Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ошиқони Тоҷикистон Якшанбе, 26-02-2017, 21:47:31
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Шумо боре ҳам ошиқ шудаед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 12487
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 31
Меҳмон: 31
Истифодабаранда: 0
« 1 2 3 4 5 ... 27 28 »

Ман бихоҳам дили дардманди маро шод кунед,
Зи ҳама дарду ғаму ғусса, ки озод кунед.
Умри ман мегузарад, пеши Худо чора, ки чист?
Мисраи шеъри маро хонда маро ёд кунед.
Савти булбул ва ҳам он накҳати гул меояд,
Баҳри хушбахтии ман базми тарабсоз кунед.
Ман, ки будам, зани танҳо дили пур аз ғаму дард,
Шукри олиҳагию ҳусни фараҳсоз кунед.
Ошёни мани бечора, агар сӯхт зи ғам,
Ғам биронед, зи дарам базми нав обод кунед.
Умри инсон, ки бувад, гоҳ дарозу кӯтоҳ,
Шукри он умру ҳам он хонаи обод кунед.
Бар замири дили ман ишқ, ки парвона бигашт,
Як замон фикр ба ҳар мисраи Баҳор кунед.
"Гар шуд аз ҷаври Шумо хонаи Мӯре вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 291 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ҳар қадар дарду алам дидам, вале ҳеҷ чора нест, 
Пеши қисмат, ҷуз ғаму андӯҳ дили овора нест. 
Рӯйи даҳр аз шоди дида, ғам бувад он қадр зиёд, 
Ҷуз дили ман, ҳеҷ диле ин қадр басо садпора нест. 
Дар вуҷудам дард торе метанад, чун анкабут, 
Анкабут дар тори ресмон, лек ӯро як лона нест. 
Гар бигӯям ғам намехӯрам дигар ман рӯйи даҳр, 
Ғам маро дамсози қалбам, ҳеҷ баром бегона нест. 
Аз мани мискин, агарчи монд чанд шеъри сафед, 
Шеърҳоям дарди ман асту каси ғамхора нест.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 284 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ман кистам, дар ин ҷаҳон?
Як ошиқи девонаям,
Як ошиқи шуридадил, аз ҳаҷри ёр афсонаям.
Чашмони хуморолудам ишқро таҷҷасум мекунад,
Дар зери чатри зиндагӣ парвонаам, парвонаам.
Афсонаи ишқи маро, то Каҳкашон парвозҳо,
Як кафтари ошиқнавоз белонаам, белонаам.
Лутфу карам месозаму дар пеши пойи зиндагӣ,
Дар хирмани меҳру вафо дурдонаам, дурдонаам.
Соғар бишуд, лабрези ишқ пур шуд, висоли умри ман,
Дар соғари минои худ паймонаам, паймонаам.
Дилхастагӣ, побастагӣ дар ҷодаи ишқу вафо,
Маҳкам бисозад, дасту по завлонаам, завлонаам.
Ишқу муҳаббат пешаам, савту наво андешаам,
Ман Интизор баҳри ту ёр ягонаам, ягонаам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 293 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Расидан то ба куйи орзуҳо,
Набошад кори осону валекин.
Раҳо созем, дил аз банди ҳавасҳо,
Агарчи ҳаст, ки моро сахту мушкил.
Хумори мешавам аз интизорӣ,
Барои то ба орзуҳо расидан.
Агарчи зиндаги гоҳ талху ширин,
Барои то ба мақсудҳо расидан.
Бигӯянд орзу кардан, чи хубе,
Бале хубаст, ҳадаф аз ин ки хубтар.
Саропои тамоми одамизод,
Бувад бе орзу як шохи бебарг.
Аз ин ру орзу дорам, ҳамеша,
Ҳамеша хушиҳоям ҳамсафар бод.
Барои он азизонам ба дунё,
Ниҳоли умрашон, ки бехатар бод.
Барои ёри дилҷӯям, ки дур аст,
Канори Интизор шодон бошад.
Ҳамон булбул ба токи хонаи ман,
Суруди ишқро ҷӯён бошад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 323 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ҷоми ишқам пур зи май, чун масту махмурам кунад,
Аз худу аз хештан ҳарчанд, ки он дурам кунад.
Нӯш созам ман аз он гарчи бисӯзад ҷисми ман,
Заррае гар бевафои мекунам, курам кунад.
Ҷоми ишқ бар даст, дилам аз дарди он меларзадо,
Дарди он ҷисмам бисӯхта, гарчи нобудам кунад.
Гарчи нӯшидам, зи ҷомаш бо ҳавасҳои зиёд,
Дарди дурияш маро дилгиру ранҷурам кунад.
Интизор ту нӯш кун, ин шарбати ҷом то ахир,
Гарчи ин шарбат туро афсонаи хурат кунад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 304 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Дили ман бар фиғон омад, 
Зи ишқи нотавони ту. 
Зи чашмам ашк меборад, 
Вале инро надони ту. 
Манам аз ишқ вораста, 
Манам бо қалби бишкаста. 
Манам девонаи ишқат, 
Манам бо ғусса пайваста. 
Ҳамеша зору танҳоям, 
Ҳамеша роҳ мепоям. 
Бидон дар ҳар куҷо бошӣ, 
Ба домони ту меоям. 
Туйи маҳбуби яктоям, 
Азизу хубу зебоям. 

