Куртаи чити қаламӣ - 30 Сентября 2014 - Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Панҷшанбе, 08-12-2016, 14:49:33

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [5]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12136
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 15
Меҳмон: 15
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » 2014 » Сентябр » 30 » Куртаи чити қаламӣ
20:24:02
Куртаи чити қаламӣ

Дар танам куртаи чити қаламӣ,
Дар дилам ишқи аламсӯзи ту буд.
Дар лабам хандаи душмангирён,
Дар сарам ҳадяи наврӯзи ту буд.
 
Бо ҳамон куртаи чити қаламӣ,
Пеши чашмони ту хушрӯ будам.
Бо ҳамон куртаи  чити қаламӣ,
Духтари хушқаду хушмӯ будам.
 
Бо ҳамон куртаи чити қаламӣ,
Навдаи сабзи пур аз гул будам.
Нафасам накҳати гулро мемонд.
Ошиқи нағмаи булбул будам.
 
Фасли наврӯз буд андар дили ман,
Абри наврӯз сарам меборид.
Қалби ман буд чу саршори ғазал,
Шеъри наврӯзии  дил мефорид.
 
Куртаи чити ҳарири қаламӣ,
Ба гули хор бичаспиду дарид.
Он қадар ғарқи гули меҳр будам
Самари бахти маро ёр начид.
 
Дар танам куртаи шоҳӣ дорам,
Саду якранг бувад мисли баҳор.
Саду як ранг хаёле дорам,
Ёр ҷуфт аст манам тоқаи зор.
 
 ххх
 
Кош аз пушти дари танҳоӣ,
Ғазали омаданатро шунавам.
Кош аз ишқи фаромӯшам боз,
Ғазали дил заданатро шунавам.
 
Ба мисоли ғазали Мавлоно,
Ғазали омадат ширин аст.
Сабз дар сабз навое дорад,
Сабз дар сабз чу фарвардин аст.
 
Ҳамаи буду набудам барчош,
Пойандози ту мавҷудам бод.
Рӯзи милоди ман аст омаданат,
Рафтанат соати падрудам бод.
 
Сӯйи дидори саҳаргоҳии ту,
Во кунам панҷараи миҷгонам.
То ки бар ишқи ту имон орам,
Ояти меҳру муҳабат хонам.
 
Ҳамчу пайғоми садоқат ояд,
Ғазали омаданат бар гӯшам.
Нигарони раҳи ту ташнаи ишқ,
Ғазали омаданатро нӯшам.
 
Аз ғаму аз манну шодии ман,
Як замон ҳеҷ ҷудоит набуд.
Аз барам дур шудӣ дар дили хеш,
Эй, магар ишқи худоит набуд.
 
Кош оиву раҳоварди сафар,
Ҷомадоне зи муҳабат орӣ,
Ба куҷо бурдаӣ бо хеш дилам,
Кош бозаш ба саломат орӣ.
 
Кош оиву занӣ занги дарам,
Занги ҷонам биравад з-омаданат.
Кош оиву бирезӣ ба сарам,
Нигаҳи ташнаи пур аз суханат.

 

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 547 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Пайвандҳо: Шаҳрия, Куртаи чити қаламӣ, Шаҳрияи Аҳтамзод, Shahriya | Баҳо: 1.0/1
  
Ҳамаги эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Тақвим
«  Сентябр 2014  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал