ бо ту, Худоҷон, Рақибам бар ғамам парво надорад. Нигоҳи чашми ту мастона бошад, Лабони нозукат паймона бошад. Аз он паймонаат хоҳам бинўшам, Зи ту дурам дилам девона бошад. Мусулмонон, бубинед ёри манро, Қашангу нозанин дилдори манро. Ба кўи нокасе манзил гирифтаст, Намепурсад дили ғамбори манро. Ба ҷони ман ҷафо кардӣ, ситамгар, Ба кўи ту равонам чун қаландар. Таги дар омадам дар во намеша, Хаёлам ёфтӣ ту ёри дигар. Аз ин ҷо то Ҳисор роҳи дароз аст, Фироқи ту пур аз сўзу гудоз аст. Худовандам ба пеши ту расонад, Ки васли ошиқон бас кори соз аст. Ба кўят меравам ман баҳри дидор, Худам донам, намеёбам туро, ёр. Сари роҳат нишинам субҳ то шом, Намеоӣ, зи ман гаштӣ ту безор. Ба боғат сайр кардам, гул бичидам, Садои форами булбул шунидам. Ба гўшам гуфт булбул, ки дареғо, Дар олам чун ту ошиқр ... Давомашро хондан »
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 457 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Рўят, санамо, чу офтоби саҳарӣ, Дил бурда зи ман сўи дигар менигарӣ. Раҳме ту бикун ба ҳоли ин сўхтадил Аз мо чи шуда, ки ноаён мегузарӣ. Дар рўи замин шабнами тар мебинам, Дар пеши шумо ёри дигар мебинам. Ман содда будам, ки бар шумо дил додам Аз дасти шумо сўзи ҷигар мебинам. Аз ишқи ту бемору парешонам ман, Аз дурии ту харобу гирёнам ман. Рўзе бишавад, туро бигирам ба канор Дар гўши ту сад рубоӣ мехонам ман. Аз кўчаи мо гузар макун, ғам дорам, Аз дурии ту азову мотам дорам. Гар мегузарӣ, нигаҳ макун ҷониби ман, Сўзон ҷигару дидаи пурнам дорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 366 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба Худо шукр кунам, шоми сияҳ поён аст, Фараҳи субҳ кунун дар баданам чун ҷон аст. Дилам аз шавқ ба рақс омадаву шодам ман, Ҷигарам, духтарам имрўз маро меҳмон аст. Ту гули боғи манӣ, моҳи шабистони манӣ, Моҳ бо ин ҳама нур пеши рухат ҳайрон аст. Чу ба лаҳни шакаринат сухан оғоз кунӣ, Булбул аз шарм ба кунҷе зи назар пинҳон аст. Гарчи аз ғам дили ман пора шуда, боке нест, Хандаи лаъли лабат қалби маро дармон аст. Набувад ҳадя маро беҳ зи ту рўи олам, Ба раҳи омаданат ҷони падар қурбон аст.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 396 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Бишнав, эй ҷон, бар ту гўям рўзгори талхро, Рози ин зиндонии уфтодаву сарсахтро. Ман ҳамехоҳам зи ҳолам пеши ту лаб во кунам, Баски дурӣ аз барам, дардам ба коғаз ҷо кунам. Кас набошад рўи олам бехато назди Худо, Моҳи тобон айб дорад, ҷони ман, бовар намо. Гар ба ҳар як айб инсонро ба маҳбас ҷо кунанд, Пас намемонад дар озодӣ касе зери само. Пеши Яздон бас гунаҳҳо кардаам, шармандаам, Ман азобам мекашам то он даме, ки зиндаам. Баъди мурдан рўзи машҳар боз мебинам ҷазо Қозиям Парвардигору пеши ў ман бандаам. Нек бингар сўи ман, монанди ту як одамам, Гар хатое карда бошам, сар фуруд овардаам, Дур кун теғи ҷаҳолат аз гулўям як замон Бин, ки аз роҳи хатои зиндагӣ баргаштаам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 328 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Дар паноҳи худ нигаҳ дорам, Худо Худ сироти мустақиматро намо, Дар ҳаётам бас хатоҳо кардаам, Эй Худо, бахшо гунаҳҳои маро. Ман мусулмонам, хатое кардаам Пайравии роҳи шайтон кардаам, Баҳри нафсам, баҳри нону зиндагӣ Ҷои худро кунҷи зиндон кардаам. Оҳ, акнун мекашам озори хеш, Мондаам танҳо ба ҳоли зори хеш. Фикр бандам мекунад шому саҳар Ман намеёбам илоҷи кори хеш. Гар хато кардам, Худоё, дидаӣ, Оҳи фарзандони ман бишнидаӣ, Худ раҳоям кун аз ин банду бало Ту Раҳим астӣ, Худо, бахшандаӣ. Пеши ту бошад ҳамин дам рози ман, Нашнавад дигар касе овози ман, Раҳми ман кун, раҳми фарзандам бикун Ғайри ту ку дар ҷаҳон ҳамрози ман?
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 363 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Худовандо, худат моро нигаҳ дор, Намон, к-аз душманон бинем озор. Дар ин манзил ҳама бо ғам қаринанд, Набошад ғайри ту мўнису ғамхор. Бигир моро худат андар паноҳат, Набин лоиқ ба мо ҷабру надомат. Дар ин дунё гуноҳи мо зиёд аст, Ту бошӣ қозии рўзи қиёмат. Ба кунҷи маҳбаси торик ҳастем, Валекин дар паноҳи ту нишастем. Хато аз мо гузашт, авф аз ту бошад, Ба уммеде сари таъзим ҳастем. Нишаста гирди дастархон рафиқон Ба ҳамдигар намоянд роз эшон. Ҳама неъмат бувад ин ҷо муҳайё, Ба ҷуз озодиву дидори хешон. Худоҷонам ба мо сабре ато кун, Зи қайду банди ғам моро раҳо кун. Ба даргоҳат шабу рўзона нолем, Дари озодиро бар мо ту во кун.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 358 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ғам махур, дунё намеарзад ба ғам, Мебарад ғам одамиро то куҷо. Кас надонад омади фардои худ, Аз куҷо ояд фалокат, то куҷо? Ёд дорӣ аз гузашти зиндагӣ, Ту куҷо будиву ин зиндон куҷо? Банд будӣ дар паи дунёи худ, Он ҳама беҳуда рафторат чаро?. Ин замон дур аз диёрат мондаӣ, Ман намедонам, ки ёронат куҷо? Ҳалқа гашта ашк дар чашмони ту, Нола дорӣ, оҳу афғонат куҷо? Як замон андеша кун, эй Шаҳриёр, Бар сарат омад фалокат аз куҷо? Ҳеҷ кас дар ин ҷаҳон бе айб нест, Пас худат донӣ, хатоят аз куҷо?
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 356 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Маро ғам ёру ғурбат ҷуфти ҷон аст, Ҳамеша ашк аз чашмам равон аст. Дилам сард аст аз ин сон зиндагонӣ, Кунун ҷонам ба тан бори гарон аст. Ба дил гирам ҳама дарди замона, Зи дарди худ вале бошам канора. Агарчи хастаам аз сўзи ҳиҷрон, Наорам пеши нокас як ибора. Агар ашкам ниҳон андар гулў аст, Наменолам, агарчи дард зўр аст, Намехоҳам шавам вирди забонҳо, Нагўяндам ҳақиру носабур аст. Маро талх аст танҳоӣ кашидан, Ҳаме заҳри ҷудоиҳо чашидан. Тараҳҳум кун, ки ман дигар натонам, Дар ин олам нафас бе ту кашидан.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 355 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Зиндагии мо ба поён мерасад, Навниҳолему зимистон мерасад. Буд аз мо пеш дар даҳр одамӣ Аз паси мо насли инсон мерасад. Бехабар даври ҷавониҳо гузашт, Майда - майда даври пирӣ мерасад, Тансиҳат будем, бепарво будем, Нотавониву ҳақирӣ мерасад. Аз паси айшу тараб, нокомиҳо Ҳар яке бо навбат ин дам мерасад, Гар набудем меҳрубон бо волидон Пас зи фарзандон ба мо ҳам мерасад Рўзу шаб дар фикри молу манзилӣ, Шукр кун, ризқ аз Таоло мерасад. Гар тавонӣ, тухми некиро бикор Бар ту ҳам некии дунё мерасад.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 346 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Оҳ, торикии зиндон мекушад охир маро, Нолаҳои сарди борон мекушад охир маро, Даст кўтоҳ аст гирам аз гиребони фалак Қатра-қатра заҳри ҳиҷрон мекушад охир маро. Гарчи дурии висоли ёр дардам медиҳад Дидани ашкаш ба мижгон мекушад охир маро Пораи ноне, ки гирам аз гулўям нагзарад Фикри ризқи кўдаконам мекушад охир маро. Ман намедонам чи сон сўзи диламро рў кунам, Андарунам дарди пинҳон мекушад охир маро. Гар зи ҳолам дўстонам бехабар буд фарқ нест, Огаҳии душманонам мекушад охир маро. Пой дар банд. Шеър дар дил. Хок бар сар, Шаҳриёр, Байтҳои ин замонам мекушад охир маро.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 367 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ман ин шеърам зи хуни дил нависам. Ба номардони дунё ҳадя орам. Намехоҳам битарсонам касеро Фақат хоҳам каме ҳушдор созам. Ту ҳоло мардро аз по фитонӣ, Бисўзӣ хонааш бе як гаронӣ, Насозӣ раҳм баҳри кўдаконаш Ту захме бар дили он мард монӣ. Кунун тоқӣ ба пешат монда як дам Зи кори кардаат андешае кун, Барои нафси худ охир чӣ кардӣ Ҷавонеро ба маҳбас зору мазлум. Машав, аблаҳ, зи кори хеш мамнун Ту ҷав кишта, лаин, мехоҳӣ гандум. Накардӣ раҳм бар бечора акнун Худо хоҳад, шавӣ расвои мардум.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 368 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба сўи осмон наззора дорам, Ба фикри ту, падарҷон, дилфигорам. Намехоҳам туро озурда бинам Хато кардам, худам ҳам саргаронам. Падарҷон, дар ҳаётат ранҷ дидӣ, Вафою бевафоӣ чанд дидӣ, Басе дидӣ хиёнатҳои дунё Зи пастиву баландиҳо раҳидӣ. Ҳама рўзони торат пушти сар шуд, Ниҳоли киштаи ту пурсамар шуд, Зи некиҳои умр шукронамон буд Фалокат сар заду андўҳ афзуд. Намехоҳам туро маъзур бинам Зи кори кардаам ноҷўр бинам, Маро дар қисматам имрўз будаст Ба бист мондам қадам, маҳбаснишинам Фақат аз ту, падарҷон, узр хоҳам Дигар пеши касе сар хам наорам, Ягона орзуи ман ҳамин аст Сарамро пеши ту бар саҷда орам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 417 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Чор додар, чор ёри меҳрубон Бо ҳазор умед падар карда калон, Ҳар яки мо ғам фузунаш додаем То шуда дар зиндагонӣ комрон. Баҳри ризқи мо кашида ранҷҳо, Луқмаи нони ҳалолаш шуд раво. Заҳмати бисёр пираш кардааст Мондааст акнун умеди ў ба мо. Пас биёед ин, ки мо фикре кунем Мо зи баҳри ў чӣ коре кардаем? Гар ба пушт то Маккатуллояш барем Пеши як рўз заҳмати ў камтарем. Мо, бародарҳо, ба ҳам азме кунем Хизмати модар, падар иҷро кунем. Бо дуои волидон гардем сабз Пас аз он бо меҳр сар боло кунем.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 415 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Вой бар ҳоли туву хокат ба сар, Ки падарро ҷой кардӣ пушти дар, Бо ҳазор умед кардастат калон Дар дами пирӣ туро шуд дарди сар? Ту намедонӣ туро дода ҳаёт Ҳар чие, ки дошт, пеши ту гузошт, Гар набуда давлаташ, айбаш набуд, Чунки тақдираш Худо он ранг сохт. Чун ту молик гаштӣ бар моли ҷаҳон, Аз падар кардӣ ҳазар, ай бадзабон, Он чӣ дар ҳаққи падар аз ту гузашт, Сад карат бинӣ зи фарзандат, бидон
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 375 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба ёди рўи ту, ҷонам, кунун бемор мегардам, Аз ин манзил ба он манзил қаландарвор мегардам, Фироқатро намудам ҳамраҳам то зинда бошам ман Зи ишқат гаштаам девона, Маҷнунвор мегардам. Назар бар суратат кардам, инонам рафт аз дастам, Зи танҳоӣ ҳаме чун соя бар девор мегардам. На аз ту, балки аз тақдири бад имрўз нолонам Чу гул, эй гул, шукуфтӣ лек ман афгор мегардам. Ҳаётам сўхтӣ, ҷонам, маро партофтӣ, рафтӣ, Ба назди ёру душман бо дили ғамдор мегардам. Бароят бахт мехоҳам, ки бар хурсандӣ меарзӣ Туро хушбахт бинам, як нафас бисёр мегардам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 359 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба зиндонам, ба зиндонам, ба зиндон, Намедонам куҷост оғозу анҷом, Гирифторам ба гирдоби фалокат Раҳоиям надорад ҳеҷ имкон. Куҷо ёбам раҳоӣ ман зи маҳбас Надорам раҳнамову ёру пайванд, Ғами беҳуда дорам, гиряам зўр, Нафас андар гулўям монда дар банд. Кунун бар ман ҷаҳон бегона бошад, Маро як кунҷи маҳбас хона бошад, Дилам аз интизорӣ хаста гашта, Висоли ёр чун афсона бошад. Худовандо, маро қувват ато кун, Маро аз банди ин зиндон ҷудо кун. Ба номи Ту фақат ман зинда бошам Ва ё ҷонам бигир, аз ғам раҳо кун.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 341 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Бирафт аз ман қарору сабру тоқат Ба наздам омадӣ ту бо дили сард, Ту захми кўҳнаамро боз кардӣ Зи нав қалбам бишуд лабрез аз дард. Маро бар ту ниёзе, ёри ҷонам, Зи манн дур астӣ, ин ҷо саргаронам. Ҳар он дам, ки ба хотир рўят ояд Дилам хун мешавад, эй меҳрубонам. Туро беҳуда хорӣ менамудам, Ҳама дам дилфигорӣ менамудам. Чи коре мегузашт аз байни моён Зи рўи дўстдорӣ менамудам. Бидонам, қадри ёрат хуб донӣ, Ту оқил ҳастию ҳам меҳрубонӣ. Махур ғам з-он, ки дур астам зи пешат То доим дар танам монанди ҷонӣ.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 371 нафар| Илова намуд: tafsirtj | Сана: 19-09-2014 | Эзоҳот (0)

Канори соҳили дарё Нишаста яккаву танҳо, Ба гўши ман ҳамеояд Садои мавҷи соҳилҳо. Ту ҳамрози манӣ, дарё, Ба ту гўям ғами дилҳо. Агарчанде ки хомўшӣ Зи ту гирам ҷавобамро. Ту доим мекунӣ туғён, Намефаҳмам туро осон, Бигў рози дилат бар ман Чи сир дорӣ зи ман пинҳон? Чу ман бо ту бувад дамсоз Ҳазорон дилбари танноз, Вале ҳоло зи ман бошӣ, Ту бо ман гаштаӣ ҳамроз.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 349 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-09-2014 | Эзоҳот (0)

Дилам оҳу фиғон дорад, гули ман, Азоби бекарон дорад, гули ман. Ба ёди ёри ширин саргарон аст Ки ғамҳои гарон дорад, гули ман. Ҳумо астӣ, надонам хонаатро, Куҷо кобам раҳи кошонаатро, Ҳама бо ҷуфти худ парвоз дорад Ҷудо аз ту намоям нолаамро. Даме биншин ба паҳлуям, баҳорам, Хабар меёбӣ аз аҳволи зорам, "Туро баҳри муҳаббат офариданд" Вафодорӣ намо бар ман, нигорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 369 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ҷавон будам, ҷавониям зи дастам рафт, Баҳори зиндагониям зи дастам рафт. Гумон кардам ҷавонӣ ҷовидон бошад Ҳавасҳои ниҳониям зи дастам рафт. Куҷо шуд он ҳама бе фикр гаштанҳо, Зи баҳри лоларуён дил тапиданҳо, Агар як лаҳза аз маъшуқа дур монем Ба худ печидану фарёд карданҳо. Кунун бо фикри дунёи дигар бандам Зи олам ноламу дилсард мегардам, Намуда фикри даврони ҷавониро Парешонам, пурармонам, пури дардам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 392 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-09-2014 | Эзоҳот (0)

Хуш омадӣ, ба кулбаам, дилам фидои ту бод, Сари баланди ман имрўз хоки пои ту бод. Ба манзили ман омадиву назди ман ҳастӣ, Тамоми нозу неъмати фалак барои ту бод. Расид фасли баҳор, лолаву насрин бишукуфт, Гулу себарга чу қолин ба пеши пои ту бод. Канори соҳили дарё ба таманнои висол Расам даме ба висол, ҷони ман фидои ту бод. Маро ба ҷуз ту намондаст ҳавою ҳавасе Ҳама ашъори Шаҳриёр дар санои ту бод!
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 381 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-09-2014 | Эзоҳот (0)

Аз ин ҷо то Хуҷанд сабза дамидаст, Дар ин ҷо буданам аз сарнавишт аст. Хаёлам нисфи умрам аз ту дурам Агар чи сол як акнун гузаштаст. Дами субҳ асту ман ёди ту дорам, Даруни сина фарёди ту дорам, Худамро пеши мардум мард гирам, Валекин аз ғами ту дилфигорам. Насим ҳар дам биёрад бўи атрат, Ҷудоӣ аз ту бар ман сўзу дард аст, Бигирям кунҷи дил аз чашм пинҳон Чӣ талху шўр, ҷонам, ашки мард аст.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 373 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-09-2014 | Эзоҳот (0)

Писарҷонам, ҷавон рафтӣ зи наздам, Намегирям, зи ҳаҷр хомўш ҳастам. Намехоҳам бигўям даргузаштӣ, Бигўям: бо ту ҳамоғўш ҳастам. Намедонӣ чи сонат дўст дорам, Ба рўи қабри ту гул мегузорам, Надидам гул, ки зебо аз ту бошад, Аз ин гулдастаам худ шарм дорам. Ҳамон китфу қаду раҳ гаштани ту, Ба наздам шиштану хандидани ту, Ба ёдам мерасад дил мезанад гум Надидам дар чаҳон зеботар аз ту. Дар ин дунё ба мисли меҳмонем, Расад рўзе, ба қабре сар бимонем. Вале ҳоло ғами ту ҳамраҳи ман Ба кўйи ту расонад ин раҳи ман…
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 337 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-09-2014 | Эзоҳот (0)

Аё модар, бароям сўхтӣ ту, Ҳаме дида ба роҳам дўхтӣ ту, Ба умеди ҳақиқат сабр кардӣ, Ба роҳам чашми дилро дўхтӣ ту. Надонистӣ ҳақиқат аз Худо аст Ба пеши ў ниҳонҳо ошкор аст, Ба ноҳақ гар маро маҳбус карданд, Пагоҳ қозиашон Парвардигор аст. Махўр ғам, модари ҷон, бегуноҳам, Ба ғайри ту ғами дигар надорам, Худо, бошӣ саломат бар сари ман Ба умеди ту дар дунё қарорам. Туро, модар, чу ҷонам дўст дорам, Ҳамеша фикри ту, ёди ту дорам, Бароям қиблаи умед ҳастӣ, Сари таъзим пешат мегузорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 361 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-09-2014 | Эзоҳот (0)

Маро буд бо ту дунёям дигаргун, Ҳаётам буд баҳори сабзи гулгун, Даме, ки туҳфа фарзандам намудӣ Чун ман хушбахт кам буде ба гардун. Кунун шодӣ ҳама поён расида, Туро, ҷонам, ғаму савдо расида. Ту, фарзандам, даме оғўш созӣ Равон гардад зи чашмат оби дида. Чи созам, ки чунин тақдир буда Маро аз ҳамсари худ дур кардаст, Даме ёдам расӣ, дудам барояд, Саропоям ҳама андўҳу дард аст. Азизам, ман ба сахтӣ тоб орам, Зи даргоҳи Худо умед дорам, Ки рўзе мерасад як ҷо шавем мо Фақат бо хотири ту интизорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 385 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Модарам, зода маро ғам дидаӣ, Рўзи хушро ин қадар кам дидаӣ. Аз азал баҳри манат ғам буд фузун Ҳар замон андўҳу мотам дидаӣ. Тарбият додӣ, маро кардӣ калон, Бо умедҳо кардиям мактаб равон. Як ҷавоне ман шудам қоматбаланд Фахри ту буд аз замин то осмон. Тўй дода, хонадорам кардаӣ, Орзўи бешуморам кардаӣ. Ҳар гаҳе тобам нашуд, хобат гурехт Зориҳои бисёрам кардаӣ. Fам ҳамеша ҳамраҳи ту, модаро, Кош дар дунё намезодӣ маро. Бурда фарзанди ту маҳкам кардаанд Тарк карда хоб чашмони туро… Модарам, умре азобат додаам, Дарду ранҷи беҳисобат додаам, Гар тавонӣ, бахш, иштибоҳи ман Хоб мебинам, ки обат додаам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 363 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Хамушам ман даруни сина холӣ, Вале ашкам зи чашмам ҳаст ҷорӣ. Диламро тавба додам, ки нагиряд, Набошад умри кас бе ранҷу хорӣ. Ба душвории дунё тоб дорам, Надорам шиква аз дунё, надорам. Зи тақдирам наменолам ману лек, Ғамам яктост - бе ту беқарорам. Харобам карда ин дарди ҷудоӣ, Диламро забт карда беқарорӣ. Асирам ман ба зиндонам, чӣ созам, Маро як чора мондаст: интизорӣ.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 267 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Зи қабристон гузар кардам, ҷавониям ба ёд омад, Ҷамолат пеши чашм, он шаҳди гуфторат ба ёд омад. Сафедиҳои мўят барфи навборро шабеҳе дошт, Ба рўи ҷонамоз ожанги рухсорат ба ёд омад. Ту умре, модарам, дар фикри ободии ман будӣ, Мани гумроҳро бингар, кунун ёди ту ёд омад. Наметонам, ки бо ин нолаҳо умрам қафо орам, Фақат модар ғаму дарде туро додам ба ёд омад. Ту ҳам будӣ замоне тозаву тар рўи ин дунё, Пайи хушбахтии мо кор мекардӣ ту субҳу шом. Барои бахти мо аз бахту тахти худ гузар кардӣ, Зи дунё даргузаштӣ, зери хок осудаву ором. Тавонӣ бахш бар ман модаро ҳар як хатоямро, Ки умр аз нисф бигзашту маро пирӣ ба ёд омад. Ба рўҳат ман дуо созам дуоямро қабул бинмо, Ки фарзанди бамеҳратро кунун ёд аз дуо омад.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 412 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Бародар, омадӣ чун меҳмоне, Нишастӣ назди моён як замоне. Бихондӣ шеърҳоям гашта мамнун, Маро шодӣ бидодӣ як ҷаҳоне. Маро шеърам давои дард бошад, Худо манро на шоир офаридаст. Вале чун бишнавам сўзи бародар, Ба ў шеър офарам, фарзам ҳамин аст. Ту ҳам бошӣ чу ман як дилшикаста, Ба маҳбас ҳамраҳи ёрон нишаста. Ту ҳам аз зиндагонӣ ҷабр дидӣ, Раҳоият муаммоест баста. Худо бошад туро доим нигаҳдор, Ба раҳму шафқаташ бошӣ сазовор. Ба ёру ҳамраҳон некӣ намудӣ, Расад некӣ туро аз Офаридгор.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 402 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Шаби тор аст, ман бедорӣ дорам, Зи равзан бар само наззора дорам. Панаҳ кар(д) пораи абр рўи маҳро, Ҷаҳон торик шуд, ғам гашт ёрам. Ҳама он ёди ширин ёд дорам, Ту буди сарвинозам дар канорам. Ҳавои хонаам пур буд зи атрат, Дигар манро набуд парвои олам. Гузашт он рўзҳои неки дунё, Ҷудо карда кунун тақдир моро. Нишаста бар само наззора дорам, Ки боре ҳам бубинам рўи моҳро. Ба ҳар гармову сармо тоб дорам, Ба зиндонам, вале парво надорам. Маро як дард шуд ҳаҷри рухи ту, Ба ёди дурии ту нола дорам.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 358 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Зи ман дуру ба қалбам ҷой бошӣ, Бароям ҳамдаму ҳамроз бошӣ. Биё, ай нозанин, ҳолам хабар гир, Ки дарди синаро дамсоз бошӣ. Қади сарви ту бошад зеби бўстон, Фидоят мекунам ҷонро, париҷон. Қади сарви ту бошад зеби бўстон, Фидоят мекунам ҷонро, париҷон. Ба гулзорат дароям, гул бичинам, Биё, ҷоно, дар оғўшат бигирам. Надорам тоқати рўзи ҷудоӣ, Бимон андар канори ту бимирам. Ситора дар само шабёна дора, Ҷилои чашми ту девона дора. Насибам кун, Худо, дидори ёрам, Ки қалби ман дигар тоқат надора. Ҳамеша ёди ту дорам ба дил ҷо, Маро ғайрат набошад фикри дунё. Худам зиндониву ёди ту дорам, Чаро ҳолам намепурсӣ, нигоро. Ало, ҷоно, ба холи ту асирам, Ҳамеша бо хаёли ту бигирям. Агар сад ёр пешам дошта бошам, Ҳамехом пеши пои ту бимирам. Дар ин кую гузар меҳмонам, эй ҷон, Зи дасти бахти бад сарсонам, эй ҷон. Фитодам маҳбасу ҳолам табаҳ шуд, Кунун аз ҳаҷри ту ҳайронам, эй ҷон. Туро холи лабат зебанда бошад, Ду чашмонат ҳаме рахшанда бошад. Бимирам дар ғами ишқат нигоро, Маро бе ту ҷаҳон равш ... Давомашро хондан »
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 407 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Фироқат карда ошиқро ҷигархун, Куҷо созам дигар ин қалби пурхун? Маро бе ту ҷаҳон рўшан набошад, Туро бинам даме, бошам дигаргун. Чаҳоряк аср умрам бо ту бигзашт, Тавонам рафт, пириям расида. Чаро бошам кунун аз ту ҷудо ман, Кадомин чашми бад моро расида. Зи ҳаҷри ту нависам номаамро, Ҳама розам, ҳама дарду аламро. Анисам, гар ту дардамро надонӣ, Ба кӣ гуям табу сўзи диламро? Нишаста андаруни чор девор, Набитвонам равам пешат ба дидор. Паёмамро зи дурӣ қадр бинмо, Манам он Шаҳриёри ошиқи зор.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 365 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Маро танҳо бимондӣ, модари ҷон, Гузаштӣ аз ҷаҳон қалбат пурармон. Надидӣ соати некии дунё, Намудӣ сарф умри худ ба моён. Намедонам чаро ҳар лаҳза, модар, Маро танҳо бувад ёди ту бар сар. Ҳамеша пеши рўям менамоӣ, Ба ҷуз фикрат надорам кори дигар. Ғами худро намехўрдӣ ту ҳеҷ гоҳ, Ба дарди дигарон будӣ ту ҳамроҳ. Азобу ранҷи худ бар кас нагуфтӣ, Ҳамеша такя мекардӣ ба Оллоҳ. Чи сон қадри туро модар надонам, Ба сад уммед кардӣ хонадорам, Надида роҳат аз дунё гузаштӣ, Кунун ман дар фироқат нола дорам. Нишаста кунҷи маҳбас ман пурармон, Ба ёди ту бирезам ашки сўзон. Дуо гўям, ки руҳат шод бошад, Ба ҷаннат ҷой бошӣ, модари ҷон.
Дараҷа: ШАҲРИЁР | Диданд: 389 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 13-09-2014 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Апрел 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/