Дараҷа: Интизор | Диданд: 307 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Накардам ҳеҷ гоҳе шиква аз ишқ,
Агарчи ту зи ман ёр дур буди.
Даруни кулбаи меҳрофари худ,
Зи шодиҳо басе масрур буди.
Мани танҳо миёни хонаи худ,
Зи ҳаҷри ту басе шабҳо нахуфтам.
Зи ту ҳаргиз нанолидам ман он дам,
Барои қисмати талхам гиристам.
Маро ишқи ту кард пойбанди тақдир,
Бикард дар ошиқи манро талабгор.
Куҷо ман шиква аз ту созам, эй ёр,
Ки ҳасти ишқи манро ту сазовор.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 307 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Баҳор мерасад, зи нав!
Дилам зи хонааш фирорӣ мешавад,
Ба кӯҳу даштҳои олами дигар,
Дилам барои диданаш, басо хуморӣ мешавад.
Баҳор ишва мекунад, ҳаме ба нозу бо итоб,
Гӯё, ки ханда мекунад, ба қалби хастаю хароб.
Баҳор ханда мекунад, ба ҳоли зори ишқи ман,
Дилам аз ишқ заъфарон, гаҳе зи дард дар азоб.
Дигар бас аст гиряҳо, ҳам он чашми ғамбаҳо,
Ба қалби дардманди ман дигар макун, ту шикваҳо.
Баҳор мерасад зи нав, дилам зи ғам раҳо бикун,
Маро дар ишқ боз зи нав адо бикун, адо бикун.
Тамоми ғам бубар зи дил, маро туҳхамнаво бишав,
Ба қалби хастаи дилам, даво бишав, даво бишав.
Бубар зи ман ғуссаҳо!
Бубар ҳар он чи носазост!
Маро ба худ адо бикун,
Маро зи нав садо бикун.
Баҳор мерасад, зи нав!
Дилам фирорӣ мешавад,
Ба олами пур аз вафо,
Дилам хуморӣ мешавад. ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 301 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Эй азизон, аз фарри фарзонагӣ,
То наяфтам то дари девонагӣ.
То наяфтам то дари бехонагӣ,
Сабрро бинмуда пеша,
Тавба месозам ҳамеша.
То наранчад ёри ҷонам,
Меҳрубонам, дилситонам,
Ростиро карда пеша,
Тавба месозам ҳамеша.
То наяфтад ҳарфи беҷои дурӯғ,
Дар миёни мисраҳои бофурӯғ,
Ҷустуҷӯро карда пеша,
Тавба месозам ҳамеша.
Бар мани отифаи беиштибоҳ,
То наафтад номи бадноми сиёҳ.
То наларзад устухони пайкарам,
Аз аламҳои азими кишварам.
Чокариро карда пеша,
Тавба месозам ҳамеша.
Аз тани нарми Ватан,
Охирин сӯзандазахми тири наҳси Аҳриман,
Шоириро карда пеша,
Шукр месозам ҳамеша.
Тавба месозам ҳамеша.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 298 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ба ёди ишқи пуршарар,
Ба ёди бахти бесамар.
Ба мисли захми дар ҷигар,
"Туро, ки ёд мекунам."
Ҳанӯз дури аз барам,
Ту, эй азизи раҳбарам.
Ту, эй мунису ёварам,
"Туро, ки ёд мекунам."
Ту ҳасти орзуи ман,
Каломи гуфтугӯи ман.
Биё шунав садои ман,
"Туро, ки ёд мекунам."
Азизи бовафои ман,
Ба дарди ман давои ман.
Муҳаббату хатои ман,
"Туро, ки ёд мекунам."
Ҳанӯз дури аз барам,
Ту, эй муҳаббати тарам.
Ту ғамбару ғамофарам,
"Туро, ки ёд мекунам."
Туро фарёд мекунам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 309 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Очаҷонам раҳнамоят мешавам,
Қуввати дил аз бароят мешавам.
Гар биёяд марг аз дунболи ман,
Ман ба умеди дуоят мешавам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 278 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Зи ҷабри зиндагонӣ зери борам,
Зи ҳоли хештан ҳар лаҳза нолам.
Нашуд пайдо касе ёрӣ намояд,
Ҳамеша бо ду чашми ашкборам.
Дили нозуки ман бо дард ҳампар,
Ҳамеша бо дилам дору мадорам.
Ба чашмонам ҳамеша дарду оҳ аст,
Вале ман шиквае ҳаргиз надорам.
Агарчи зиндагӣ бар души ман бор,
Ба мисли мард, ҳар рӯз зери корам.
Агар зан боиффат, бонанг бошад,
Ҳазорон мард пешаш сар фурорад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 293 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Оҳ, Модар!

Чӣ қадар бузургию меҳрабун. Чӣ қадар дили пурқудрат дори, ки тамоми азобу дардҳои зиндагиро таҳаммул месози. Бо ҳама ранҷҳои дидаат назди фарзанд худро хушбахт вонамуд месозӣ. Модар, имрӯзҳо ид дорӣ! Иде, ки ҳама бо як шукӯҳи беандоза пешвозаш мегиранд. Имрӯз рӯзи туст Модар, ҳама рӯзҳоро 
идат эълон созам кам аст, ки бар як шаби сари гаҳвора нишастани ту намеарзад. Ай Модари биҳиштиям, эй фариштаи осмонам зиндагиеро, ки бароям бахшиди бидуни ту маъное надорад. Пас бо ман бош,танҳоям магузор, ки дар ин сахнаҳои пурпечу тоби зиндагӣ метарсам. Эй фариштаи ман идат муборак, бигузор Модар ҳамарӯза болои сарамон бошӣ, чунки ягона ёдгории Падар бар мо ҳасти. "Зинда ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 629 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Субхи файзборат ба хайр бошад,
Бахори лолазорат пурсамар бошад.
Чу бикшои чашмонат зи хоби ноз,
Ошикат дар наздат хар сахар бошад.

Дараҷа: Шоҳзодаи Ошиқон | Диданд: 614 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 05-03-2015 | Эзоҳот (0)

Туро мехоҳаму донам, ки ҳаргиз

Ба коми дил дар оғӯшат нагирам.

Туи он осмони софу равшан,

Ман ин кунчи қафас мурғи асирам.

Зи пушти милаҳои сарду тира

Нигоҳи ҳасратам ҳайрон ба руят. ... Давомашро хондан »

Диданд: 345 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 26-02-2015 | Эзоҳот (0)

“Дилам як дуст мехоҳад, ки хеле меҳрубон бошад”
Ва ҳар чи дар дилаш дорад, ҳамонаш дар забон бошад.
Сухан аз сидқ кам гуяд, валекин дар амал содиқ,
Ҳамон бошад ба пеши ман, ки дар чисми худ он бошад.
Нагуяд “чони ман ҳасти”, вале дар чодаи ёри
Тани афсурдаи манро тавону руҳу чон бошад.
Дилам як дуст мехоҳад, ки якру бошаду яксу
Дар уфқи ноумедиҳо чу овои азон бошад.
Вучудаш болу пар бошад ва меъроче диҳад
Чонро Мани зиндонии “ман”ро шабеҳи нардбон бошад.
Зи ёрони шаробию кабоби хаста шуд, хаста,
Дилам як дуст мехоҳад, ки дур аз ину он бошад.
Дилам як дуст мехоҳад, мехоҳад, вале донад
Чунин дусте, ки мехоҳад, вучудаш дар гумон бошад

Дараҷа: Насиҳат гӯш кун ҷоно... | Диданд: 420 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 25-02-2015 | Эзоҳот (0)

Ба номи он худои мехрубонам
Кунам огоз манн арзу паёмам
Гуям харфи диламро бар ту эй дуст
Намонад рози дил андар нихонам
Чунон аз зиндаги безорам эй дуст
Сухан аз калбу гап руи забонам
Шудам гумрохи ишки ёри беор
Ки пулмаст буду чи хост? Ман надонам
На шохаму на бояму на пулдор
Манам оддиписар одди бимонам
Бирафт у аз кафои ёри пулдор
Шавад охир пушаймон то чавонам
Биёяд назди манн бо гиряхояш
Бигуям манн на аз ту ёри чонам
Шунав харфи диламро эй ситамгар
Ки ту бехечи,манн аз дигаронам.

Дараҷа: Пандҳои ошиқона | Диданд: 519 нафар| Сана: 03-11-2014 | Эзоҳот (0)

Дар пуштаи меҳанам шаҳидон беш аст.
Аз ҳасраташон дилам ҳазину реш аст.
Худкарда ба кӣ ҳамекунад шикваву роз,
Бадбахтии мо баски зи дасти хеш аст.
Мо шамъи шабони хеш куштем, оваҳ,
Ғофил, ки шабони тира анда пеш аст.
Варзида ба хеш он қадар бадхоҳӣ,
Гӯё, ки яке гургу дигар чун меш аст.
Шуд нолаи сард ошно бар лаби мо,
Хандонлабии шоми сияҳ дар пеш аст.
Хоке, ки ба давлаташ ҳасад мебурданд,
Сад ҳайф, ки мардумаш кунун дарвеш аст.
Ҳарфе, ки бигуфтаам зи дилсӯхтан аст,
Бас тавбаи сахти ман ба халқи хеш аст.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 385 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Эй ёр мехоҳам туро ҳам рӯзи хуш, ҳам рӯзи ғам,
Як пора меҳри хешро бинмо барои ман карам.
Кай бошад, эй ҷону дилам чашмам фитад бар сӯи ту,
Бо наргиси лолои худ аз ту ҳамегирам алам.
Ман ҷонамози ишқро орам ба пойандози ту,
Гар мегузорӣ бар дарам, эй порсои ман қадам.
Некӯст дарди ишқи ту баҳри тасаллои дилам.
Айб аст, агар марде кунад бар ҷони сахти зан ситам.
То коми ту ширин шавад аз талхии ин рӯзгор,
Ин қомати чун найшакар бахшидамат сар то қадам.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 384 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба номи ту бихӯрам ҳазору як савганд,
Ба мӯсафедӣ шавам чун асот модарҷон.
Дуои меҳрнавозат раҳам кунад рӯшан,
Сипоси хеш бигӯям аз барот модарҷон.
Эй ёр салом салом алайк, аз омаданам шодӣ,
Ё бандаи зулфони як шӯхи паризодӣ?
Хусрав напазирам ман ба тахту шаҳаншоҳӣ,
Ширинаму мехоҳам ман қиссаи Фарҳодӣ.
Истораи чашмонат бар базми шабам хонад,
Дар анҷумани рӯзам анвори фараҳзодӣ.
Шайтонсифате,  дардо, маҳзуну забунам кард,
Оёти мадад хонам, ту марди худододӣ.
Аз ҳарза хамӯшам кун,бардеҳ сабақи ишқам,
Дар мактаби ишқи мо иршодиву устодӣ.
Байти лаби майгунам бо шеъри лабат омез,
То ширу шакар гардад рағми ғаму бедодӣ.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 413 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Таманно мекунам паймонаи шеъру сухан бошам,
Кабӯтарҳои маънӣ дар лабу дар анҷуман бошам.
Шиори шоирии ман ҳадиси ишқ гуфтанҳост,
Дигар кофист гар як шоири шакардаҳан бошам.
Дили ойинааамро бар муборакбодӣ овардам,
Муноҷоти муҳаббат дар лаби сарву суман бошам.
Маро, ки табъи нозук дода буд момои кӯҳистон,
Ба чашми ақлу бо анфоси маънӣ дар сухан бошам.
Ба домони шарифи субҳ орад саҷдааш хуршед,
Саҳар атри гули печида дар боғи Ватан бошам.
Самимитар агар аз бодаи борони найсонам,
Гаҳе тӯфонӣ, аммо чун майи ҷоми куҳан бошам.
Ба сидқи ман хиёнат мекунад рӯбаҳмизоҷе гар,
Ба рағми ӯ ғурури садҳазорон шерзан бошам.
Худо ҳофиз, азизони дилам то сӯҳбати дигар,
Манам Шаҳрияе ки ҷоннисори ин Ватан бошам!
ххх
 
Биё-биёт бигӯям, вале садое нест,
Нафас ба роҳи  гулӯ мондаву ҳавое нест.
Гузашт фас ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 698 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Мефитам дар чоҳи ғам дар хона вақте нестӣ,
Мехӯрам заҳри ситам дар хона вақте нестӣ.
Меравад аз обу нону хони ман лаззат дигар,
Талх гардад гулкарам дар хона вакте нестӣ.
Бе ту якранг аст оҳангу навои зиндагӣ,
Во дареғу во алам дар хона вақте нестӣ.
Шодии бо ҳам нишастан лаҳзае ҷоно хуш аст,
Бе ту нагзорам қадам, дар хона вакте  нестӣ.
Хомаам ҳам мекунад эҳсос ин дарди маро,
Ашк мерезад қалам, дар хона вақте нестӣ.
Мезанам пар-пар чу мурғи паршикаста гирди хеш,
Талх гирям сад рақам дар хона вақте нестӣ.
Борҳо савганд хӯрдам, ки паноҳат бар Худо,
Бишканам садҳо қасам дар хона вақте нестӣ.
Ҳар куҷо бошӣ паёматро ба телфунам фирист:
Дӯстат дорам санам дар хона вақте нестӣ.
Дастҳои пурсахоятро бинозам, ҷони ман,
Мешуморам ман дирам дар хона вақте нестӣ.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 353 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ҷоно, биё, биё,  ки таманно кунам туро,
Дар пайкари малеҳи дилам ҷо кунам туро.
То тирамоҳи сард наояд ба боғи ту,
Бар навбаҳори чашми дил ово кунам туро.
Аз шишаи нигоҳи дил ойина созамат,
Дар шоми ишқ ашки таҷалло кунам туро.
Эй тифли нози ишқ чӣ ранҷидаӣ зи ман,
Бо қанди лаб биё, ки тасалло кунам туро.
Дар зери теғи ишқ бинеҳ гардани баланд,
Сад роҳ куштаву зи нав эҳё кунам туро.
Мепурсиям, ки шаб равам ё рӯз диданат?
Дар шаб биё ҳидояти фардо кунам туро.
 
ххх

Як рӯз бубандам лаб аз обу гилу дона,
Бо хеш даромезам дар гӯшаи ғамхона.
Оям ба фирор аз худ, оям ба канор аз худ,
То чанд маро сӯзад оҳи дили бегона?
Дар оташи ҷони ман печида фиғони ман,
Шамъе накунад парво бар сӯзиши парвона.
Бошам чу парӣ, эй кош пинҳон паси кӯҳи Қоф,
Дур аз нигаҳи мардум дар олами афсон ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 482 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Зи ҳама канора ҷӯям биравам каронаи ту,
Сари сахту шонаамро биниҳам ба шонаи ту.
Чу фасонаи Зулайхо ба ҳисоби сол пирам,
Ба дилам ҷавонӣ бахшад ғами ҷовидонаи ту.
Ба баҳору тирамоҳон ба хаёли ту шавам сабз,
Чамане шукуфа орам ба хазонаи хонаи ту.
Бипазирамат чу Мавло, ки каромате  бубахшӣ,
Чу фариштае дароям ҳарами шабонаи ту.
Нашикаст санги лаънат сари сахти пурғурурам,
Чу давои мумиёӣ бувадам фасонаи ту.
Сабақи фузун гирифтам зи китоби чашмҳоят,
Ғазале намуда  мавзун ба лабам таронаи ту.
Зи нигоҳи ошиқонам ҳама сеҳр метаровад,
Нигаҳи ту гуфт, аммо, ки маро ягонаи ту.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 358 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Эй ҷони ман ягонаи ҷону дилам туӣ,
Тобу таби нуҳуфтаи обу гилам туӣ.
Ҷоми ҷаҳоннамо ба кафи орзуи ман,
Дар ҷашни офтобии сарманзилам туӣ.
Боғи дилам хазон шуда аз боди ғам дареғ,
Боғи пур аз ҷавонаву пур ҳосилам туӣ.
Ёрои ёр хондани ту дар лабам намонд,
Рози нигоҳи  ман шунав, ар оқилам туӣ.
Во мекунӣ гиреҳи дилам бо ишорае,
Умре кушоиши ҳама мушкилам туӣ.
Шево кунам ба шеваи ишқи ту ҳарфи худ,
Як шеъри носурудаи сад маҳфилам туӣ.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 372 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Як чаман Шаҳрия овардам туро,
Шаҳри умеди дили худро кушо.
Бар сафедори  қадат имон барам,
Аз дилат ҳангомаи шайтон барам.
Эй тамоми ман, тамоми ман туӣ,
Нози нозук дар хироми ман туӣ.
Эй тамоми ман тамоми дилнишин,
Дар нигини ишқ номи дилнишин.
Рози пинҳон дар ғазалҳои манӣ,
Ошиқи ҷон дар масалҳои манӣ.
Баски ту худ шоири шеъри манӣ,
Атри Юсуф дар гиребони манӣ.
Дар шаби майхонаи чашмони ман,
Ҷом бар ҷоме бизан, эй ҷони ман.
Аз ҳавои бӯсаҳои пурҳавас,
То бигирад барги лабҳоям нафас.
То саҳаргоҳон бимонам масти ишқ,
То кушоям панҷара бо дасти ишқ.
То чу лола сӯзаму парпар шавам,
Дар кафи дасти ту хокистар шавам.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 343 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Тори дили пуршӯрам  умре ба наво бошад,
Хуштар зи садои ишқ дигар чӣ садо бошад?
Марде, ки ҳамелофад бо зӯру тавони хеш,
Гар нек назар созӣ дармондаи мо бошад.
Оне ки дар ин олам шоҳона наварзад ишқ,
Дар шоҳраҳи қисмат ҳамвора гадо бошад.
Чуз маърифати ишқам як ҳикмати воло нест,
Чун сураи ихлосам тӯмори дуо бошад.
Ҷуз роҳи вафо роҳе бар сӯи ҳақиқат нест,
Роҳе, ки барад моро то пеши Худо бошад.
Дунё зи вафодорон саршор бувад гӯянд,
Даргоҳи чунин ёрон, гӯед, куҷо бошад?
Чун ток намесозам бар нахли дигар такя,
Нанги ҳама бенангон дар гардани мо бошад.
Донам, ки ғами олам дармону даво дорад.
Дарди дили Шаҳрия безори даво бошад.
 
ххх

Ҷоно, катибаҳои диламро китоб кун,
Шаҳбайти абрӯвони маро интихоб кун.
Бинӣ агар вуболи муҳаббат ба нози ман,
Дар созу сӯзи ишқ ту кори саво ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 526 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Дар барги гули лола нависам аламам,
Дар дафтари навбаҳор хонӣ ту ғамам.
Баъд аз сари ишқи ту сарам чарх занад,
Афтодаву бархоста дар ҳар қадамам.
Гуфтам, ки зи ишқи ту бичинам доман,
Ёди хушат омаду шикастӣ қасамам.
Дар мазҳаби ишқи ту мусалмон будам,
Манзури Худо наяст додӣ ситамам .
Гуфтӣ шаби ту ба хайр оям саҳарӣ,
То ҳол ман интизори он субҳдамам.
Пироҳани сабзи ишқи ман зард шуда,
Атри гули пажмурдаи ишқат бишамам.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 363 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Хандаҳои чашми ту ҷонам диҳад,
Ҳастии пуршӯру армонам диҳад.
Бас чашидам лаззати ишқи туро,
Шарбате бар ҷони нолонам  диҳад.
Сураҳои шаҳкитоби чашми ту,
Ёд аз оёти Қуръонам диҳад.
Тавба  кардам рағми куфри рӯзгор,
То Худои ишқ имонам диҳад.
Бар дили бемори ман ишқи ту ёр,
Эй хушо, ки боз дармонам диҳад.
Сар бимонам ман ба рӯи шонаат,
Шонаи ту марги осонам диҳад.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 359 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Они манӣ ту, эй азиз, бар дигарат намедиҳам.
Ҷони манӣ, ту эй азиз,  бар ҳадарат намедиҳам.
Гар бичакад ба коми ту косаи давр оби заҳр.
Ман зи пиёлаи лабам ҷуз шакарат намедиҳам.
Они маниву дар лабам баста бувад паёми ту,
Уқдаи дарди ман кушо, дарди сарат намедиҳам.
То ки зиё биафканам зулмати ҷовидонаро,
Ман зи ду чашми хештан ҷуз шарарат намедиҳам.
Рӯи мазори дарди ту гиря кунам ба ҳоли худ,
Хандаи сабз бахшамат,чашми тарат намедиҳам.
Баҳра зи ошиқӣ, бимон, ҳеҷ насиби ман мабод,
Олами ишқ бахшамат ман,ки зарат намедиҳам.
Бо ту баҳори ман хуш аст,ову хазони ман бубар,
Варна дар ин баҳор ман гулшакарат намедиҳам.
Лек агар хазон кунӣ нахли баҳори ишқи ман,
Дон, ки ба ҳеҷ мазрае ман самарат намедиҳам.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 363 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Як саҳар дар чашми худ роз оварам,
Дар лабонам шеъри эъҷоз оварам.
Дар танам аз парниён пироҳане,
Дар сарам аз гул сарандоз оварам.
Дар дилам як сура аз Қуръони ишқ,
Дар кафи бозам дуо боз оварам.
Шабнавози хилвати танҳоиям,
Ҳар саҳаргаҳ як чаман роз оварам.
Бишканам ойинаи худбин,зи нав
То диламро бо ту ҳамроз оварам.
Миҷмари дил мекунад атри сипанд,
Чашми бадро рӯ ба парвоз оварам.
Марҳабо гӯям ҷаноби Ишқро,
Пешвозаш пойандоз оварам.
Бо навои нойи  Мавлонои Балх,
Дар вуҷудам фасли оғоз оварам.
Оташи ишқат фурӯ биншаст агар,
Ишқи сӯзонат сарафроз оварам.
Ин баҳори пуртаҷчамул баҳри ту,
Чашмҳоямро ғазалсоз оварам.
Кафтари ишқи маро пар-пар макун,
Боли парвози чу шаҳбоз оварам.
Ман гулоби шеърро бар коми ту,
Ҳам зи Кошон ҳам зи Шероз оварам.
Кай шиносӣ лек ишқи Ша ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 379 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Бо гиряи зор-зор таркат гӯям,
Бо ҷону дили фигор таркат гӯям.
Он дил талабам, ки меҳрубонам бошад,
Бо қалби пур аз шарор таркат гӯям.
Зинҳор гуноҳи ту набахшам ба даҳр,
Бо қисмати бебарор таркат гӯям.
Аз ту биравам Худой ҳамроҳам бод,
Бо нафрати Кирдугор таркат гӯям.
Ман ишқи туро ба марзи дил гӯронам,
Дар саҳнаи ин мазор таркат гӯям.
Номи ту бувад чу бисмиллаҳ бар лаби ман,
Омин ба лабам ҳазор таркат гӯям.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 378 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Мани дилшикастаи ту ба куҷо занам сарамро,
Ки дубора боз ёбам дили зору музтарамро?
Фараҳи дигар надорам зи ниҳеби нотавонӣ,
Ки ба дӯши худ кашам ман ғаму дарди пайкарамро.
Ба ҷуз аз саодати ишқ набувад маро давое,
Чу хиёнате ту кушта нафаси муанбарамро.
Зи нигоҳи рӯшани ту гули нур мерабудам,
Ба канори шаб фикандӣ ту дили мунавварамро.
Лаби ман чу ғунчае буд ба садои ошноӣ,
Ба лабам ту талх кардӣ ғазали чу шаккарамро.
Ҳаваси дигар надорам ба ҷуз он ки зевар орӣ,
Зи гули сафеди марям сари гӯри мармарамро.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 341 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Хуш он замона, ки пеши ту  ноз мекардам,
