Шеърҳо - Ҷаҳони Ошиқон
Ҷаҳони Ошиқон

Панҷшанбе, 19-01-2017, 03:08:41

Асосӣ | Номнавис шудан | Дохил шудан | Шеърҳо | Толеънома Хуш омадед! Меҳмон | RSS
Менюи сомона
Дохил шудан
Дараҷа
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Ҷустуҷӯ дар сомона
Абри пайвандҳо
Саволи мо
Сомонаи моро қадр кунед
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 6373
Мини-чат
 
500
Омор (Статистика)
Счетчик тИЦ и PR waplog.tj
Онлайн ҳамагӣ: 1
Меҳмон: 1
Истифодабаранда: 0
« 1 2 ... 25 26 27 28 »
Канори роҳи интизор
Умед баста бар нигоҳи интизор
Миёни ин замину осмон чу сояи сароб
Фитода бе садо ба чоҳи интизор
Кашида оҳи интизор

Касе садо намекунад
Варо зи чоҳи ғам раҳо намекунад
Дар ин кавири интизори пурсароби бе уфуқ
Барои ҷони ӯ дуо намекунад
Ба ӯ вафо намекунад

Биё, умед мерасад
Зи куйи ошно навид мерасад
Чароғи ишқи покро ба қалби хеш зинда дор
Ки пайки рафъати сапед мерасад
Чу нури шед мерасад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 646 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Сапедаро салом
Маҳи зи раҳ расидаро салом
Умеди ҳай шудан, навиди растани башар
Тулӯи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо
Азизи ҷону дидаро салом
Падидаро салом
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 593 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ҳастиҳо ҳай шудаанд
Ҳама рахҳои дуо тай шудаанд
Аз ҷудои дигарам ҳарфу ҳиҷое набувад
Хамаги шефтаи най шудаанд
Масти он май шудаанд
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 503 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Хандида биё
Эй нури дилу дида, биё
Оғуши маро зи ишқу мастӣ пур кун
Бар хилвати ман чу нури маҳ наҳифу ларзида, биё
Аз қолабу қоби қилу қол берун шав
Дар бехудӣ печида биё
Болида биё
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 500 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ба ёдат хаёлам бирақсад
Даруни сина боғи висолам бирақсад
Дар ин фасли поиз ба ёди канори баҳоронаат
Ниҳоли умеди безаволам бирақсад
Ва шеьри зулолам бирақсад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 641 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дилам парвоз мехоҳад
Дар ин орзукада ҳамроз мехохад
Ҳама ёри забониянд,ҳарфи муфт мегӯянд
Дили хушбоварам эъҷоз мехоҳад:
Яке ҳамсоз мехоҳад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 631 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Биё, тарона гу
Зи ишқу ошиқӣ фасона гу
Канори ман нишин ва бесадо ба қалби ман
Зи рамзу рози Каҳкашон, зи панду фанди ин замона гу
Биёву обшори му ба шонаҳои ман бирез
Ҳадиси ғунчаву ҷавона гу
Ва бе баҳона гу
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 538 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Туро оғуш мегирам
Ва он ҷо меравам аз ҳуш мемирам
Дар ин дунё ба ғайр аз турбати поки Ту, эй Модар
Зи ҳар чизе, ки буду ҳаст дилгирам
Ва аз ин зиндагӣ серам

Нигар чун сахт мағмумам
Дар ин дунё зи худ ҳам бе ту маҳрумам
Падар рафту Ту рафтию сафо аз хонаи мо рафт
Ту гуйи дар чаҳон бар ғусса маҳкумам
Аҷаб танҳову мазлумам

Ҳамеша дар сафар будам
Ҷудо аз суҳбати гарми Падар будам
Набудам, то бигирам пояи тобутат, эй Модар
Ки рӯзи марги Ту ман бехабар будам
Маро бахшо, ки кар будам

Расидам бар мазори Ту
Дуо хондам, нишастам дар канори Ту
Падарро дар мазористон гумонам зинда медидам
Ки меовард бар Аъзам баҳори Ту
Хушо бар рӯзгори Ту!
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 744 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Чу дидамат, нигоҳ
Ба ман намекунӣ, зи сина оҳ
Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ
Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ
Биҷустам аз Илоҳ
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 645 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Магар чи иштибоҳ шуд?
Нигоҳи ман даричаи гуноҳ шуд
Зи роҳи дида омади маликаи дилам шудӣ
Ки ин ғуломи по бараҳна шоҳ шуд
Ва ҳамнишини моҳ шуд

