Қишлоқаки ман - 30 Сентября 2014 - Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Якшанбе, 04-12-2016, 02:50:05

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [5]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6201
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » 2014 » Сентябр » 30 » Қишлоқаки ман
20:17:17
Қишлоқаки ман

(дар ҳавои рубоии устод Бозор Собир
«Қишлоқаки ман бӯи чапотӣ дорад»)
Пурмайсаву лолазор - қишлоқаки ман,
Дорам ба ту ман  хумор - қишлоқаки ман.
Ман нақши паи падар биҷӯям дар ту,
Бо ҳасрати бешумор - қишлоқаки ман.
ххх
Қишлоқаки ман сабз чу фарвардин аст,
Шабзамзамаи мурғи шабаш ширин аст.
Он решаи тиллои гулпуштаи ӯ
Дармону давои ҳар дили захмин аст.
ххх
Қишлоқаки ман ёсу санавбар дорад,
Гунҷишкаку чирчираку кафтар дорад.
Дар домани осмони худ шомгаҳон,
Ришта-ришта мӯҳраи ахтар дорад.
ххх
Кишлоқаки ман шудам зи ҳулбӯи ту маст,
Бо хору хаси гули туям даст ба даст.
Ҳарчанд, ки Шаҳрбонуи ин шаҳрам,
Мурғи дили ман  ҳанӯз дар боғи   ту ҳаст.
 ххх
Қишлоқаки ман туро ҷавонӣ додам,
Ангезаи ишқу меҳрубонӣ додам.
Ҳар кас,ки паёми навбаҳорат орад,
Сад гуна гулаш ба муждагонӣ додам.
ххх
Қишлоқаки ман дар ту гулафшон будам,
Дар гардани  гулҳои ту  марҷон будам.
Он лаҳза,ки чида-чида тутат хӯрдам,
Гӯё,ки дар биҳишти ризвон    будам.
ххх
Қишлоқаки ман бӯи раёҳин дорад,
Ҳар зодаи ӯ дидаи хушбин дорад.
Пирони варо нур бувад дар дида,
Хар кӯдаки ӯ хандаи ширин дорад.
ххх
Қишлоқаки ман баҳори ту боронист,
Мусиқии  ёр-ёри ту боронист.
Шеъре ки барои ту нависам,  ҳама умр
Чун гиряи  обшори ту боронист.
ххх
Қишлоқаки  ман дилам ба банди ту бувад,
Ошиқ ба ҷамоли дилписанди ту бувад.
Борони баҳори ту аҷаб бисёр аст,
Боронии  ман барги паранди ту бувад.
ххх
Қишлоқақи ман дар дами субҳи ту хурӯс
Бедор кунад туро  ба он қудқудус.
Хуршед занад хандаю гӯяд шабнам:
Боз ову зи чашми сабзи гулғунча бибӯс.
ххх
Қишлоқаки ман ба чорсӯят малак аст,
Дар барги гули лолаи ту шаҳпарак аст.
Оне ки зи боғи сабзи  ту гул мечид,
Бинмой, ки  Шаҳрия ҳамон духтарак аст.
ххх
Дарза-дарза зи шеър хирман дорам,
Андар нафасам шамими гулшан дорам.
Ёрони азизи ҷониам гарчи каманд,
Аз мӯи сарам зиёда душман дорам.
ххх
Дар раҳрави зиндагонӣ аз по задаам,
Гаҳ хеш ба оташу ба дарё задаам.
Анҷиру анори боғи мо сард нахӯрд,
Афсӯс, ки худ чу  себи сармозадаам.
ххх
Аз дарди замона ҳеҷ ҷои гила нест,
Фарёдрасе баски дар ин қофила нест.
Дидам, ки дилам наметапад аз ҳаяҷон,
Гуфтам, ки дигар зистанам ҳавсала нест.
ххх
Аз шеъру ғазал шукуфта боғе дорам,
Дар сояи нахлашон фароғе дорам.
Ҳарчанд, ки аз чашми бадам нест гурез,
Аз некии хештан чароғе дорам.
ххх
Ишқ омаду гуфт навбаҳорон омад,
Бархез, ки фасли дӯстдорон омад,
То чанд ба шиква менишинӣ , эй дӯст
Бо ман ҳама гуна мушкил осон омад.
ххх
Эй шеър ба зиндагӣ туӣ ҳамрозам,
Аз сеҳри ту шуд кушода садҳо розам.
Дар хонаи ман зиёфати шоҳӣ нест,
Бо шеъру ғазал биё, ки серат созам.
ххх
Ман шеъру суруди ишқро медонам,
Падруду дуруди ишқро медонам,
На Каъбаву на буткада аст ҷой варо,
Даргоҳи суҷуди ишқро медонам.
ххх
Дармони тамоми иллатам Шаҳнома,
Девони баҳори қисматам Шаҳнома.
Лолоии Суҳробу Сиёвуш хонам.
Гаҳвораи  сабзи миллатам Шаҳнома.
ххх
Мактуби ту дар боли кабӯтар омад,
Ёди хуши ту дубора бар сар омад.
Шабҳо,ки наомадӣ болам бишикаст,
Хуни ҷигарам ба рӯи дафтар омад.
ххх
Дар ҷоми ҷаҳоннамо бубинам ватанам,
Хушталъату босафо бубинам ватанам.
Дар чеҳраи мардумаш ҳама нури Худост,
Пур аз нигаҳи Худо бубинам ватанам.
ххх
Дар давдави зиндагонӣ ман лат хӯрдам,
Сад мушт зи дасти сахти қисмат хӯрдам.
Ҳарчанд касе нахӯрда ғамҳои маро.
Хушбахт аз онам, ғами миллат хӯрдам.
ххх
Ман ҷуфти худам наёфтам, тоқ шудам,
Бар чашми нигоҳи гарм муштоқ шудам.
Чун латтаи обшустае дар сари мех,
Печидааму тапидаму қоқ шудам.
ххх
Зебову гулафшону руҳафзост баҳор,
Пуршӯру пур аз завқу таманност  баҳор.
Бар ёсуманистони дили ман ту биё,
Ин ҷост баҳор,ёр ин ҷост баҳор.
 

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 487 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Пайвандҳо: Шаҳрия, Шаҳрияи Аҳтамзод, Shahriya, Қишлоқи ман | Баҳо: 1.0/1
  
Ҳамаги эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Тақвим
«  Сентябр 2014  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал