Интизор - Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 26-02-2017, 21:48:08
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12487
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 30
Меҳмон: 30
Истифодабаранда: 0
Главная » Интизор
1 2 3 »

Дили беишқ мисли хонаи сард аст, 
На дар он хуррамӣ, не рангу бӯ бошад. 
Ба сони рӯзҳои сарди фасли дай, 
Тамоми зиндагӣ сар то ба бун бе орзу бошад. 
Дили беишқро ҳаргиз намехоҳам, намехоҳам.

Дили беишқ мисли роҳи пурхор аст, 
Ки хунафшону захмӣ мекунад гулро. 
Хазон мерезаду зоғон дуои барф мехонанд, 
Бихоҳад хокбарсар хайли булбулро. 
Дили беишқро ҳаргиз намехоҳам, намехоҳам.

Дили беишқ мисли хонаи бенур, 
На дар бошад, на равз ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 190 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 16-11-2016 | Эзоҳот (0)

Ту беморию қалби ман, зи дарду ғусса дилгир аст,
Замири қалби ман ҷоно, ба мисли пой дар гил аст.
Чи қадр хоҳам, ки бошам ин замон ман дар канори ту,
Бимонда сар ба болинат, аммо ин баски мушкил аст.
Миёни мо басе роҳи дарозу шефтангез аст,
Аммо ин қалби ман ҳар лаҳзаҳо бо ишқ ҳамҷур аст.
Зи даргоҳам бихоҳам, то ту боши шоду ҳам масрур,
Мани саргаштаи ишқи ту ҳар дам даст дар дил аст.
Зи кӯйи номуродиҳо худамро дур месозам,
Туро дорам, агарчи байни мо сад қулфу занҷир аст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 480 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Эй падар баъди вафотат зиндагӣ дилгир шуд,
Қомати болои ман низ дар ҷавони пир шуд.
Дарду андӯҳ гашта пайдо он замон дар хонаям,
Хонаи нурбори ман торику бас дилгир шуд.
Вақти беморӣ нишастам, ман ба болои сарат,
Бо вуҷуди дардҳое, ки буданд дар бистарат.
Дида ашкҳои равони чашми ман ҷоно падар,
Бар сухан оғоз кардӣ, гарчи ларзид пайкарат:
"Хуб медонам, ки баҳрат зиндагӣ охир чи кард??
Дарду андӯҳу маломатро биовард бар сарат.
Лек дар роҳи ҳаёт, гарчанд зани мардона бош,
Дар набарди зиндагонӣ оқилу фарзона бош...."
Эй падарҷон пандҳоят доруи ҷони ман аст,
Дар набарди зиндагонӣ шамъи рахшони ман аст.
Руҳи покат, эй азизам ҳаст болои сарам,
Соябону ахтаре дар зиндагонии ман аст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 453 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ҷон падарҷон бар мазорат дидагирён омадам,
Бо ду чашми ашкбору синабирён омадам.
Рӯзи зодрӯзат набошӣ, ин замон дар хонаат,
Ман ба хонат бо муҳаббат боз меҳмон омадам.
Бар мазорат дида дӯхта дидаам хун мешавад,
Он ҳама дарду ғами ман боз афзун мешавад.
Ҳар замон ёди ту дорам, эй ҳама дунёи ман,
Дафтари ашъори ман аз дарду ғам пур мешавад.
Сарвари воломақомам, нури имонам падар,
Дилпазири беназирам нури чашмонам падар.