Кунун биё канори ман
Ки ҷовидона гул кунад баҳори ман
Магӯ ки иштибоҳбуд қаробати нигоҳи мо
Ба як назорае шуди нигори ман
Калиди ифтихори ман

Ману ту ёру ҳамзабон
Ки ҳамдилӣ ба ишқи мо шуда тавон
Биё, ки Тусу Суғдро дубора мо қарин кунем
Ва ҷовидон шавад фалоти Ориён
Ба зери боми осмон
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 521 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Биёву фоли ман бигир
Ба чашми каҳвайи, ту ҳоли ман бигир
Маро бубар ба нокуҷо, зи хеш берунам бикун
Биафканам ба деги асли худ нишони қилу қоли ман бигир
Биё, бигӯ ки ман чаро ба ин диёр омадам?
Суроғи посухи саволи ман бигир
Раҳи уболи ман бигир
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 514 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ало ё айю ҳа соқӣ
Бигир манрову дар руди шароб андоз
Ва дар мастӣ зи худ бегонаам кун, то ки баъд аз ин
Расам бар соқии аслию май хоҳам
Ва ҳал созам мушкилҳо

Ало ё айю ҳа соқӣ
Биё, лабрез кун ин ҷоми Ҷамшедӣ
Даме бо ёди Дорову фалоти Ориён гирйем
Ки бо он қудрату шаъну ҷалоли худ
Фурӯ рафтанд дар гилҳо

Ало ё айю ҳа соқӣ
Дари майхона бикшо,пири мо омад
Биё, муғбача шуд хаста зи омоли хиёбонӣ
Варо аз нав ба кӯи майкашон орем
Ки ёбад роҳи манзилҳо

Ало ё айю ҳа соқӣ
Магӯ паймона сар омад,ки токистон
Ҳанӯз ангурҳо дорад,кулолӯ кӯза месозад
Ва Ҷоми Ҷам ба ҳукми чархаи таърих
Ба гардиш ҳаст чун дилҳо
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 575 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Эй сорбон, оҳиста рон
То роҳиён аз худ раҳанд, дар бехудӣ
Бори гарони ҷисмро аз ҷомаи тан баркананд
То дил таҷаллигаҳ шавад,к-аз бедилӣ
Ҳарф аз забонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
К-ин роҳи пуршебу фарози зиндагӣ
Монанди ман дилдодае дар кишвари озодаҳхо
Ҳаргиз набинад,чун равам,ҳамроҳи ман
Ёду нишонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
То бори дигар бӯса бар ҷонон занам
В-он турки дилозорро оғуш гирам ончунон
Мо ҳарду дар ҳам гум шавем,дар хайли ту
Он дилситонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
То ман ҳама буду набудамро гирам
Ин ҷо намонам як нишон аз рафтану аз омадан
Оташ занам ин хонаро бо оҳи худ,
Фардо тавонам меравад
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 781 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дар коргоҳи ёди ту
Дар гӯшаи хамӯши оҳи ёди ту
Ман рондаам, фитодаам,бе худ ва бетуам, бубин
Дигар куҷо шавам ман шоҳи ёди ту
Тардам зи роҳи ту

Одоби бӯса ин набуд
Дар соғари лабонат ангубин набуд
Лабро ниҳода бар лабам, чашмат ба суи дигаре
Оғушат он бирешами маҳин набуд
Оре, оре, чунин набуд!

Дер омадиву рафтӣ зуд
Расми рафоқату дилдорй ин набуд
Дар шаҳри хаста хастаам кардй ба ваъдабозиҳо
Дигар на ту, на ман, на шодию суруд
Ман монадаму сигору дуд

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 488 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Лабгиряам ожанг шуд
Дар роҳи ту пойи нигоҳам ланг шуд
Оҳам даруни синаам саркуб шуд в-аз дуди он
Ойинаи ду дидаам пурзанг шуд
Дунё бароям танг шуд

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 475 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Агар он турки шерози
Камони абрӯ аз чашмони худ гирад
Ва даст аз ғорати дилҳои муштоқон нигаҳ дорад
Ба як гулхандаи зебои ӯ бахшам
Ҳама дилҳои шайдоро

Агар он турки шерози
Синони ғамза аз мижгон барчинад
Надуздад хуш аз сарҳо, нагирад сабр аз дилҳо
Фидои ишқу нозу ҳусни ӯ созам
Ҳазорон чашми шаҳлоро

Агар он турки шерози
Зи себи ғамғабаш арзониям созад
Анори бозу бар ҷоми лабони ташна бифшорад
Ба як ҷурьа майи лабҳои ӯ бахшам
Ҷаҳони ҷому миноро

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 688 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ин аст ин, ватан
Ин хилвати зебои ту ва ман
Дар ҷилва омада атри нигоҳи хоҳише
То бударо бақо дихад боре дар ин сафои тан ба тан
Дар умқи об ахтарон гулмоҳиҳо шуданд
Аз мавҷи поки рақси ёсуман
Дар чашмаи чаман

Оё кӣ дида буд
Гулро ба рӯи об дар суҷуд?
Аз Каҳкашон ба рӯи об саҷодда омада
Ин гушаи чаман шуда ойинаи боғе даруни руд
Ӯ дар вуҷуди ман, ҳам дар вуҷуди мову ту
Бобе зи олами боқӣ кушуд
Ҳам гуфту ҳам шунуд

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 584 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Симфунии сукут
Бо ҳарфи чашми масти ту шикаст
Печид бар фазо садои қалби хастаам
Рози муҳаббати мову ту шуд
Оперои ҷадид

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 477 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дар ин шаби девона
Дар валвалаи мактаби девона
Тақвову ҷунун бо ҳам, гаҳ наҳйу гаҳе нафйанд
Куфр омаду тақво шуд чун силсила дар мазҳаби девона
Ҳар дор шуда дору, ҳар дашт чу гулгашт аст
Дар хандаи тобу таби девона
Зери лаби девона

Зинда бош
Манро чунин садо макун
Дар шаҳри хуфтае тӯфон ба по макун
Ин ҷо ба кас магӯ, ки ошиқи як раҳгузар шудӣ
Он «рози сар ба мӯҳри» худ ифшо макун
Аз ишқи мо лаб во макун

Эй шаҳсавор, зинда бош
Зебонигори бовиқор, зинда бош
Гурдофариди қалби ман, аз дудмони ориён
Гесу шалола , эй нигор зинда бош
Дар ин мадор зинда бош

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 501 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Гуфти бихон, хондам Худо
Гумгаштаму худро зи худ рондам, Худо
То гум шудам дар худ зи худ пайдо намудам хешро
Гумгаштаро ин гуна хобондам, Худо
Дар хештан мондам, Худо

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 477 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Солуни ёдҳои ман
Аз коби акси ишқи сабзи ту пур аст
Бинандаҳо ҳама дар ғурфаҳо дар хеш хираанд
Оҳиста мераванд аз худ ба сӯи худ
Монанди сояи ғуруб

Инак қатори хотира
Омад,вогуни ишқи сабзи ту набуд
Ду роҳи оҳани, яьне ки шарҳи ишқи мову ту
Ҳарду канори ҳам аз ҳам вале ҷудо
Дар хидмати қатори умр

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 490 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Бо аёғи кӯдакӣ
Масти атри кучабоғи кӯдакӣ
Шаб ҳама шаб дар ҷаҳони гулфишони ёдҳо
Меравам ман бар суроғи кӯдакӣ
Бо чароғи кӯдакӣ

Ӯ куҷо рафт, ӯ куҷо?
Кай ба роҳи хеш мегардад қафо?
Мегирам беҳуда ҳар шаб ман суроғи кӯдакӣ
Меравам дар кучаҳо бедасту по
Шояд ӯ бинад маро…

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 509 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Мехурам ҳар лаҳза садҳо санги дил
Мекашад манро ба ҳар сӯ, мекушад ҳар лаҳза манро
Бандиам ман, бандиам дар ҷанги дил
Дар селули танги дил

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 471 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Хоби ширин як нафас, як дам гузашт
Дида во шуд, ҷанги мову дил зи нав оғоз шуд
Будани бе ранҷу бе мотам гузашт
Аз сари Аъзам гузашт

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 472 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ман ва дил танҳо шудем
Вориди маҷрои як дарё шудем
Ман шудам меҳмони дил, дил бишуд меҳмони ман
Лаҳзае мо ҳарду бепарво шудем
Ман ва дил якто шудем

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 484 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Зулолтарона гуфтаам 
Ва холисона, содиқона гуфтаам 
На гуфтаам, ки бори хотири гули касе шавад 
Зулолу поку бебаҳона гуфтаам 
Ва ошиқона гуфтаам 
Зулолтаронаҳои ман 
Ниҳоли бахтро ҷавонаҳои ман 
Барои ҳасту буди зиндагӣ, алайҳи бандагӣ 
Дар ин ҷаҳони тира хонаҳои ман 
Дари хазонаҳои ман

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 634 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Оҳи ман зиндонӣ аст
Радди пояш ҷин дар пешонӣ аст
Мекунам ғамро парас дар хуну дар рагҳои худ
Ҷисми ман тандиди ин қурбонӣ аст
Ё ки ҳар чи дони, аст

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 475 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Чашми дил аз меҳи ғам пургард шуд
Ҳарчӣ эҳсоси баҳорӣ, шуд хазон дар боғи дил
Сабзазори ишқи гулхо зард шуд
Оби ҷӯйҳо тард шуд
Эй хушо, ояд баҳор
Ояд он зебонигори бовиқор
Руди дил дарё шавад дар парниёни мавҷи ӯ
Заврақи меҳру вафо гирад қарор
Бодбонаш ишқи ёр

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 639 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Аз сукуте дар дили фарёдҳо
Эй дареғ аз он баҳори рафта бар коми хазон
Аз фанои донаҳо дар бодҳо
З-ин ҳама бедодҳо

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 477 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ашки борон рафтааст
Хандаи абри баҳорон рафтааст
Дар хами хилватгаҳи парку хиёбонҳои шаҳр
Ҷилваҳои дустдорон рафтааст
Бо сад армон рафтааст

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 483 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Дасти ниёзи бод
Оҳиста мӯи ту кушод
Зулфи сиёҳ хат кашид бар сафхаи руҳат
Гӯи ки гурги гушнае бар рӯи барфи тоза по ниҳод
Он боди раҳгузар аз атри мӯи ту гирифт
Ҳарҷо ки рафт бӯи мушк дод-
Ин бод зинда бод

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 639 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Вайронаро монам гаҳе
Холӣ зи май паймонаро монам гаҳе
Бо ин ҳама дилбастагӣ бо ҳамзабону ҳамдилон
Дар ҷамъашон бегонаро монам гаҳе
Бехонаро монам гаҳе
Моро зи мо бибридаанд
Аз дида чун нуру зиё бибридаанд
Бигрифта обу хоки мо, аз реша дур андохта,
Бо фитнаву реву риё бибридаанд
Бо сад ҷафо бибридаанд.
Акнун, биё бо ҳам шавем,
Якҷо шавем, чун қатра дар ҳам зам шавем
Дар сарзамини Ориён, орӣ шавем аз марзҳо
Меҳмони хони хонаи Рустам шавем,
Сармасти ҷоми Ҷам шавем

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 500 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Оҳ борон!
Омада аз роҳ борон
То биафшонад ғубор аз суратам
Панҷааш бо панҷаҳои модарам ҳамроҳ, борон
Обшори гесувонаш ҷорианд дар шишаҳои панҷара
Дар мазори волидон дар катраҳо оварда бо худ гуиё арвоҳ, борон
Ин шабе,ки қалби ман чун осмони шаҳр шуд ҳамранги мис
Мекашад манро зи умқи чоҳ сӯи моҳ, борон
Дар риқоби нолаи худ руҳи манро
Мебарад чун коҳ, борон
Оҳ…борон!

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 651 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Лабат ку? Қанд мехоҳам
Ғамгинам, нозанин, лабханд мехоҳам
Забонатро макун чун барги истехзо арусаквор
Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи хушманд мехоҳам
Мазан қайчи ба гесуят ки гар ҷабри ту боло шуд
Барои куштани худ банд мехоҳам
Ва бо пайванд мехоҳам

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 459 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Шоири шеъри зулолам
Ҳарфҳою вожаҳоям шарҳи ҳолам
Мисраҳоям обшорон,ҳар ҳиҷо чун мавҷи об
Байтҳои зина зина ҳам вуҷудам ҳам заволу ҳам камолам
Нек бингар шеъри ман чун акси дил ё қатра аст
Яъне ман дур аз фазои қилу қолам
Посухи садҳо саволам

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 485 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Пиёда мешавам
Савори роҳу ҷода мешавам
Ва меравам ба рағми дидаҳои ҳақнабин
Даруни ҳавзи чашмҳои ту дубора зода мешавам
Дар илтиҳоби ин баҳор, ки сабзаҳо пур аз хазони зарди пойизанд
Канори лолазори домани ту масти бода мешавам
Аз ин сафар, ки чархиши баҳори зиндагист
Чу ғунчаҳо кушода мешавам
Зиёда мешавам

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 444 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Вақте ки оҳи панҷара
Ҳамчун чакидаи нигоҳи панҷара
Аз рақси бод рӯи шишаҳо гулвожа мешавад
Оҳиста мерасӣ аз роҳи панҷара
Монанди моҳи панҷара
Муйи ту муйи панҷара
Он тарҳи сояат, абрӯи панҷара
Ҳамчун гуле ки бехазон, дар ҳар баҳор ҷовидон
Печида аз ту атру буйи панҷара
Ҳар сӯ зи куйи панҷара
Болида руҳи панҷара
Саркӯб мекунад андуҳи панҷара
Аз лолахои домани доимбаҳорат, эй азиз
Сад ҷом пур шуда дар кӯҳи панҷара
Хошо, шукуҳи панҷара

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 485 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ишқ аз нигоҳ
Аз рақси ноаёни дуди оҳ
Аз бодае, ки бе садо вале равон
Мерезад аз сабуи чашмҳои обиву сиёҳ
Бар ҷоми қалбҳо, оғоз мешавад, то баргу боду обу хок
Аз юмни ӯ ҳама шавад ҳамчун мусофирони моҳ
Ин ишқи поки зиндагонӣ зинда бод,
Ӯ ҳастиро ҷалолу чоҳ
Ҳам як сипоҳ

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 484 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Газал тарона мешавад

Ва ҳар қасида ошиқона мешавад

Ба боғи шеъри порсӣ канори байту маснавӣ

Зуло ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 549 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Имрузи Зулол
Як шоирак чун қозие
Шеъри зулол, ин кӯдаки навзодро
Парванда карду бехабар аз он ки бо дастони худ
Чун кирми абрешим аҷаб зору низор
Фардои худро ҳабс кард
Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 484 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

 Пойиз зи раҳ расид

Бар ҷоми бирка шири маҳ расид

Ҳар сӯ хазони леҳ шуда чун боли офтоб

... Давомашро хондан »

Дараҷа: Зулолаҳо | Диданд: 522 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ишқе даруни синаи ман роҳ меравад,
Ғаввоси рӯди дил сӯи моҳ меравад.
Ман дар вуҷуди худ бедор мешавам, бубин
Аз ман мане ба сӯи дилам роҳ меравад.
Ин ринди бодахор бишкаста ҷому кӯзаҳо,
Аз майкада ба сӯи хонақоҳ меравад.
Оҳаш зи сина мебарад бори надоматаш,
Сангинтар аз кӯҳе ин парри коҳ меравад.
Сад бор тавба кардаву бишкаста борҳо,
Акнун пайи ислоҳи иштибоҳ меравад.

Дараҷа: Ғазалҳои Илоҳӣ | Диданд: 709 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ду зулфи туро ман ғазал мекунам,
Туро бо ғазал дар бағал мекунам.
Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро,
Ба иксири бӯса асал мекунам.
Лабонат қасида ба девони шеър,
Ки тақлиди Шайхи аҷал мекунам.
Дар оғуши ту паноҳ мебарам,
Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.

Дараҷа: Ғазалҳои Илоҳӣ | Диданд: 552 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Туро чу ёд мекунам, ҷавон мешавам, Худо
Раҳо зи қайду банди ин ҷаҳон мешавам, Худо
Сифоти Ту ки мебарам, замин мешавад само
Дар ин миёна ҳамчу Каҳкашон мешавам, Худо
Туро садо намекунам, чу худ ҳамеша бо манӣ 
Манам, ки гаҳ-гаҳе зи ту ниҳон мешавам, Худо
Агар гаҳе зи фарти яъс, дилам шикасту пора шуд
Ба Ту паноҳ бурда пур-тавон мешавам, Худо
Набудӣ-ҷозиба куҷо? Ту ҳастӣ-ҳаст ҷозиба 
Ки аз Ту сӯи Ту чунин равон мешавам, Худо 
Маро зи худ марон, ки ман ғубори даргаҳи туам
Ва бо Ту дар худии худ аён мешавам, Худо
Дараҷа: Ғазалҳои Илоҳӣ | Диданд: 688 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Ман хешро ҳанӯз ба хуби надидаам,
Ҳарчанд то ба кӯи балоғат расидаам.
Ман мастам ончунон зи майи ноби Мавлавӣ,
Себе зи боғи шоири аммо начидаам.
Бар қоғази сапеди суханҳои ман нигар,
Тасвири шеьру шоириямро кашидаам.
Дар пушти пардаҳои сукутофарини шаб,
Таьми лабони талхи ҷудои чашидаам.
Ман бо умеди дидани як субҳи интизор,
Пирохҳани шабони сияҳро даридаам.
Дар пушти кӯҳи фосила мехонадам касе,
Акнун садои даьвати ӯро шунидаам.
Ин батни хома холи шуд аз бас фишурдамаш,
Аммо ба ҷойи хома ман худро чакидаам.
Эй шеьр чун ту ойинаи ҳастии мани,
Ойинавор бош, туро баргузидаам.

Дараҷа: Ҷудоӣ | Диданд: 1060 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 11-12-2011 | Эзоҳот (0)

Азизам ҳарчи кардӣ ман накардам,
Зади оташ ба ҷонам дард накардам.
Зади оташ миёни дӯсту душман,
Ҷудоиро ту кардӣ ман накардам.

Дараҷа: Шеърҳои ошиқӣ | Диданд: 634 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 30-11-2011 | Эзоҳот (0)


Ду дидaам дар раҳат поянда гаштаст, 
Ду дастам бар дуо бардошта гаштаст.
 Ду поям бе танам сӯят шитобад, 
Дилам андар фироқат ашк борад. ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Шеърҳои ошиқӣ | Диданд: 713 нафар| Илова намуд: Шани | Сана: 27-11-2011 | Эзоҳот (0)


Ҳамеша ёди рӯят мекунам ман. 
 Ту гул ҳастиву буят мекунам ман. 
 Агар сад ёри ҷони дошта бошӣ, 
 Фидои тори муят мекунам ман.< ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Шеърҳои ошиқӣ | Диданд: 807 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 27-11-2011 | Эзоҳот (0)


Нигоҳат мекунам нигоҳ надорӣ. 
 Ошиқат манам парво надорӣ. 
 Ошиқ ба туӣ бепарво шудам, 
 Дар ишқи ту месузаму хабар надорӣ. ... Давомашро хондан »
Дараҷа: Шеърҳои ошиқӣ | Диданд: 1527 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 27-11-2011 | Эзоҳот (0)


Хумори манзили кӯи ту дорам. 
 Умеди дидани рӯи ту дорам . 
 Сари андешаам аз рӯи дастат, 
 Хумори рӯи зонуи ту дорам.
... Давомашро хондан »
Дараҷа: Шеърҳои ошиқӣ | Диданд: 819 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 27-11-2011 | Эзоҳот (0)

Мо дар vk.com
Реклама
Тақвим
«  Январ 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Пайвандхо
Наврӯз Стихи о любви и стихи про любовь Ишк Шеърхои ошики Ишқ Шеърхои ошикона Шеъҳои ошиқона Ошик стихи о любви Шеър Шеъри ошиқи Шеърҳои ошиқи реферат Реферат ба забони тоҷикӣ информатика реферат ба заобни тоҷикӣ любовь Стихи Саъди Саъдии Шерози Саъдии Шерозӣ Анатомия mp3 музыка мусиқӣ реферат ба забони точики иншо реферат ба забони Тоҷиикӣ мехри модар модарнома математика забон ва адабиёт Шеъри ошики Модар дар васфи модар ёди модар ишки модар латифа латифаҳо латифахо насихат смс смс-хои ошикона маколахо мақолаҳо назарияи хукук ва давлат назарияи ҳуқуқ ва давлат Куллиёти Лоик Куллиёти Лоиқ адабиёт шеъри ошикона шахриёр Падар падарҷон ошиқ Ватан интизор шеър дар васфи модар дар васфи падар газал газалхо чудои бахту оила навруз Модарам ғазал оила Бахт марду зан ғазалҳои Илоҳӣ меҳри модар Лоик Лоиқ Лоиқ Шералӣ Омар Хайям Умари Хайём Хайём Лоик Шерали Рӯдакӣ Абуабдуллои Рудаки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рудаки стихи о любви и про любвь Икроми Пулод Икроми Пӯлод ишк чист ишқ чист газалхои илохи Хачв Шӯхиҳо Ҳаҷв Зарбулмасал модар Ватан ШАҲРИЁР Shahriyor Shahriya Шаҳрия Шаҳрияи Аҳтамзод Зиндагӣ Интизорам
Ба боло | Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017| Хостинг от uCoz  | rudaki.91@mail.ru | +992 90 444 80 44  | Саҳаифаи аввал