Ба замзама дари ишқи ту боз мекардам.
Чаҳор фасли ҷаҳонам пур аз баҳорон буд,
Дили гирифтаи ту сарфароз мекардам.
Ба роҳи омаданат, эй азизи ман шабҳо,
Ман остонаи худ ҷонамоз мекардам.
Муроди ман буд агарчи таронаҳои навин,
Шикоят аз фалаки ҳуққабоз мекардам.
Ба пеши кас набарам дасти ҳоҷати худро,
Валек даст ба сӯят дароз мекардам.
Қасам ба рашки азизу латифи беҳади ёр,
Фақат аз муҳаббаташ арзи ниёз мекардам.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 355 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Оҳ, аз он лаҳза, ки он замзамапардозам  рафт,
Нозанинии ману нозукии нозам рафт.
Хомаам дар ҳарами қолабу сурат бифитод,
Асари маъниам аз дафтари эъҷозам рафт.
Оҳ аз ин хилвати беруҳи мани кадбону,
Кадхудои ману ҳамсозаму дамсозам рафт.
Сари болои ман афсӯс заминбӯс шуда,
Баски он сарвару он ёри сарафрозам рафт.
Панҷаи сахти хиёнат ба лабам қуфл бизад,
Ҳарф дигар назанам,шираи овозам рафт.
Пахш дар хоби гарон кард маро танҳоӣ,
Дида бикшодаму он мурғи саҳарнозам рафт.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 336 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ҷуз дарди ишқ бар дилам дарди дигар мабод,
Ҳарчанд ман надидаам аз ишқ рӯзи шод.
Гӯши маро зи дур навозад паёми ишқ,
Дар ин карон, ки нест ба ҷуз нолаҳои бод.
Гӯши замона шевани моро чу нашнавид,
Розам шунид ишқу ҷавоби маро бидод.
Дар даҳри бемурувватам,эй ишқ аҳсанат,
Соҳиб туӣ, ки бар сари ман дарди сар мабод.
Оғози ишқ дарди маро кард то сабук,
Анҷоми ӯ ба дӯши дилам кӯҳи ғам ниҳод.
Бисмиллаҳи ҳавои дилам ишқ буд, ишқ,
Умре дуои ишқ ҷуз омини дил мабод.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 391 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Аз осмон ситораи ишқ орзу кунам,
То бомдод бод дили худ гуфтугӯ кунам.
Хонам ба зиндагонии пок офтобро,
Дар шабнами сапедадамон шустушӯ кунам.
Эй ишқи ношинос умеди паноҳиям,
Бо чашми дил нигоҳи туро ҷустуҷӯ кунам.
Дар кокулони худ гули садбаргро занам,
Ифшо ҳазор ишваи худ мӯ ба мӯ кунам.
Андӯҳи ишқи хеш ба дарё биафканам,
Тӯмори рози обии худ ҷӯ ба ҷӯ кунам.
То кай ба чорсӯи ғамам бо ду чашми чор.
Охир,фиғони хуфтаи дил сӯ ба сӯ кунам.
Як рӯзи офтобии бахти сафедамон,
Ҳастии худ ба ҳастии ту рӯ ба рӯ кунам.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 354 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба роҳи омадани ту тарона мехонам,
Китоби ишқи туро бебаҳона мехонам.
Дигар ба ҳарзаи бегона тан нахоҳам дод,
Таронаи ту алайҳи замона мехонам.
Чӣ суди буданат,эй он ки завқи ишқат нест,
Биё,ба гӯши дилат ошиқона мехонам.
Фишурдааст агарчи анори диламро ғам,
Анори шеру дона-дона мехонам.
Вуҷуди олами худро тамиз бояд кард,
Ки покбозӣ фақат дар тарона мехонам.
Фидои дидаи ҳамчу ситора рӯшани ту,
Туро ба хилвати зебо шабона мехонам.
Дубора то паёми хушам расад аз ту,
Кабӯтарона сӯи обу дона мехонам.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 392 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба комам ишқ агар зебо набошад,
Ба шеърам вожае зебо набошад.
Миёни ин қадар инсони беишқ,
Мисоли ман касе танҳо набошад.
Қазо созам намози ишқро гар,
Дигар чашмам гунаҳполо набошад.
Гули шеъри тар аз боғаш бичинам,
Зи ишқ авлотарам маъно набошад.
Набошад сархати  шеърам агар ишқ,
Забони хомаам гӯё набошад.
Нафири ҷон баромад аз найи ишқ,
Найистонам чу бе Мавло набошад.
Агар таркам намояд ишқ имрӯз,
Ба дастам домани фардо набошад.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 335 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Қасам бар он ки сӯзад аз ғами ишқ.
Сабақ бигрифтаам аз мактаби ишқ.
Расидам то фалакҳо чун фаришта,
Ба домонам бичидам кавкаби ишқ.
Табаҳкоре ба ҷонам раҳ наёбад.
Сари саҷҷода гуфтам:Ё Раби ишқ.
Кашидам дарди бедармон,намурдам,
Даме ки нӯш кардам  машраби ишқ.
Лаби домони дунё гашта макрӯҳ,
Танам н-орам бурун аз қолаби  ишқ.
Шабе з-андӯҳи бахти худ гиристам,
Паёми субҳ омад аз лаби ишқ.
Зи аҳзоби сиёсат ман буридам,
Кунун восил шудам бар матлаби ишқ.
Асри ишқи мансаб гашта бархе,
Маро бахшо, Худоё  мансаби ишқ.
  
ххх

Бигӯ аниси маро ба хона баргардад .
Лабаш  пур аз саду як тарона баргардад.
Карашмарезам кунун аз садоқати ӯ,
«Чароғи ишқ ба каф» шабона баргардад.
Хулосаи ишқ аст  агар хиёнати ёр,
Ба рағми хиёнати замона ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 590 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ба сафар ту рафтаӣ, ҷон, сафарат ба хайр баргард,
Нигаҳи пур аз муҳаббат ту биоварам раҳовард.
Ту бирафтӣ, хона хомӯш, қаламу тарона хомӯш,
Ғазале зи ишқи зебо бинуҳуфта дар дили сард.
Назанад фариштае пар ба фазои хонадонам,
Дили ман сиёҳ гашта, ки сиёҳияш назар кард.
Ба лабам чи талх ояд ғазале, ки дар дилам ҳаст,
Магараш, ки зиндагонӣ-ш ба оби дида парвард?
Ба дилам сипанд сӯзам, ки хушу саломат оӣ,
Чӣ хушо муаллими дил аҷабам вазифа биспурд.
Биравам ба соҳати шеър ба умеди он ки оӣ,
Ғазали ҳуҷиста гӯям ба раҳи ту дар фаровард.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 350 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ишқи ману ту сағир монда, ба Худо,
Дар хонаи дил асир монда, ба Худо.
Андар варақи китоби шеърам,аммо
Пайваста чу сардабир монда, ба Худо.
Ёди хуши ту сурур орад  ба дилам,
Дар нойи лабам нафир монда, ба Худо.
Ҳарчанд  ки аз барам,ишқи ту боз
Дар тахти дилам амир монда, ба Худо.
Хонам саловоти ҷони ту,зеро он
Дар мазҳаби дил шаҳир монда, ба Худо.
Авроқи дилам пуропури сурати туст,
Байни ману ту сафир монда, ба Худо.
Номи ту раҳо бисозад аз ҳар хатарам,
Дар пушти сарам чу Пир монда, ба  Худо.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 382 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Зери мусиқии дарду алами танҳоӣ,
Талх гирям, ки аё ёр ту кай меоӣ?
Шунавам боз чун аз фитаи дил савти Гугуш,
Биравад хотираам пушти шаби ялдоӣ.
Сурататро бикашам боз ба авроқи дилам,
Бо ҳама ранги таҷалло, ки ту хушсимоӣ.
Булбули ҷони ман аз ишқи ту хонад чу ғазал,
Ба раҳам ханда занад  ёсумани саҳроӣ.
Қавл бидҳам, ки биёӣ ту дигарбора дарам,
Дари ту қуфл занам то ба абад накшоӣ.
Қиссаи дурии ту гӯяму гирям ҳама шаб.
Ба умеде,ки маро фотеҳаи фардоӣ.
Эй азизе , ки маро аз дили ман медонӣ.
Низ медон, ки бувад талх ғами танҳоӣ.
Ҳой, ай марди азизи дили ман медонӣ?
Ки басо талх бувад оби дари танҳоӣ.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 354 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ман дар ҷавоби ишқи ту меҳру вафо мебахшамат,
Аз боғи домони дилам ёсу ҳино мебахшамат.
Дар зулмати шабҳо дигар танҳо нахоҳам буданат,
Чашмони худро ҳадяе фардонамо мебахшамат.
Ҳарфу ҳиҷои марҳабо аз лаб агар афтодааст,
Пушти дари ҷонам биё, сад марҳабо мебахшамат.
Охир тилисми хоҳиши ҷони туро хоҳам шикаст.
Бо ҷилваҳои дилбарӣ шӯру наво мебахшамат.
Бо лутфи неку гар назар созӣ  зи сар то пои ман,
В-он гаҳ зи дукони дилам сар то ба по мебахшамат.
Садҳо гиреҳ афтода буд  аз умр дар банди дилат,
Ҳар чоршанбеи дилам мушкилкушо мебахшамат.
Бар номи некат ҳеҷ гаҳ ҷоно наорам ҳарфи бад,
Рӯзе агар таркам кунӣ, як каф дуо мебахшамат.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 358 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Нигоҳи чашми туро ошиқона мехоҳам,
Садои пои туро з-остона мехоҳам.
Хушам ниёз маро аз замонаам набвад,
Фақат турову туро аз замона мехоҳам.
Садои омаданат ояҳои илҳом аст,
Варақ-варақ сухани шоирона мехоҳам.
Туӣ азизу ҳамеша ба синаам ҷоӣ,
Туро азизи дилам ҷовидона мехоҳам.
Хадиси буду набудам ҳамин ягона туӣ,
Туро ба сад ҳазору як баҳона мехоҳам.
Ман аз сукути шаби нестӣ ҳаросонам,
На хандаеву на шеъру на тарона мехоҳам.
Дарахти умри ту, он соябони  сарро ман
Пур аз шукуфаву баргу ҷавона мехоҳам

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 403 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Биё, ба қиблаи рӯят намоз бигзорам,
Маро ба ҷуз тарафи ишқ қиблагоҳе нест.
Қасам ба покии ашкам, дар ин гуноҳистон,
Вуҷуди отифаамро ягон гуноҳе нест.
 
Дилам гирифт аз ин пастакони пастандеш,
Ба шонаҳои баланди ту сар ниҳам,эй кош.
Чу як ғазал зи девони дил маро мехон,
Чу як тарона ба гӯшат садо диҳам,эй кош.
 
Ба ҷуз шукуфаи зард аз хазони ман нашукуфт,
Нигоҳи сабзи ту сабзинаи баҳорам кард.
Маро, ки вожаи номат суханварӣ омӯхт,
Шабеҳи шоираҳои пур аз барорам кард.
 
Биё, ба хотири овои рӯшани дили ман,
Сукути тираи шоми тирезаамро банд.
Ба сӯи ҳеҷ касам дидаи умеде нест,
Маро ба риштаи нури нигоҳи худ пайванд.
 
…Садои пои ту аз зинаҳои хонаи ман,
Чу савти равшани рангобаранг меояд.
Ба пешвози ту во мекунам дари дили худ,
Ба гӯш то зи дар овози ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 416 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Ишқ, эй манзалати нуронӣ,
Субҳи имони маро шом макун.
Ишқ, эй ҳастии  кайҳонии дил,
Бо ғами ғайр маро ром кун.
 
Ҳайф он умр, ки бе ту бошад,
Дар сукути табаҳу дардолуд.
Бо нафасҳои нафисе гӯям,
Ишқ аз ҷониби ман бар ту дуруд.
 
Ман зи оёти садоят нӯшам,
То биорам ба намози ту қиём.
Чи садоқат,ки дар ин хомӯшӣ,
Ту ба гӯшам бизанӣ занги паём.
 
Бе ту чунам ту магар медонӣ,
Ғарқ дар ҳавзаи андешаи хеш.
Орзуҳои сапеди дили ман.
Бе ту ҳамвора сиёҳанду пареш.
 
Ишқ, эй зодаи хуршеди саҳар,
Оҳ,ман шабнаму ашки абрам.
Ишқ ту зоти Худовандӣ агар,
Духтари хокиаму бесабрам.
 
Ман, ки парвардаи нози ту шудам,
Бе ту ойинаи нозам шиканад.
Бурдаам  каъбаи меҳри ту намоз,
Бе ту он санги намозам шиканад.
 
Ҷо ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 471 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Маро фатвои будан деҳ ту, эй ёр
Ба поизи нигоҳам фарвадин ор.
Гузар аз савлату ганҷинаи хеш,
Муҳаббатро, вале магзор зинҳор.
Салом овар зи фасли сабзи гулҳо,
Манам атри шақоиқро харидор.
Нигоҳамро ба самти ишқ овар,
Савоб аст об овардан ба бемор.
Яке лабташнаи шеъри тарам ман
Ба ҷони ман дубайтиву ғазал кор.
Бишӯ нақши гунаҳро аз нигоҳам.
Ба чашмат нури Хақ бошад  падидор.
Тилисми банди зулфам то шавад во,
Дуо бахшо маро дар барги тӯмор.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 366 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Бигӯӣ ояму аммо наоӣ
Дилам бишкаст аз ин ҳарфи ҳавоӣ.
Туӣ саргарми дунёи дили хеш,
Манам андар хаёле, ки биоӣ.
Сари андешаам ранҷур гашта.
Биёву оварам як каф дуое.
Ба роҳат рангу рӯям гар паридаст.
Зи дастонам расад атри ҳиноӣ.
Бипӯшам атласи шому  саҳарро,
Барам то чашми ту бо дилрабоӣ.
Паноҳи шонаҳои меҳрубонат.
Наметарсам ман аз рӯзи ҷудоӣ
Дар ин дунёи пурозори ҳастӣ,
Дили бишкастаамро мумиёӣ.
Биё, мо ҳам китоби Хақ бихонем,
Раҳад то ҷони мо аз худгароӣ.
Расад рӯзе ки ойӣ, дер гардад,
Чароғи дил насозад рӯшноӣ.

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 340 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Эй ки соҳиб шудаӣ бахти маро,
Ҳамсарат бастаи гесӯи ман аст.
Гарчи ҳамбистари ту ҳаст шабон,
Бастаӣ теғи ду абрӯи ман аст.
 
Чашми ӯ сӯи ту шуд бикшода,
Хуши ӯ банд бувад дар ғами ман.
Зиндагӣ бо ту нафасгираш кард,
Мекашад ӯ нафас аз олами ман.
 
Акси ман баски ба чашмаш пайдост,
Нигарад сӯи ту чун бегона.
Қиссааш хониву дар гӯши дилаш,
Бирасад шеъри манаш мастона.
 
Шӯри пешонии сахтат,эй зан,
Ки ба найранги дилат кардӣ вафо.
Як дам эҳсос накардӣ, ки басо
Ту ба ман на, ба худат кардӣ ҷафо.
 
Эй ту худхоҳу ту худрой, шунав,
Бахти бегона насибат нашавад.
Он азизе,ки рабудиш зи ман,
Дами танҳоӣ ҳабибат нашавад.
 
Гарчи сад ҷилва намоӣ ба бараш,
Ҳамсарат нози маро ёд кунад.
Дами рафтан зи ҷаҳон бо ғаму дард,
«Шаҳрия ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Шаҳрияи Аҳтамзод | Диданд: 399 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-09-2014 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Феврал 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/