Ошиқони Тоҷикистон Сешанбе, 24-10-2017, 09:01:48
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [313]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [4]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Низомии Ганҷавӣ [1]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12624
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 11
Меҳмон: 11
Истифодабаранда: 0
Главная » Латифаҳо
1 2 »
 Корочи я мардак пеши чураш миёя мега хонама таракан задай чикоршон кнм чураш мегаш бра хона дари беруна хуйк серёзна бгу: хамат броен ай хонай ма, баъд мерава хонаш дара хуй мекна сирёзна мега броен ай хона! Хамаш катор меша меброя ки охирон монданшда механда бад охиронгиш мега бгарден шухи дора.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 2514 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

Як мардак се духтар доштай, хар сеи духтарош девона будиян. як руз мардак аз кучое меоя медроя хонаш, ки як духтаруш байд хондестай,дуюмаш ракс кадестай, сеюмуш карор шиштай хайрон мешава мардак мега о и духтарум аклаш дар ч,ёш омадай чи ита карорай, бе ку пурсумша, баъд мерава мепурса духтарша духтарам чи карор шиштай кати апохот раксу бози надори? бад духтарш мега ееееее ота арус чихел ракс мекуна, охи ма арусум....яне се девона туи дошатан арусу, хофизу, ракоса....

Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 1326 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

Як руз афанди падараша мегуяд ки падар ман аз думи автобус давидам 1 сомон эканом шуд.Бад падараш мегуяд ки ин даъфа аз думи такси дав мегуяд 7 сомон эканом мешад

Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 786 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

 К Таджику в Москве подошел мент:
Мент:
- Ваши документы.
Таджик:
- Почему из всей толпы, подошли ко мне?
Мент:
- Потому что ты ЛТН!
Таджик:
- Что это?
Мент:
- Для особо тупых- ЛИЦО ТАДЖИКСКОЙ НАЦИОНАЛЬНОСТИ.
Таджик:
- Достает паспорт- возьми, ЧМО!
Мент:
- Чего?
Таджик:
- Для особо тупых- ЧЕЛОВЕК МОСКОВСКОЙ ОБЛАСТИ!!!

Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 1034 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

 Як руз як одама ба девона хона мебаранд. Ва дар танаи девол сурати автобусро кашиданд ва ба хама эълон карданд ки касе тавонад рафта ба автобус шинад ва ба кучое хоханд раванд. Хама ба тарафи автобус равонашуданд аммо ин одами нав омада на давид. Онхо фикр карданд ки ин хушёраст ва омада аз у мепурсанд чаро надавиди? Дар чавоб мегуяд: Калидаш дар дасти ман онхо кучо мераванд...)))))))
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 760 нафар| Илова намуд: Зебошка | Сана: 13-05-2012 | Эзоҳот (0)

Духтар: -Муаллим, ман барои шумо ҳар кореро хоҳед, мекунам. Фақат баҳоямро монед. Муаллим: -Шумо дар ҳақиқат барои баҳо ба ҳама кор тайёред? -Ҳа! -Ба ҳама кор-а? -Ҳа! Ҳа охир! Ин хел бошад, рафта ба имтиҳон тайёрӣ дида баъд биоед! 
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 819 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Модар ду ҳафта дар сафари хидматӣ буд. Ҳангоми бозгашт ба хона вай аз писарчааш мепурсад: -Вақте ки ман дар хона набудам, падарат ғамгин буд? -Аввалҳо хеле хурсанд буд, лекин ду рӯз пеш аз омадани ту бисёр ғамгин метофт.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 756 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Падар духтарчаашро ба боғи ҳайвонот бурд Духтарча товусро дида шодикунон гуфт: -Дада, дада нигоҳ кунед, мурғ гул кардааст.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 777 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Дӯсти азизам, ман ба шумо ҳамдардӣ баён мекунам! Чӣ воқеа шуд? -Дирӯз зани ман пӯстини гаронқиммат харид! -Ин ба ман чӣ дахл дорад? -Гап дар сари он, ки пагоҳ зани ман зани шуморо хабаргирӣ меравад.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 702 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Пирдухтар давида ба хона даромада, дарро маҳкам карду паси он нафас рост карда истод. -Чӣ шуд ба ту?-пурсид модараш. -Давидам! -Барои чӣ? -Як ҷавон мехост маро бӯсад! -Хайр, чӣ хел, гурехт ё қапидӣ?
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 610 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Фирӯзаи хурдсол аз падараш пурсид:
-Дадаҷон, шумо номи модарамро намедонед?
-Медонам, чаро мепурсӣ?
-Ин хел бошад, барои чӣ бо вай гап заданӣ шавед,
номи маро гирифта Фирӯза мегӯед!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 625 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Навқаламе барои фаҳмидани мулоҳизаи редаксия дар бораи достони худ ба идораи маҷалла рафт ва аз ходими маҷалла пурсид:
-Мудири шӯъба достони маро хондаанд?
Ходими маҷалла нигоҳе ба зери мизи мудири шӯъба андохту гуфт: -На, нахондаанд.
-Шумо инро аниқ медонед?-пурсид навқалам. -Аниқ,
– сабади зери мизашон холӣ,
– гуфт ходими идора.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 800 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Зан ба шавҳараш гуфт: -Ҳар шаб хуррок кашида хобама мепарронед. -Ин гапат дурӯғ,- гуфт мард,- он рӯз ҳамин хел гуфтӣ, хоби шабама ҳаром карда, то рӯза гӯш додам, аз даҳонам садое набаромад.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 803 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Зане дар лаби наҳр нишаста каллаю почаи гӯсфандро тоза мекард, ки об дамиду калларо бурд. Вай як қабза алафро аз лаби ҷӯй канда: -Беҳ,беҳ,беҳ гӯён лаблаби наҳр давид. Ин ҳолро дугонааш дида гуфт: -Ту магар ақл надорӣ, вай калла бе пой аз об чӣ хел мебарояд? -Э, мани нодон, ақлам нарасидааст гуфта, чор пои гӯсфандро ҳам ба об партофт.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 790 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