Сарвату ганҷинаам буди ҳама ганҷам бирафт,
Баъди маргат ҷон падарҷонам, падарҷонам, падар.
Рӯйи дунё бо вафотат сарду торик гашт ба ман,
Зиндагонӣ аз барат бе моҳу махфил гашт ба ман.
Баъди маргат шодиҳоям, ҳамчунин бар хок рафт,
Саҷдагоҳам, қиблагоҳам, ҷон падарҷонам падар.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 374 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Баҳорон мерасад, ин дил ба мисли тифли гирён аст,
Ҳама дарду аламҳоям, зи чашми ман, ки пинҳон аст.
Агарчи зиндагониям, ҳаме бо дарду ғам бигзашт,
Дили ман ин замон, бо ашки шодӣ баски хандон аст.
Тамоми сарнавиштамро мисоли абри осмонҳо,
Яко-як ман шуморидам, ки ӯ аз ман гурезон аст.
Баҳорон мерасад, ин дам дилам парвона мегардад,
Агарчи Интизорро, ки ҳамеша ашк ба миҷгон аст.
Умеду орзуҳоям, ба мисли ахтаре дар шаб,
Зи кӯйи хостанҳоям, басо дур аз гулистон аст.
Баҳорон кош, ту манро, зи ғам озод гардонӣ,
Ки охир ин ягона орзу дар ҷисми нимҷон аст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 446 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ту медонӣ, ки ҳар шаб ман, зи ишқат боз бедорам,
Ҳама дарду ғами ҳиҷрони ишқатро ба сар дорам.
Ту медонӣ, ки дур аз оғӯши гармат ба мисли бод,
Ҳаме саргаштаю Лайло, зи дарди ишқ сарсонам.
Ту медонӣ, ки дунёям, бе ту тангу торик аст,
Ту медонӣ, ки шабҳоям бе ту сарду фориғ аст.
Ту медонӣ, ки ҳар маҳфил бе ту нест гулистоне,
Ту медонӣ, ки рӯйи бистари танҳоиям имшаб,
Зи ҳаҷрат боз бедорам, кунун ман сахт беморам.
Ту медонӣ, ки дунёи маро шаъму гулистонӣ,
Ту медонӣ самои хонадонамро ту боронӣ.
Ту медонӣ, ба қалби хастаи ман ёр,
Ту дармонӣ, ту армонӣ, ту султонӣ!
Ту медонӣ барои бо ту дар гулзори ишқ будан,
Чӣ қадр ман дар азоби ишқ дармондам.
Аз ин ру аз ғами дурии ту, эй ёр,
Зи ҳаҷрат ашкборонам, ҳаме бо чашми гирёнам,
Ба рости сахт пазмонам, туро ҳар лаҳза пазмонам!
... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 1320 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Шеърҳоям нотамоман, нотамому дилгаронан,
Аз ғами дарди замона, дар фиғонам, дар фиғонам.
Кам бимондаст меҳру шафқат андарин рӯйи замон,
Меҳри фарзандӣ қариб гаштаст, дар даҳр тамом.
Бар падар раҳми писар кам гаштааст,
Аз ғаму дарди падарҳо ҳар замон,
Дилгаронам, дилгаронам, дилгарон.
Қадри модарро надонад, гоҳ писар,
Кори ӯ бебаҳра гардад беамал.
Ҳар касе аз як дуояш дур монд,
Мешавад ҳамчун дарахти бесамар.
Аз барои модарони шаҳдкалом,
Дар фиғонам, дар фиғонам, дар фиғон.
Кош фарзанд ошёни модарро,
Ҳам дилу пайванди шоди падарро.
Гулфишону хонаободаш кунад,
Рӯйи даҳр бо меҳр бунёдаш кунад.
Аз ғами ҳар модарону падарон,
Интизор ҳаст доимо андар фиғон,
Дар фиғонам, дар фиғонам, дар фиғон!

Дараҷа: Интизор | Диданд: 382 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Пушаймонам туро аз оғӯши гармам раҳо кардам,
Ба қалби хастаи худ боз дарди нав ато кардам.
Шудам дур аз барат нақши лабонат бар дилам бозмонд.
Ман он меҳру вафои ишқи покатро садо кардам.
Садоям дар гулӯ дармонд, дилам аз ишқ бозам сӯхт,
Зи ҳаҷри дурият, боз ман, ки охир гиряҳо кардам.
Садо кардам муҳаббатро, садоқатро, рафоқатро,
Ба қалби синачокам шӯру исёне ба по кардам.
Биё, эй нури чашмонам, туи дорую дармонам,
Ки ман аз рафтани ту боз ҳам ошуфта гирёнам.
Биё бишнав садоямро, навоямро, вафоямро,
Ки баъди рафтанат ин дарди ишқро ман шифо кардам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 460 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Бубахш модар, агар боре зи домонат шудам дур,
Ба қалби хастаат кардам, басе шур.
Зи чашмони хазину интизорат,
Агар ман нури онро кардаам дур,
Бубахш модар, бубахш модар, бубахшо.
Суруди аллаят рухам ато кард,
Маро дар зиндагӣ аз нав ба по кард,
Бикард чун қомати манро ӯ боло,
Бароям меҳри шавқатро адо кард.
Бубахш модар, агар рӯзе зи нодонӣ,
Ба сӯят бо ситеза ман сухан гуфтам.
Гаҳе чун омадам, ман рӯйи хони ту,
Зи дарду ранҷҳои зиндагӣ бо сад алам гуфтам.
Бубахш гар дарди қалбатро дучанд кардам,
Туро ман аз ғами худ дилбазан кардам.
Саропои туро аз дардҳои худ,
Ҳамеша дидаат ашкбору бо ғам пайванд кардам,
Бубахш модар, бубахш модар, бубахшо.
Дигар ман духтари хуштолеи ту нестам модар,
Ҳамеша ханда бар лаб, шур бар дил нестам модар.
Вуҷудам сар ба по дарду алам, а ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 992 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

"Меравам, аз ошёни мармаринат,"
Меравам, аз кулбаи меҳрофаринат.
Меравам, аз кӯйи орзуҳои холӣ,
Меравам, аз пуштаи ғамофаринат.
Меравам, то ки туро бадбахт насозам,
Меравам, то зиндагият сард насозам.
Гарчи ҳасти ту бароям яккаву зор,
Номи ишқро, то абад пургард насозам.
Меравам, бо он ҳама мерҳу вафоят,
Меравам, бо қисмати дардошноят.
Меравам, то ин ки ту хушбахт бошӣ,
Зиндагию бахтро хоҳам бароят.
Ту маро ҳеҷ гоҳ магӯ, ки носазоям,
Дар раҳи ишқу муҳаббат бевафоям.
Гарчи рафтам, аз барат хомӯш имрӯз,
Бахти ширинро бихоҳам ман бароят.
Шоядо қисмат, маро гар бо ту орад,
Бахту фирӯзӣ ато созам ба поят.
Доманатро сар надиҳам, он замон ман,
То дами маргам бигардам ҷонфизоят

Дараҷа: Интизор | Диданд: 405 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

 

Нимашаб дар бистари танҳои худ,

Нола кардам аз ҷудоиҳои ту.
Бӯят аз бистар наомад бар димоғ,
Сӯхтам аз бевафоиҳои ту.
Ту намедони азизи дури ман,
То қиёмат интизорат мешавам.
Парвариш бинмуда ишқи поки ту,
Ҷони ширин ғамгусорат мешавам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 419 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Зиндагӣ бо гиря оғоз мешавад,
Болҳояш баҳри парвоз мешавад.
Зиндагӣ гарчанд душвор аст, вале
Нағмаҳояш марҳами роз мешавад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 433 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Касеро мегирӣ коре надорам,
Фақат дони, ки бе ту беқарорам.
Ягона орзу дорам, ки рӯзе,
Биёӣ ёр болои мазорам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 400 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Сад дареғи умри ширин, ки дигар аз ҳам ҷудоем,
Зору танҳо ҳар куҷое бар канори ҳам наоем.
Ин ҷаҳон дурӯза ҳасту меравад, бо шодию ғам,
Ҳайф бар мо, ки барои қисмати худ бевафоем.
Ту нигар бар рӯйи дунё, қуллаи умед доранд,
Мо ба ин ишқи фиребо, рӯйи ин дунё гадоем.
Дигарон ошиқ шуда, шаҳди муҳаббатро чашиданд,
Баҳри мо ку ишқи поку ку муҳаббат мо куҷоем?
Ту биё бар бистари ман, то ки аз нав шод бошем,
То ҳама донанд баҳри ошиқон мо раҳнамоем.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 425 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Биё, ки оғӯшам ҷои ту бошад,
Дилам бемору шайдои ту бошад.
Биё, ки рӯйи болини арӯсӣ,
Ҳамеша акси зебои ту бошад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 419 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 15-03-2015 | Эзоҳот (0)

Намехоҳад дилам паймони дигар,
Навозиш кардани дастони дигар.
Туро хоҳам, туро то зинда бошам,
Умеди дигару армони дигар.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 402 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ба қуллаҳои муроду истеъдодам бо чашмони сар на, балки бо чашми дил назар меафканам. Ваҳ чӣ қадар баланду дастнорас метобад дар назарам, вале маро ишқи ту ба баландиҳои баланди ин қуллаҳо расонд.

*****

Агар қудрат медоштам, бадиро танҳо бадиро, аз замин мебардоштам. Ва дар дили инсонхо тухми меҳру муҳаббат, тухми некиву ростиро мекоштам. Эй кош чунин қудрат медоштам.

****

... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 771 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Зи ғавғои баланди зиндагонӣ зинда дар гӯрам,
Мапурс, эй дӯст, мапурс, эй дӯст, аз ҳолам.
Ки дар аёми гулбези баҳорон,
Дар як рӯзи борон
Дар айни шуру шавқи сабзи илҳоми шакаркешам,
Зи дасти хеши бадкешу бадандешам,
Ба рости, сахт ранҷурам,
Ба рости сахт ранҷурам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 374 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ман ғамамро бар ту додам, то ки ғамдорам шавӣ,
Ман диламро бар ту додам, то ки дилдорам шавӣ.
Андарин дунёи ҳасти Интизори хастаҷон,
Шод мегардад, агар ту ҳамдаму ёраш шавӣ.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 388 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Иди Рамазон ба ту муборак бошад,
Ҳамроҳи ту "Ёсин"-у "Таборак" бошад.
Дар авҷи фалак фариштаҳо мехонанд,
"Сад раҳмати Ҳақ ба умматонат бошад!"

Дараҷа: Интизор | Диданд: 1330 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Сари танҳои худ бар болини дигар намемонам,
Ба ғайри ту касеро ёри ҷониям намехонам.
Бубин Зебуниссоятро зи ғам девона месозӣ,
Ки ғайри номи ту ман номи дигарро намедонам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 371 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Дар оғӯши банозат модари ҷон,
Бигирад рухи тоза ҷисми инсон.
Касе, ки қарзи фарзанди надонад,
Пушаймон мешавад, охир пушаймон.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 415 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Эй кош замин василаи ғам нашавад,
В-он мазраи дарду доғу мотам нашавад.
Эй дӯст биё дасти дуо бардорем,
То фурсати шод аз ҷаҳон кам нашавад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 356 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Маро бо ман бимон, эй ҳамдами ҷон,
Фиреби ман, Худоё нест осон.
Чунон ман сӯхтам дар оташи ишқ,
Насӯхта ҳеҷ кас аз зоти инсон.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 381 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ман аз андӯҳу қисмат рӯ ба саҳро мекунам охир,
Чу Маҷнун дар биёбон хайма барпо мекунам охир.
Ба ғайр аз мардуми ғамдору ғам касро намемонам,
Ман ин ғамхонаро машҳури дунё мекунам охир.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 398 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Агар рӯзе биёи болини ман,
Шаби торам мисоли рӯз гардад.
Агар таркам намоӣ қалби зорам,
Зи дарду ғуссаат пурсӯз гардад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 358 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ду чашмам роҳи ишқи ёр мекобад,
Дили ман дилбару дилдор мекобад.
Равон гардад, агар бар сӯйи шодиҳо,
Вуҷудам боз оҳу дард меёбад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 398 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Миёни бистари танҳоям имшаб,
Гирифтори ҳама ғамҳоям имшаб.
Биё ҷоно бари Зебои нозат,
Ки занҷири фалак бар поям имшаб.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 346 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Дило дигар бас аст, ғам хӯрдан охир,
Дар ишқи бевафое мурдан охир.
Ба ҳарфҳои дурӯғу носазое,
Тани ранҷурро бозидан охир.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 360 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Дигар ман зеби ин дунё надорам,
Агар маргам расад парво надорам.
Бикушти ишқи покамро ту дар дил,
Чӣ созам дар дили ту ҷой надорам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 384 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Дар ғами бечорагон то субҳидам бедор бош,
Зиндагонӣ саҳни озор аст, беозор бош.
Панди Бедилро шунав, эй Интизор, ки гуфтааст,
"Дар сари мижгон чу ашк истодаи, ҳушёр бош".

Дараҷа: Интизор | Диданд: 388 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Аз сӯзи дил, аз сози дил, аз байти навпардози дил,
Бояд, ки навсозӣ кунам, бояд навэъҷозӣ кунам.
Дер омада мактуби ман аз роҳи дури коинот,
Бо шоирони хушбаён бошад ҳамовози кунам.
Гар роҳи умрам нисф шуд, нисфи дигар бошад насиб,
Аз нисфи умри хештан бояд Ватан рози кунам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 354 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ба дарди ошиқон дору даво нест,
Давошон ғайри васли дилрабо нест.
Хаёлам ишқ асли зиндагонист,
Набошад ишқ дунёро сафо нест.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 435 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Хато кардам, ки дилро бар ту бастам,
Ба ҳар ҷое ба паҳлуят нишастам.
Чу фаҳмидам, ки ёри дигари ту,
Дили худро ба хориҳо шикастам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 387 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ту имрӯз бо хаёли ман,
Шабонро рӯз месозӣ
Миёни ҷамъи дӯстонат,
Зи ишқи ман ту менозӣ.
Ҳама шаб аз фироқат ман,
Саропо сӯхта беморам,
Чаро боре намегӯӣ,
Туро ман дӯст медорам.
Ҳамеша интизорам ман,
Ки ёрам боз меояд.
Ҳамеша бо ғаму ҳасрат,
Ду чашмам роҳ мепояд.
Ба ёди он бути зебо,
Интизор гашта саргардон.
Вале ин дарди ишқат ёр,
Надорад ҳеҷ гоҳ дармон.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 418 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Аблаҳеро гар бубинам дар ғазаб,
Эй Худо гӯям-варо пешат талаб.
Гар бигардам бо бузурге ҳамнишин,
Пур шавад дил аз фараҳ ояд тараб.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 379 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ту зи пешам меравию зору танҳо мешавам,
Дар ғами ишқи ту ҷоно бесару по мешавам.
Ҳар шабу рӯз зора месозам, ки то ёбам туро,
Дар ҷахоне, ки набудам боз пайдо мешавам.
Ту намебини дили садпораам хун мешавад,
Ҳар замоне дар ғами ишқи ту мафтун мешавад.
Ту чаро боре намегири зи ҳоли ман хабар,
Интизор, ки аз ғами ту гаштааст хуни ҷигар.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 404 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Фарёд кашам, ки ту шуди хори дилам,
Гашти ту ба роҳи умр сарбори дилам.
Гар, ки нашави баҳори гулзори дилам,
Эй нахли ситам, мабош озори дилам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 369 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Шаби танҳоии ман бе ту бигзашт,
Ҳамон рӯзе, ки ту бо ман набудӣ.
Агарчи буд акси бесадоят,
Хаёлан хоб аз чашмам рабудӣ.
Агар он шаб ба сурат зинда будам,
Вале дар асл гири мурда будам.
Ман он шаб аз висолат дур будам,
Зи ҳаҷрат хастаю ранҷур будам.
Туро дида ба паҳлуи нигоре,
Дилам аз рашк оташвор месӯхт.
Агар ту он шабонгоҳ шод будӣ,
Дили ман аз ҷудои зор месӯхт.
Дигар ман тоқати дури азизам,
Аз он шабҳои нобудат надорам.
Чу бишнидам, ки хушбахти надорӣ,
Дигар парвои камбудат надорам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 386 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Одаму одамгари хоҳи ба кас тӯҳмат макун,
Дар ҳаёту зиндагӣ бар ҳеҷ кас миннат макун.
Умр ҳар навъе нахоҳӣ бигзарад дар рӯзгор,
Баҳри дунёи дурӯза худро беҳурмат макун.
Пеш аз мову ту мезистанд ҳазорон одамон,
Ҳеҷ чиз бо худ набурданд онҳоро ғайбат макун.
Гар тавони ҳайри фардоро ту имрӯз бигзарон,
Бар умеди ҳайри фарзандони беҳиммат макун.
Интизори ту зи баҳри моли ин дунё гузар,
Хешро аз баҳри чиз беқадру беқиммат макун.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 364 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Гаҳе шоду гаҳе ғамнок моем,
Гаҳе дилғаш, гаҳе дилпок моем.
Ба молу мулк моёнро чи ҳоҷат,
Ки фардо мурдае дар хок моем.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 365 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Маро андар ватан созед гӯрам,
Зи хоки ӯ нагардонед дурам.
Аз он ишқе, ки дорам дар дили худ,
Даруни хоки ӯ ман ғарқи нурам.

******

Диёрам мисли як маҳпора бошад,
Бузург ӯ ҳамчу як сайёра бошад.
Равам ман то абад бар хоби роҳат,
Диёрам баҳри ман гаҳвора бошад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 397 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ба симу зар машав, эй ошно маст,
Ба моли мардумон ҳаргиз мазан даст.
Ки аз ин шаъни одам мешавад паст,
Битарс охир, ки дар боло Худо ҳаст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 373 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Маро ту нимашаб ёдам бикун, гул,
Ба ними бӯсае шодам бикун, гул.
Ғами дурии ту мисли қафас шуд,
Биё, аз банд озодам бикун, гул.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 356 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Волидонам монда номам Интизор,
Бо дуои волидон ёфтам камол.
Гар надорам ганҷу сарват бок нест,
Мекунам сад шукри бахти безавол.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 354 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Бале ӯ ифтихори тоҷикон аст,
Ба шеъри хеш машҳури ҷаҳон аст.
Ба дунё Рӯдакӣ бо шеъри олӣ,
Чу хуршеди муқаддас ҷовидон аст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 375 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ғами ишқат ба ҷони ман асар кард,
Ҳазорон доғ дар рӯйи ҷигар кард.
Шабе хостам ғамат аз дил барорам,
Дилам бо нолаҳо шабро саҳар кард.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 370 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Аз мани мискин чӣ мехоҳӣ дигар?
Ҷон агар хоҳи бигираш тезтар.
Пешпоям кам бидеҳ охир шудам,
Бемадору хастаю хуни ҷигар.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 284 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Агар пойи равонам нест, 
Забону ҳам каломам нест. 
Агарчи дур мондам, ман зи даври кӯдакии хеш, 
Маро маъюб нагӯед, ҳеҷ! Маро маъюб нагӯед, ҳеҷ! 
Агарчи даври тифли, рӯйи роҳ афтону хезон, 
Ба мисли кӯдакони дигаре бозӣ накардам ман. 
Дари ҳар як шифохона, ба уммеди шифо кӯфтам. 
Гаҳе дилро зи шодӣ пур карданд, 
Гаҳе манро басо ранҷур карданд. 
Вуҷудам гарчи пурдард аст, 
Даруни бистарам сард аст. 
Мадоре нест, гар дар дасту поям ҳам, 
Вале охир азизонам, маро маъюб нагӯед, ҳеҷ.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 275 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Дар самои ишқи ту, ман ахтари рахшандаам, 
Дар дили поку сабурат, ҳамдами зебандаам. 
Ту саропо меҳрию ҳам манбаи илҳоми ман, 
Ман тану ҷонам барои ҳифзи ту афкандаам. 
Ҳар сухан дар васфи ишқат, бо муҳаббат мегӯям, 
Чунки ҳасти ту сабабгори лаби пурхандаам. 
Ҳастию дороиям танҳо ту ҳасти дар ҷаҳон, 
Ман фақат дар пеши ту, бо лутфи Ҳақ, як бандаям. 
Андар оғӯши баҳорат, бо ҳама зебоиҳо, 
Ту бикун бовар азизам, ман фақат арзандаям.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 328 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Феврал 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/