Модар - Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ошиқони Тоҷикистон Сешанбе, 28-03-2017, 16:59:21
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12511
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 13
Меҳмон: 13
Истифодабаранда: 0
Главная » Модар
Аз хама дар руи олам гамбарорам модарам,
Мисли гул андар чаман богу бахорам модарам,
Нексиришту нексухан доим бувад хамрохи ман
Лахзае дур гарди он дам бемадорам модарам
Мехри ту дар калби ман чои ту дар кунчи дилам
Дар шаби тор аллаатро интизорам модарам
Дастони мехнатият пайваста бошад дар сарам
Зиндаги хуш аст маро хар гох ки боши дар
барам
Бош доим дар барам эй дуру гавхар ахтарам Ту маро танхо магзор бе ту мирам модарам!!!
Дараҷа: Модар | Диданд: 872 нафар| Сана: 16-07-2014 | Эзоҳот (0)

Дил ба ёди модарам!
Резад хуни чигарам !
О хар кучое,ки равам!
Ёди ту дорам бар сарам!
Эй модарам,Эй модарам
Эй модари чонпарварам !
Ох чашми чори модарам!
Ба рохи он бародарам
Хок мекунам бар сарам!
Зи дарду гами модарам!
Эй модарам ,Эй модарам
Эй модари чонпарварам!
Хастам фарзанди ту
Хастам чигарбанди ту!
Ту хасти, ки ман хастам
Ба чон пайванди ту!
Эй модарам ,Эй модарам
Эй модари чонпарварам!...
Мухаммади Назарахмад Гадоев
prins-muhammadi-forsi@mail.ru
Дараҷа: Модар | Диданд: 1335 нафар| Сана: 25-11-2012 | Эзоҳот (0)

Аё модар ту будиву буд бароям ин офтоб хандон,
Аё модар ту будиву буд бароям хар лахзае шодон.
Ту будиву нафахмидам ман гами ин зиндагониро,
Ва хар лахза хис мекардам ман бахти човидониро.
Агарчи дар синну сол чу марде дар камол будам,
Вале ман дар канори ту чу кудак бе хаел будам.
Агарчи назди ман буданд ширин кудакони ман,
Вале ман дар канори ту кудаквор хушхол будам.
Аё эй модари ширин, аё эй модари дилсузу гамхор,
Ва буд гамхориат бахрам чунон хам дилкашу бисер.
Ки гуё ин бихишт буду ва ман низ дар бихишт будам,
Ки гуё то абад бо ин як, чунин як сарнавишт будам.
Вале ту рафтиву рафт аз ман он бахти човидониам,
Вале ту рафтиву рафт аз ман хушхол зиндагониам.  
Ту рафтиву рафтанд бо ту лахзахои шодмониам 
Ту рафтиву рафтанд бо ту хам овони чавониам
Ту рафтиву пас аз чанде сафеди зад бар муям
Ту рафтиву пас аз чанде п ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 2017 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 01-06-2012 | Эзоҳот (1)

То ба кай ашки катори ту ба хун огушта аст,
То ба кай аз дурии мо хотират озурда аст.
Ту магар танхо барои хурдани гам омад,
То ба кайй он калби зебот зи гам ошуфта аст.

Модари чонам азизам нури бахти хонаам,
То ба кай дар калби ту дарду гами мо хуфтааст.
Хар шабу хар руз пеши он Худои мехрубон,
Бахри мо чун ту тавалло хеч касе ногуфта аст.

То ба кай эй модари чон дар бахори умри худ,
Бахри фарзанд он гули руят зи гам пажмурдааст.
Бехтарини бехтарони модари чон зи-н сабаб,
Бахтиёр дар хар сурудаш номи модар гуфтааст.

Дараҷа: Модар | Диданд: 1511 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 01-06-2012 | Эзоҳот (0)

МЕҲРИ МОДАР
Солҳои аввали эҷоди ман…
Лаҳзае аз кӯдакӣ дар ёди ман
Мондааст, гӯё ба рӯи мавҷи об
Хираю ларзон чу акси офтоб…
Хурд будам, бистарам гаҳвора буд,
Бистари ҷунбони ман сайёра буд.
Дар ҳамин ҷо буд хӯрду хоби ман,
Дар ҳамин ҷо минбару меҳроби ман.
Дар ҳамин ҷо бар сари гаҳвораам,
Аллагӯён модари бечораам,
Бо табассум, бо такаллум, бо шитоб
Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб.
Савти аввалро, ки бишнидам аз он,
Ҳаст ҳоло дар забони кӯдакон…
Як замон гаҳвора бар ман танг шуд,
По ниҳодам, пойгоҳам санг шуд.
Даст бурдам, монд дастам дар ҳаво,
Боз модар дошт як дасти маро…
Дар ҳамин аҷзу ҳамин бечорагӣ,
Дар ҳамин хурдӣ, яку якборагӣ,
Хестам, дидам: надидам як саҳар
Аз ҳамон меҳри дурахшонам асар.
Бо ду чашми чор ӯро кофт ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 1678 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

ДАСТИ МОДАР
Бо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,
Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кўшкҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рўи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагўён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сўям оғўшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бў кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мў кардаӣ,
Сўи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро г ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 1354 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

Ман ба меҳри Модари ҷон ташнаам,
Бар муҳаббатҳои ҷонон ташнаам.
Бар ҷавои кӯҳсорон ташнаам,
Бар навои обшорон ташнаам.
Бар сафои разаборон ташнаам,
Бар ҳавои Тоҷикистон ташнаам.

Дар миёни лобалои қилу қол,
Дар сари андешаву ғарки хаёл,
Ҳаҷрҳо бахшида меҳрамро камол,
Орзуҳо қаъри дил амри муҳол.
Бар амалободи ормон ташнаам,
Бар фазои Тоҷикистон ташнаам.

Хоб мебинам суруди шаршара,
Сабзу хуррам дашту домони дара,
Деҳаи хурдам саропояш сара,
Метапад қалбам миёни пайкара,
Ҳамчу Юсуф баҳри Канъон ташнаам,
Бар вафои Тоҷикистон ташнаам.

Ёд кардам пораи нони Ватан,
Рӯҳафзо меҳрборони Ватан,
Чун биёбонам ба борони Ватан,
Дардошноям ба дармони Ватан.
Бар давои сӯзиши ҷон ташнаам,
Бар шифои Тоҷикистон ташнаам.

Саҷда орам хоки Хатлони варо,
Зарраи лаъли Бадахшони варо,
Қатраобе аз Зарафшони варо, ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 1269 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 05-05-2012 | Эзоҳот (0)

Аё Модар шунидам пир гашти,
Барои бачаат дилгир гашти.
Маро тақдир берун аз Ватан кард,
Ту ғамбемори ин тақдир гашти.

Дараҷа: Модар | Диданд: 901 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-03-2012 | Эзоҳот (0)

Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст, 
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадиййат паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.
Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷои туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.

Дараҷа: Модар | Диданд: 817 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 28-03-2012 | Эзоҳот (0)

Ту монанди замин танхои модар,
Ту монанди замин яктои модар.
Дараҷа: Модар | Диданд: 2103 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-03-2012 | Эзоҳот (0)

Зиндагиям,хастиям,сулху салохам модарам,
Шодиям,хурсандиям,пушту панохам модарам.
Дар чавони кадри ту ман хуб надонистам дарег,
Дар набарди зиндагони бегунохам модарам.
Гарчи умре нола кардам ман зи хичрони падар,
Нолаву хомушиву фарйоду охам модарам.
Хоки пойат тутийои харду чашмони ман аст
Ашки ман бо мехр шусти аз нигохам модарам.
Бахри ман ту шахсутуни дар чахони бесутун,
Дар дами афтоданихо такягохам модарам.
Гуфта шеьре бар ту хонам,лек аз он болотари,
Аз дуоят нур борад руйи рохам модарам.
Пеши ту чун дигарон дилро на ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Модар | Диданд: 1793 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-03-2012 | Эзоҳот (0)

Зиндагиям,хастиям,сулху салохам модарам,
Шодиям,хусандиям,пушту панохам модарам.
... Давомашро хондан »

Дараҷа: Модар | Диданд: 1447 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 17-03-2012 | Эзоҳот (0)

МОДАР
– Ассалом!
– Воалейкум ассалом, – мард аз саломи ман к,аноатманд мешавад. Табассум карда мепурсад.
– Писари ки мешави?
– Писари падарам.
– Падарат кист?
– Диловар, – мегуям ва баъди каме илова мекунам, – Рах,имбоев, шиносед даркор.
– Х,а, – бардуруг ин калимаро ба забон меорад. Чашмонаш ба он гувох,и медоданд. – Хайр, аз номи ман ба падарат салом гуй.
– Хайр, – аз паси мард бо чашмони ашколуд менигарам. Албатта мерасонам. Ба падарам…
Ох,е аз ч,игарам мебарояд.

Дил андух,ин, дидагон ашколуд ба суи хона рох, пеш мегирам ва дар рох,…
– Салом!
– Салом, писарам, офарин, – таърифкунон дастамро мефишорад он мард. Аз байни пардаи ашк, ки пеши чашмонамро гирифтааст, ба у менигарам.
Дилам каме рух, мегирад.
– Писари ки мешави?
– Писари модарам.
– А - а, – бо таач,ч,уб ба дидагони ман нигох, мекунад. Ман нигох,амро аз у мегурезона ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 1637 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2012 | Эзоҳот (0)

Аё модар ту будиву буд бароям ин офтоб хандон,
Аё модар ту будиву буд бароям хар лахзае шодон.
Ту будиву нафахмидам ман гами ин зиндагониро,
Ва хар лахза хис мекардам ман бахти човидониро.
Агарчи дар синну сол чу марде дар камол будам,
Вале ман дар канори ту чу кудак бе хаел будам.
Агарчи назди ман буданд ширин кудакони ман,
Вале ман дар канори ту кудаквор хушхол будам.
Аё эй модари ширин, аё эй модари дилсузу гамхор,
Ва буд гамхориат бахрам чунон хам дилкашу бисер.
Ки гуё ин бихишт буду ва ман низ дар бихишт будам,
Ки гуё то абад бо ин як, чунин як сарнавишт будам.
Вале ту рафтиву рафт аз ман он бахти човидониам,
Вале ту рафтиву рафт аз ман хушхол зиндагониам.
Ту рафтиву рафтанд бо ту лахзахои шодмониам
Ту рафтиву рафтанд бо ту хам овони чавониам
Ту рафтиву пас аз чанде сафеди зад бар муям
Ту р ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 727 нафар| Илова намуд: Aziz | Сана: 04-03-2012 | Эзоҳот (0)

Зиндагиро ранги дигар мехоҳам
Ман донам
... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 793 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 23-01-2012 | Эзоҳот (0)

Дур аз туаму наздиктарини туам, бо ҳама дуриам дилбастатарини туам, хоҳам ки ҳамеша дар бари ту бошам, модарҷоно доимо дуогири туам, дар канори дунё туро меҷӯям, ҳама меҳрубониҳои туро мехоҳам ҳеҷ кас ба ҷои ту намешудааст, дар канори дунё ҷои туро мекобам...

Дараҷа: Модар | Диданд: 762 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-01-2012 | Эзоҳот (0)

Аё модар туи бахти чавонам Аё модар туи тахти равонам Туи дард ошнову мехрубонам Хамеша бо ту бошам бо ту монам Муборак модараи чон рузи идат Муборак бод хар субхи саидат. Туи модар нигини зархали ман Ту хам болини хам бистари ман Надорам аз ту модар рози пинхон Хамеша гамгусори дар барии ман Муборак модараи чон рузи идат Муборак бод хар субхи саидат. Аё модар нидои туст бар хак Аё модар ризои туст бар хак Бароят тухфа аст ин шеъри садбарг Ки чаннат зери пои туст бар хак. Муборак ........

Дараҷа: Модар | Диданд: 731 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 08-01-2012 | Эзоҳот (0)

Бадам он аст ки бо зан хамнабард аст



Чи гуям ,мард магар аст он? на ма ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Модар | Диданд: 1072 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 07-01-2012 | Эзоҳот (0)

МОДАР, эй латифтарин гули бустони хасти! Эй богбони хастии ман. Нафасхои ту буи бихишт медиханд, ту худ аз чинси бихишти! Бихишт зери пои туст. Ту мехрубонтарин ситораи хасти, ки ман дорам. Намедонам, то кучои дунё метавонам аз мехрубонии ту бинависам!
Ту бо маниву ман бехабар зи худ. Ту ошнову ман дидаам гариб бо худ. Солхост мепарвари марову хар лахза мунтазири лабхандам хасти. Солхост,ки ман туро он кадар, ки лоики он хасти, нашнохтаам. Солхост, ки дар васфи ту дар мондаам. Худоё, ту васф ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 3998 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 07-01-2012 | Эзоҳот (0)

Ту монанди замин танҳои модар,
Ту монанди замин яктои модар.
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ,
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандҳои ту,
Барои ҳамдигар тақдим карданд.
Вале як рӯз донистанд:
Замин қисмат нахоҳад шуд,
Замину осмон, хуршеду маҳ,
Мисли дили ту, мисли меҳри ту,
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.
Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд.
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон,
Монанди ту яктою танҳоянд.
Чунонки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе сарманзиле меодгоҳе ҳаст.
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо яктои, эй модар.

Дараҷа: Модар | Диданд: 606 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 24-12-2011 | Эзоҳот (0)

Як дами ҷон костани модарон
Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон. 

Як нигаҳи шӯълавари модарон 
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.

Як сухани бонамаки модарон
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.

Як асари маслиҳати модарон
Беҳ зи ҳама доварии доварон.

Як ҳунари ҳамдамии модарон
Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон.

Як нафаси сӯхтани модарон
Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон.

Як табусӯзи ҷигари модарон
Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон.

Як мадади фотиҳаи модарон
Беҳ зи мададгории соҳибсарон.

Як қадами беалами модарон
Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекарон.

Пас ба қадамҳои шумо, модарон,
Хок шаванд аз ҳама волотарон.

Пас ба қадамҳои шумо, модарон,
Кавну макон бод фидо, модарон!
Дараҷа: Модар | Диданд: 621 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи дорад ин ватан аз дуъои модар аст. 
Онки дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим, 
Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст.
Дараҷа: Модар | Диданд: 766 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.

Монад зами ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 1104 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони беканори ман туӣ модар, туӣ модар. 
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дараҷа: Модар | Диданд: 678 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Модариҷон чашму абрӯи туро пазмон шудам, 
Аз дуриҳо шӯълаи рӯи туро пазмон шудам. 
Хоб мекардам ба роҳат дар сари зонуи ту, 
Дуру марҷон мондаву зонуи туро пазмон шудам. 

Фарзанд давоми умри инсон бошад,
Нерӯи дилу ҳаловати ҷон бошад. 
Модар чу дарахтест дар ин боғи ҷахон, 
Бигзор ки мевааш фаровон бошад.
Дараҷа: Модар | Диданд: 656 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Модар модаро ганҷи бебаҳоям ту будӣ 
Зи ҳар офату бало роҳи раҳоям ту будӣ 
Ҳар қатраи шири ту дарёи беканорам шуд 
Ҳар лавзи ширинат боми ду ҷаҳонам шуд 
Аллаҳои шабҳо гуфта ҳам қиссаи ширинат 
Аз чашмам наравад ҳеҷ шабҳои бедориат 
Модар бишав аз ман ризо ба амри парвардигор
Монда буди як рӯза ин писарро ту Ёдгор 
Сари қабрат омадам бо ду зону нишастам 
Ту зери хокию ман рози худ бигуфтам
Ба ҷой овард хоҳишатро он хоҳарат ай модар 
Ба ҷойи ту модар шуд ба ҷонам буд баробар 
Қадри бемодари надоштам то он ки холаам буд 
Қадрдону меҳрубон ба ҷои модарам буд 
Ту ҳам рафти холаҷон холи ҷойи модар шуд 
Дунё ҳама торик бар пеши назар шуд
Дараҷа: Модар | Диданд: 667 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Аё модар туи бахти ҷавонам 
Аё модар туи тахти равонам
Туи дард ошнову меҳрубонам 
Ҳамеша бо ту бошам бо ту монам 
Муборак модари ҷон рӯзи идат 
Муборак бод ҳар субҳи саидат. 
Туи модар нигини зарҳали ман 
Ту ҳам болини ҳам бистари ман 
Надорам аз ту модар рози пинҳон 
Ҳамеша ғамгусори дар бари ман 
Муборак модари ҷон рӯзи идат 
Муборак бод ҳар субҳи саидат. 
Аё модар нидои туст бар ҳақ 
Аё модар ризои туст бар ҳақ 
Бароят тӯҳфа аст ин шеъри садбарг 
Ки ҷаннат зери пои туст бар ҳақ. 
Муборак модараи ҷон рӯзи идат 
Муборак бод ҳар субҳи саидат.
Дараҷа: Модар | Диданд: 706 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Оча очае ба рӯят зорам очае, 
Дар мулки ғарибиҳо чи хорум очае, 
Сад сол гузара ба қадри меҳрат нарасам, 
Бархезу бубин, ки бар чи ҳолум очае. 

Очам ба дара, руймоли очам ба дара,
Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара,
Як лаҳзае сар ба рӯи зонуш монум, 
Дилум бигира қарор, хобум бибара. 

Э очаи ҷон шири ҳалолата бубахш, 
Шабҳои нахобидаи бедорта бубахш, 
Ман дар ғами ишқ зи ҳолат мондам бехабар, 
Фарзанди ба дарди ишқ беморта бубахш.
Дараҷа: Модар | Диданд: 664 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Зиндагони лазаташ дар ибтидою интиҳост, 
Ё лаҳад ҷои фароғат ё канори модараст.

Ду биҳиште доштам, дар рӯзгори хештан, 
Батни модар он якеву дигаре домони ӯ.

Модар, модар, ба ҷон баробар модар, 
Хуршеди сабоҳи меҳрпарвар модар. 
Хуршеде, ки ҳар саҳар барояд ба ҷаҳон, 
Аз боиси ман доду қайсар модар.

Диле дорам, ки навкар мешавам ман,
Асири пои модар мешавам ман.
Агар модар ба фарзанди нагирад,
Дар ин олам қаландар мешавам ман. 

Биҳиште доштам эй дил даме дар домани модар, 
Фурӯзон гаштаам эй дил зи чашми равшани модар.
Дараҷа: Модар | Диданд: 1063 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан,
То наафтад, дошт ӯ аз домани ту.
То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо,
Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту.

Боз медорад зи домони ту, модар,
Гарчӣ акнун гурзбардоранд ӯро дастҳо.
Гарчӣ натвонӣ ту акнун роҳ гаштан по ба пояш,
Гарчӣ натвонӣ шуморидан қадаммонии ӯро.

Боз медорад зи домони ту, модар,
Кӯдаки бо ранҷҳо, бехобиҳо парвардаи ту.
Кӯдаке, ки як замоне чорпоя роҳ мерафт,
Ин замон соҳиб шуда бар зиндаю бар мурдаи ту.

Боз медорад зи домони ту, модар,
То нагирад доманат аз дасти ӯ дасти хатар...
Дараҷа: Модар | Диданд: 839 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Модар!!! Ту он чашмаи ҷўшони ҳаёти, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардони. Ту он моҳи дурахшони, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираи моро равшан месози… Офтоб аз лабханди Ту тулўъ мекунад ва баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки Ту мешукуфад… Абр аз шавқи Ту меборад ва дарё бо ишқи Ту мавҷ мезанад... Зиндаги аз Ту оғоз мешавад, яъне сароғози «будан» ин садои гарму гиромии Туст ва дунё аз бўи муқаддаси Ту атрогин аст... Хок бар хеш меболад, ки сар ба қудуми Ту ниҳода ва бод аз он менозад, ки паёми муҳаббати Туро ба дуриҳои дур бурда... Модар!!! Худованд ба Ту отифае каромат карда, ки бо ҳеч қиммате наметавон онро санҷид. Агар ман борҳо зинда шавам ва умрҳо хокрўби остони Ту бошам, боз ҳам наметавонам, ҳатто ранҷи якшабаи Туро ҷуброн кунам... Ту он мавҷуди шарифи, ки расидан ба охирин марҳилаи камол танҳо бо ризои Ту муяссар аст… ҳақиқати зиндагии Ту ишқ варзидан, дўст доштан ва фидокори намудан аст... ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Модар | Диданд: 2450 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-12-2011 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Март 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/