Ошиқони Тоҷикистон Сешанбе, 30-05-2017, 14:09:03
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6430
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 20
Меҳмон: 20
Истифодабаранда: 0
Главная » Икроми Пӯлод
Зан агар оташ намешуд,
Зан агар оташ намешуд чун намесӯхт ҷони ман,
Зан агар оташ намебуд ҳам набуд ормони ман.
Зан агар оташ намебуд дар муҳити зиндагӣ,
Ашки ғамҳоро намедид дидаву миҷгони ман.

Зан агар оташ намебуд, ҷанг байни мо набуд,
Аз ковоки қошу рӯяш занг бар дилҳо набуд.
Дар замини курашаклу ин самои беканор,
Як ҷаҳон андеша бар сар, танг ҷои мо набуд.

Зан агар оташ намебуд, ишқи мо нопухта буд,
Чашми чори интизори дар раҳаш нодӯхта буд.
Кай зи гарми оғӯши ӯ андаруни синаҳо,
Шодиҳо аз хандаи ӯ гулшане афрӯхта буд?

Зан агар оташ намебуд, ман намегуфтам: -Қалам,
Сӯзише дар сина дорам, пеши ту созам алам.
Мисра-мисра, пора-пора дар варақ иншо намо,
То замоне хонда бошад зан ҳам байти дилам.
Икроми Пӯлод
Дараҷа: Икроми Пӯлод | Диданд: 1134 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 29-04-2012 | Эзоҳот (0)

Эй дил ту чаро дар қафасам масти хуморӣ?
Гаҳ ғамзада дар синаву гумкарда қарорӣ.
Бо хости ту кардам қадамеро ба қадам ҷо,
Бо ду лаби барбаста чаро кунҷу канорӣ?
Гаҳ Маҷнуниву Ширини Фарҳоди замонӣ,
Гаҳ гулҳавасе ҳастӣ, ки дар қасди шикорӣ.
Гаҳ нармӣ ба ҷон бахшида ори ҳаваси ман,
Чун дарди ту ояд ба танам ханҷару хорӣ.
Гаҳ рӯшани аз неки биори ба хаёлам,
Вой дод аз ҳол, ки ту дар кина саворӣ.
Бо неши сухан кунҷу канори ту сурох аст,
Зардоби ғаму ғуссаро аз дида барорӣ.
Ай дил амале кун, ки бо ҳастии Икром,
Имшаб агар овораи фардо ба мазори.
Дараҷа: Икроми Пӯлод | Диданд: 583 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 29-04-2012 | Эзоҳот (0)

Эй Худо, мебини холи бандаро,
Бандаи дар хар кучо чуяндаро.
Чашми бинояш ками дорад ба сар.
Чашми дил кай во куни ин гандаро?

Хар кадар овораи дунё шуда,
Дил барои мол дар савдо шуда.
Дар даводахо кунун бепо шуда.
Чашми дил кай во куни ин бандаро?

Эй басо дар ошики Мачнун шуда,
Он ки дар афсонахо афсун шуда.
Калби у дар синааш пурхун шуда,
Чашми дил кай во куни ин бандаро?

Булбули пурнола буд дар ними шаб,
Номи лайлояш хичобе буд ба лаб,
Бе у буд бемор, бесе бе тобу таб,
Чашми дил бишко хамин мирандаро!

Хофизи масти дари майхона шуд,
Гофил аз савту наво, девона шуд.
Гирди шамъи зулфи ёр парвона шуд,
Масту шайдоят бикун ин бандаро!

Сухта дар дунё дигар бора напухт,
Наъли берохи ба пои худ бикуфт.
Файзи имонро агар чанде бисухт,
Гофил аз хар навъ гунах кун бандаро!
Дараҷа: Икроми Пӯлод | Диданд: 870 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-04-2012 | Эзоҳот (0)

Шеърро дар сина ахтар мекунам,
Қалбро дунёи бе бар мекунам.
Мисраҳоро дар фазои қалби хеш,
Ҳамчу як сели кабӯтар мекунам.
Ҳарфро бишкуфта андар орзу,
Чун ниҳоли навдаи тар мекунам,
Мурғи илҳомро ба ишқу ошиқӣ,
Доначини зулфи дилбар мекунам.
Бо қалам рӯи варақ аз қофия,
Ҷумлаҳо монанди афсар мекунам.
Назмро аз санъати шеъру сухан,
Тозафаҳму тозапарвар мекунам.
Маъниро монанди султони замон,
Бар сари андеша роҳбар мекунам.
Пас аз ин шеъри туро Оҳансиришт,
Пешкаши чашмони ховар мекунам.
Дараҷа: Икроми Пӯлод | Диданд: 751 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ба ман ҷабру ҷафо карди ту ҳам ҷабру ҷафо бини,
Ситамҳо носазо доди ситамро бо сазо бини.
Намакҳои лабонамро чашида пеши по карди,
Намакҳои лабам гар зад ту қадрат пеши по бини,
Дили пурорзуямро ба мисли шиша бишкасти.
Ба қалби ғуссаву армон маро аз худ ҷудо бини
Ниҳоли ишқи ман хушк шуд зи оби дидаҳои ман,
Дарахти ишқи нопокат ба боғи бевафо бини.
Ба роҳам хор биншонда ба фарқам шох мемонди,
Мазан ҷоно ба ман писханд, агар рӯзе маро бини
Ба дарди ишқи ту будам, кунун аз ҷабри ту сӯзам,
Худатро, мешавад рӯзе, ба ин дард мубтало бини.
Нафорид имтиҳон кардам, мани Оҳан чи лоиқам,
Ки буди норизо аз ман, ризоги аз Худо бини
Дараҷа: Икроми Пӯлод | Диданд: 735 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 20-04-2012 | Эзоҳот (0)

Хуни дилро дар ҳақи ишқи ту резондам, ғалат. 
 Чашми чорам дар раҳи ишқи ту мондам ғалат. 
 Гарчи медонистам аз аввал, ки ин аст ошиқӣ. 
 Саҳфаи ин қиссаро ҳаргиз намехондам ғалат. 



 Ман немехоҳам туро сарсону саргардон бинам, 
 Ман намехоҳам туро дар давраи дӯстон бинам. 
 Ман намемонам, ки ёдат дур шавад аз қалби ман, 
 То ки ёди ширинат дар қалби номардон бинам. 



 Ман нахостам, дон ки қалби зори ман, 
 Ҳеҷ мехоҳад, ки дар ғафлат занад? 
 Мушти худ бар синаи пурдарду оҳ, 
Гаштаву баргашта аз ёдат занад!



 Гарчи мегӯи сухан бар қасди ҷон, 
 Ҷони ман ҳаргиз намехоҳад шунид! 
 Чашм мегӯяд ба дил, ай бехабар, 
 Он париру меҳри ту ҳаргиз надид! 

... Давомашро хондан »
Дараҷа: Икроми Пӯлод | Диданд: 928 нафар| Сана: 18-04-2012 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/