Ошиқони Тоҷикистон Сешанбе, 30-05-2017, 14:21:46
Асосӣ | Аз қайд гузаштан | Дохил шудан Салом Меҳмон | RSS
Меню сайта
Категории раздела
Шеърҳои ошиқӣ [312]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ошиқиро илова намудан мумкин!!!
Пандҳои ошиқона [15]
Дар ин ҷо танҳо пандҳо, гуфторҳо ва оиди ишқу ошиқиро илова намудан мумкин!!!
СМС [42]
Дар ин ҷо танҳо смс-ҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Номаҳои ошиқона [5]
Дар ин ҷо танҳо номаҳои ошиқонаро илова намудан мумкин!!!
Ҷудоӣ [16]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои ҷудоӣ навишта шудааст!!!
Ғазалҳои Илоҳӣ [8]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳо дар васфи Парвардигор навишта мешавад!!!
Зулолаҳо [82]
Падар [5]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Падар буда сабт карда шудааст!!!
Модар [31]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Модар навишташуда сабт карда шудааст!!!
Ватан [9]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Ватан навишташуда сабт карда шудааст!!!
Латифаҳо [98]
Дар ин ҷо танҳо латифаҳо сабт карда мешавад...
Насиҳат гӯш кун ҷоно... [7]
Дар ин ҷо танҳо панду андарзҳои ахлоқи сабт карда шудаанд...
Мухаммас [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои мухаммас ҷойгир када шудааст...
Муноҷот [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои муноҷот ҷойгир карда шудааст...
Ғазалхо [5]
Дар ин ҷо танҳо ғазалхо ҷойгир шудаанд...
Табрикот [0]
Дар ин ҷо танҳо суханҳои табрикотӣ ва шеърҳои табрикотӣ ҷогиранд...
Стихи о Любви [17]
Дар ин чо танхо шеърхои русси чойгир карда шудаанд...
Наврӯз [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои дар васфи Наврӯз бахшидашуда ҷойгир карда мешавад...
Оила [6]
Шеърҳо дар васфи оиладорӣ
Умари Хайём [139]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои шоирони забардаст дохил карда мешавад...
Абуабдуллои Рӯдакӣ [109]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои А. Рӯдакӣ илова карда шудаанд...
Лоиқ Шералӣ [4]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Лоиқ Шералӣ илова карда мешаванд...
Ҷалолиддини Румӣ [1]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ илова карда шуданд...
Саъдии Шерозӣ [3]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Андарзҳо [0]
Дар ин ҷо танҳо андарзҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Икроми Пӯлод [6]
Дар ин ҷо танҳо шеърҳои Икроми Пӯлод ҷамъоварӣ карда шудаанд...
Поздравление [2]
Зарбулмасалҳо [75]
Дар ин ҷо танҳо зарбулмасал ҷамъоварӣ карда мешавад...
ШАҲРИЁР [176]
Шаҳриёр тахаллуси шоирии Fолибҷон Файзуллоевич Очилдиев аст, ки 16 апрели соли 1966 дар Ҳисори Шодмон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дорои маълумоти миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ дошт, вале як-ду соли охир ба таври ҷиддӣ шеър менависад. Нахустин китобаш соли 2012 номи "Дунёи хаёлот" дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд. "Интизор" дуюмин китоби ашъори Шаҳриёр мебошад.
Шоҳзодаи Ошиқон [2]
Шеърҳои Шоҳзодаи Ошиқон
Шаҳрияи Аҳтамзод [46]
Интизор [103]
Наш опрос
Шумо бештар кадом маълумотҳоро дар сомонаи мо дидан мехоҳед?
Ҷавобҳо ҳамагӣ: 95
Мини-чат
 
50
Статистика

Онлайн ҳамагӣ: 9
Меҳмон: 9
Истифодабаранда: 0
« 1 2 3 4 ... 27 28 »

Гаҳе шоду гаҳе ғамнок моем,
Гаҳе дилғаш, гаҳе дилпок моем.
Ба молу мулк моёнро чи ҳоҷат,
Ки фардо мурдае дар хок моем.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 388 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Маро андар ватан созед гӯрам,
Зи хоки ӯ нагардонед дурам.
Аз он ишқе, ки дорам дар дили худ,
Даруни хоки ӯ ман ғарқи нурам.

******

Диёрам мисли як маҳпора бошад,
Бузург ӯ ҳамчу як сайёра бошад.
Равам ман то абад бар хоби роҳат,
Диёрам баҳри ман гаҳвора бошад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 423 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ба симу зар машав, эй ошно маст,
Ба моли мардумон ҳаргиз мазан даст.
Ки аз ин шаъни одам мешавад паст,
Битарс охир, ки дар боло Худо ҳаст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 403 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Маро ту нимашаб ёдам бикун, гул,
Ба ними бӯсае шодам бикун, гул.
Ғами дурии ту мисли қафас шуд,
Биё, аз банд озодам бикун, гул.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 373 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Волидонам монда номам Интизор,
Бо дуои волидон ёфтам камол.
Гар надорам ганҷу сарват бок нест,
Мекунам сад шукри бахти безавол.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 387 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Бале ӯ ифтихори тоҷикон аст,
Ба шеъри хеш машҳури ҷаҳон аст.
Ба дунё Рӯдакӣ бо шеъри олӣ,
Чу хуршеди муқаддас ҷовидон аст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 396 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ғами ишқат ба ҷони ман асар кард,
Ҳазорон доғ дар рӯйи ҷигар кард.
Шабе хостам ғамат аз дил барорам,
Дилам бо нолаҳо шабро саҳар кард.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 388 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Аз мани мискин чӣ мехоҳӣ дигар?
Ҷон агар хоҳи бигираш тезтар.
Пешпоям кам бидеҳ охир шудам,
Бемадору хастаю хуни ҷигар.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 309 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Агар пойи равонам нест, 
Забону ҳам каломам нест. 
Агарчи дур мондам, ман зи даври кӯдакии хеш, 
Маро маъюб нагӯед, ҳеҷ! Маро маъюб нагӯед, ҳеҷ! 
Агарчи даври тифли, рӯйи роҳ афтону хезон, 
Ба мисли кӯдакони дигаре бозӣ накардам ман. 
Дари ҳар як шифохона, ба уммеди шифо кӯфтам. 
Гаҳе дилро зи шодӣ пур карданд, 
Гаҳе манро басо ранҷур карданд. 
Вуҷудам гарчи пурдард аст, 
Даруни бистарам сард аст. 
Мадоре нест, гар дар дасту поям ҳам, 
Вале охир азизонам, маро маъюб нагӯед, ҳеҷ.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 293 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Дар самои ишқи ту, ман ахтари рахшандаам, 
Дар дили поку сабурат, ҳамдами зебандаам. 
Ту саропо меҳрию ҳам манбаи илҳоми ман, 
Ман тану ҷонам барои ҳифзи ту афкандаам. 
Ҳар сухан дар васфи ишқат, бо муҳаббат мегӯям, 
Чунки ҳасти ту сабабгори лаби пурхандаам. 
Ҳастию дороиям танҳо ту ҳасти дар ҷаҳон, 
Ман фақат дар пеши ту, бо лутфи Ҳақ, як бандаям. 
Андар оғӯши баҳорат, бо ҳама зебоиҳо, 
Ту бикун бовар азизам, ман фақат арзандаям.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 346 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ишқро афсона гуфтанҳо хатост, 
Ишқ як ганҷи бузурги бебаҳост. 
Ишқ пок асту назебад, бар ҳама, 
Хубу зебо ҳамчу оби босафост. 
Ҳар касе покии ишқе дидааст, 
Соҳиби хушбахтиву ақли расост. 
Лаззати ишқу ҷавони кас надид, 
Ишқи поку солими дигар куҷост? 
Интизор бас! Ин қадар тавсифи ишқ, 
Ин ҳама фикру суханҳоят хатост.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 326 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Нарафтаст аз лабам шаҳди лабонат. 
Аз он рӯзе, ки рафтӣ аз канорам. 
Шудам танҳову бе ту хор гаштам. 
Азизам ман зи ҳаҷрат беқарорам. 
Чаро рафтию танҳоям ниҳодӣ. 
Ту будӣ ҳастию дору надорам. 
Агар рӯзе расад хоҳи биёӣ, 
Туро то рӯзи маҳшар интизорам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 318 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

"Ман, агар даргузарам, назди падар гӯронед," 
Ки маро баҳри падар гуфтаниҳо бисёр аст. 
Дили ғамноки маро, то ки бидонад падарам, 
Баъди маргаш, дили ман пур зи ғаму темор аст. 
Ба ӯ гӯям, ки маро зиндагиям зору хароб, 
Ҳоли ман дар набудаш, ҳамчу шабони тор аст. 
Зиндагӣ дар кӯли ғам бурд, маро бо дардаш, 
Рӯйи ин мазраи пурмеҳр, ҷафо бисёр аст. 
Ханда рафт, баъди вафоти падарам аз лаби ман, 
Манзилам мисли биёбон шудаву пурхор аст. 
Назди гӯри падарам, ҷой диҳедам ёрон! 
Қарзи фарзандии ман пеши падар бисёр аст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 395 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Гуфтам фаромӯшат кунам, ин дил ба ман гӯше накард, 
Дар дида хомӯшат кунам, ин дил ба ман гӯше накард. 
Ин доғи ишқат кардааст, қалби маро садпорае, 
Дар оташи рашку ғазаб, ин дил ба ман гӯше накард. 
Дар кӯйи ишқи ту, ки ёр сӯхтам кунун бо қалби зор. 
Ин дил бисӯхт бо чашми чор, лекин фаромӯшат накард. 
Гуфтам: "Бирав! Ҳар ҷо бихоҳ, ман Интизорат мунтазир," 
Гуфто: "Ки тан бе ҷон куҷо?" Ин дил фаромӯшат накард. 
Чун шаъми базми қудс ҳам сӯхт ин дили бечораам, 
Бо дарду доғи ошиқи ин дил фаромӯшат накард. 
Гар ту бихони номаам, бар худ биё дону дигар, 
Ин Интизори хастаҷон ҳаргиз фаромӯшат накард.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 355 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Самая сильная магия в мире — это любовь… Верьте в неё. Только она даёт силы сворачивать горы, доставать звёзды с неба и просто заставляет видеть мир намного шире! Любите друг друга — это прекрасно! И весь мир станет ещё более чудесным и волшебным! 

Дараҷа: Интизор | Диданд: 295 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Абрҳои тираи осмон кунун,
Қалби манро дардборон мекунад.
Он чакиданҳои борони само,
Аз ду чашмам ашк резон мекунад.
Гӯиё аз ҳоли зорам огаҳ аст,
Абру борони самои бекарон.
То набинад ашкҳоям душманам,
Бо чакиданҳош пинҳон мекунад.
Чакраи борон бо ашкҳои ман,
Ҳамнавою ҳамсадое гаштаанд.
Кас намефаҳмад, борон аст, ашк
Дарди ишқро шаҳдрезон мекунад.
Кош борон ашкҳоямро барад,
То набинад, чашмҳоям, ашки ғам.
Ашк агар бошад, бувад аз шодиҳо,
Қалби манро партавафшон мекунад

Дараҷа: Интизор | Диданд: 317 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Чаро дӯстам намедорӣ, маро, ки ошиқат ҳастам.
Сухан бо қаҳр мегӯӣ, ба ман, ки лоиқат ҳастам.
Ҳамеша дар шаби танҳо, нишинам интизори ту.
Бикун бовар азизи ман, ки умре содиқат ҳастам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 318 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ту рӯзе нағз медонам, суроғи ишқ меоӣ,
Фиғонбарлаб, гиребончоқ ба садҳо сӯз меоӣ.
Ба кӯйи ошиқи чун ман касе дӯстат намедорад,
Пушаймонгаштаю бо ҷигари пурсӯз меоӣ.
Даруни саҳнаи ишқ, ки маро ту ҷустуҷӯ дорӣ,
Зи чашмат ашк ҳам ҷори, басо дилсӯз меоӣ.
Дили шайдои ман, ки аз фироқи ишқ адо гашта,
Ту он гаҳ бо ҳазорон ҳасрату афсӯс меоӣ.
Гар ин дам бо хати тақдир, ту аз ман дуриҳо ҷӯйӣ,
Хазонафшону ҳуснангез, басо маҳфуз меоӣ.
Дили ин Интизор, ки ҳар замон ёди ту месозад,
Ту он гаҳ дар хумори ишқ, басо хушрӯз меоӣ.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 223 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ноларо баҳри ки созам, дардбардоре надорам.
Дарди дилро бар ки гӯям, хҳмдаму ёре надорам.
Ин дили ғамдидаи ман, пур зи меҳроби вафо аст.
Ман вафоро бар ки бахшам, ки вафодоре надорам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 299 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ба шаб гуфтам: "Ту хушбахтӣ?"
Сукут кард, ахтараш чашмак заду сӯям.
Гумонам, ки ба ман мегуфт: "Ту чи? Оё ,ту хушбахтӣ?"
Сукут кардам, забонам лолу хомӯш монд,
Тамоми зиндагиро пеши рӯ кардам.
Куҷо хушбахт будам, ман?
Куҷо бадбахт будам, ман?
Куҷо он шодиҳои зиндагӣ буд, ҳамсафар бо ман?
Куҷо ғамҳо бикард торик, дили бекинаро бо ман?
Хаёлам нисфи умр бо ғам гузашта,
Самои зиндагӣ якранг гузашта.
Ман имрӯз баски хушбахтам,
Даруни кулбаи ғамофаринам, сахт хушбахтам.
Вале метарсам, аз ин сон хушбахтӣ,
Ки охир зиндагӣ якумр дод, бар ман чу бадбахтӣ.
Ту диди, эй шаби ман?
Ман ба мисли ту, ки хушбахтам,
Ки бо ту ҳампару ҳамрешаю ҳамқисмату бахтам.
Пас ин сон мон, бо ман,
Ту мабар хушбахтиҳоямро.
Бигир андӯхҳ дардамро,
Бубар бо бод он бадбахтиҳ ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 553 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Аз фироқи дурият, чашмони нозам пурнам аст,
Хонадонам бе ту, чун оромгоҳи пурғам аст.
Гар ту боши, шодӣ ояд бар суроғи қалби ман,
Чун наи бо ман, ҳама хушбахтиҳо чун мотам аст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 311 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ман нахоҳам зиндагӣ дар ин чахон,
Бо ҳамон ишқе, ки бошад зархарид.
Ҳар касе, ки ишқро бо зар харид,
Рӯйи дунё рӯзи некеро надид.
Ишқ танҳо дар дили мо мешавад,
Пок ҳасту пок пайдо мешавад.
Мерасад бар қадри ишқаш пулпараст,
Он гаҳе, ки зору танҳо мешавад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 332 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ғам хама хурсандиҳоямро ба яғмо мебарад,
Шодию хушбахтиҳоямро ба дарё мебарад.
Оби дарё, бо ғами ман мешавад, дар ҳоли ҷанг,
Ӯ маро берун зи соҳил карда, паҳно мебарад.
Рӯйи дунё танг мегардад, бароям ҳар нафас,
Гар маро дунё барои васл ноҷо мебарад.
Зиндагонӣ чашми манро кард, бо ғам ҳамнишин,
Ин ғаму дард зиндагиямро тамошо мебарад.
Ишқ дар дил шӯъла месозад, ба ҳар як рӯзи умр,
Офтоби ишқ умрамро ба савдо мебарад.
Гарчи умри Интизорӣ бо ӯаму дард шуд табоҳ,
Бахти нопайдои ӯ, ӯро зи дилҳо мебарад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 283 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Сарнавишт манро дучори шодию ғам мекунад,
Бо хати тақдири ман, ҳар лаҳзаҳо ҷанг мекунад.
Хомаам аз дардҳои ман, ба дарду нола аст,
Интизор бо зиндагияш ҷабру истам мекунад.
Зиндагӣ гар косаи сабри маро лабрез намуд,
Дар даруни косааш сад номусу нанг мекунад.
Зиндаги гоҳ шодию гоҳе ба мо ғам бахшадо,
Шодиҳоямро ғам ҳар рӯз ҳоли мотам мекунад.
Офтоби умри ман дар зери абрҳо нопадид,
Умри ширини маро абрҳо, ки пинҳон мекунад.
Гар равад аз рӯйи даҳр ин Интизори хастаҷон,
Ҳастии худро барои ишқ қурбон мекунад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 289 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Зи боби ишқи ту ҳардам, сухан такрор мегӯям,
Ба умеде, ки боз ойи ҳама шаб роҳ мепӯям.
Наи ин дам канори ман, манам чун хор пажмурда,
Агар ои канори ман, зи нав дар боғ мерӯям.
Канори оғӯши гармат будам хушбӯй садбарге,
Кунун аз дурии васлат мисоли хори бадбӯям.
Пас аз ин қадр дарду бевафоиҳои ин дунё,
Нахоҳам як сухан аз баҳри ишқат ёр бад гӯям.
Садои ҷонгудози қалби зорам бишнави он дам,
Агар боре биёӣ бар тавофи турбати кӯям.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 356 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ноларо гуфтам, ки пинҳон даркашам, дил ба фарёд омаду гӯшам накард,
Аз фиғонам кар бишуд афлок ҳам, лек ғамам дар сина хомӯшам накард.
Нолаҳои зори ман бишнид фалак, бо сабури гуфт, сӯям он замон,
Интизорро шодиҳо бо дилхуши, хуш пазируфт, лек оғӯшат накард.
Шодиҳоро хостам гирд оварам, ҳам яко-як бишмарам дар пеши ғам,
Бар ӯ гӯям бо муҳаббатҳо кунун: саҳфаҳои ту зиёданду на кам.
Дарди ҷонкоҳе биёмад дар вуҷуд, оташаш завлона зад, дар як замон,
Он табиб дар рӯйи болинам нишаст, бехабар аз дарди зӯри беамон.
Хандаҳои рӯяки сохт ӯ ба ман, пас нигоҳаш ҷониби дигар гирифт,
"Интизорро ту ба ин мардонагӣ, пас чаро бар худ, ки номи зан гирифт?"
Ман занам, лек рухи ман мардона аст, дар вуҷудам дарду ғам парвона аст,
Бо сабури лек дар ин дунёю даҳр, боз дар пеши фалак бечора аст.
Гарчи дарди зиндагӣ бо печуто ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 359 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ман китоби зиндагиро саҳфагардон мекунам, 
Рӯйи ҳар як саҳфааш сад дард пинҳон мекунам. 
Дардҳоям гарчи ҳастанд бешумору дилхазин, 
Ашкҳоямро зи дӯстонам, ки пинҳон мекунам. 
Ҳар касе бо қадри худ дарк мекунад, охир маро, 
Бо ғаму дард гоҳ-гоҳе чангу-чангон мекунам. 
Саҳфаҳои холии умрам, агар кам гаштаанд,
Ман кунун, ин саҳфаҳоро боз гулистон мекунам. 
Ҳадяи ишқе, ки додам он Худои муттаъол, 
Сар фуруд меораму рӯ сӯйи Яздон мекунам, 
Ёри ҷони меҳрубонам, заррае ғамгин мабош, 
Ман ба он ишқи ту ҷонам фахри даврон мекунам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 319 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Шоҳроҳи умри ман бо шодиву бо ғам бувад,
Бо ҳама шодиву ғамҳо ҳар замон равшан бувад.
Ман бинозам ҳар замон, ки зан ато кардааст маро,
Зан, ки худ як тоҷу тахту давлату имон бувад.
Зан гаҳе мегиряд, аз дарду ғами фарзанди худ,
Шукр месозад, ҳамеша бо ғами пайванди худ.
Гоҳ мекобад, барои тифли худ як пора нон,
Гоҳ биболад, бо хушӣ андар тӯйи фарзанди худ.
Лек зан пуртоқат аст, тоқат бисозад ҳар замон,
Бо ҳама дарду азими ҳарду даҳри бекарон.
Шукри шодӣ, шукри ғам месозаду ҳар лаҳзае,
То ки бошад, тифлаконаш аз ғаму дард дар амон.
Ман бихоҳам ҳеҷ гоҳе чашми зан гирён мабод,
Аз ҳама ғамҳои олам ашки ӯ резон мабод.
Ашк агар ҷори бигардад, пас бувад аз шодиҳо,
Дар талоши зиндагонӣ бехуди сарсон мабод.
Марди хуб занро ҳамеша тоҷ бар сар мекунад,
Зиндагияшро ба мисли мушку анбар мекунад ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 359 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Зиндагӣ як ёри беминнат бувад,
Зиндагӣ ҳам давлату савлат бувад.
Гоҳ бихандонад, гаҳе гирён кунад,
Зиндагӣ шоҳзодаи қисмат бувад.
Қисмату тақдир, бахту орзу,
Ҳам муҳаббат, ишқ бо ёри накӯ,
Ҳам ғаму дард, ҳаҷри ёри беқарор,
Дар раҳи ёр бо ду чашми чор-чор.
Ин ҳама дилвопасии зиндагӣ,
Кард маро ҳар лаҳза бо ғам ҳамнишин.
Гоҳ маро бо шоди болу пар бидод,
Гоҳ баробар кард бо хоки замин.
Зиндагӣ ин ҳамнишин бо ёри хуб,
Зиндагӣ сарчашмаи шеъру суруд.
Зиндагӣ ҳарчанд душвор аст вале,
Мешавад афсонаи буду набуд.
Пас ба қадри зиндагӣ бояд расид,
Аз пайи ҳар шодиҳош бояд давид.
Душвор ҳам бошад, андар роҳи он,
Ҳам таҳаммул кард, гарчанд дард кашид.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 332 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Эй дили бечораи ман, ки туро дармон шавад,
Бо ҳама дарду аламҳот, ки туро пазмон шавад.
Ҳастии ту дард-дарду нест хушҳолӣ дар он,
Баъди маргат, ки барот ҳар лаҳзаҳо гирён шавад.
Ашки чашмонат қатор аст, нест шодие дар он,
Соғари ишқи туро, ки ҳар замон ҷӯён шавад.
Ҳориҳои даҳр бисӯхт, ҳар лаҳза ҷисму пайкарат,
Дар самои торикат, ки ахтари рахшон шавад.
Ханда нест баъди сари ту дар самои хонадон,
Душманат аз ҳоли зорат бехуди хандон шавад.
Ҳар ҳақиқат хоҳ талху хоҳ ширин рост гӯ,
Ҳар каломи ростиро, аз барот пазмон шавад.
Интизор ҳар лаҳза аз ғам гуфт, бо дарди зиёд,
Баъди маргаш ғам фақат дар огӯшаш пинҳон шавад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 323 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Кош бо ту бошам, вақте ки беморам ман,
Сар гузорам бағалат, вақте ки афгорам ман.
Аз ҳама дарди зиёд сӯхт тани нимҷонам,
Коши биёи ба барам, вақте дилозорам ман.
Ту фақат ҳасти табиб баҳри дили беморам,
Ту баром ҳасти ҳама шодию ҳам теморам.
Дури аз ҳаҷри рухат, боз азобам бидиҳад,
Ту ҳамон рушани ҳасти ба шабони торам.
Ту биё пеши ман, ин дард маро тарк кунад,
Ханда ояд ба лабам шодӣ маро зам кунад.
Дарди ман мисли кабӯтар биравад сӯйи само,
Ин рухи зарди маро мушкину анбар кунад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 339 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Чу дунёят, агар донам басо рангину зебоест, 
Мисоли шоми ахтарбор, ҳар шомат гуворест.
Сутуни хонадонат ҳаст побарҷою тиллоест, 
Ҳазорон шукр мекардам!! 
Агар донам, ки дар рӯйи замин хушбахту хандонӣ, 
Садои хандаи тифлони беғаш дар баҳорат ҳаст, 
Агар донам азизе ҳаст, дар бар бо муҳаббатҳо, 
Намояд меҳрубониҳо ба ҷои ман дар ин дунё, 
Ҳазорон шукр мекардам!! 
Агар дар мисраи шеърат диҳи ҷой номи Зебоят, 
Барои интизориҳои васл маҳбуби яктоят. 
Агар донам, ки умрат мисли номи ман ҳаме зебост, 
Ҳазорон шукр мекардам!! 
Агарчи дар канорат дур ман ғамгину рухзардам, 
Ба кулвори ғаму ҳасрат ба озору гаҳе дардам. 
Агарчи бе манам бошию, боши шоду хушнуде, 
Барои шод буданҳои ту ҷонам, ҳазорон шукр мекардам, 
... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 349 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Андешаҳои зиндаги маро ба бод мекунад,
Қалби шикастаи маро дарду азоб мекунад.
Тӯфони ишқ дар дилам бархест бо шӯру мағал,
Ӯ хонаи ормони ман, тарсам хароб мекунад.
Гар ишқ дарди ҷонгудоз, чашм бар раҳаш будам басе,
Ин чашмҳои чори ман бо ғам табоҳ мекунад.
Офтоб, ки болои сар мебахшадам рӯшноие,
Рӯшноияш дар қалби ман нозу итоб мекунад.
Гулзори ишқ, ҳар замон манро ба худ мехонаду,
Аз накҳати бӯйи гулаш манро фароз мекунад.
Эй кош он ишқи дилам, манро раҳонад аз бало,
Ин марги ҷонгудоз маро, ҳар дам садош мекунад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 356 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ба он қисматнависам номае ирсол кардам ман,
Ки шояд дида он ашкҳои зор раҳме кунад, бар ман.
Бихонад номаам огаҳ шавад, аз қисмати талхам,
Ки дар охир барад, аз қисматам андӯҳу ҳам дардам.
Ҷавоби номаам бар ман наомад, гаштаам маъюс,
Вуҷудам дарди қисматро ба умеди вафо омӯхт.
Нагаштам ноумед ман гарчи нест, ин дам ҷавоб бар ман,
Дили шӯридаям дар куйи тақдир сар ба по, ки сӯхт.
Ба худ андеша бинмудам, чи сон дигар кунам тақдир,
Саройи зиндагониро магар, ки ман диҳам, тағир?
Агар хоҳам дигар созам қисматро ба бахти хеш,
Тамоми пайкарам месӯзад, ин дам аз вафои дил.
Туро дигар нахоҳам кард, ман, эй қисмати мардам,
Агарчи медиҳи дар зиндаги озарму озарм ҳам.
Ба ин қисмат, ба ин тақдир ҳазорон шукр мегӯям,
Ки манро, ту накарди ҳеҷ гоҳ мӯҳтоҷи номардам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 310 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Агар гӯям, ки бе ту зиндагии ман гулафшон аст,
Самои зиндагиям дар шаби тор ахтаристон аст.
Даруни кулбаям гарм асту нуру рушноӣ аст,
Макун бовар! Макун, ҳеҷ гоҳ! Ту ҷони ман, макун бовар!
Агар гӯям, дур аз ҳаҷри ту озод аз ғаму дард ман,
Агар гӯям, ки ҳар рӯзу шабам, бе нолаю оҳ ман.
Агар гӯям, ки хушбахтам, аз ин бахти худодод ман,
Макун бовар! Макун, ҳеҷ гоҳ! Ту ҷони ман, макун бовар!
Ту мехоҳи бидони зиндагӣ, бе ту чун аст, ин дам?
Ҳама шабҳои торам, чун ҳамеша дарду ғам ин дам.
Тамоми шодию хурсандиҳоям мисли он абрҳо,
Зи ҷони ман гурезон аст, гурезон аст, аз ин дам.
Зи ҳаҷри дурият қалбам, зи дарду оҳ месӯзад,
Ба шабҳоям тамоми ахтаронам дида медӯзад.
Агар гӯям, ки аз ҳаҷрат намесӯзад, дили зорам,
Макун бовар! Макун, ҳеҷ гоҳ! Ту ҷони ман, макун бовар!
Туро он Интизори гар бигӯяд, ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 360 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Гуфти: Мирам дар вафоят, тарки домонам накун,
Мешавам ман ҳамнавоят, тарки домонам макун.
Қиссаи ишқи ману ту гашт дарди дилгудоз,
Бар ҳама дардҳо давоят, тарки домонам макун.
Гуфти, бе ту зиндагиям мисли шоми бечароғ,
Шоми хони пурсафоят, тарки домонам макун.
Ҳастии худро бикардам, сарфи умру ишқи ту,
Ту сафои рузгорам, тарки домонам макун.
Умр агарчи ҳаст ширин, ту баром ширинтарӣ,
Умри ширинам фидоят, тарки домонам макун.
Гуфтам, охир Интизори тарки ин дунё кунад,
Гуфти: Ман мирам барояш, тарки домонам макун.
Гуфтам охир нест осон, тарки ин дунё баром,
Гуфти: Ҳасти беҳтаринам, тарки домонам макун.
Гуфти: Ҷонам, Интизорам, ҳастиям ин ишқи ту,
Пас ту ҳам, эй дилнишинам, тарки домонам макун.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 341 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Диле дорам зардоб аст аз ғам.
Суроғат меравам бо чашми пурнам.
Ба ҳар ҷое, ки поямро ниҳодам.
Ба ҷуз дарду алам чизе надидам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 319 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ҳар шаб дилам хумори висоли ту мекунад.
Дарду ғамам маро ба хаёли ту мебарад.
Ту дур ҳастию дили ман интизори туст.
Дар чашми ман туи, чу ба ҳар ҷо ки бингарад.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 327 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

То ба кай ту дур мегарди зи ман.
То ба кай ман интизорат мешавам.
Бозгард бар оғӯши танҳои ман.
Зеби оғӯши баҳорат мешавам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 304 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Мо дигар бо ҳам барои гуфтугӯ,
Зери боме ҳеҷ наоем рӯ ба рӯ.
Боди саҳрои бибурд ишқи маро,
Кард маро ӯ бо ғаму дард рӯ ба рӯ.
Бодбони ишқи ман шуд беқарор,
Рафт фурӯ бо дил ба даҳри беканор.
Шодиҳоям бурд зи ман ӯ гиря дод,
Аз чи нолам хостааст парвардигор.
Рӯйи дунё як нафас бар ман ҳаром,
Бе тую бе ишқи поки ин дилам.
Зиндаги даргири қисмат кард маро,
Бо ҳамон қалби пури беҳосилам.
Ман гирифтам тасмими ин қалби худ,
Дар хомӯши бесадо хоҳам гирист.
Будану нобуданам дар ин замон,
Бе вафою меҳр гаштам пурсиришт.
Кулвори ғам маро бар худ кашид,
Мурд қалбам гӯиё пеш аз аҷал.
Кафтари иқбол зи боми ман бихест,
Бурд тамоми шуди ман пеши аҷал.
Ошиқи танҳои мегардам дигар,
Ӯ ки ёри меҳрубоне ҳаст-ҳаст,
Дар хомӯши бесадо хоҳам гирист,
Роҳи мақсудам, ки ҳ ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 367 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Маро гуфтан, ки ин дунё кирои ғам бихӯрдан нест,
Кирои мотаму дар роҳи ёрат ҷон супурдан нест.
Бигуфтан, ки ба рӯйи кулбаи ишқат ба ҷуз оҳ, шодиҳое нест,
Ман аммо бо ҳама дарду аламҳояш,
Ба рағми ҷон супурданҳо, дар ин шӯру мағалҳояш,
Ҳамеша дӯст дорам зиндагиро, дӯст хоҳам дошт.
Маро гуфтан, ки он орзую ормонат,
Ба роҳи ишқ будан лаҳзаҳои сахт пазмонат.
Ба роҳи ёр бо чашмони чори интизоронат,
Кирое нест! Кирое нест!
Аммо ман зиндаам бо орзуи хеш,
Шавам то рӯзи марг пазмони ёри хеш,
Нишинам рӯйи роҳаш бо ду чашми чор,
Ҳамеша интизору дилфигори хеш.
Ба ин дарду алам ҳам шодиҳои зиндагониям,
Ҳамеша зиндагиро дӯст дорам, дӯст хоҳам дошт!!

Дараҷа: Интизор | Диданд: 309 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 12-03-2015 | Эзоҳот (0)

Зиндагӣ сарчашмаи дилҳои ошиқ будааст,
Зиндагӣ бахшиши дунёю маломат будааст.
Зиндагӣ афсонаи хуби муҳаббат будааст,
Ман барои зиндагӣ ҷонро ато созам кам аст,
Дар сарои кулбаяш меҳроб ба по созам кам аст.
Зиндагӣ гоҳ дӯст бар мо гоҳ душман мешудаст,
Гоҳ ба кӯяш ӯ маро ағёру ҳамдам мешудаст.
Гоҳ бароям ёраки пурмеҳри олам мешудаст,
Ман барои зиндагӣ сад ҷон фидо созам кам аст,
Дар раҳи ӯ бо вафо дилро ато созам кам аст.
Зиндагӣ ҳар шодияшро бо ғамаш меофарад,
Меҳри покашро ба дил бо сад таманно оварад,
Ишқро бар дил ба сад меҳру сафо меоварад,
Ман барои зиндагӣ ҷонро фидо созам кам аст,
Умри ширинро барояш ман ато созам кам аст.
Зиндагиро ман кунун, аз нав гулистон мекунам,
Бо ҳама дарду ғамаш ман шукри Яздон мекунам.
Шодиҳояшро ба сар бигрифта даврон мекунам,
Ман барои зинд ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 392 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Вақти рафтан аз барат хомӯш бо чашмони тар,
Дар дилам сад доғи ҳиҷрон ҳастиям, ки бешарар.
Сар ба поям дард-дарду ишқи ту дар қалби зор,
Хотироти ишқи ту кардаст, маро хуни ҷигар.
Баъди рафтан, ҳеҷ магӯ, ки ҳайфи мову ишқи мо!!!!
Шодиҳо бо гиря мегардад кунун, ки ҳамсафар,
Ин ду чашмам хира мегардад, дар пеши назар.
Осмони бахти ман гӯё, ки бо абрҳои худ,
Бахти манро тира сохта мекунад, бешоху барг.
Баъди рафтан ҳеҷ магӯ, ки ҳайфи мову ишқи мо!!!
Гар бидори дӯстам, пас баҳри чи шӯру мағал,
Ту биё, ки бо навозишҳо бикун манро бағал.
Зиндагони баҳри мо, ки барнамегардад дигар,
Ишқро бо хоки раҳ барбод насозем ин қадар,
Пас нагӯ, ки баъди рафтан ҳайфи мову ишқи мо!!!
Гуфти:"Бе ту гӯиё ин тан бувад бе ҷон маро,"
Баҳри чӣ ин қадр кӯши дар оташи сӯзон маро,
Меравам аз даҳри ға ... Давомашро хондан »

Дараҷа: Интизор | Диданд: 382 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ин шеърҳои ман дарди дили ман аст, 
Дар даҳри бекарон ҳамманзили ман аст. 
Ҳамчунин ситорае месозадам назар, 
Дар зулмати шабон, як ахтари ман аст. 
Гоҳ ханда сохтам, гоҳҳо гиристам, 
Ҳар нолаи дилам, ин қисмати ман аст. 
Ҳар ҷо ки зистам, ҳар ҷо ки хестам, 
Шеър ҳамнавои ман гоҳ шоду мотам аст. 
Гоҳо зи ғам басе ҳарчанд гурехтам, 
Гоҳ ман зи шодиҳо дилро гудохтам. 
Аз ишқ ман басе шодону хандарез, 
Гоҳо зи ҳаҷри ёр ғамноку вопасе. 
Аммо ба дарду ғам, шеър ҳамнавои ман, 
Дар шодиҳои ман, шеър ҳамсадои ман. 
Гар тарк бисозам, ман ин замонаро, 
Ҳар мисраи дилам гӯяд фасонаро. 
Гар дӯст доредам, аз шеър ҷӯедам, 
Дар рӯйи тобутам, пас шеър гӯедам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 311 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Агар ишқ ин гуноҳ бошад, гунаҳгорам, гунаҳгорам,
Ба зери зулму истисно гирифторам, гирифторам.
Ба мулки ишқ сафар кардам, чи ғамҳоро ба бар кардам,
Ҳама ин дарду ғамҳоро ба сар дорам, ба сар дорам.
Зи дарди ишқ басе шабҳо, фиғону нолаҳо кардам,
Агар ин ҷурми ишқ бошад, сазоворам, сазоворам.
Нагаштам моили дигар, дилам танҳо туро мехост,
Ба рости ман ба куйи ишқ вафодорам, вафодорам.
Вуҷудам дарду андӯҳ гашт, зи дарди доғи ҳиҷронат,
Ба роҳи васли дидорат шитоб дорам, шитоб дорам.
Даруни синаи ман дил, зи шавқи ишқ мегӯяд:
“Дар ин пайроҳаи тақдир туро дорам, туро дорам.”

Дараҷа: Интизор | Диданд: 370 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ашкҳои зори ман, аз ҳаҷри ту дурдона шуд,
Хоби шабҳоям бароят бехуди парвона шуд.
Ахтари шабҳо, ба сӯям ханда сохт, бо ишва гуфт:
"Интизоро ишқ бароят кафтари белона шуд."
Шӯълаи ишқ кард, равшан ин замон кошонаям,
Дар хумори дарди ишқ, ин дил зи нав завлона шуд.
Офтоб бо меҳри сӯзонаш ба рӯям кард назар:
"Интизоро зиндагият дар ҷаҳон афсона шуд."
Шиква аз ишқ ман насозам, дар ягон давру замон,
Ишқ бароям дарси ҳастӣ, ғам баром бегона шуд.
Моҳи шаб бо нимнигоҳе чашмаке карду бигуфт:
"Эҳ, ки охир Интизор як ошиқи девона шуд.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 314 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Маро он қиблагоҳам тарк бинмуд рафт, аз ин даҳр,
Даруни хонаям торҳои ғам печ андарун печид.
Вуҷудам сӯхт аз дарди ҷудои аз бараш он дам,
Тамоми зиндагиям бо ғаму дард дар гулу печид.
Куҷо рафти падарҷонам, ту, эй ҷон нури чашмонам.
Ба рӯзи мотамат, ман дод аз дасти фалак гуфтам,
Мисоли ҳайкали дар кунҷи хона мондаму аммо нахуспидам.
Ба мисли гул дар хобам басе фарёдҳо кардам,
Ду чашмам во намудам аз ғами ҳаҷрат басо сӯхтам.
Куҷои қиблагоҳам, равшании хонаям, эй ҷон падарҷонам.
Гумонам баъди маргат, вақт ҳам бозмонд аз гаштан,
Барои қисмати талхам вуҷудам дар гирифт аз ғам.
Хумори диданат дорам, дилам фарёд месозад,
Ҳамон руҳу равонат мекунад, озод маро аз ғам,
Куҷои, эй сиришки зиндагиям, меҳрубонам, ҷон падарҷонам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 321 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Шаб аз нисф гузашт, хоб гурехт аз чашмам,
Боз дар хонаи худ дил ба фарёд омад.
Эй дили ғамнокам, баски сабур бош, сабур,
Дили девонаю шӯрида ба имдод омад.
Аз ки охир ту имдод бихоҳӣ, эй дил,
Аз ғаму дард чу фарёд бисозӣ, эй дил.
Гар туро нест табибе, ки дармон бахшад,
Аз раҳи қисмати худ пас ту гурезӣ, эй дил.
Хоб тарк кард кунун бистари холии маро,
Аз дили сарди ман ӯ бехуду расвоӣ шуд.
Хоби шаб тарк бигуфт, тарк бигуфт чашмонам,
Дар раҳи кӯи ту, эй зиндаги ман сарсонам.
Ғами дунё ҳама гуё, ки ба ман бор шудаст,
Зиндаги дар назарам тираву ҳам тор шудаст.
Дили бехоби ман аз дарду ғами ин дунё,
Ба Худо хор шудаст, зор шуда безор шудаст.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 302 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Ту биё ин зиндагиямро, зи нав,
Мисли офтоб шӯълаафшонаш бикун.
Мисли шоми моҳтоб бо ахтараш,
Ту ҳамеша нурборонаш бикун.
Ту биё, эй ҳамнафас, эй ёри ман,
Эй азизу бовафо дармони ман.
Ту биё фасли баҳорон, то зи нав,
Зиндагиямро гулафшоне кунад.
Ту биё бар бистари танҳою сард,
Ишқро бар гармии ҷонам кунад.
Эй вафодору сазовори дилам,
Ту биё дармони қалби ман бишав.
Дар набарди зиндагониям ба ман,
Ту ҳамеша марҳами ҷонам бишав.
Бо ту дунёям, зи нав гул мекунад,
Фасли сарди тарки манзил мекунад.
Дар самои хонаям офтоби ишқ,
Шӯълаҳояш шаъми маҳфил мекунад.
Ту биё ҳамболу парвозам бишав,
Ту биё шаҳбайти овозам бишав.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 320 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Эй ситора дусти дерин, гарчи дури аз барам,
Роздону розгӯям ҳасти болои сарам.
Ҳар шабе рози диламро баҳри ту ифшо кунам,
Қалби манро шод сози, бо ҷилову ахтарат.
Мисли ёри дури ман, ту ҳам зи ман дури басе,
Лек чашмак мезаниву гарм сози пайкарам.
Ман аз ин суй, ёр аз он суй гоҳ месозад назар,
Бо ҷилои ту ҳамеша ишқ болои сарам.
Ишқ мисли нурҳоят, пурҷилою босафо,
Эй ситора мекунам, ман ишқро тоҷи сарам.

Дараҷа: Интизор | Диданд: 321 нафар| Илова намуд: Шоҳзодаи-Ошиқон | Сана: 09-03-2015 | Эзоҳот (0)

Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2017  »
ДшСшЧшПшҶумШнЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • База знаний uCoz

  • Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Саидмаъсум Атҳамҷонзода © 2017|
    Хостинг от uCoz
    http://sonnik.club/