Қасами ишқ - 30 Сентября 2014 - Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Ҷумъа, 09-12-2016, 16:33:00

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [5]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12151
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 8
Меҳмон: 8
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » 2014 » Сентябр » 30 » Қасами ишқ
20:36:39
Қасами ишқ

Қасам бар он ки сӯзад аз ғами ишқ.
Сабақ бигрифтаам аз мактаби ишқ.
Расидам то фалакҳо чун фаришта,
Ба домонам бичидам кавкаби ишқ.
Табаҳкоре ба ҷонам раҳ наёбад.
Сари саҷҷода гуфтам:Ё Раби ишқ.
Кашидам дарди бедармон,намурдам,
Даме ки нӯш кардам  машраби ишқ.
Лаби домони дунё гашта макрӯҳ,
Танам н-орам бурун аз қолаби  ишқ.
Шабе з-андӯҳи бахти худ гиристам,
Паёми субҳ омад аз лаби ишқ.
Зи аҳзоби сиёсат ман буридам,
Кунун восил шудам бар матлаби ишқ.
Асри ишқи мансаб гашта бархе,
Маро бахшо, Худоё  мансаби ишқ.
  
ххх

Бигӯ аниси маро ба хона баргардад .
Лабаш  пур аз саду як тарона баргардад.
Карашмарезам кунун аз садоқати ӯ,
«Чароғи ишқ ба каф» шабона баргардад.
Хулосаи ишқ аст  агар хиёнати ёр,
Ба рағми хиёнати замона баргардад.
Бас аст ғуссаи варо хӯрдани мани шоир,
Бигӯ ба завқи зиёди ошиқона баргардад.
Баҳори  умр рафтаву хазони ӯ монда,
Диле пур аз шубобу ҷавона баргардад.
Мабод ҷуғзе  ба боми дилам хона кунад,
Кабутарона сӯи обу дона баргардад.
Бигӯ варо на барои як лаҳзаи дидан,
Барои ҳамешагӣ ба хона баргардад.

ххх
 
Фарёд, ки дилтоқааму ҳеҷ касам нест,
Дар ҳамнафасӣ низ касе ҳамнафасам нест.
Дирӯз пайи рози ҷаҳон тохтанам буд,
Имрӯз ба ҷуз рози дили худ ҳавасам нест.
Бишкаст чу зангӯлаи овои дили ман.
Дар қофилаи умр садои ҷарасам нест.
Ё раб ту маро боз бубахшо ғами дигар,
К- ин ғам, ки ато кардаӣ аз лутф басам нест.
Аз боғи ҳаётам сухани  сабз биҷӯям,
Парвои суханҳои сияҳрӯи касам нест.
Дар боғи сухан шохи баланд аст чи бисёр,
В-он шеър,ки ман хостаам, дастрасам нест.

ххх

Рӯзе ба ҷустуҷӯи ту, ёро сафар кунам,
Офоқро зи буданат аз нав хабар кунам.
Ҳарфе ба ҷуз вафои ту бар лаб наоварам.
Бо ту пиёлаи лаби худ пур шакар кунам.
Бе муҳтавост  будани ман бе  ту дар ҷаҳон,
Дар рӯзи сахт ишқи туро ман сипар кунам.
Поёни шом бо ту расидан чӣ ҳоҷат аст?
Дар рӯшании ёди ту шабро саҳар кунам.
Ранги баҳории рухам аз ҳаҷри ту парид.
Ин тирамоҳи умр магар пурсамар кунам?
Сабре ҳазор кардаму ҳалвои ман напухт,
Бо ин хаёли хоми худ оҳ аз ҷигар кунам.
Дар кӯлбори худ биниҳам ёди рӯи ту,
Дар ҷустуҷӯи ишқи ту умрам ҳадар кунам.
Эй он ки рафтаӣ зи ману ман наёбамат,
Дигар дилам ҳаволаи умри қадар кунам.
 
ххх

Дар қафаси ниҳоди ман ҷой ба ҳирсу оз нест,
Баски миёни маргу мо фосилаи дароз нест.
Ёбам агар раҳи диле Каъбаи ман ҳамон бувад,
Каъбаи қалби одамӣ дар Арабу Ҳиҷоз нест.
Дур зи хулқи шайтанат ман бубарам хаёли хеш ,
Ғайр зи қиблаи Худо рӯҳи маро намоз нест.
Майл марост пур кунам домани дасткӯтаҳе,
Чун бикунам,ки рӯзиям он қадарам фароз нест.
Оҳ,агарчи Кирдугор зиндагиям ато намуд,
Войи мане ки қисматам дилбару дилнавоз нест.
Гоҳ ба базми шоирон гар ғазале сурудаам,
Ҳайф,ки дар таронаам оташи пургудоз нест.
Ҳарфи бараҳнатабъи ман ҳеҷ қабои худ наёфт,
Ҳарзаи беш гуфтаму шеъри маро маҷоз нест.
Фасли карашмасозиям рафту фусурданам расид,
Бар чамани баҳори ишқ қалби маро ниёз нест.
Покии ботинам барад бар дари хонаи Худо,
Роҳ миёни мову ӯ он қадарам дароз нест.

 

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 565 | Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Пайвандҳо: Шаҳрия, Шаҳрияи Аҳтамзод, Shahriya, Қасами ишқ | Баҳо: 0.0/0
  
Ҳамаги эзоҳот: 0
avatar
Мо дар vk.com
Реклама
Тақвим
«  Сентябр 2014  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерози Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пӯлод Икроми Пулод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2016| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал