Ҷаҳони Ошиқон Душанбе, 18-12-2017, 19:32:19
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Категория фаслҳо
Шеърҳои ошиқӣ [313]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [4]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Низомии Ганҷавӣ [1]
Мини-чат
 
50
Пурсишнома
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 165
Омор

Онлайн ҳамагӣ: 24
Меҳмон: 24
Истифодабаранда: 0
Асосӣ » Абуабдуллои Рӯдакӣ
1 2 3 »
Пушт хӯҳлу сар тавилу рӯй бар кирдори қир,
Соқ чун суҳону дандон бар мисоли дастара.
Бар канори ҷӯй бинам растаи бодому себ,
Рост пиндорӣ қатори уштурони анбура.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 602 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ман мӯи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 724 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Самоъву бодаи гулгуну лӯъбатони чу моҳ,
Агар фаришта бибинад, дарӯфтад дар чоҳ.
Назар чӣ гуна бидӯзам, ки баҳри дидани дӯст
Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷойи гиёҳ.
Касе, ки огаҳӣ аз завқи ишқи ҷонон ёфт,
Зи хеш, ҳайф бувад, гар даме бувад огоҳ.
Ба чашм-т-андар болор нангарӣ ту ба рӯз,
Ба шаб ба чашми касон андарун бубинӣ коҳ.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 566 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Фиғони ман ҳама з-он зулфи тобдори сиёҳ,
Ки гоҳ пардаи лолост, гоҳ меъҷари моҳ,
Ба вақти хуфтанаш аз мушки суда бошад ҷой,
Ба гоҳи рафтанаш аз сими сода бошад роҳ.
Ҳазор тавбаи садсоларо ба бод диҳад,
Ҳазор зоҳиди садсоларо барад аз роҳ.
Агар саодат ҷӯйӣ, ба ҷуз ризош маҷӯй
В-агар саломат хоҳӣ, ба ҷуз ҳавош махоҳ!
Агар ба кӯҳ расад боди хашми ӯ як бор
В-агар ба коҳ расад боди меҳри ӯ ногоҳ,
Ба соат-андар монанди коҳ гардад кӯҳ,
Ба лаҳза-андар монанди кӯҳ гардад коҳ!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 568 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

«Зеҳ!» доноро гӯянд, ки донад гуфт,
Ҳеҷ нодонро донанда нагӯяд: «Зеҳ!»
Сухани ширин аз зуфт наёрад бар,
Буз ба буҷ-буҷ-бар ҳаргиз нашавад фарбеҳ.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 573 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин,
Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам гӯю кам нишин!
Бошад, ки дар висоли ту бинанд рӯи дӯст,
Ту низ дар миёнаи эшон наӣ, бибин!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 535 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Туранҷи бедор андар шуда ба хоби гарон,
Гули ғунуда барангехта сар аз болин.
Ҳар он ки хотами мадҳи ту кард дар ангушт,
Сар аз даричаи заррин бурун кунад чу нигин!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 608 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ланги равандаст, гӯш нею суханёб,
Гунги фасеҳ аст, чашм нею ҷаҳонбин.
Тезии шамшер дораду равиши мор,
Колбади ошиқону гунаи ғамгин.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 508 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Зайғаме насл пазируфта зи дев,
Оҳуе ном ниҳода якрон.
Офтобе, ки зи чобукқадамӣ,
Бар сари зарра намоянд ҷавлон.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 488 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Хоҳӣ, то марг наёбад туро,
Хоҳӣ, к-аз марг биёбӣ амон,
Зери замин хезу нуҳуфте биҷӯй,
Пас ба фалак баршав бе нардбон!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 500 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Чӣ чиз аст он раванда тираке хурд?
Чӣ чиз аст он палолак теғи буррон?
Яке андар даҳони ҳақ забон аст,
Яке андар даҳони марг дандон.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 550 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Халлухиён хоҳию ҷаммошчашм,
Гирдсурин хоҳию борикмиён.
Кашкиннонат накунад орзӯй,
Нони суман хоҳию гирда(и) калон!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 660 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Эй Маҷ, кунун ту шеъри ман аз бар куну бихон,
Аз ман дилу сиголиш, аз ту тану равон.
Гаврӣ кунему бода хӯрему бувем шод,
Бӯса диҳем бар ду лабони паривашон.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 710 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Яхча меборид аз абри сиёҳ,
Чун ситора бар замин аз осмон.
Чун бигардад пойи ӯ аз пойи дор,
Ошкухида бимонад ҳамчунон.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 631 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ёд кун зерат андарун таншӯй,
Ту бар ӯ хор хобунида ситон.
Ҷаъдмӯён-т ҷаъд канда ҳаме
Бибурида ба руни ту пистон(?).
Пири фартутгашта будам сахт,
Давлати ӯ маро бикард ҷавон.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 512 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Шоҳе, ки ба рӯзи разм аз родӣ,
Заррин ниҳад ӯ ба тир-дар пайкон.
То куштаи ӯ аз он кафан созад,
То хастаи ӯ аз он кунад дармон.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 535 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ҳон, соими наволаи ин сифла мизбон,
З-ин бенамак або манеҳ ангушт дар даҳон!
Лаб тар макун ба об, ки талқ аст дар қадаҳ,
Даст аз кабоб дор, ки заҳр аст тавъамон!
Бо коми хушку бо ҷигари тафта даргузар
Эдун, ки дар саросари ин сабз гулситон.
Кофур ҳамчу тал чакад аз дӯши шохсор,
Зайбақ чу об барҷаҳад аз нофи обдон.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 638 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Модари майро бикард бояд қурбон,
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон.
Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ,
То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон!
Ҷуз ки набошад ҳалол дур бикардан
Баччаи кӯчак зи шири модару пистон.
То нахӯрад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ,
Аз сари урдибиҳишт то буни обон.
Он гаҳ шояд зи рӯи дину раҳи дод,
Бачча ба зиндони тангу модар – қурбон.
Чун бисупорӣ ба ҳабс баччаи ӯро,
Ҳафт шаборӯз хира монаду ҳайрон.
Боз чу ояд ба ҳушу ҳол бибинад,
Ҷӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон.
Гоҳ забар зер гардад аз ғаму гаҳ боз
Зер –забар ҳамчунон з-андӯҳ ҷӯшон.
Зарри бар оташ куҷо бихоҳӣ полуд,
Ҷӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон.
Боз ба кирдори уштуре, ки бувад маст,
Кафк барорад зи хашму ронад султон.
Марди ҳарас кафкҳош пок бигирад,
То бишавад тирагишу гардад рахшон.
Охир к-ором гираду начахад низ,
Дар ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 902 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ҳаст бар хоҷа пехта зи фитан,
Рост чун бар дарахт печад сан.
Ин аҷабтар, ки менадонад ӯ
Шеър аз шаъру хунбро аз хан!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 506 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй писар,
Мо чу саъва, марг бар сони заған!
Ҳар гуле пажмурда гардад, з-ӯ на дер
Марг бифшорад ҳама дар зери ған.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 704 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Бил, то хӯрем бода, ки мастонем
В-аз дасти некувон май бистонем.
Девонагони беҳушмон хонанд,
Девонагон наем, ки мастонем!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 633 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Биё, дилу ҷонро ба худованд супорем,
Андӯҳи дирамму ғами динор надорем.
Ҷонро зи пайи дину диёнат бифурӯшем
В-ин умри фаноро ба раҳи ғазв гузорем.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 676 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
Расад марҳабо аз замину замонам!
Ба савту навову ба сити маонӣ
Тараббахши рӯҳам, фараҳзои ҷонам!
Хирад дар баҳо нақди ҳастӣ фиристад,
Гуҳарҳои рангин чу зояд зи конам.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 661 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Чун гусе кардамат ба дастаки хеш,
Гунаҳи хеш бар ту афкандам.
Хона аз рӯи ту тиҳӣ кардам,
Дида аз хуни дил биёкандам.
Аҷаб ояд маро зи кардаи хеш,
К-аздари гиряам ҳамехандам!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 492 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Агар амири ҷаҳондор доди ман надиҳад,
Чаҳорсола навиди маро, ки ҳаст харом.
Ҳама ниюшаи хоҷа ба некувию ба сулҳ,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу кори нафом!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 506 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Дареғи он ки гирд кард бо ранҷ,
К –аз ӯ нест баҳри ман ҷуз сутом.
Ҳало Рӯдакӣ, аз кас-андар матоб,
Бикун, ҳарчи карданист бо мудом,
Ки фарғул барнадорад он рӯз,
Ки бар тахта туро сиёҳ шавад фом.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 533 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Дареғам ояд аз хондан газофвор ду ном,
Бузургвор ду ном аз газоф хондани ом:
Яке, ки хубонро яксара накӯ хонанд,
Дигар, ки ошиқ гӯянд ошиқонро ном!
Дареғам ояд, чун мар туро накӯ хонанд,
Дареғам ояд, чун бар раҳӣ-т ошиқ ном!
Маро дилест, ки аз ғамгинӣ чу дур шавад,
Ба ғамгинон шаваду ғам фароз гирад вом.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 648 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд,
Туруш шаванду битобанд рӯ зи аҳли суол.
Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест,
Маро, ки металабам, худ чӣ гуна бошад ҳол?!
Шукуфт лола, ту зиғол бишкуфон, ки ҳаме
Ба даври лола ба каф-бар ниҳода беҳ, зиғол!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 644 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Маи лаъл пеш ору пеши ман ой,
Ба як даст ҷому ба як даст чанг.
Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ,
Чу ёқут гардад ба фарсанг санг!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 626 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил,
Сад сол маст бошад аз бӯйи ӯ наҳанг.
Оҳу ба дашт агар бихӯрад қатрае аз-ӯ,
Ғуррандашер гардаду н-андешад аз паланг!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 545 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон-к ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагӯй, к-аз чӣ шудаст шодӣ сук!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 487 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Эй лак, ар ноз хоҳию неъмат,
Гирди даргоҳи ӯ кунӣ лаку пак.
Яхча бориду пойи ман бифисурд,
Варғ барбанд яхчаро зи фалак.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 629 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур,
Ба хидмат омад некӯсиголу некандеш.
Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол,
Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш?!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 642 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Корвони Шаҳид рафт аз пеш
В-они мо рафта гиру меандеш.
Аз шумори ду чашм як тан кам
В-аз шумори хирад ҳазорон беш.
Тӯшаи ҷони хеш аз ӯ бирабой,
Пеш к-ояд-т марги пойогеш.
Он чӣ бо ранҷ ёфтишу ба зул,
Ту ба осонӣ аз газофа мадеш!
Хеш бегона гардад аз пайи суд,
Хоҳӣ он рӯз музд камтар деш.
Гургро кай расад салобати шер,
Бозро кай расад ниҳеби шахеш?!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 515 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Гирди гули сурх - андар хате бикашидӣ,
То халқи ҷаҳонро бификандӣ ба халолуш.
Кофури ту бо лӯс бувад, мушки ту бо нок,
Бо лӯс ту кофур кунӣ доим мағшуш.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 513 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Гар на бадбахтаме, маро кӣ фиканд
Ба яке ҷоф-ҷофи зудғарас?
Ӯ маро пеши шер бипсандад,
Ман натовам бар ӯ нишаста магас.
Гарчи номардум аст, меҳру вафош
Нашавад ҳеҷ аз ин дилам, паргас!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 500 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ҳамебароям бо он, ки барнаёяд халқ
Ва барнаёям бо рӯзгори хӯрдакурез.
Чу фазли мир Абулфазл бар ҳама маликон,
Чу фазли гавҳару ёқут бар набаҳра пашиз.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 539 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Чун сипарам беҳ миёни базм ба Наврӯз,
Дар маҳи Баҳман битозу ҷони адӯ сӯз!
Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам
Бо наю бо руду бо набизи Фанорӯз!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 502 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Замона аспу ту роиз, ба ройи хешат тоз,
Замона гӯю ту чавгон, барои хешат боз!
Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,
Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз!
Туӣ, ки ҷавру бахилӣ ба ту гирифт нишеб,
Чунонки доду саховат ба ту гирифт фароз!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 497 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,
Дил ба Бухорову бутони Тароз!
Эзади мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 657 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Зиндагонӣ, чи кӯтаҳу чи дароз,
На ба охир бимурд бояд боз?!
Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.
Хоҳӣ андар анову шиддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон ба неъмату ноз!
Хоҳӣ андактар аз ҷаҳон бипзир,
Хоҳӣ аз Рай бигир то ба Тароз.
Ин ҳама боду буди ту хоб аст,
Хобро ҳукм не, магар ба маҷоз.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигаршон боз.
Ноз агар хубро сазост ба шарт,
Насазад ҷуз туро карашмаву ноз!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 628 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Зираш Уторид, он ки нахониш ҷуз дабир,
Як номи ӯ Уториду як номи ӯст Тир.
Оҷиз шавад зи ашки ду чашму ғиреви ман
Абри баҳоргоҳию бахнӯҳ дар матир!
Гетӣ чу гов нек диҳад шир мар туро,
Худ боз бишканад ба карона ханури шир.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 512 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ҳаме бикуштӣ, то дар адӯ намонд шуҷоъ,
Ҳаме бидодӣ, то дар валӣ намонд фақир.
Басо касо, ки барра асту фарахша бар хонаш,
Басо касо, ки ҷавин нон ҳаменаёбад сер.
Мубодарат куну хомӯш мабош чандино,
Агар-т бадра расонад ҳаме ба бадри мунир!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 641 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Чокаронат ба гаҳи разм чу хайётонанд,
Гарчи хайёт наянд, эй малики кишваргир!
Ба гази найза қади хасми ту мепаймоянд,
То бибурранд ба шамшеру бидӯзанд ба тир.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 493 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Вақти шабгир бонги нолаи зир,
Дӯсто, он хурӯши барбати ту
Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир!
Зории зеру ин мадор шигифт,
Гар зи дашт-андар оварад нахҷир.
Тани ӯ тир не, замон ба замон
Ба дил-андар ҳамегузорад тир.
Гоҳ гирёну гаҳ бинолад зор
Бомдодону рӯз то шабгир.
Он забоновару забонаш не,
Хабари ошиқон кунад тафсир.
Гоҳ девонаро кунад ҳушёр,
Гар ба ҳушёр барниҳад занҷир.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 661 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Чархи фалак ҳаргиз пайдо накард,
Чун ту яке сифлаи дуну жакӯр.
Хоҷа Абулқосим аз нанги ту
Бар накунад сар ба қиёмат зи гӯр.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 534 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Ба даври адли ту дар зери чархи миноӣ
Чунон гурехт зи даҳри дуранг ранги футур.
Ки боз шона кунад ҳамчу бод сунбулро,
Ба неши чангали хунрез тораки усфур.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 620 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Гирд кун, гирд кун дирам бисёр,
Кунҷи хона, биёкан аз динор!
Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш
В-омад аз баҳри хоста пайкор.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 516 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-04-2012 | Эзоҳот (0)

Эй ошиқи дилдода бад-ин ҷои сипанҷӣ,
Ҳамчун шаманӣ шефта бар сурати Фархор.
Дарвозу даревоз фурӯ гашту баромад,
Бим аст, ки якбор фуруд ояд девор.
Девори куҳангашта набардорад подир,
Як рӯз ҳама паст шавад, ранҷиш бигзор!
Он хаҷши зи гардан-ш даровехта гӯйӣ,
Хикест пур аз бод дар ӯ рехта аз бор.
Он кун, ки дар ин вақт ҳамекардӣ ҳар сол,
Хаз пӯшу ба кошона рав аз суффаву фарвор.
Ёд орию донӣ, ки туӣ зираку нодон
В-ар ёд надорӣ, ту сиголиш куну ёд ор!
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 765 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 06-04-2012 | Эзоҳот (0)

Эй хоҷа, ин ҳама, ки ту бармедиҳӣ шумор,
Бодоми тару сикию баҳмону бостор.
Мор аст ин ҷаҳону ҷаҳонҷӯй моргир,
Аз моргир мор барорад ҳаме дамор.
Дараҷа: Абуабдуллои Рӯдакӣ | Диданд: 685 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 06-04-2012 | Эзоҳот (0)

Дохил шудан ба сомона
Ҷустуҷӯ
Тақвим
«  Декабр 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Бойгонӣ
Дӯстони сомона
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uWeb