 Масте дар кӯча меистод. Пурсиданд, ки чаро ин ҷо истодаасту ба хонааш намеравад. Гуфт: -Намебинед, тамоми шаҳр гирди ман чарх мезанад, интизорам, ки хонам пешам ояд ва бе ҳеҷ заҳмате ба он дохил шавам.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 704 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Навбатчии милиса ба масте эрод гирифт:
-Ҳа боз ба ҳушёрхона омадӣ? -Ман худ наомадаам, маро кашола карда оварданд, – гуфт ӯ.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 733 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Аз арабидоне пурсиданд: -Шӯрбои гармро ба арабӣ чӣ меноманд?
Гуфт: -Сахун. Гуфтанд: -Шӯрбои сардро чӣ меноманд? Гуфт:
-Арабҳо ҳаргиз намегузоранд, ки шӯрбо сард шавад, ба ин сабаб ба шӯрбои сард ном ихтироъ накардаанд.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 741 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Профессори мӯйсафед имтиҳон мегирифт.
Донишҷӯе, ки пеш аз ҳама имтиҳонсупорӣ
даромад, ба ҷои ҷавоб ба саволҳо аз харобии
ҳолаш шикоят карда, оби дида рехт. Раҳми профессор омаду ба дафтарчаи имтиҳони ӯ баҳои «аъло» гузошт. Донишҷӯ воқеаро ба рафиқонаш гуфт.
Рафиқонаш як-як даромада, гиря карда, баҳои «аъло» гирифта баромадан гирифтанд. Декани факултет аз
воқеа хабар ёфта, омада ба профессор фаҳмонд, ки ба донишҷӯён мувофиқи ҷавобашон баҳо монад.
Профессор қабул кард ва ба донишҷӯи навбатӣ, ки аз вазнинии аҳволаш шикоят карда, оби дида мерехт, гуфт: -Азизам, ман ба шумо баҳои «аъло» монда наметавонам: декан хабар дод, ки нормаи баҳои «аъло» тамом шудааст.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 1063 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Нафаре як коса лағмон харида дид, ки дар коса магас шино мекунад. Сарошпазро ҷеғ зада гуфт: -Ин чӣ гап? Ба деги ошатон магасҳо ҳамла овардаанд магар?! Гуфт: -Хасисӣ накунед.
Як магас чӣқадар лағмон мехӯрад?!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 732 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Дар автобус кампире ба чавон ру оварда гуфт:
-Хоҳиш мекунам,ҷоятро ба ман деҳ, пойҳоям дард мекунанд.
-Шумо дар ҷавониатон ҷоятонро ба дигарон медодед?
-Набошад чӣ? -Ана барои ҳамин ҳозир пойҳоятон дард мекунанд,
- ҷавоб дод ҷавон.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 622 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Марди амрикои лоф мезанад:
-Зани ман химча барин борик!
Марди фаронсавиҳам таъриф мекунад:
-Зани ман хас барин сабук!
Марди точик сар мечунбонад:
-Ин занҳои шуморо то хаскашак ба даст нагири, ёфтан наметавони!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 748 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ду дугонаи соддафеъл рафта истодаанд. Яке оинача меёбаду ба он нигариста мегуяд: -Ин рӯй ба назарам шинос метобад. Оиначаро аз дасти ӯ дугонааш мегирад. -Девона ин ман-ку!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 623 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Оча, ман ақламро аз ки мерос гирифтаам –аз шумо ё аз падарам?
-Аниқ аз падарат. Ақли ман дар чояш.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 749 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ду дугона суҳбат мекунанд: -Дируз бо як мард мулоқот доштам. М-м-м!!! Мард анна ин хел бояд бӯса кунад! Анна ҳунару мана ҳунар! -Вай ки будааст? -Инро ман ба ягон каси дигар нагуфта, девона шудаам, ки ба занаш мегӯям?!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 811 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Писараки хурдсол дар хона ҳар су давида, китобҳоро аз ҷевон ба поён мепартояд, либосҳоро титу курсиҳоро чаппа мекунад. Бибияш давида меояд: Ту чи кор карда истодаи?! -Бози. -Чи хел бози?! -Бозии «Занак, калиди мошини ман кани?!»
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 782 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ота, фонарик кани? -Фонарика чи кор мекунӣ? -Свидания мерам! -Эҳ, бачам, ман дар синну соли ту свидания бе фонарик мерафтам! Бача очаашро нишон медиҳад: -Дидестам, дар торики киро интихоб кардӣ! 
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 564 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Мард зани деҳотӣ гирифта, ӯро ба шаҳр меорад. Рӯзе дид, ки унитаз дар ҳоҷатхона баъди баромадани занаш ифлос мондааст. Гуфт: -Занак, дар ҳоҷатхона шёткаи гирдак ҳаст. Аз он истифода бар. Аммо рӯзи дигар ӯ боз мебинад, ки унитаз ифлос мондааст. Қарор медиҳад боз ба зан хотиррасон кунад, ки унитазро бо шётка тоза кардан лозим: -Занак, аз шётка истифода бурданро фаромӯш накардӣ? Зан: -Нею лекин… Мумкин манн пештара барин аз коғази ташноб истифода бара-а-ам?
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 952 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Муҳиддинро як ошнои хасисаш ба меҳмони хабар карда, ба пешаш нону асал бароварда монд ва барои ин, ки Муҳиддин ҳамаи асалро хӯрда тамом накунад, аз нарху наво гап сар кард: - Баҳои асал ҳам бисёр баланд шудааст. Як қадоқаш ба даҳ танга афтид… Муҳиддин мақсади соҳибхонаро пай бурда, ҷавоб дод: -Парво накунед, ман коре мекунам, ки асал ба шумо ба нисфи баҳояш, яъне қадоқаш ба панҷ танга афтад. Соҳибхона:
-Чи тавр?
– гуфта пурсид. Муҳиддин гуфт:
- Як бурда нонро хушк мехӯраму як бурдаи дигарро боа сал.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 663 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Падар вақти мактабравии писараш пурсид: -Писарам ба ту пули коғази диҳам ё танга?
-Дадаҷон, тангаро ба коғазӣ печонда диҳед, гум намешавад,
– гуфт, писарак.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 739 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

 Зан дуҷон буд. Шавҳраш ҳазломез гуфт: -Хайр, завҷаи мӯҳтарама, ин дафъа духтарча таваллуд мекардагистед? Писарчаи сесолаашон, ки гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард, ба модараш илтиҷо карда гуфт: -Модарҷон ин дафъа мошинча таваллуд кунед.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 679 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Олиме рӯи миз китоб паҳн карда, машғули навиштан буд. Писарчааш пешаш омада дид, ки падараш китобҳоро варақ зада, чизе менависад. -Дада, чи менависед?- гуфта пурсид. -Китоб,- ҷавоб дод, олим. -Китоба аз рӯи китоб менависанд-мӣ?- боз пурсид бача. -Ҳа, писарам, -гуфт олим, – аз одам одам мерӯяду аз китоб китоб.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 754 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Чанд сол аст, ки сигор мекашӣ? -Чил сол. -Ин хел бошад, чаро ҳамаи ин муддат худат сигор намехарию аз ину он металабӣ? -Метарсам, ки сигоркашӣ ба ман одат шуда намонад!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 578 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ба хонаи марде дузд даромад.Занаш ӯро бедор карда гуфт:
-Хезед мардак ба хона дузд даромад. Мард аз ҷояш наҷунбида гуфт:
-Э, парво накун, Худо гӯй, ки аз хонаи мо ягон чиз ёбад, агар ёбад, аз дасташ кашида гирифтан осон.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 607 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Марде ба боғе даромада дид, ки боғ пур аз дарахтҳои мева,
хурсанд шуда, ба худ гуфт: -Мардум марҳамат кунед:
ана гелоси сара, ана себи нозанин, ана ноки мулоим, ана ангури ширин… Соҳиби боғ пайдо шуду як шапалоқ ба рӯи ӯ фаровард…
-Ана шапалоқи обдор, гуфт мард.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 629 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Майпарасте одати худро таъриф карда гуфт:
-Агар ба инсон барои парастиши май ёдгорӣ гузоранд,
аввал ба ман ҳайкал мебардоранд.
Гуфтанд:
-Ба майпараст илоҷи ҳайкал мондан нест.
Пурсид:
-Барои чӣ? Гуфтанд: -Барои он ки рост намеистад!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 780 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Муаллима мепурсад:
- Ту барои чӣ дер кардӣ?
- Дар роҳ ба ман роҳзанҳо ҳуҷум карданд!
- Ягон чизатро гирифтанд?
- Ҳа, дафтари вазифаи хонагии иҷро кардаамро!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 681 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

- Муаллимаҷон, оё одамро барои ҳеҷ кор накарданаш ҷазо додан мумкин аст?
- Не, ҳеҷ гоҳ!
- Муаллимаҷон, ман вазифаи хонагиро иҷро накардам!
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 708 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

- Алло, Шумо роҳбари синфи панҷи «Б»? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад.

- Кӣ гап мезанад?
- Падари ман.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 736 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Зиндагӣ якрангу дилгиркунанда бошад ҳам, вале маошаш хандаовар аст.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 1033 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Намедонам, аз чӣ бошад, ки пас аз тамошои филми «Сайёраи бӯзинаҳо» ба атрофиён бештар аҳамият медодагӣ шудаам.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 683 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Озодии мутлақ ҳамон вақт ба инсон муяссар мешавад, ки агар дар болои сараш ду роҳбар дошта бошад.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 588 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Агар дар вуҷуди шумо заррае имону виҷдон боқӣ монда бошад, пас маълум мегардад, ки ҳанӯз меҳри курсиву пул дар дилатон ҷой нашудааст.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 591 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Дар вазорату кумитаҳои дахлдор дар доираи омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ як қатор дигаргуниҳои назаррас амалӣ гардонида шуд: Мизу курсии вазирон, раисон, директорони муассисаҳои давлатӣ ва сардорони раёсатҳо ба тарафи офтобрӯяи бино кӯчонида шуда, бухориҳоро дар наздикии курсии онҳо насб намуданд.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 592 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Имрӯз мамлакат ба ду мушкилот мувоҷеҳ аст: афзоиши сафи бекорон ва илоҷи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ. Дар ҷаласаи дирӯзаи Парлумон мушкилоти аввал мушкилоти дуввумиро муҳокима намуд.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 730 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Тадқиқи воқеа маълум сохт, ки донор то қатраи охирин мубориза бурда бошад ҳам, вале ба иллати камхунӣ истодагарӣ карда натавонистааст…
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 731 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Интихобот – ягона рӯзест, ки дар он зану мард аз як ҳуҷраи умумӣ бемалол истифода мебаранд.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 805 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Муассисаи давлатӣ муҳосиби нав меҷӯяд. Муҳосиби пештараро низ …
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 648 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Танҳо дар мамлакати мо ҳар шаҳрванд ҳуқуқи бепул табобат гирифтан, бепул таҳсил намудан ва …бепул кор карданро дорад.

Ҷорҷ Буш ба Ироқ зарбаи ҷонкоҳ заду…глобус шикаст.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 700 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Агар дар калимаи «виҷдон» шаш хато содир намоӣ, он гоҳ калимаи сардор ҳосил мешавад.

Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 642 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

Гуногунандешӣ дар мамлакат – нишони демократия. Гуногунандешӣ дар андеша – нишони васвосия.
Дараҷа: Латифаҳо | Диданд: 568 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-04-2012 | Эзоҳот (0)

1-50 51-98
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябр 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/